МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛ

 МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛ

Ҳар гоҳ сухан аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ меравад, дасти ёд беихтиёр ба ибтидои солҳои навадуми асри гузашта мебарад, ба даврае, ки нооромиҳои дохилӣ ҳар лаҳза шиддат мегирифтанд, садои тиру туфанг, тарсу таҳлукаву сарсониву саргардонии сокинони кишварро бештар мекарданду иттиҳоду сарҷамъии онҳоро аз миён мебурданд. Аксар мардум муҳоҷирати иҷбориро роҳи наҷот медонистанд, гуруснагӣ таҳдид мекарду гандум ба тухми анқо мемонду арзиши ҷаву ҷуворимакка ба осмон мехест ва ёфтанаш муяссар намегардид.

Падарону модарон барои фарзандони гуруснаи худ оби дида мерехтанд,  аз қаҳтию гуруснагӣ бемориҳо авҷ мегирифтанду пуштаҳо аз куштаҳову фавтидаҳо пур мешуданд, эътимод ба якдигар аз миён мерафту ҷойи онро бадгумониву душманӣ мегирифт, умед ба зинда мондан набуду пеш аз хона баромадан ному насабу суроғаи хона дар коғазчае навиштаву дар ҷайб гузошта мешуд.

Ба як ибора, сарзамини биҳиштосои тоҷикон дар он шабу рӯз ба мотамсаро мемонду фиғону гиря аз ҳар хонадон ба гӯш мерасид ва ҳастии миллату давлати тозаистиқлолро хатари нестӣ таҳдид мекард. Чун имсол бо таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои миллати мо соли таърихӣ арзёбӣ мегардад ва ҳарчанд хидматҳои мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навин бешуморанд, дар ин навишта саъй намудем аз чанд хидмати беназиру бесобиқаи Роҳбари давлат ёдовар шавем.

Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарорад, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар давраи бисёр ҳассос ва сарнавиштсоз бори сангини масъулияти ватандорию давлатдориро бар дӯш гирифта, аз минбари Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ба мардуми шарифи худ қавли ҷавонмардӣ доданд, ки барояшон сулҳро ба армуғон меоранду тинҷиву оромиро барқарор карда, то охирин ҳамватани иҷборан муҳоҷиршударо ба сарзамини аҷдодиаш бармегардонанд. Маҳз ҳамин ҳарфҳои таскинбахш, ки ба қалбҳои маҳҷур дармон бахшиданд, мардуми ғамзадаро аз вартаи яъсу ноумедӣ берун оварданд ва ба зиндагӣ дилгарм намуданд.

Пешвои миллати тоҷик аз кишвари ҳамсоя на танҳо беш аз як миллион ҳамватанони муҳоҷирро баргардонданд, балки ҳамчунин, сарфи назар аз вазъияти ногувори сиёсию иқтисодӣ, дар баробари таъмини амнияти комили онҳо манзилҳои сӯхтаву харобгаштаашонро низ азнав барқарор намуданд. Ба ин васила бори сангини ғарибӣ, дурӣ аз ватан, дарди фироқи азизону пайвандон аз дӯши садҳо ҳазор ҳамватанамон пойин омад, ки барои ин умре аз Пешвои миллат сипосгузоранд.

Роҳбари нави давлати тоҷикон дарёфтанд, ки мардум дар ҳолати басе сангин, ба ибораи дигар, дар рӯёрӯӣ бо ду қувваи зидди ҳамдигар қарор доранду интихоби ҷонибдорӣ аз яке ба ҳастиашон таҳдид мекунад. Пас, зарур донистанд, ки бо вуҷуди ҳолати ҳукмфармо бояд бо мардум ҳатто дар нуқтаҳои доғи кишвар рӯ ба рӯ мулоқот намоянд ва барояшон фаҳмонанд, ки дар сурати атрофи Ҳукумати нав муттаҳид нашудан, аз як гиребон сар набаровардан ва идома ёфтани ҷанг баробари аз даст рафтани Истиқлоли давлатӣ худи давлати тозабунёди тоҷикон, ки орзуи ба он расиданро чанд пушти миллат бо худ ба хок бурданд, аз миён меравад ва наслҳои оянда наслҳои имрӯзаро ба ҳеҷ ваҷҳ нахоҳанд бахшид. Хушбахтона, мардум Сарвари маҳбуби худро дарк намуданд ва дар атрофашон муттаҳид гардиданд.

