Ҷони шеър

 Ҷони шеър

Дар ашъори солҳои охири Аскар Ҳаким суннатҳои неки ҷавонмардӣ  ва ҳикмати зиндагӣ бо тасвирҳои хосса ба қалам омадаанд, ки аҳаммияти андарзии онҳоро наметавон инкор кард, аз ҷумла дар ин дубайтиҳо:

Ба гӯшат нест гар оҳанги фардо,
Наёбӣ ҳеҷ амон аз нанги фардо.
Гар имрӯзат ба фардо нест ҳамсанг,
Туро сар бишканад харсанги фардо.

***

Ба гулшан боди найсони тагарг аст,
Хабар аз нестии базми барг аст.
Гаҳе лутфи забонӣ лутф ҳам нест,
Кабӯтарро саломи боз марг аст.

Гоҳе ин дубайтиҳо тасвирҳои ноби шоирона доранд:

Дилам бе ишқи ту кӯшиданӣ нест,
Ки ҷуз нӯши лабат нӯшиданӣ нест.
Чи сон ин айбро аз халқ пӯшам,
Ки чуз чашми тарам пӯшиданӣ нест.

Аскар Ҳаким дар эҷоди рубоӣ низ комёб аст. Масалан, дар  рубоии зер  фалсафаи маргу зиндагӣ чунон ибрози шоирона дорад, ки андешаи зиндагониро аз ҳароси марг дур меандозад ва намунаи шеърест, ки дар асоси мантиқ сохта мешавад:

Аз марг мадор заррае тарсу ҳарос,
То зинда туӣ, аз он надорӣ ту шинос.
Чун он бирасад бар сари ту, ту ки, наӣ,
Чун зинда наӣ, тарси туро нест ҳарос.

Аскар Ҳаким забони хосси баёни худро дорад, ки дар ҳамин рубоии  мисоловардаи мо метавон мушоҳида кард, хусусан дар байти дуюм ва ин шеъри  ӯро аз шеъри дигарон тафриқа мебахшад.  Дар мисолҳои минбаъда мо чунин тарзи хоси баёнро ишора бо ҳуруфи сиёҳ хоҳем кард, то фаҳмо ба хонанда бошад.

Дар ашъори шоир тасвиру баёнҳои хоси забонии шоирона кам нестанд, аз ҷумла:

Ниҳоли сабзи армонҳо,
Ту ҳар субҳе шароби ноби шабнамро
Ба ҷоми баргҳои сабз менӯшӣ.
Ба рӯйи шохаҳоят мурғакон зангӯлаи субҳанд,
Ки ҷонро дар бадан бедор месозанд,
Хабар аз субҳи ишқи ёр месозанд.

***

Ғубори нилии шабҳо бупечонад маро дар хеш…

***

В-агар имрӯз вақти решапайвандии мо рафта,
Ба шохи ҷони ман барги рухи худро бидеҳ пайванд,
Ки шояд баргпайванде бигирад  андар ин озор
Ва сабзад аз тани ман шохаҳои ту,
Ва рӯяд шохсори тозаи ишқ аз тани хуншор….

Қимати ин ашъор дар бадеияти баён, тасвирҳои ноби шоирона аст, амсоли зангӯлаи субҳ будани мурғакон дар шохсор,  печонидани худ дар ғубори нилии шабҳо, ба ҷоми баргҳои сабз нӯшонидани шароби ноби шабнамҳо, решапайванде, ки барги рухро пайванд ба шохи ҷон бидиҳад ва шохсори тозаи ишқро аз тани хуншор бирӯёнад…

Чунин мисолҳоро аз эҷодиёти Аскар Ҳаким метавон фаровон овард.

Метавон оё фаро рафт аз сари тиру камон?
Метавон.

Гар бисабзад дар нигоҳат симчӯби хушк,
Чун санавбар боз ояд дар канори бешазораш,
Мурғакон хонанд рӯйи шохсораш.

