Эҳтиром ба заҳмати шоир
Дар қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ маҳфили бошукӯҳи адабӣ баргузор шуд. Дар маҳфили ёдбуд намояндагони илму адаб, аҳли фарҳанг, дӯстдорону ҳаводорони шеъри тоҷик ва мухлисони эҷодиёти шоир иштирок намуда, аз рӯзгору фаъолияти адабии ӯ ёд карданд.
Чорабиниро котиби масъули бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ бахшида, дар суханронии худ аз ҳунару истеъдоди шоир, ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти муосири тоҷик ва саҳмаш дар рушди шеъри миллӣ ёдовар шуд. Ӯ зимни суханронӣ ба вижагиҳои эҷодиёти Нурмуҳаммад Ниёзӣ ишора намуда, хотироти ҷолиби худро аз шиносоӣ ва ҳамнишинӣ бо ин адиб баён кард. Таъкид намуд, ки осори шоир дар миёни дӯстдорони каломи бадеъ мақоми хос дошта, баёнгари эҳсосу андешаҳои инсонӣ ва арзишҳои маънавию фарҳангии ҷомеа мебошад.
Сипас Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим суханронӣ намуда, аз рӯзгори адабӣ, хислатҳои неки инсонӣ ва фаъолияти эҷодии Нурмуҳаммад Ниёзӣ ёдовар шуд. Ӯ бо нақли хотироти рангин аз рӯзгори шоир ба ҳозирин фазои маҳфилҳои адабӣ ва муносибати неку самимии адибонро бозгӯ кард. Дар идомаи суханронӣ аз саҳми шоир дар рушди шеъри муосири тоҷик ва нақши ӯ дар ғанӣ гардонидани ганҷинаи адабиёти миллӣ ёдрас гардид.
Бахши дигари маҳфил ба қироати шеър аз эҷодиёти шоир бахшида шуд. Хонандагон бо самимияти хос аз ашъори Нурмуҳаммад Ниёзӣ намунаҳо қироат карда, ҳунари суханварӣ ва маъниҳои баланди ашъори ӯро пешкаши ҳозирин намуданд. Ровии хушсадо Аслам Каримов низ бо қироати шеърҳо аз эҷодиёти шоир ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид.
Дар фазои ин маҳфили адабӣ сурудҳое садо доданд, ки бар матни ашъори Нурмуҳаммад Ниёзӣ эҷод шудаанд. Ҳамоҳангии шеъру мусиқӣ ва иҷрои сурудҳо ба чорабинӣ ҳусни дигар афзуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ пайвандони шоир, аз ҷумла духтар ва набераи ӯ, бо изҳори сипос ба ташкилкунандагон ва иштирокдорони маҳфил барои арҷгузорӣ ба шахсият ва мероси адабии Нурмуҳаммад Ниёзӣ миннатдории худро баён карданд. Онҳо чунин иқдомро нишонаи эҳтиром ба заҳмати эҷодии шоир ва қадршиносӣ аз хидматҳои ӯ дар роҳи рушди адабиёти тоҷик арзёбӣ намуданд.
Сурайё ҲАКИМОВА



