Бозтоби ҷаҳони кӯдакон дар шеър
Шеъри кӯдак аз гунаҳои адабӣ аст, ки дар он таносуб миёни забон, муҳтаво, тахайюл ва таҷрибаҳои мухотаб аҳаммияти вижа дорад. Дар ин навъи шеър мавзуъҳои рӯзмарра бо василаи тасвирпардозӣ, оҳанги калом ва нигоҳи тозаи шоирона метавонанд ба таҷрибаҳои ҷаззобу маънодор табдил шаванд. Забони шеъри кӯдак монанди такрор, бозиҳои забон, оҳанги вожаҳо, оҳангҳои танзомез дар дарёфти маънои шеър муассиранд.
Маҷмуаи ашъори барои бачаҳо нигоштаи Раҳмат Назрӣ “Ширинкома” аз ҷумлаи осорест, ки метавон онро ба риштаи тасвир кашидани зиндагии кӯдакон ва зарфиятҳои забонии шеър баррасӣ кард. Дар шеърҳои ин маҷмуа хонавода, бозӣ, табиат, ҳайвонот, ашёҳо пиромуни кӯдак ва таҷрибаҳои рӯзмарра заминаҳои шаклгирии бисёре аз муваффақиятҳои шоиронаро фароҳам мекунанд. Шоир гоҳ аз як иттифоқи сода дар муҳити хонавода барои офаридани танз истифода менамояд ва гоҳ бо такрори садоҳо ва сохтани таркибҳои оҳангин ҷанбаи мусиқавии забонро барҷаста месозад.
Маҷмуаи “Ширинкома” бо баҳрагирӣ аз забони сода ҷаҳони кӯдаконро дар пайванд бо хонавода, бозӣ, табиат, равобити иҷтимоӣ боз мекунад. Дар ин маҷмуаи таҷрибаҳои зиндагии рӯзона ба мавзуи шеър табдил мешаванд ва шоир бо истифода аз такрор, ҳамовоӣ, қофияпардозӣ, тасвирсозӣ, лутфу танз ба онҳо ҷилваи адабӣ мебахшад. Дар бахши муҳимме аз шеърҳо дар бораи модару кӯдак, падар, бибӣ ва дигар аъзои оила сухан меравад, дар канори он бозиҳои кӯдакона, ҳайвонот, ашёи атроф ва муваффақиятҳои омӯзишӣ низ ҷойгоҳи қобили таваҷҷуҳ дорад. Баррасии намунаҳои шеърӣ нишон медиҳад, ки ҷаззобияти маҷмуа танҳо ба мавзуоти кӯдакона маҳдуд набуда, балки аз таносуб миёни муҳтаво, мусиқии вожаҳо ва шеваи баён низ сарчашма мегирад.
Шеъри кӯдак ҳангоме асаргузор аст, ки битавонад олами кӯдаконаро чуноне, ки ҳаст, тасвир кунад. Дар ин шеърҳо тавассути калимабозӣ, муҳити хонавода, ҳайвонот заминае барои иншои шеъри кӯдакона ҳастанд. Забони оҳангин ва тасвирҳои қобили дарк низ ба кӯдак кумак мекунанд, то шеърро нафақат аз роҳи маъно, балки аз роҳи шунидан, такрор кардан, ба хотир супурдан таҷриба кунад.
Шеърҳои барои бачаҳо нигоштаи Раҳмат Назрӣ дар асоси зиндагии рӯзмарра иншо шудаанд. Кӯдак дар ин шеърҳо иштироки бевосита дорад; бозӣ мекунад, савол медиҳад, воқеаҳоро ба шеваи худ тафсир мекунад, гоҳе бо рафторҳои худ танзу лутфро ба вуҷуд меорад. Аз ҳамин рӯ, шеърҳо дар канори баёни зебои шоирона ҷаҳонбинии кӯдакро низ нишон медиҳанд.
Барои намуна дар шеъри “Ҳадя” бача бо нияте муҳаббатомез барои модар себ мебарад, аммо мефаҳмад, ки модар дандон надорад:
Ҳадя барои момо
Як дона себ бурдам.
Аввал салом додам,
астони ӯ фишурдам.
Дар рӯйи каф ба момо
Пас себи худ супурдам.
Дандон надоштаст ӯ,
О, ман ба вай чӣ бурдам?!
Худ ҳадяи худамро
Охир газида хӯрдам.
Ин шеър намунаи равшан аз тасвири ҳаёти хонавода буда, танзомез аст. Кӯдак дар оғоз себро ба модар ҳадя мебарад, аммо чун мебинад, ки модар дандон надорад, масъаларо аз диди худ ҳал мекунад. Ҷаҳонбинӣ, хислат, олами ботинии кӯдак дилнишину табиӣ тасвир шудааст.