Гар хиёбони ба сони сангпуште сангпӯши шаҳр,
Гардад озод аз фишори сахти сангин,
Чун замини зинда гардад сабзу рангин.

Гар зи девори дуконҳо сурати мурғу маҳӣ,
Бар само гардад паровар,
Рӯйи дарёҳо шиновар.

Гар ба ҷойи лӯлаҳои оби кӯча
Чашмаҳо рӯянд.

Дар лаби сарчашмаҳои сабз
Духтарон гесӯи худ шӯянд.

Банда аз мутолиаи ғазалу дубайтиҳои тозаи Аскар Ҳаким дарёфтам, ки  заҳматҳои шоир дастовардҳои тозаву шоистае  армуғон овардаанд.

Чанд намуна:

Агар бо офтоб инсон қарин аст,
Варо дар зери по чархи барин аст.
Ба олам гарчи сад навъе чароғ аст,
Чароғи ҷон вале равшантарин аст.

***

Якеро садҷаҳон месозад ин ишқ,
Каронро бекарон месозад ин ишқ,
Чу аз хокам ба гардун мебарорад,
Заминро осмон месозад ин ишқ.

***

Саҳар ёдат маро омад ба сар боз,
Ки ҷон месӯхт аз сӯзи ҷигар боз.
Ба рӯйи миз наъши шамъ мегуфт:
Магар дил бохтан кор аст, сар боз.

Силсилаи тозаи шеърҳои Аскар Ҳаким дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” фарогири ҳолатҳои руҳонии қаҳрамони лирикӣ дар перояи табиат ва бо истифода аз тасвирҳои табиӣ бо самимияти хоссе навишта шуда, хонданӣ мебошанд. Бо тасвири рамзҳои бедорӣ ва хоб шоир андешаҳои худро дар перояи сувари хаёл тасвири бадеӣ мебахшад ва ин тасвирҳо маъниҳоеро ба хонанда илқо мекунанд:

Бедорӣ аз ин хоб маро сахт гарон аст,
Ҳарчанд ки зангӯла занад занг, ки:
“Бархез!”
Эй кош, ки он баста маро бо дигарон аст,
Гӯяд:
“Биҳилам созу ба таҳрики саҳар хез!”


Оё ки фақат хуфтаи шабҳои дарозем?
На, рӯз ба бедории худ низ ба хобем.
Бо ин ҳама бо ашрафи бедор чи нозем,
Ин гуна, ки худ хуфтадилу бетабу тобем?!

Ва пайваста майдони андешаи шоир васеътар шуда, масъала пажуҳиши руҳонӣ мегирад. Ва шоир аз ин хоби гароне, ки дар оғоз тасвир карда буд,  хонандаро ба бедориҳои маънавӣ раҳнамоӣ мекунад:

Моро ба назар хонаи матрук бувад даҳр,
Анҷом чунин буд варо гӯйӣ аз оғоз.
Аммо чу ба ҳар заҳр бувад боз, ки позаҳр,
Аз чӣ надиҳад мард варо шӯру шарар боз?!

Ҷойи шабаҳе нест ҷаҳон, чун ҳама хубӣ
Шабҳо зи маҳу рӯз зи хуршед умед аст.
Бошад, ки ту дар уфқи сукутат нағурубӣ,
Ҳар шоми сияҳ ҳомилаи субҳи сафед аст.

Ва ин раҳнамоӣ ба руҳбаландӣ бо хулосаи боварбахш ҷамъбаст меёбад, ки хеле муҳим аст барои эътимоди хонанда.

Ҳар як нафаси умр, чи пирӣ, чи ҷавонӣ,
Марҳуни табу тобеву  бедориву сӯз аст.
Гар дидаи ғафлат бикушоӣ, ту ҳамонӣ,
К-аз баҳри туе шамсу қамар чеҳрафурӯз аст.

