• 12.11.2026

Номе ошно

 Номе ошно

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд нишасти 242-юми маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» таҳти унвони «Умре дар хидмати сухан, номе ҷовидон дар хотираҳо» баргузор гардид. Маҳфил ба 70-солагии зодрӯзи нависанда, журналист, муҳаррир ва тарҷумони соҳибистеъдод Анвар Мирзоҳкими Олим, ки бо номҳои адабии Анвар Олим ва Ориёнмеҳр маъруф буд, бахшида шуд.

Нишаст дар доираи чорабиниҳои Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавони Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон давоми се рӯз дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, доир шуд. Дар ин маҳфил адибону шоирон, рӯзноманигорон, муҳаққиқон, иштирокдорони машварат, аҳли илму фарҳанг, ҳамқаламон, дӯстон ва пайвандони нависанда гирд омаданд.

Роҳбари маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», адабиётшинос ва журналист Саидумрон Саидов нишастро ифтитоҳ намуда, аз мақому манзалати Анвар Олим дар адабиёту журналистикаи тоҷик, фазилатҳои инсониву эҷодии ӯ ва аҳаммияти омӯзишу тарғиби мероси адиб миёни насли ҷавон сухан гуфт. Дар ҳақиқат, шинохти нависанда бо шинохти осори ӯ, муҳити адабие, ки дар он фаъолият кардааст ва ба муносибате, ки бо ҳамқаламону хонандагон доштааст оғоз мешавад.

Дар оғози нишаст китоби «Сию панҷ зинаи зафар», ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, муаррифӣ шуд. Нависанда ва журналист Мухтор Абдулло дар бораи муҳтаво ва аҳаммияти асар, ки ба бозтоби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шудааст, андешаҳои худро баён кард.

Низом Қосим,  Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Аҳмадҷон Раҳматзод, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, суханронӣ намуда, аз хидматҳои адиб дар рушди насри муосир, журналистика ва фарҳанги миллӣ ёдовар шуданд.

Анвар Олим аз зумраи нависандагоне буд, ки ба зиндагӣ аз нигоҳи мушоҳидакори соҳибтаҷриба менигарист. Дар осори ӯ муносибатҳои хонаводагӣ, меҳру муҳаббат, вафодорӣ, ранҷу умед ва тазодҳои ботинии инсон мавқеи муҳим доранд. Мавзуъҳои ахлоқиву иҷтимоӣ дар навиштаҳояш дар зиндагӣ ва рафтори қаҳрамонҳо таҷассум меёбанд. Аз ҳамин ҷост, ки хонанда дар асарҳои ӯ бо инсонҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки дар баробари мушкилоти рӯзгор қарор мегиранд, интихоб мекунанд, иштибоҳ менамоянд ва бо оқибати рафтори худ рӯ ба рӯ мешаванд.

Муҳаққиқ ва журналист Илҳомҷон Ҳошимов дар маърузаи «Анвар Олимов – нависанда ва журналисти нотакрор» ба вижагиҳои насри адиб, ҳунари образофарӣ, шеваи тасвири олами ботинии қаҳрамонҳо ва масъалаҳои иҷтимоиву ахлоқии осори ӯ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Дар баррасии фаъолияти эҷодии нависанда маҷмуаи ҳикояҳои «Вақти гули зардолу», қиссаҳои «Бачаи лалмӣ», «Моҳмомо», «Балогардон» ва романи «Дар ломакон» аз ҷумлаи асарҳои муҳимми ӯ номбар шуданд. Ҳар яке аз ин асарҳо барои шинохти ҷаҳонбинии нависанда ва муносибати ӯ ба сарнавишти инсон маводи арзишманд фароҳам меорад. Анвар Олим дар насри худ ба зиндагии воқеӣ такя намуда, ба паҳлуҳои нозуки муносибатҳои инсонӣ ва масъалаҳое таваҷҷуҳ мекард, ки дар рӯзгори одамон ҳамеша ҷой доранд. Маҳорати нависанда дар он зоҳир мешавад, ки масъалаҳои иҷтимоиву ахлоқиро тавассути саргузашти қаҳрамонҳо ва вазъиятҳои мушаххаси зиндагӣ ба хонанда пешниҳод менамояд.

Паҳлуи дигари фаъолияти адиб дар суханронии Шоири халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд» Толиби Озарахш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ӯ дар мавзуи «Анвар Олим ва “Паёми Суғд”: пайванди қалам, андеша ва эҷод» аз фаъолияти пурсамари нависанда дар ин нашрияи адабӣ, маҳорати муҳаррирӣ, муносибати масъулонааш ба сухани бадеӣ ва ҳамкориҳои эҷодии ӯ бо адибону журналистон ёдовар шуд.

Анвар Олим ҳамчунин тарҷумони соҳибмаҳорат буд. Тарҷумаҳои ӯ аз осори Василий Шукшин, Чингиз Айтматов, Антон Чехов ва дигар нависандагони маъруф аз доираи мутолиа ва ҷаҳонбинии адабии ӯ дарак медиҳанд. Тарҷума дар фаъолияти чунин адиб робитаи байни забонҳо ва фарҳангҳоро тақвият бахшида, барои хонандаи тоҷик имкони ошноӣ бо таҷрибаи адабии халқҳои дигарро фароҳам меорад.

Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона низ дар идомаи маҳфил аз рӯзгор, шахсият, ҷаҳони маънавӣ ва фазилатҳои инсонии Анвар Олим ёдовар шуд. Дар суханони ӯ таваҷҷуҳ ба паҳлуҳои нозуки хислату ҷаҳонбинии адиб ва муносибати ӯ бо муҳити адабӣ ҷойгоҳи хос дошт.

Дар ҷараёни маҳфил филми мухтасари ҳуҷҷатии «Рӯзгоре, ки дар сухан боқӣ монд» намоиш дода шуд. Филм лаҳзаҳои рӯзгор, фаъолияти эҷодиву рӯзноманигорӣ ва чеҳраи инсонии нависандаро бозтоб намуда, барои ҳозирин имкони дигарбораи рӯ овардан ба хотираи ӯро фароҳам овард.

Баъдан дар бахши «Минбари андеша ва хотираҳо» дӯстон, ҳамқаламон, наздикон ва пайвандони Анвар Олим аз лаҳзаҳои хотирмони зиндагӣ, ҳамкорӣ ва ҳамнишинӣ бо ӯ нақл карданд. Хотираҳои онҳо симои адибро аз доираи зиндагиномаи расмӣ берун оварда, ҷузъиёти муносибати ӯро бо атрофиён равшан мекарданд. Анвар Олим дар ёди ҳамнишинонаш ҳамчун инсони фурӯтан, дӯсти вафодор, ҳамкори нексиришт ва суханвари соҳибдил боқӣ мондааст. Қироати осори адиб ва иҷрои суруду оҳангҳои дилнишин низ бахше аз барнома буд.

Дигар хабарҳо