Корнамоии беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қатъи ҷанги хонумонсӯз, барқарор намудани сулҳу оштӣ ва таъмини зиндагии шоиста ба мардум қабули авф, яъне аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудани шахсоне, ки аз 27 марти соли 1992 то 25 ноябри соли 1992 дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок карда, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир намуда буданд, мебошад.

Ба хотири пойдории ҳамешагии тинҷию оромӣ Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамчун унсури сиёсати давлатӣ ҷорӣ гардида, мафҳуми «ваҳдати миллӣ» ҳамчун идеологияи расмӣ маънидод шуд. Ба касе пӯшида нест, ки дар замони нооромиҳои дохилӣ ҷиноят, бенизомӣ ва бедодгарӣ ҳамарӯза ба мушоҳида мерасид. Бештари ҷиноятҳо бо корбурд аз силоҳ ба амал меомаданд. Амнияти мардум таъмин набуд ва ин ҳолат тадбири заруриро тақозо мекард. Дар ҳамин вазъ ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 1994 «Дар бораи ихтиёран супурдан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти таъмини амният ва зиндагии осоишта нақши калидӣ бозид.

Дар ҳамон даврони басе ноором масъалаи қабули фаврии Конститутсияи нави ба талаботи давлати мустақил ҷавобгӯ ба миён омад. Бо қарори Шурои Олии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993 Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси комиссияи конститутсионӣ интихоб гардиданд. Баъди муҳокимаи мардумӣ, билохира, 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Ин рӯйдоди таърихӣ барои амалӣ гардидани низоми қонунгузорӣ, фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, ҷаҳониён давлати тоҷиконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф намуданд.

Сарвари давлат манфиати давлату миллати хешро аз ҳама, ҳатто аз ҷони хеш боло гузошта, ба ҳушдору огоҳию монеаи атрофиён нигоҳ накарда, ба хотири рӯ ба рӯ суҳбат оростан бо роҳбари мухолифин 11-уми декабри соли 1996 ба Хустдеҳи Афғонистон, ки нооромӣ дар он ҷо ҳукмфармо буду сар задани ҳама гуна ҳодиса аз эҳтимол дур набуд, сафар анҷом доданд. Ин мулоқот барои музокироти миёни тарафҳо, ки наздик ба чаҳор сол идома ёфт, замина гузошт.

Хизмати дигари Сарвари давлат он аст, ки бо мақсади ба даст овардани сулҳи пойдор дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик аз 27-уми июни соли 1997 пешниҳод намудани 30 дарсади мансабҳо барои мухолифинро ҷонибдорӣ намуданд. Баъди музокироти наздик ба чаҳорсола, гузаштҳои беназир ба хотири пойдории давлату миллат, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарорсозии сулҳи байни тоҷикон 27-уми июни соли 1997 имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар таърихи ҳалли низоъҳои мусаллаҳона аз сӯйи коршиносони дохилию хориҷӣ таҷрибаи нодир арзёбӣ шуд.

Эълони сиёсати «дарҳои боз» дар равобити байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон аз сӯйи Роҳбари давлат тасмими таърихие буд, ки на танҳо мавқеи роҳбарияти давлати тоҷикон, балки диду назар ва мароми некбинонаву беғаразонаи миллати тоҷикро дар муносибат ба дигар халқҳои ҷаҳон ба намоиш мегузошт.

Хиради ояндабини Роҳбари давлат буд, ки истиқлоли энергетикӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсат  ва яке аз бахшҳои муҳимми ҳадафҳои стратегӣ қарор гирифт. Бо ибтикори Пешвои миллат дар солҳое, ки вазъи иқтисодии кишвар ҳанӯз хуб набуд, ҷиҳати заминагузорӣ ба истиқлоли энергетикии мамлакат аз сар гирифтани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз воқеият дур ба назар мерасид. Аммо Роҳбари давлати тоҷикон бо такя ба неруи бузург ва иродаи шикастнопазири халқи хеш бо дилу нияти гарм ба ин кори бузург иқдом намуданд ва сарфи назар аз монеаҳои бешумор дар раъйи хеш чун кӯҳи бузург истоданд ва билохира корҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро 26-уми сентябри соли 2005 расман аз нав ба роҳ монда, ҷараёни корҳоро зери назорати хеш гирифтанд. Бо ин иқдоми беназир бори дигар ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки миллати созандаву ободкори тоҷик ба анҷоми корҳои бузурге қодир аст, ки аз он натанҳо тоҷикон, балки кулли мардуми кишварҳои минтақа манфиат мебардоранд.

