Номаи шодбошии ИНТ ба Марямбонуи Фарғонӣ
Дар насри муосири мо бонувони насрнавис ангуштшуморанд. Яке аз онҳо Нависандаи халқии Тоҷикистон Марямбонуи Фарғонист, ки ба синни мубораки ҳафтод расид.
Ӯ пас аз итмоми факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ муддате дар мактаби зодгоҳаш ба кори таълиму тадрис шуғл варзида, сипас ба шаҳри Душанбе омад ва фаъолияти хешро ба сифати рӯзноманигор дар рӯзномаи навтаъсиси «Паёми Душанбе» оғоз намуд. Ҳамчунин ӯ солҳои гуногун дар рӯзномаҳои «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор» ва маҷаллаҳои «Фирӯза», «Истиқбол» кор кардааст. Вай ҳамон солҳо бо мақолаҳои проблемавиаш дар мавзӯъҳои мубрами рӯз ва мусоҳибаҳои ҷолибаш ҳамчун журналисти ҳақиқатнигор, пӯяндаву жарфназар шинохта шуда буд.
Марямбонуи Фарғонӣ ҳанӯз овони донишҷӯӣ ба навиштани шеъру ҳикоя оғоз намуда, тавассути мутолиаи асарҳои устодони назму насри тоҷику ҷаҳон тадриҷан маҳорати хешро сайқал дод.Дар натиҷаи он ҳама омӯзишу пӯяндагиҳо якчанд маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои ҷолиб ва се китоби шеъри ӯ ба табъ расиданд. Аз ҷумла «Афсонаи тамаддун», «Хуморшикан», «Ҳадиси Риштон», «Чаҳор қисса», «Таманно», «Исои ман шав», «Нури ахтарпораҳо», «Табъи гуҳаррез» ва ғайра аз ҷониби хонандагон ва нақди адабӣ хуш пазируфта шуданд.
Қиссаву ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ваа ғайра тарҷума шуда, дар маҷмуаҳои дастаҷамъӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои кишварҳои гуногун ба табъ расидаанд.
Хидматҳои Марямбонуи Фарғонӣ дар рушди матбуот ва адабиёти тоҷик бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Борис Пастернак ва нишону медалҳо қадрдонӣ шудаанд.
Мо ҳамқалами хешро ба муносибати ҷашни фархундааш муборакбод намуда, барояш саломатӣ ва илҳоми саршор орзумандем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



