Достони дил
Замоне буд, ки Инсон набуд, вале Дил арзи ҳастӣ дошт.
Ва он замон Дил ба сурати марде буд балвогару шӯришгар. Алайҳи Бевиҷдонӣ Виҷдон, зидди Беадолатӣ Адолат меофарид. Адоватро мекушт, то Муҳаббат ба дунё биёяд ва зиндагӣ карда битвонад. Торикиро бо оташи чашмонаш рахна мезад, сардиҳоро бо гармии ҷисмаш барҳам медод. Ҷониби Макру Пастӣ аз камони Ҳақиқату Ростӣ тирҳо меандохт. Ва дӯстдори зиндагӣ буд. Аммо ба ҳар чизи буда қаноат карда наметавонист. «Қонеъ шудан – марг, зиндагӣ – талош», – чунин буд шиори ҳамешагии вай.
Рӯди шӯридаи кӯҳистон барин ба харсангҳои сари роҳаш бархӯрда-бархӯрда мерафт. Роҳро ҳамвору зиндагиро пурсафо кардан ният дошт.
Ҷумла неруҳои бад аз вай тарсу ҳарос мекашиданд. Вале ҳар чизи тарсанда дар ниҳоди худ кину адоват, интиқому нафрат низ дорад. Неруҳои бади шайтанатӣ аз ин боис бо якдигар иттиҳод баста, бархоста буданд алайҳи Дил.
Торикӣ Дилро бо пардаҳои сиёҳи худаш печонида, несту нобуд карданӣ мешуд. Дил чашмонашро оташ карда, синаи торикиро дарронда, роҳашро мунаввар намуда, ҳамоно қадам бармениҳод ҷониби қуллаҳои муроду мақсуд. Лек Бевиҷдонӣ фурсат ёфта, ба чашмони ҳамабини Дил нил кашида буд.
Дил акнун дида наметавонист ва палмосида-палмосида пеш мерафт. Мерафт бо роҳи ҳаққу ростӣ. Мехост талаф шудан, гар қисматаш бошад, бимирад дар кӯйи ростӣ.
Пеши роҳи Дил, баъди муддати тулонӣ, ду нафар баромаданд ва онҳо худро муаррифӣ карданд ҳамчу мардони Хайрандеш ва Меҳрубон. Таъкид намуданд, чашми бино ва роҳнамо шудан бихоҳанд Дилро. Аммо дар охири охир бурда буданд вайро ба роҳи каҷу килеб.
Дил роҳгум зад, баъди ин дарёфт, ки он ду мард на Хайрандеш будаву на Меҳрубон, балки будаанд Макру Фиреб.
Дили захмӣ дар гузаргоҳи пурпечи фалокатбор аз қувват ҳамерафт. Аз ҳолати вай истифода бурда, Сардӣ ва Адоват ҳуҷум оварданд сӯяш. Неруҳои дигари шайтанатиро ҳам шӯронда буданд алайҳаш.
Неруҳои бад, дар якҷоягӣ ва билохир, Дилро иҳота карда гирифтанд. Мехостанд бо шамшери кину ғазаби худ бо азоби гӯшношунид маҳв бисозанд вуҷуди Дилро.
Нахуст бурида тавониста буданд дасту бозувони Дилро. Пойҳои варо низ аз танаш ҷудо карданд, вале ба ин қонеъ нашуда, аз ҳар тараф шамшер мезаданд ба гардану шонаи Дил.
Сари Дилро ҳам ҷудо карда тавонистанд аз болои шонаҳои вай.
Дил печутоб мезаду хунаш мепарид ҳар ҷониб. Мепарид сони вулқони ҷӯшон. Хуни оташбори Дил неруҳои бадро месӯзонд, метарсонд, дур фикандан мехост. Неруҳои шайтанатӣ чунин тӯфони оташу обиро боре надида буданд, маротибе ба мушоҳида нагрифта буданд. Дил ҳамоно бо хуну оташ ҷӯлон буд. Вале ҳанӯз намурда, неруҳои шайтанатиро ба хавотириву ҳаросу ваҳм меандохт. Бе сару гардан, бе дасту по буд ин Дил, вале аҷиб, ки зиндагиро идома ҳамедод.
Чашм надошт Дил, ки бубинад, дасту по надошт, ки бо мадади онҳо пайкарашро кашида, пеш бубарад, сар надошт, лек печида-печида ҳаракат мекард. Ҳаракат мекард аз миёни торикиву зулмот ҳамчу оташи печон.
Неруҳои бад ба Дил наздик шуда наметавонистанд, аз оташу хуни ҷӯшони вай ҳарос доштанд, вале бо мадади Макру Фиреб сари кӯҳе, ки Дил ба он самт ҳаракат мекард, чоҳ меканданд. Ва инро басо осемасар анҷом медоданд. Азбаски чоҳи амиқ дар кӯҳпорае буд бо номи Сина, ба он ном гузоштанд Чоҳи Сина.