Раҳмат Назрӣ чанд шеър дар бораи падару модар навиштааст, ки хонданиянд. Барои намуна дар шеъри «Ҳамгуна» монандии модар ва кӯдак ба сурати занҷиравӣ аз вижагиҳои зоҳирӣ ва рафторӣ тавсиф мешавад:
Дидори гарми модарам
Дидори хушнамотарин.
Симои ман ҳам, эй аҷаб,
Симои модарам барин!
Пайванд абрувони ӯ,
Пайванд абрувони ман.
Марғула гесувони ӯ,
Марғула гесувони ман.
Як хол дар лабони ӯ,
Як хол дар лабони ман.
Ширинии забони ӯ
Ширинии забони ман…
Оина рӯ ба рӯйи мо,
Монанди ҳамдигар ду тан.
Ё ман ба мисли модарам,
Ё модарам ба мисли ман!
Такрори сохторҳои наҳвӣ ва қарор гирифтани вижагиҳои модар ва кӯдак дар баробари якдигар шабоҳати онҳоро дар сатҳи маъно ва шакли шеър тақвият медиҳад. Тасвири оина низ ин шабоҳатро аён месозад. Дар поён бо воруна кардани ҷиҳати муқоиса «ё ман ба мисли модарам, ё модарам монанди ман» ба баёни кӯдакона робитаи дусӯя мерасонад.
Бахши дигаре аз маҷмуа тасвири ҳолатҳоест, ки дар зиндагии бачаҳо рух медиҳанд. Вижагии ин шеърҳо он аст, ки шоир аз рухдодҳои кӯчак, ривоятҳои кӯтоҳ месозад ва поёнбандии ғайримунтазира ё зовияи диди кӯдак ба онҳо ҷанбаи танз мебахшад. Дар шеъри «Тасбеҳи бобо» гум шудани тасбеҳ ва ҷустуҷӯи падар заминаи шаклгирии танз аст:
Тасбеҳи бобом
Сад муҳра дорад.
Сад муҳраашро
Доим шуморад.
Тасбеҳи бобом
Ҳамели марҷон.
Гум кард онро
Аз гӯшаи хон.
Тасбеҳи худро
Ӯ кофт бисёр
Аз кунҷи хона,
Аз мехи девор.
Аммо надид ӯ
Дар рӯзи равшан
Тасбеҳи худро
Дар гардани ман.
Шеър ибтидо тасбеҳро аз тариқи теъдоди муҳраҳо ва арзиши зоҳирии он муаррифӣ мекунад ва сипас ҷустуҷӯи падарро ба тасвир мекашад. Нуқтаи танз дар поён ошкор мешавад: тасбеҳ аз ибтидо дар гардани кӯдак будааст, аммо бобояш аз ин хабар надорад. Поёни шеър маънои бандҳои пешинро тағйир медиҳад ва сабаб мешавад ҷустуҷӯи тулонии бобо хандаовар ба назар бирасад.
Дар «Ширинкома» табиат сирфан пешзаминаи рӯйдодҳо нест: дарахт, паранда, ҳашароту ҳайвонот ва дигар мавҷудот метавонанд ба мавзуи мушоҳида, бозӣ ва тахайюл табдил шаванд. Забони ин шеърҳо маъмулан бар ҷузъиёти дидорӣ ва ҳаракатӣ такя дорад ва бо кӯчакнамоиҳо ва вожаҳои оҳангин ҷаҳони табиатро ба андозаи идроки кӯдак наздик мекунад. Барои намуна дар шеъри «Сояниҳол» рушди дарахт ва нигаҳбонии он дар қолаби тасвирии сода баён мешавад. Дар ин шеър ниҳол мавҷуди дар ҳоли рушд аст, ба муроқибат ниёз дорад. Бастани дарахт дар ин шеър тасвир ёфтааст. Бо бастани ниҳол дарахт бе осеб рушд менамояд. Шоир ин ҷо аҳаммият ва натиҷаи нигаҳбонӣ ва муроқибатро ба хонанда нишон додааст:
Форам вазон шамолак,
Рақсон аз он ниҳолак.
Як шохааш душоха,
Як шохааш кашолак.
То рост қад кашад ӯ
Аз обаки зулолак,
Як навдаи каҷашро
Бастам ба дастмолак.
Як гӯша сояи ӯ
Густурдааст шолак.
Як дам дар он нишинем
Як рӯз бемалолак.
Яке аз вижагиҳои барҷастаи ин маҷмуа, истифода аз такрорҳои овоӣ, вожаҳои оҳангин ва сохторҳои қобили иҷро дар бозиҳои кӯдакона аст. Дар чунин намунаҳое мусиқии калом нақши муҳимме дар интиқоли маъно дорад ва шеър ба гуфторе наздик мешавад, ки метавон онро бо садо, ҳаракат ва бозӣ ҳамроҳ кард.
