Тақдимоти китобе, ки ба маҳфили аҳли адаб ва дӯстӣ табдил ёфт
Фоҷиа ва қаҳрамонӣ
Ба муносибати 115-солагии Сотим Улуғзода
Таърих ба халқи тоҷик ками дар кам меҳрубонӣ кардааст. Ин халқи қадимӣ ва аҷдодони ӯ дар умри чандинасраи худ аз гардиши айём бисёр ҷафоҳо дидаанд. Ғосибону ҷафокорони «худӣ» ва аҷнабӣ ба сари онҳо хеле рӯзҳои сахт овардаанд. Дар таърихи мардуми мо бисёр саҳифаҳо аз қаҳрамониҳои камназире низ ҳикоят мекунанд. Фоҷиаи таърихии халқ ва қаҳрамонии ӯ ҳамеша бо ҳам будааст.
Сотим Улуғзода дар повести «Ривояти суғдӣ» яке аз он фоҷиаҳо ва қаҳрамониҳоро ҳикоят мекунад.
Замони истилои араб (асри VII) яке аз сахттарин давраҳо дар инкишофи таърихии аҷдоди мо буд. Ҳуҷуми лашкари гарони халифаҳои араб замоне сар шуд, ки Осиёи Миёна, кишвари Суғд ва ҷамъияти ғуломдорӣ ба сохти феодалӣ мегузашт ва зиддиятҳои синфӣ тезу тунд шуда истода буданд. Дар Осиёи Миёна давлати мутамаркази пурқуввате ҳанӯз ба вуҷуд наомада, мамлакат пароканда ва камқувват буд. Бо вуҷуди ин, агарчи истилогарони араб нағз мусаллаҳ шуда, қувваи кишварҳои зери дасташонро сафарбар намуда, чун мӯру малах ҳуҷум оварда буданд, суғдиён дар муқобили онҳо қаҳрамонона истодагӣ карданд ва якчанд бор онҳоро аз сарзамини худ берун ронданд.
Асари С. Улуғзода ҳаҷман чандон калон набошад ҳам, мазмунан васеъ аст. Вай рафти воқеаи таърихӣ – дуюмин ҳуҷуми калони арабҳоро ба Мовароуннаҳр ва ҷанги зидди онҳоро тасвир менамояд. Дар зимни ин вай моро бо баъзе шароити хосси зиндагии мардумони Суғди онвақта, бо расму одатҳои қадимии аҷдодони мо, тартиботи иҷтимоии кишвар ва ғайра низ як андоза шинос мекунад. Дар ин хусус маълумот гирд овардан кори душвор буд, зеро аз замонҳои қадим дар таърихномаҳо маълумоти этнографӣ ва ғайра кам боқӣ мондааст. Барои он ки нависандае аз зиндагии он айём чанд манзара тасвир кунад, лозим меояд, ки ҷустуҷӯи бисёреро анҷом диҳад, аз сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ ва таҳқиқоти илмӣ зарра-зарра материал ҷамъ оварад. Хушбахтона, С. Улуғзода аз ҷумлаи нависандагонест, ки ҷустуҷӯи илмию бадеиро бо суботкории тамом то нуқтаи охир давом дода метавонанд. Дар ин мавридҳо вай на фақат чун як нависандаи моҳир, балки ба сифати як нафар олими нозукбин низ намоён мешавад.
Пояҳои илмии «Ривояти суғдӣ» бисёр мустаҳкам аст. Воқеаи асосии он – асирони суғдиро ғулом кардани арабҳо, аз маликаи Бухоро гаравгон гирифтани онҳо (ба ривояти Наршахӣ – 80 нафар), аз тарафи ин ғуломону гаравиҳо кушта шудани Саид ибни Усмон дар таърихҳо зикр шудааст.
Тасвири рафти ҷангҳо низ ба бисёр ҷузъиёташ дар повести С. Улуғзода асосан мувофиқи ахбори таърихшиносон омадааст. Маликаи Бухоро Хотун, ҳусну ҷамол ва хислатҳои инсонии вай, тарзи мамлакатдорӣ ва муомилаи ӯ бо ғоратгарони араб, ғайр аз баъзе ҷузъиёту тафсилот, ҳама дар асоси гуфтаҳои муаллифони китобҳои таърих тасвир ёфтааст. Онҳое, ки дар воқеаҳо аз тарафи арабҳо иштирок кардаанд, ҳама шахсони таърихӣ буда, нависанда ҳатто номи ягон нафаре аз онҳоро дигар накардааст.
