Истиқлол дар театри тоҷик
Фарҳанг ҷузъи муҳимми тамаддун ба ҳисоб рафта, на танҳо барои боло бурдани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа ва ҳисси зебоипарастии он хидмат мекунад, балки арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии мардумро низ ташаккул медиҳад. Маҳз тавассути фарҳанг метавон қобилиятҳои эҷодии ҷомеаро ташаккул дод ва рушди ҳамаҷонибаи онро таъмин намуд. Дар ташаккули ҳисси худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ муассисаҳои фарҳангиву ҳунарии кишвар нақши муассир доранд.
Фарҳанг асоси ҳастӣ ва симои миллат эътироф шудааст. Китобхонаҳо, театру кинотеатрҳо, васоити ахбори омма, қасрҳои фарҳанг ва муассисаҳои ҳунарӣ таърихи пурғановати миллатро рӯнамоӣ намуда, дастовардҳои замони моро муаррифӣ месозанд. Қобили зикр аст, ки маҳз тавассути Истиқлоли давлатӣ муассисаҳои ҳунариву фарҳангии кишварамон ба озодии интихоби барнома даст ёфта, баҳри рушдашон аз ҷониби давлат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ба шарофати истиқлол дар ҷомеаи шаҳрвандии мо падидаҳои наве, ба мисли майли бесобиқа ба дарки воқеаҳои таърихӣ, ҳифзу аз худ кардани фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, боло бурдани ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ва беҳтар омӯхтани забони модарӣ, танзими расму оинҳо, такомули анъанаҳои миллӣ асос ёфтаанд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3500 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 19 театри касбӣ, 8 муассисаи консертӣ, 96 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, қариб 1400 китобхонаи давлатии оммавӣ, 330 қаср ва хонаи фарҳанг, 390 клуб, бештар аз 20 марказ ва 93 боғи фарҳангу фароғат, 7 филармонияи халқӣ, 22 театри халқӣ, 60 осорхона, 15 хона-осорхона, 24 ансамбли тарона ва рақс, 16 ансамбли шашмақомхонон, 8 ансамбли фалаксароӣ, 7 ансамбли эстрадӣ, 12 ансамбли фолклорӣ этнографӣ, 19 ансамбли рақсӣ, ансамблҳои зиёди карнай ва доиранавозон ва шабакаҳои зиёди телевизиону радиошунавонии маҳаллӣ фаъолият доранд.
Санъати халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангин дошта, дар замони истиқлол бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, тобиши нави ҷаҳонӣ пайдо намуд. Дар ин давра беҳтарин намунаҳои санъати миллӣ, ба монанди «Шашмақом» ва «Фалак» эҳё гардиданд. Дар иҷлосияи 92-юми Созмони ЮНЕСКО аз 11-уми ноябри соли 2003 мусиқии классикии «Шашмақом» ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид гардид. Дар ин радиф бо амри Президенти кишвар ҷиҳати ҳифзу рушди минбаъдаи мусиқии касбӣ 12-уми май Рӯзи «Шашмақом» ва 10-уми октябр Рӯзи «Фалак» эълон гардида, бо талошу дастгирии Сарвари давлат як қатор дастаҳои ҳунарии мамлакат, аз қабили ансамблҳои «Шашмақом» ва «Фалак» мақоми давлатӣ гирифтанд.
Баъди расидан ба Истиқлоли давлатӣ дар баробари баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти таҷассумгари фарҳангу санъати волои миллию меъмории тоҷик, аз қабили Осорхона, Китобхона ва Театри миллӣ, боғи “Парчами миллӣ” ва “Нишони давлатӣ”, боғи устод Рӯдакӣ, маҷмааҳои фарҳангии “Кохи Наврӯз”, “Кохи Ваҳдат” ва “Наврӯзгоҳ” сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-ми декабри соли 2018 бо мақсади эҳё намудани расму ҳунарҳои аҷдодӣ ва вусъат бахшидан ба инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд. Ин тадбири муҳимми давлатӣ дар самти рушди фарҳангу ҳунари миллӣ имкон фароҳам овард, ки анъанаҳои арзишманди ҳунармандӣ, ба мисли кулолӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, ресандагию бофандагӣ диққати муҳаққиқони ватанию хориҷиро ба худ ҷалб созанд.
Ҳунармандӣ дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хосса дошта, яке аз падидаҳои муҳимми фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳавасманд гардондани аҳолӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати эҳёи касбу ҳунарҳои аз байн рафтаи мардум, муаррифӣ намудани таъриху фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро дарк намуда, соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.
Дар доираи иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат доир ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо мактаби ҳунармандон бо усулҳои анъанавӣ ба фаъолият оғоз карданд. Имрӯз анъанаҳои ҳунари наққошиву кандакорӣ ва гаҷкориву оинабандӣ дар бунёд ва ороиши биноҳои давлативу фарҳангӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ тадриҷан инкишоф ёфта, шаклу намуд, усулҳои истеҳсол ва тарзи тайёр намудани онҳо тағйир ёфт. Замони пештар як қатор корҳое, ки дастӣ иҷро мешуданд, имрӯз тавассути техникаи муосир механиконида шудаанд. Ҳунармандон аз дастовардҳои фаннии ҷаҳони муосир ба таври васеъ истифода мебаранд.