Ислоҳоти идоракунии давлат иқдоми дигаре буд, ки дар ҳошияи он пояҳои навини бунёди низоми муосири давлатдорӣ гузошта шуданд. Таҷдиди услуби идоракунӣ ба хотири мутобиқ гардонидани давлатдорӣ ба талаботи замони муосир амалӣ гардида, дар ин замина сохтори мақомоти давлатӣ такмил дода шуд. Фаъолияти вазорату кумитаҳо мушаххас гардида, бинобар пеш омадани зарурат мақомоти нави давлатӣ таъсис ёфтанд ва ба ин васила вазифаи ҳар сохтор мушаххас гардид. Иқдомҳои наҷиби Роҳбари давлати тоҷикон дар самти ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи башарӣ ба масъалаҳои муҳим боис ба боло рафтани нуфузу мартабаи давлати мо дар сатҳи ҷаҳонӣ гардид.

Аввалин маротиба (соли 2000) маҳз бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон масъалаи об ҳамчун мушкили глобалӣ дар Созмони Милали Муттаҳид матраҳ гардида, кишвари мо дар миёни коршиносон ҳамчун ташаббускори асосии дипломатияи об ва ҳифзи пиряхҳо шинохта шуд. Аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид чандин қатъномаҳо қабул гардида, дар ҳошияи он “Соли байналмилалии оби тоза” (соли 2003), оғози “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (соли 2013), “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018-2028), ташаббуси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо (соли 2021), “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ” (соли 2025), “Нақши зеҳни сунъӣ дар таъмини имконияти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” (соли 2025), дар бораи эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” ба роҳ монда, ҳамзамон дар ҷумҳурӣ чандин конфронси сатҳи баланд бо иштироки намояндагони давлатҳои ҷаҳон баргузор гардиданд.

Ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО ворид намудани Ёдгории бостонии Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон, Бешаи палангон, Долони Зарафшон – Қайроқум, Ёдгориҳои Хуттали қадим, мероси ғайримодии фарҳангӣ, ба монанди Наврӯз, Шашмақом, Оши палав, Чакан, Фалак аз дастовардҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошанд, ки бо ташаббусҳои Пешвои миллат пешниҳод ва қабул гардидаанд.

Маҳз андешидани тадбирҳои зарурию саривақтии самаровар дар ибтидои масири давлатдории тоҷикон бо иқдому ибтикори наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, баланд бардоштани волоияти қонун, боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, ташкили равобити ҳасанаи ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳо, муҳайё намудани заминаи мусоид ҷиҳати фаъолияти бахши хусусӣ, ҷоригардонии иқтисоди бозаргонӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, эҳёи расму оину суннатҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллӣ (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада), арҷгузорию бузургдошти шахсиятҳои бузурги миллат, ҷорӣ кардани квотаи президентӣ барои донишҷӯён, ба роҳ мондани барномаҳои омӯзишӣ ба хотири баланд бардоштани касбияти хизматчиёни давлатӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон дар дохил ва хориҷи кишвар, гузаронидани озмунҳои гуногун ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати насли наврасу ҷавон, таъмини шаффофияти муомилоти пулӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, таъсиси марказҳои хидматрасонӣ (дар мисоли “равзанаи ягона”), рақамикунонии идоракунӣ (ҳукумати электронӣ), қабули стратегияҳо ва барномаҳои дарозмуддати давлатӣ ба хотири пешрафти соҳаҳои мухталиф, мубориза бо ифротгароӣ, терроризм ва хурофот, таъмини амнияти миллӣ дар шароити нави геополитикӣ, татбиқи сиёсати амнияти иттилоотӣ, озуқаворӣ, муҳоҷират, таҷдиди низоми маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дар ин замина бунёди садҳо иншооти марбута, ба танзим даровардани маросими мардумӣ, бунёди иншооти бузург ҳамчун ифодагари рамзҳои давлатдорӣ ва миллӣ, ҳифз ва рушди забони давлатӣ, таҷлили ҷашнҳои таърихии шаҳрҳои Кӯлоб, Истаравшан, Ҳисор, Саразм, ҳамасола беҳтар гардонидани шароити ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси коргоҳҳо ва муҳайёсозии ҷойи нави кору ба ин васила коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва ғайра аз ин шумор дониста мешаванд Дар муддати аз нигоҳи таърих начандон тулонӣ ноил шудан ба чунин дастовардҳои бузург далели раднашавандаи заҳмату талошу хидматҳои мондагори фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар  китоби таърихи нави тоҷикон бо хати заррин сабт гардидаанд.

Барно САИДВАЛИЗОДА,
раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва
сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Дигар хабарҳо