Дил, ки чашм надошт бубинад, дасту по надошт, то палмосида эҳсос бикунад, ба Чоҳи Сина фурӯ биғалтид. Фурӯ афтода буд баногаҳ ба қаъри он ва баъди ба худ омаданаш майл кард барои баромадан. Вале неруҳои бад имкон намедоданд ба ин ва ӯро бозпас меғалтониданд. Меғалтониданд бо зарбу таконҳои шадид ва баъдан якҷоя шуда, санги азиму гаронтарини дунёро ғелонида, оварда, ба даҳони чоҳ гузошта буданд, яъне маҳкамаш карданд. Маҳкам карданд, то Дил аз он раҳоӣ ёфта натвонад.
Дили бе сар, бе дасту по наметавонист бардорад ва дур барафканад аз болои Чоҳи Сина харсанги азиму гаронтарини дунёро ва худашро наҷот бубахшад аз чоҳи зиндони гирифторшуда. Барои ҳамин тапишу ҷунбиши Дил паст рафта, торафт ноаён мегардид…
Неруҳои шайтанатӣ гумони яқин мебардоштанд, ки Дил мемирад, балки аллакай ба мурдан ва нестӣ расида, аз ин боис тантана ва гурум мекарда, гимни пирӯзии худро тараннум месохта, сармаст мешуда ва ниҳоятан бо ғурури хос парешон мегашта ҳар ҷониб. Мерафта, то разолату бадкории ҳамешагии худро идома дода тавонанд, балки домани онро дар рӯйи олам густурда бикунанд. Балки бо неруи бештару пурпеч инро идома дода тавонанд, зеро Дил нест, то халал ворид карда тавонад ба валвалаву ғалғалаи онҳо, ба амалиёти пурмакри дигари онҳо. Бале, неруҳои бад худашонро ин ҳангом ҳокими ягонаву мутлақи замин ангошта ва тантанаи ғолибияти худро беохир медониста. Чунин меангоштанд ҳамаи онҳо…
Вале ба осонӣ мурдан хислати Дил набуд, мароми вай набуд. Ва намурда буд дар асл, ҳарчанд захмиву зиндонӣ буд дар Чоҳи Сина. Чоҳе, ки даҳани онро барбаста буданд бо гаронтарин санги дунё…
Андаруни чоҳи сарбаста Дили муддатҳо аз тапишу ҳаракат сустгашта, ба фаҳми он расида, ки аз Чоҳи Сина баромаданаш дигар илоҷ надорад, зеро харсанги гаронтарини дунёро аз болояш дур афканда натвонад, барои ин на даст дораду на пойи дар ҳаракат.
Бо вуҷуди ин, хомӯш истодан хислати Дил набуд. Аз талошу ҷунбишу тапиш иборат шуда бунёди вай. Яъне, тапиши вай, ҷунбиши вай аён мегардид аз нав. Балки аёнтар мегардид.
Дил, ҳарчанд санги азими даҳони Чоҳро бардошта наметавонист, лек тавониста буд бо талоши беист ба вуҷуд биоварад рӯйи он рахна. Балки ду рахна. Аз ҳамин рахнаҳо нигоҳи хешро равона карда буд самти берун, синаи торикиро дарронда буд бо нури назараш. Ва дида тавониста Макру Фиребро, Адовату Кинро. Ва андеша карда: «вақте ки онҳо зиндаанд, пас набояд бимирам ва барои мурдан ҳуқуқ ҳам надорам!»
Дил хуни гарму ҷӯшони худро фиристода буд ба бадани сард ва беҳисси Чоҳи Сина, ки пиромунашро печонида. Ба чор самти атрофаш мефиристод хуни гарму талошгари худашро Дил. Ниҳоятан, баъди муддати мадид тани чоҳи атрофи Дил муттасил ҳарорат меёфт; ҳарорат меёфт амсоли хуни ҷӯшони Дил, ба тапиш ҳам меомад, ба тапише ба мисли Дил.
Хуллас, Дил тавониста буд кӯҳаи сангини Чоҳи Синаро бо зӯрии хуни оташини худаш гармаку нармак сохта, ба ҷунбиш биоварад. Ба ҷунбиш оварда тавонад алайҳи неруҳои бад ва шӯронида тавонад зидди онҳо. Хуллас, кӯҳтеппаи нарму гармшудаи гирди Чоҳи Сина ба ҷисми Муборизу Зинда бадал меёфт. Дил ба харсанги вазнину камҳисси сари Чоҳи Сина ҳамчунин Ақлу Фитрат мефиристод. Фитрату Ақлро шамшер сохтанӣ мешуд алайҳи Беадолатӣ, Нопокӣ, Нодонӣ ва монанди ин, ки атрофро печонда гирифта. Бо шамшери ҳамабури Ақлу Фитрат ба онҳо зарба заданӣ мешуд.