Баъди ба даст овардани истиқлол дар Тоҷикистон заминаи мусоид барои ба роҳ мондани ташаббусҳо барои рушди санъати тасвирӣ фароҳам омад. Дар ин навъи ҳунар самтҳои гуногун, аз реализм то авангардизм ва сюрреализм, рушд карданд, ки дар худ тазодҳои замони навро инъикос менамоянд. Рассомон ба мавзуъҳои таъриху фарҳанги миллат, табиати нотакрори Тоҷикистон, бозгӯи нави ҳодисаву воқеоти таърихӣ бештар муроҷиат менамоянд.
Даврони истиқлол замони бознигарии фаъолонаи ҳувияти миллӣ ва ҷустуҷӯи роҳи худ дар санъат ҳам мебошад. Ба ин раванд ҳам омилҳои дохилӣ (боло рафтани ҳисси худшиносии миллӣ) ва ҳам омилҳои беруна (тағйироти сиёсӣ ва фарҳангӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ) таъсир расонданд. Замони нав аз меъморон тақозо мекард, ки симои нави кишварро дар ҳунари шаҳрсозӣ эҷод созанд, то тамоюлҳои муосири меъмориро дар пайвастагӣ бо суннатҳои таърихии халқашон омезиш диҳанд. Дар ин самт омили калидӣ ворид намудани унсурҳои меъмории анъанавӣ (орнаментҳо, аркаҳо, гунбазҳо) ба лоиҳаҳои муосир буд.
Намунаҳои олии иншоот дар ин масир маҷмааи монументалии Исмоили Сомонӣ дар Душанбе (соли 1999, бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён) ба ҳисоб меравад. Ин ансамбли меъморӣ, ҳамчунин, мисоли равшани муроҷиат ба хотираи таърихӣ мебошад. Дастоварди муҳим таъсиси мактаби миллии рехтагарии бадеӣ буд. Усто Мансур Ҳоҷибоев ин ҳунари мураккабро мустақилона аз худ карда, дар сохтани ёдгориҳои калон мутахассиси калидӣ шуд.
Дар шароите, ки баъди ба даст овардани истиқлол дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, эҳёи маънавии миллат барои санъати мо вазифаи асосӣ гардид, аммо ин раванд бо мушкилоти сахт дучор шуд. Солҳои 1992-1997 Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандии даҳшатангезро аз сар гузаронд. Театрҳои кишвар тайи солҳои 1992-1993 фаъолияти худро муваққатан боздоштанд. Парокандагии дастаҳои эҷодии ҷумҳурӣ бобати рушди фарҳанги театрӣ монеа эҷод мекард. Бад шудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ба сатҳи маънавии ҷомеа таъсири манфӣ расонд.
Тамошобинон ба театр хеле кам меомаданд, ки ин амал ба давраҳои гузариш хос мебошад. Ин ба фаъолияти театрҳо таъсири ногувор расонд, аммо, сарфи назар аз мушкилоти пешомада, театри тоҷик асолат ва ҳувияти худро ҳифз кард.
Дар муайян намудани хусусиятҳои ҷомеаи нав ва мақсадҳои рушди он фарҳанги тоҷик, ки решаҳояш ба қаъри асрҳо рафта мерасад, нақши муҳим бозид. Дастаҳои ҳунарӣ тадриҷан фаъолияти худро барқарор карданд, ба онҳо ҷавонон пайвастанд ва барномаи театрҳо тағйир ёфт.
Аз нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта дар театри тоҷик ҳаракати студиявӣ ба вуҷуд омад. Дар Душанбе студияҳои театрӣ таҳти роҳбарии коргардонҳои боистеъдоде, ки маълумот, таҷриба ва малакаву маҳорати хуби касбӣ гирифта буданд, ба вуҷуд омадан гирифтанд. Насли нави коргардонҳо ва ҳунармандон, ки дар солҳои 80-90-ум ташаккул ёфт, бо сарвати маънавии худ ва таваҷҷуҳи амиқ ба ҷанбаъҳои гуногуни зиндагӣ ва падидаҳои фарҳангӣ фарқ мекард. Коргардонҳо ва ҳунармандони ҷа- вон, ки дорои забони муосири ифоданоки саҳнавӣ буданд, алоқамандии хешро ба мактаби равоншиносӣ дар саҳнаи миллӣ намоиш медоданд.
