Обу хокам сириштаи ишқ аст
Пас аз мутолиаи шеърҳои Раҳмат Назрӣ дар чанд шумораи маҷаллаи “Садои Шарқ” ва ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”, ба ростӣ, мехостам баъзе шеърҳои хондаамро барои далели намунаи беҳтарин шеъри муосири тоҷикӣ ба пуррагӣ рӯнавис кардаву мисол оварам.
Гумон мекунам, замзамаи зерин яке аз беҳтарин тараннумҳои ишқу ошиқист, ки содаву тасвирноку самимона ба қалам омадааст:
Обу хокам сириштаи ишқ аст,
Сарнавиштам навиштаи ишқ аст.
Тору пудам калобаи армон,
Чарх дар чархи риштаи ишқ аст.
Бар сари сахтам осмон боло,
Зери болам фариштаи ишқ аст.
Оташак дар нигоҳи пазмонам
Аз биҳишти биҳиштаи ишқ аст.
Бахти сабзам ба оби пешонӣ
Сабзи сабзони киштаи ишқ аст.
Косаи ашкшустаи чашмам
Косаи тозашустаи ишқ аст.
Дар як ангушти ёди ман борик
Баста пайваста риштаи ишқ аст.
Дар ҳар байт ишқ бо фурӯғу рамзу ҷилваи тозаи шоирона, бо ҷаззобияти хосса падидор мешавад. Ҳама байтҳо тасвирҳои волои ҳунарӣ доранд, хусусан, чунин тасвирҳо: тору пудам калобаи армон, чарх дар чархи риштаи ишқ аст; косаи ашкшустаи чашмам косаи тозашустаи ишқ аст… Тозагӣ, тасвирнокӣ ва бадеяити хоссаи онҳоро наметавон мушоҳида накард.
Як мисоли дигар аз зуҳури ҳунари шоирӣ дар шеъри Раҳмат Назрӣ:
Нони хуршед аз танӯри сарди гардун
Ҳамчу аз чакдони мардум хом афтод.
Шеъри ҳассосест шеъри “Ормони тӯфонӣ” ба ёди хоҳари равоншод.
Дар шеърҳои Раҳмат манзараҳои рӯзгори деҳоти мо намои шоирона мегиранд ва ҳақиқати зиндагиву рӯзгори мардуми мо бо забони зиндаи ширадор пеши назари хонанда ба тасвир меоянд:
… Як хонадони ғамзада дигар ба дӯш дошт,
Худ ҳам гумон надошт, ки ӯ дошт медиҳад.
Дасти дуои модараш аммо ба сӯи хеш
Медид, ҳамчу боли Ҳумо соя мениҳад….
Дар ин шеър ҳар мисраъу ҳар ибора, ҳар мафҳум мисли “ба миёнбанди падар бастани миёни худ”, “дошт додан”, “дасти дуои модар, ки чун сояи ҳумост” боре мебаранд, то манзара комил шавад. Дар идома:
Дар дил малоли хоҳараконаш ба сӯзу соз
Як сурфа дар гулӯш яке об мепарид.
Дар сар хаёли додараконаш шаби дароз
Аз дидагони хастаи ӯ хоб мепарид.
Як нима нони хеш ба хони падар дигар
Банди ҳазор масъала темордор зист.
Ҳамдарди хонаводаашон ҷон ба ҷон ба ҳам
Як ҷони нимаобила бемордор зист…
Пирони кордон ҳама мехондаш офарин,
Мардум ҳазор мартаба мегуфташ: – Ай бале!
Як умр ӯ дигар натавонист рост кард
Аз рӯзгор қомати хамхӯрдааш вале!
Бубинед, дар ин як шеъри кӯчак шоир тавониста буду шуди рӯзгори хонаводагии як оиларо хеле дақиқу баэътимоду таъсиргузору мондагор ва пандомез ба қалам диҳад. Матн чунон оварда мешавад, ки ин байти охир як олам, як зиндагӣ маъноро ба дӯш мегирад. Ин сурату симои зиндагии содиқонаи фарзанди як хонадон аст, ки қимати ҷоннисорияш шояд беш аз ҷоннисории як сарбоз дар майдони ҷанг бошад. Мо як шеърро мисол овардем, аммо дар ин силсила ҳар шеъре, ки банда хондам, ҳамин гуна бори ҳунару маъниву тафсиру фалсафаи рӯзгорро бо худ мебарад.
Дар шеъри ”Хезӣ, ки хобӣ” бо ин таъбири киноядори халқӣ ҳикмати вақту замон ва тақдири инсон хеле шоирона ба қалам омадааст:
Дигар, эй ман, мани ҳар сӯ давон, хезӣ, ки хобӣ,
Ба пиндорат ҳанӯз астӣ ҷавон, хезӣ, ки хобӣ!
Сари худ хам намегирӣ, ки камтар дар сарат нест
Кулоҳат аз кулоҳи хусравон, хезӣ, ки хобӣ!
Камар ҳар ҷо бибандӣ ҳам, ба ҳар сӯ ҳам занӣ зӯр,
Кай имрӯзӣ ба майдон паҳлавон, хезӣ, ки хобӣ!
Ба зону ҳам занӣ сӯи само сад лоба дар лаб,
Ба бозуи ту акнун ку тавон, хезӣ, ки хобӣ!