Ҷисми Мубориз, яъне Дил, дар Чоҳи Сина, ҳанӯз, бе дасту по, бе сару гардан ба хуни худаш ғалтону печон метапад. Ҳанӯз ором намегирад, тӯфону исён дорад, ҷисму сарро бедору ҳушёр медорад. Зеро рӯйи олам мебинад ҳанӯз дар ҳаракатанд Нопокӣ, Бераҳмӣ, Нодонӣ, Беадолатӣ, Рашку Ҳасад. Аз ин муҷиб исёну тӯфони Дил идома дорад, балки ҳанӯз идома дорад бо шиддати зиёд.
Ҳарчанд Дил ғарқаи хун бошад ва захмӣ, вале офтоб барин гарму ҷӯшон монда, офтобе, ки ба қаъри коиноти тира партофта шуда, вале бо печишу сӯзишу ҷӯшиши хештан тирагиҳоро дур фиканда тавониста, дунёро нурпош дошта тавониста…
Дил метапад, анвори нарму гармашро равона месозад ҳар ҷониб ва ҳар ҷониб. Ҷузъе, ки андаруни Ҷисми Инсон ва андаруни Чоҳи Сина метапад, оромишу осоиш надорад, бо хуни ҷӯшону сӯзонаш ба пайкари коҳили одамӣ мудом гармӣ, зиндагӣ, исёну тӯфон, ҷадалу талош ва монанди ину онро мефиристад Дил, Дили ноором, Дили зиндагибахшо.
Тӯфону муборизаро идома ҳамедиҳад Дил. Ва метапад беисту пурғалаён… Офтоби вуҷуди зиндагон бошад, балки зиндагии ҳамагон ба он вобаста гардида – ба Диле, ки метапад, хуни зиндагибахши худро равона дорад ба ҷисму ба атрофу ба акноф…
Як моҳи умр
Занбӯри асал як моҳ зиндагӣ ба сар бубарад. Як моҳи шаҳдкобиву шаҳдёбиву шаҳдрезӣ.
Хоҳам бизиҳам мисли занбӯри асал моҳе, вале шаҳдҷӯйиву шаҳдёбиву шаҳдрезӣ бикунам дар ин моҳи умр. Шаҳде бикобаму биёбам, шаҳде, ки ҷонвари дигар чунинашро наёфта. Як моҳ бизиҳам миёни шохаҳо (мисли занбӯри асал), байни навдаҳо, пиромуни гулҳо, атрофи муғҷаву ғунча, аз ин накҳат ва шаҳде ҳосил бикунам барои ширинии коми худ ва коми ҷондорони дигар.
Умри якмоҳа. Вале як моҳ дар талоши шаҳд зистан, миёни шаҳд зиндагӣ ба сар бурдан, дар коми шаҳд мурдан… Умри якмоҳа… Вале шаҳде дорад, ки аз зиндагии садсола кам набошад.
Зиндагии шаҳдхез, ҳамчунин, марги шаҳдрез.
Зиндагие, ки шаҳд биборад, марге, ки аз он шаҳд бимонад… Мисли занбӯр бихоҳам зистан. Бизиҳам моҳе. Ба шарте, ки шаҳдкобиву шаҳдёбиву шаҳдрезӣ карда тавонам мисли занбӯри асал…
Одамон ва дарахт
Аз даруни донаяке ришта барин берун меояд наврустае. Ва он ғизо мекунад ҳамин донаро ва чанд кафаки хоки атрофашро, то қад кашида битвонад, ниҳолак шуда битвонад, баъдан дарахти азим гардад, яъне гул кунад, муҳитро ҳусну малоҳат бахшояд, меваҳои лазиз биоварад, ки парандаву хазанда ва вуҳушу одамони зиёд аз он баҳра бардошта тавонанд.
Одамизод бошад, тамоми атрофу акнофи худашро, гӯшти вуҳушу чорворо, парандаю ҷонварони баҳру бар ва самару ҳосили замину меваи дарахтонро фурӯ мебарад. Ва чиҳое, ки ғизо намекунад ва фурӯ намекашад, вале ягон маротиб сер ва қонеъ намешавад.
Лек ниҳолак қонеъ мешавад аз хӯрдани мағзи дона, ки худаш аз он рӯида ва боз аз ғизо кардани чанд каф хоку оби атрофи он… Вале одамизода қисмати бештари дунёро фурӯ бурда, ба ивазаш чизе надода, ҳатто он миқдор надода, ки дарахти меваи аз дони худ рӯида ун қадар гулу самар, ун қадар зебоӣ ва лаззат бахшида бошад.
Шераки ОРИЁН