Дар яке аз ахбори таърихӣ чунин лавҳае аз ҷанги Самарқанд оварда шудааст: «Дар миёни ҷанг муборизе аз сипоҳи Самарқанд бурун омад, бар аспе зард нишаста ва дар майдон ҷавлон кард ва мубориз хост. Аз лашкари Саид (ибни Усмон) касе рағбат намекард бо вай рӯ ба рӯй гардад. Молик ибн-ур-Райб пурсид, ки «ин мард, ки ба майдон омадааст, чӣ мегӯяд?» Молик ибн-ур-Райб гуфт: «Кас нест аз шумо, ки баробари ӯ равад?» Гуфтанд: «Ҳамагон аз вай ҳаметарсанд ва касро заҳраи он нест, ки бар муборизати ӯ берун шавад». Молик гуфт: «Ин бузург айбе бувад». Яке аз ёрони Молик гуфт: «Туро рағбат меафтад, ки бо он мубориза бикӯшӣ?»
Молик гуфт: «Меафтад». Пас ба асп тозиёна зад ва ба майдон тохтан гирифт ва бар он мубориз ҳамла бурд. Ҳарду ба найза ҷанг оғоз ниҳоданд.
Муборизи суғдӣ даромад ва найзае бияндохт. Найза бар зинкӯҳа расид ва зин бишкаст ва Молик аз асп бияфтод ва дарҳол барҷаст ва найза ҳамчунон ба даст дошт. Найза бар муборизи суғдӣ зад ва аз аспаш бияндохт (афтонд). Суғдӣ хост, ки бархезад, Молик бар ӯ давид ва хештанро дар ӯ андохт (партофт) ва ӯро бигирифт ва медавонид, то пеши Саид оварад ва бар замин бияфканд».
Ин эпизод дар повести С. Улуғзода ҳам тасвир шудааст. Лекин муаллиф бо тахайюл (фантазия)-и нависандагӣ, ки эҷодиёти бадеӣ онро ҷоиз медорад ва бе он намешавад, ин эпизодро мувофиқи идеяи асараш як қадар ба таври дигар ба қалам медиҳад, чунончи агар дар таърихнома суғдиҳои паҳлавони асир афтодаи худро аз Молик ибн-ур-Райб ба пули калон харида гиранд, нависанда он паҳлавонро Виркан ном ниҳода, бо ҳамроҳии асирони дигар то Мадина бурда, дар шӯришҳои онҳо чун сардор иштирок мекунонад. Улуғзода дар баъзе мавридҳо ба он чанде ҷузъиёту тафсилот илова мекунад, аммо дар баъзе мавридҳо ба воқеа дигаргуниҳое медароварад.
Ин дигаргуниҳо, албатта, бояд дар асоси нағз омӯхтани ҳамаи фактҳои таърихӣ ва ба хубӣ ҳис кардани руҳи замон анҷом дода шаванд, ба инкишофи таърих зид набошанд, дар он сурат барои пурратар ифода шудани ҳақиқати таърихӣ ёрӣ мерасонанд. Он муборизи суғдӣ, модом ки дар лашкари суғдиён ва дар муборизаи зидди арабҳо мавқеи муҳим доштааст, бешубҳа, сарнавишти вай сазовори андешаҳои доманадор буд, ин аст, ки нависанда ӯро ҳатто қаҳрамони асосии қисса гардонида, ба вай «тарҷумаи ҳол»-и дар он замон ва дар он шароити иҷтимоию таърихӣ имконпазирро дода, дар воқеаҳо ӯро то охир амал кунондааст.
Дар повести С. Улуғзода он чи ба амалиёти арабҳо ва саркардаҳои онҳо дахл дорад, бисёр кам ба дигаргунӣ дучор шудааст. Нависанда кӯшиш дорад, ки ба таҳқиқоти илмии таърихшиносони замони мо такя карда, қисми асосии маълумоти таърихномаҳоро бе дигаргунӣ ё бо дигаргунии андак истифода намояд. Вай ҳатто баъзе диалогҳоро қариб айнан аз китобҳои таърих гирифтааст.