Ба пирӣ кай диҳӣ тан, пас-паси ишқи ҷавонӣ
Куҷо хам-хам равӣ пинҳоншавон, хезӣ, ки хобӣ!
Дар ин силсила шеъри “Кундапайванд” бо хуҷастагиҳову пайвандҳои эҳсосоту табиат намунаи хуби шеърест дар мавзуи Ватан, ки Раҳмат Назрӣ сурудааст:
Бо замину замон ҳазорон сол Чун чанори бузург побандам,
Бо ҷаҳон ҳамчу бо ватан ҷовид Қалами сабзи кундапайвандам.
Хуҷастагиҳои тасвиру маънӣ он қадар дар ин шеър намудоранд, ки ҳоҷате ба нишон додани онҳо намемонад.
Агар ба ман савол диҳед, ки шеър чист, мисоле овар, ман бидуни шубҳа ба шумо шеъри Раҳмат Назриро бо номи “Навзод” тавсия медиҳам ва мегӯям: ана ин шеър аст:
Кӯдаки навзоди худро бомдод
Модараш дар роҳи мардум монду рафт,
То бигирандаш ба фарзандии хеш
Дар ҷаҳони сар ба сар афту дарафт.
Гӯлаки лӯлак низору бепаноҳ
Зор гирён мемакид ангушти хеш.
Зинда монад ӯ агар, умре дигар
Ризқи худро мехурад аз мушти хеш!
Агар шумо ҳангоми мутолиаи шеъри Раҳмат ба забони баёни ӯ таваҷҷуҳ кунед, бо баёнҳое чунин шоирона на кам вомехӯред :
Ман ҳам аз дунболи он овора дигар,
Ҷӯямаш аз лавҳи ҷуғрофии хотир…
Ҷолиб аст, ки дар ҷои дигар Раҳмат салютро тӯпсалом таъбир додааст.
Дар бегаҳи ҷашни равшан аз тӯпсалом
Саршори шарора осмон метаркид.
Дар ин саф “Хираднома” шеърест имрӯзӣ, ки масъалагузорӣ дар он хонандаро аз оқибати зеҳни сунъӣ, ки имрӯз пайваста вирди забон аст, ба андеша меандозад:
Одамӣ бо хиради зотии хеш
Хиради ҳандасавӣ месозад.
Рӯ ба рӯ, як ба як акнун шатранҷ
Бо хирадвораи худ мебозад.
Дар шигифт аст, ки ӯ ё пирӯз
Мешавад бар хиради бохтааш.
Дар шигифт аст, ки ӯ ё саркӯб
Мешавад аз хиради сохтааш!
Раҳмат Назрӣ дар заминаи дониши хуби шоирӣ ва огоҳии хубе, ки аз ҳунар ва таомулу суннатҳои халқӣ дорад, шеъраш пухтаву ҳунармандонаву қавист. Мо ҳамеша ҷилои ҳунарро дар шеъри ӯ эҳсос мекунем:
Дорам ба дил аз кокулакат марғула,
Аз чоки гиребони ту як ангула.
Дар хотири ман ҳанӯз ҳам афшон аст,
Овози маҳинат аз гули зангӯла
Истифодаи суннатҳои халқӣ:
Ватан, ҳар як баду некат даво шуд,
Гилу обу зару регат даво шуд.
Чу тарсидам шабе ман аз сиёҳӣ,
Сиёҳии таги дегат даво шуд.
Раҳмат Назрӣ аз шоиронест, ки нақд ва танзро дар шеър ҳунармандона истифода мекунанд, амсоли:
Аввали ишқ ҳазорон дараҷа,
Охири ишқ ҳазорон вараҷа.
***
Дар танаш ҷомаи назм аст, дареғо, калта,
Дар танаш ҷомаи наср аст, дареғо, халта.
***
Чун назм нашуд, ба наср охир кӯчид,
Аз лучии фикри худ худашро пучид.
***
Нигоҳи зори мо дорад зиёе,
Сари танҳои мо дорад Худое.
Ту, эй доро, мабин моро тиҳидаст,
Кафи холии мо дорад дуое.
Истифодаи тасвиру таъбирҳои ғайримаъмулӣ ва мардумӣ ба оҳанги зарофату шӯхӣ дар шеъри Раҳмат низ ҷолиб аст:
Бонуи пур аз карашмаву ишваю ноз
Афсус, ба ишқи ман надорӣ ту ниёз.
Гар зор бимирамат, дилат кай сӯзад,
Ашкат натаровад ба ҷуз аз бӯйи пиёз.
Мавзуи инсон ва табиат дар шеъри Раҳмат низ масъалаҳои ҷиддии иҷтимоӣ ва фалсафиро бо лаҳни халқӣ шоиронаву нишонрас ба миён мегузоранд:
Боғи падарон барои ҳезум мардо,
Аз кунда кашӣ арра, дареғо, дардо.
Тарсам, ки занӣ табар аз ин бепадарӣ
Бар навдаи тӯбии фалак ҳам фардо.
***
Эй дил, ба алам алавпарастӣ, уф-уф,
Як лахчаи сурхи кафи дастӣ, пуф-пуф,
Аз ишқи куҳан алангаи як гулхан,
Чашмат нарасад, ҳанӯз ҳастӣ! Туф-туф!