Шеъри дигаре, ки “Ғазале дар баҳори гулбасарон” унвон гирифтааст, як руҳияи  ошиқонаи шукуфоӣ бо худ мебарад:

Навбаҳор омаду айёми гулу гулбасарон,
Ҳамчу гул гашт шукуфо нигаҳи гулнигарон.
Остин барзадаву соқ чу урён кардӣ,
Бӯса бар дасти ту доданд ҳама симбарон…
Магар аз ҳусни баҳори рухи гулгун ояд
Ғайри гул ҳеҷ чи дар дидаи соҳибназарон.

Ин руҳия аз ҷониби шоир қадрдонӣ ва тарғиб мешавад ва ин хуб аст, чун ҳадафи шеър ва шоир низ бурдани ҳамин шукуфоист:

Эй, чи хуш, ақл ба гулбоди баҳорат додем,
Баски дар барги рухат ақл бувад бори гарон.
Ду ҷаҳон садқаи як лаҳза ба сар бурдани мост,
Кай шиносанд чунин бахти ҷавон бебасарон.
Қулзуми талхи ҷаҳонро ба асал кард бадал
Зарраи лутфи дурӯғ аз лаби ширинасарон…

Ва ин руҳияи хушбахтӣ ва хушбахткунӣ дар шеъри “Хушбахтӣ”  идома меёбад:

Равӣ аз кӯчаҳо хушбахту масрур,
Бари шаҳроҳ чун коҷе кашӣ қад.
Баланд аз худ равӣ, рӯ ҷониби нур,
Ки бо гардун шавӣ ҳамрозу ҳамқад.

Ва ин хушбахтии мутантан бо оҳанге гиранда идома меёбаду моро шарики ин нишот мегардонад то ҷойе, ки “кӯҳ ҳам аз ҳиммати ту қад мекашад”:

Кашӣ оғӯш гулгашту хиёбон,
Ки оғӯшат чу қалби ту бузург аст.
Равӣ аз шаҳр берун, сӯйи ёбон,
Кунад бӯйи гулу пудинаат маст.

Бубинӣ дурҳо, бар қуллаи кӯҳ,
Ки он ҳамсар бувад бо нийяти ту.
Биронӣ шодмон аз сина андӯҳ,
Ки кӯҳ ҳам қад кашад аз ҳиммати ту.

Ин руҳия устод Аскар Ҳакимро чунон фаро мегирад, ки ӯ саршори неруи ҷавонӣ мегардад ва мехоҳад мо ҳам саршори ин эҳсосоти баланд шарики ӯ  шавем:

Биёед, боре ҷавонӣ кунем,
Хушиҳои равшанравонӣ кунем.
Шаберо ба гулшан ба рӯз оварем,
Шукуфему булбул ба сӯз оварем.
Чаман сурху сабз асту рангинқабо,
Чи сон дил набахшӣ ба ин дилрабо.
Ба ҳар барги гул дурри шабнам бувад,
Лаби хушки хуршед аз он нам бувад.
Дамад чашмае соф аз зери санг,
Бигӯяд:
“ – Чу ман ҷӯш зан бедиранг,
Ки бӯсӣ кафи пойи сабзи нигор,
Ман аз санг хезам, ту паҳлуи ёр
”.

Ин эҳсосот чунон пазируфтанист, ки намехоҳед онро тарк кунед:

Насими саҳар атри ҷон оварад,
Ҷаҳоне зи ишқ армуғон оварад.
Ба парвона гӯем, бар гул нишин,
Ки бошӣ ба ангуштари гул нигин…
Ба дидори ёре ҷавонӣ кунем,
Ба хоки раҳаш ҷонфишонӣ кунем…
Ба пойи нигорин фишонда гуҳар,
Биёрем қурбон дилу ҷону сар…
Дигар мо куҷову тавони хаёл,
Фаротар зи гардун кушоем бол…

Камол НАСРУЛЛО

Дигар хабарҳо