Аммо образ ва саргузашти дигар персонажҳои суғдӣ – Наниманча, Ревахшиён, Нӯфарн ва ғайра маҳсули тахайюли бадеии нависанда аст.
Манзараҳои зисту маишати суғдиёни қадим дар қисса боварибахш тасвир ёфтаанд. Ин зиндагӣ дар фараҳбахштарин лаҳзаҳо ҳам аз шиддат холӣ нест. Аз аввали повест, аз рӯ ба рӯ омадани Виркан ва Молик ибн-ур-Райб дар саҳрои регзори Арабистон сар карда, тамоми воқеаҳо, ҳама ҳолату вазъиятро як шиддати драмавии рӯзафзун фаро гирифтааст ва ба сӯи нуқтаи олӣ меравад. Ин шиддату моҳияти фоҷиавии замон ва сарнавишти инсонро ифода мекунад. Вазъият чунон аст, ки ҳар шахс ва ҳама кишвари Суғд ҳар лаҳза мумкин аст ба даҳшате дучор оянд ва дучор меоянд. Баъзе аз қаҳрамонони асар ҳар кадоме ба тарзи худ, чунончи маликаи Бухоро бо рою тадбир ва сулҳҷӯӣ, Виркан бо қувваи бозу ва фидокорӣ, Наниманча бо дилсӯзӣ ва ҷасорати камназир мекӯшанд, ки фалокатро аз сари мардум ва кишвар дур андозанд.
Ин кӯшишҳо дар он шароит моҳиятан намунаи қаҳрамонист. Ба фалокати азим фақат қаҳрамонӣ, ҷасорат ва қатъиятро муқобил гузоштан мумкин аст. Нависанда руҳи мағлубиятнопазири онҳоеро, ки барои дафъи бало ҷон ба каф гирифтаанд ва тан ба тақдир надода, то дами вопасин талош мекунанд, нишон медиҳад.
Сотим Улуғзода ин гуна қаҳрамонии мардони таърихро дар якчанд асараш тасвир кардааст. Дар драмаҳои вай «Рӯдакӣ», «Ҷавонии Ибни Сино» (шарикмуаллифаш В. Виткович), «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон» (Дар бораи Аҳмади Дониш), дар романи «Восеъ» дар шароити гуногуни таърихӣ ба шаклҳои гуногун зоҳир шудани рӯҳи қаҳрамонӣ таҳқиқ шудааст. Нависанда дар ин асарҳояш гоҳ ба симои шоирону мутафаккирони бузург, гоҳ ба хислати як лашкаркаши номӣ ва ё пешвои шӯриши деҳқонон чашми диққат дӯхта, бунёди халқии ҳастии онҳоро муайян мекунад, аз манфиатҳои халқу кишвар қувват гирифтани ҷидду ҷаҳди қаҳрамононаи онҳоро ошкор месозад. Агарчи сарнавишти қаҳрамонони ҳамаи ин асарҳои ӯ фоҷиае дорад, қувваи азими халқ дар он фоҷиа ифода ёфтааст, руҳи озодихоҳи ӯ, ба ҷавру ситам ва хориву зорӣ сар нафуровардани вай, ки боиси умри ҷовидонаи ӯст, бо қувваи тамом намудор мегардад.
Повести «Ривояти суғдӣ» бори аввал соли 1975 дар журнали «Садои Шарқ» чоп шуда, соли 1977 ба шакли китобчаи алоҳида интишор ёфта буд.
Ҳоло нависанда онро аз нав таҳрир карда, дар бобҳои «Наниманча» ва «Самарқанд ҷиҳод мекунад» чанд фасли тоза, дар бобҳои дигар ҳам пораҳое илова намудааст.
Ин иловаю таҳрирҳо боиси равшантар шудани вазъияти таърихӣ, хусусан боиси беҳтар намоён шудани хислатҳои қаҳрамони асосӣ ва амиқтар рафтани психологияи онҳо гардидаанд.
Муҳаммадҷон ШАКУРӢ



