Ғазалқасидаи Ватан

 Ғазалқасидаи Ватан

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким 80-сола шуд

Ғазали ишқ ба номи ту бихонам, Ватани ман,
Ки ту ширинтарӣ аз шираи ҷонам ба тани ман.
Ҳама аъзои ман аз хоки ту рӯйидаву сабз аст,
Низ ҳар нахли ту пайванд зада бо бадани ман.
Реша дар оби 0би ҳаёт аст дарахте, ки бикиштем,
Сабз аз чашмаи Хизр аст чамони чамани ман.
Чун зи ҳар кӯ расад овои кишоварзии Зардушт,
Сар занад сабзаи сарвода зи яшти куҳани ман.
Ман аз он шавкати дерина чи гӯям, ки туӣ, ту
Тахти Ҷамшеду Бухорову Хуҷанду Хутани ман.
Чун ба Хатлону Бадахшону ба Суғдат набинозам,
Ки ба ҳам ҷамъи ҷамиланд ба ҳар анҷумани ман.
Дар Хуросон, ки зи ҳар банд кушояд гираҳ осон,
Мефитад даҳр ба зону ба пайи илму фани ман.
Аз Ҷаму Кова, Фаридуну Сиёвахшату Куруш
Мерасад шуълаи тобони Каён то замани ман.
Ҳар гаҳ аз Борбади нағмазан орам сухане чанд,
Мешаванд ин ҳама мурғони чаман чангзани ман.
Зуҳра дар боми фалак ахтару маҳро диҳад ангез,
Дида покӯбии сармасту шикан дар шикани ман.
Рӯдакӣ пардаи Омуя навозад ба Бухоро,
Мавҷ дар мавҷ равад то ба само каф задани ман.
Буалӣ набзи маро даст гирифтаст абадуддаҳр,
Чун башаррост саломат сиҳати ҷону тани ман.
Қиссаи Рустаму Суҳроб бихонем ба такрор,
Шояд ин бор шиносад писараш Таҳмтани ман.
Ҳеч махлуқи Худоро, ки ба раҳ чоҳ  накандам,
Кош, андар чаҳи худ ҳам нафитад чоҳкани ман.
Ту агар марди набардӣ ба раҳи шаъну шуҷоат,
Тан диҳӣ худ ту ба зӯроварии танбатани ман.
Ба само(ъ)и азал омехт чу Мавлоно бо Шамс,
То абад гирди сарам гашт фалак чархзани ман.
Ринди Ҳофиз ба ҷаве равзаи ризвон бифурӯшид,
Чун биҳиштест, ки дилхоста дашту дамани ман.
Дӣ, ки дил додаву дил бурд ба Табрез Камолат,
Даҳр аҷаб карда зи дил бурдану дил бохтани ман.
Гоҳ буда, Ватанам, хиттаи байтулҳазане ту,
Шукри Эзад, ки шудӣ хурраму байтулҳасани ман.
Баски оростаӣ ҷумла ҷаҳонро ба ҳунар ту,
Ҳоҷатат нест дигар бар сухани бесунани ман.
Ба санои ту вале шеъру чакома кунам оғоз,
Фавҷи истора бирезад ҳама шаб аз даҳани ман.
Ҷилваи парчами ту барги умеди падарон аст,
Танг ояд зи фараҳ бар тани ман пираҳани ман.
Номаи бахти маро бо қалами нур навиштанд,
Ки бувад ҳар суханаш машъали партавфикани ман.
Аз дили тоҷику эронӣ агар ҳарф занад ишқ,
То абад шукри Ватан мерасад аз ҳар сухани ман.

                       Ойинаи нур

Ин ойинаи нур кӣ будаст, кӣ будаст,
К-аз оби рухаш чашмаи хуршед намудаст.
Оҳ, ин чӣ гузаштан зи бари мо ба хамӯшӣ,
Хомӯш, ки хомӯшии ӯ авҷи суруд аст.
Дар ғунчаи лабҳо-ш агар бӯйи баён нест,
Шаҳр ин хабари тозаи ишқ аз кӣ шунудаст?
Хуш мераваду рафтани ӯ нест видое,
Ӯро, ки ба ҳар мақдами падруд дуруд аст.
Ӯ масҷиду дайреву куниште нашиносад,
Аммо ҳама афтода ба пояш ба суҷуд аст.
Гар дасти сахо мояи ноз аст башарро,
Ин ӯст, ки аъзои вуҷудаш ҳама ҷуд аст.
Ин банда, Худоё, чӣ Худоест, ки банда-ш
Буддоиву тарсову мусалмону яҳуд аст.
Як бор, ки бар боми фалак рафт, дигар рафт,
Ойини ҷаҳон гарчи фароз асту фуруд аст.
Он аст, ки аз рӯзи азал нест суқуташ,
Роҳе, ки кунад азм, сууд асту сууд аст.
Моро ҳама ин дидаи ҳайрон зи қафояш
Бо шавқу хитобе, ки кӣ будаст, кӣ будаст?!