Дар бисёре аз шеърҳои «Ширинкома» такрори вожаҳо ва сохторҳои наҳвӣ ба инсиҷоми матн кумак мекунад ва ҳам мусиқии онро афзоиш медиҳад. Ин вижагиро метавон дар шеъри «Ҳамгуна» дид, ҷое, ки сохторҳои мушобеҳ шабоҳати модар ва кӯдакро дар чанд сатҳ боз менамоянд. Ҳамчунин, дар «Афсонаи хоб» такрори иборати «гуфт» ривоятро ба занҷирае аз гуфтаҳо табдил мекунад ва ритми муназзаме ба он мебахшад. Дар бархе шеърҳо бозӣ бо вожаҳову садоҳо барҷастатар аст.
Дар «Зангӯлаи гаҳвора» мусиқии садо бо ором шудани кӯдак пайванд мехӯрад:
Аз гӯшаи гаҳвора
Дар гӯшаки Рухсора
Зангӯла садо дорад,
Зангӯла наво дорад.
Бошад ҳама кас хомӯш,
Тӯтии қафас хомӯш.
Саг ҳам наҷакад ин дам,
Ғавғо накунам ман ҳам.
Рухсораи гирёнчак
Хомӯш шудаст андак.
Гӯшаш ба садои занг,
Ҳӯшаш ба навои занг.
Зангӯла пур аз роз аст,
Рухсора пур аз ноз аст.
Такрори «зангӯла» ва ҳамнишинии «садо» бар мусиқии шеър таъкид мекунад. Садо дар ин ҷо фақат як вижагии савтӣ нест, балки омиле дар тағйири вазъияти кӯдак аз гиря ба оромиш ба шумор меравад. Канори ҳам омадани «роз» ва «ноз» дар поён мусиқии шеърро таъмин намуда, ба он маънии латифе мебахшад.
Баррасии шеърҳои «Ширинкома» нишон медиҳад, ки маҷмуа аз чанд масир ба бознамоии ҷаҳони кӯдак мепардозад. Нахуст, равобити хонаводагӣ, бавижа пайванд бо модар, падар ва хоҳарбузург, заминае миёни муҳаббат, амният ва хотираро фароҳам мекунанд. Дувум, рухдодҳои содае монанди ҳадя додан, гум шудани тасбеҳ, ба ривоятҳои кӯтоҳ ва танзомез табдил мешаванд. Савум табиат ва ҷонварон ба мушоҳида ва тахайюли кӯдакона ҷон мегиранд. Саранҷом такрор, ҳамовоӣ, қофия ва бозӣ бо вожаҳо ба шеърҳо ҳусни дигаре зам мекунанд.
Шеъри Раҳмат Назрӣ нишон медиҳад, ки ҷаззобият танҳо дар интихоби мавзуоти кӯдакона нест, балки дар наҳваи пардохти онҳо низ реша дорад. Дар «Ҳадя», «Тасбеҳи бобо» поёнбандии ғайримунтазира ба эҷоди танз кумак мекунад, дар «Ҳамгуна» сохторҳои мувозии шабоҳати модару кӯдакро тақвият медиҳанд, дар «Зангӯлаи гаҳвора» мусиқии калом барҷаста аст, дар «Сояниҳол» мушоҳидаи табиат бо тахайюл ва таҷрибаи кӯдакона пайванд мехӯрад.
Дар умум «Ширинкома»-ро метавон маҷмуае донист, ки миёни таҷрибаҳои рӯзмарра, отифа, бозӣ ва мусиқии забон пайванд барқарор мекунад. Баррасии намунаҳои шеърӣ нишон медиҳад, ки равобити хонаводагӣ, бозиҳои кӯдакона, табиат, ҷонварон аз муҳимтарин меҳварҳои муҳтавоии асаранд. Ҳамчунин, такрор, ҳамовоӣ, мусиқии калом, тасвирсозӣ ва танз дар миёни таҷрибаҳои сода ва дилпазири кӯдак нақши муассире доранд. Дар ин маҷмуа рӯйдодҳои рӯзмарра бо нигоҳе кӯдакона ба ривоятҳои оҳангин ва гоҳ танзомез табдил мешаванду мафҳумҳои отифӣ ва иҷтимоӣ низ аз хилоли рафторҳо ва таҷрибаҳои ошно бозтоб меёбанд. Дар маҷмуъ, пайванд миёни забони мусиқавӣ, тахайюл ва таҷриба аз вижагиҳои барҷастаи «Ширинкома» аст.
Насимбек Қурбонзода,
Зебо Алихонӣ