***

Ҳаваси умри абад нест маро,
Гарчи шоир набувад орӣ аз ин?
Дар дилам майли чунин нест, чаро,
Ки зи ёдам набаранд аҳли замин.

Бошад, он сон ки бихоҳам, бизиям,
Розии зиндагии номаълум.
То напурсанд, ки ҳар лаҳза киям,
Фахри яктои ҳунар ё ки улум?

То  ба ҳар қулла назар дӯзам шод,
К-ошён дода ба шоҳину уқоб.
Пар кашад чӯҷаи навбол озод
Аз сари қулла фаротар зи саҳоб.

Рӯд мастона равад мавҷзанон,
То ба паҳно расаду дарёӣ.
Чӣ кунад бо мани бечора замон,
Ки надорам талаби дунёе.

Шодмонам  ба тамошои гуле,
Неши хоре гар азобаш накунад.
Лола хандони чаман, ҷоми муле,
Кош, тафбод харобаш накунад.

Ману садҳо ба замон арзу суол,
То ба гӯшаш бирасад овозам.
Лек бишнидани он аст муҳол,
Ё ки паст аст бами овозам?

Дар куҷо гӯши замона шунавост,
Ба суолон шунавам, то ки ҷавоб.
Ба замон ё карии гӯш равост,
То ки мардум накунад арзи азоб?

               Туғён дар худ

Чӣ рӯди шӯхи кӯҳиӣ,
Ки сарзер аз фарозои баландиҳо
Шитобон меравӣ, ҷӯшонтар аз Ҷайҳун.
Даме шӯрида, аз худ медамӣ саршор,
Зи соҳилҳои тангат мешавӣ берун.
Валекин чун ба дарё мерасию мешавӣ дарё,
Аз он гоҳат фақат дар синаи худ мекунӣ туғён.
Зи кӣ омӯхтӣ ин расм, Зи инсон ё зи ту омӯхта инсон?!

                        Уқоб ва зоғ
                            (масал)

Зоғро як умр дар дил буд ҳасад,
К-аз чӣ хубӣ бар уқобон мерасад?!
Омаду биншаст бар дӯши уқоб,
Мезадаш минқору мекардаш азоб.
Гарчи мешуд пурҷароҳат дӯши он,
Лек ранҷашро намекард он аён.
Ҳам намекӯшид, к-аз дӯш афканад,
Оварад зеру пару болаш канад.
Ҳамчунон оҳиставу ором буд,
Зоғ дар дӯшаш ба фикри хом буд,
К-ӯ дар охир ҷисми онро медарад,
Пора месозад, ба маргаш мебарад.
Лек болафшон фаро мешуд уқоб,
Мегузашт он парзанон авҷи саҳоб.
На ба сар будаш хаёли интиқом,
Нарм мекард ӯ ба парвозаш давом.
То замин аз чашм мешуд ноаён,
Бар нуқат мешуд бадал даҳошён.
Зоғро мешуд батар ҳар лаҳза ҳол,
Ноаён мерафт бар коми завол.
Лек уқоб озод боло мепарид,
Синаи зоғи сияҳ гӯ медарид.
Барфаро мерафт бар чархи кабуд,
Он муҳит ӯро, ки ҷойи зист буд.
Зоғро аммо набуд ёрои он,
То равад боло ба ӯ дар осмон.
Чун намебуд қудрати гардунияш,
Бар фарози абрҳо маскунияш,
Танг меомад ҳавояш дар гулӯ,
Чун ҳаво кофӣ набуд аз баҳри ӯ.
Дам ба дам беҳол мешуд бештар,
То намондаш қуввате дар болу пар.
Дар гулӯяш тангтар омад нафас,
Чора танҳо ҷон супурдан буду бас.
Бенафас ворафт ҷисмаш бар замин,
Чун ҷавоби бесабаб озору кин.
Чун ҷавоби он ки донӣ ҳадди хеш,
То нагардӣ оқибат титу пареш.
Ту куҷо, эй зоғу шаҳболи уқоб,
Ки бубинӣ хеш амсоли уқоб?!

Дигар хабарҳо