Ҳамин тавр, Баҳром Тоҳиров студияи “Ҳилоли аҳмар”, Валерий Аҳадов – “Нимҷазира”, Малика Ҷӯрабекова “Гаҳвора” ва Фаррухи Қосим “Аҳорун”-ро таъсис доданд. Соли 1990 дар заминаи студияе, ки ба он ҳунармандони Театри ҷавонон ба номи Маҳмуд Воҳидов дохил мешуданд, таҳти роҳбарии Фаррухи Қосим Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи “Аҳорун” (ҳоло ба номи Муҳаммадҷон Қосимов) таъсис ёфт. Ф. Қосим системаи эстетикиеро, ки дар театри тоҷик ташаккул ёфта буд, тағйир дода, ба ҷойи театри маишӣ ҷасурона роҳи ҳаллу фасли нави образҳоро ҷуста, дар натиҷа, услуби нави театриро ҷорӣ намуд. Пеш аз ҳама, ӯ тарзи тафсир додани осори миллиро, ки ба театри шуравӣ хос буд, нав кард.
Ба дунболи Театри «Аҳорун» соли 1991 Убайдулло Раҷаб Театри таҷрибавии миниатюрии “Ойина”-ро ташкил кард. Мақсади он эҳё, ҳифз ва рушди минбаъдаи мероси ғании театри анъанавии тоҷик буд. Омили муайянкунандаи дастаи эҷодии мазкур дар солҳои аввал табдили усулҳои анъанавии бадеӣ, рӯй овардан ба суннатҳои театри фолклорӣ ва адабиёти муосиру классикӣ буд. Дар фаъолияти Театри “Ойина” усулҳои театри суннатии наққолӣ: ровиён, афсонагӯйҳо, қиссахонҳову масхарабозҳо, инчунин, шаклҳои вижаи услуби устодони муосири ҳаҷв ба таври васеъ истифода мегардид.
Соли 2002 Ҳунарпешаҳои халқии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Абдураззоқов ва Шарофат Рашидова нахустин театри рақс – “Падида”-ро ташкил карданд. Мақсади таъсиси Театри “Падида” низ рушди анъанаҳои театри халқӣ мебошад, аз ҷумла рақсу мусиқӣ. Барои театри мазкур анъанаҳои фолклорӣ ва маросимҳои халқӣ аҳаммияти вижа доранд. Маросимҳои тантанавие, ки ба ҳукми тамошобинон гузошта мешаванд, дар худ, аксаран, як амали пурраро дар миниатюраҳои драмавии рақсӣ муаррифӣ мекарданд Соли 2005 аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (курси омӯзгор Саодат Азизова) Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқӣ дар ноҳияи Данғара таъсис ёфт. Имрӯз барои театр дар маркази ноҳия бинои нави замонавӣ сохта шуда истодааст. Ҳоло дар кишвар 18 театри давлатӣ ва 2 театри ғайридавлатӣ фаъолият доранд.
Тайи ин солҳо дар фаъолияти эҷодии театрҳои кишвари мо якчанд тамоюли аз ҳам фарқкунанда мушоҳида мешавад. Манзури мо рӯ овардани театрҳо ба анъанаҳои фолклорӣ ва таърихиву миллӣ, ҳаёти имрӯза, инчунин, ба беҳтарин намунаҳои драматургияи ҷаҳон ва классикӣ мебошад.
Театр тайи солҳои истиқлол кӯшиш ба харҷ додааст, ки дигаргуниҳои дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рухдодаро ба таври боварибахш инъикос намояд. Дар ин раванд, ҳунармандонамон ба он ҳам ноил гардиданд, ки мавзуъҳои навро ба барномаҳои худ ворид карда, эстетикаи нави театриро ҳам ба вуҷуд оранд. Дар ин давра ба драматургияи миллӣ неруҳои нав ворид мешаванд. Дар асарҳои онҳо ҳангоми инъикоси мавзуъҳои доғи рӯз кӯшишҳо барои барҳам задани қолабҳои одатшуда мушоҳида мегардад. Ин, дар ниҳояти кор, ба ташаккули услуби нави саҳнавӣ оварда расонд, ки падидаи хеле нек ба шумор меравад.
Барои кинематографияи миллӣ низ он замони озмоишҳои ҷиддӣ ва ҳамзамон, ҷустуҷӯи шаклҳои нав гардид. Истеҳсоли филмҳо як муддат бо сабаби буҳрони иқтисодӣ коҳиш ефт. Пойгоҳи техникии студияи асосии «Тоҷикфилм» куҳна шуда, кинематографистон маҷбур гаштанд, ки ба шароити нав мутобиқ шаванд. Бо вуҷуди мушкилот, кинематографистон роҳҳои рушдро пайваста ҷустуҷӯ мекарданд. Дар нимаи дуюми солҳои 90-уми садаи гузашта киностудияи “Тоҷикфилм” истеҳсоли филмҳои видеоиро аз худ кард. Аввалин студияҳои хусусии кино, ба монанди «Синамо» ва «Киносервис» пайдо шуданд. Имрӯз филмсозони тоҷик бо ҳамкасбони хориҷӣ фаъолона ҳамкорӣ намуда, дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд. Дар шаҳри Душанбе ду сол дар миён Синамобазми «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад. Пештар аз ин Ҷашнвораи байналмилалии «Дидор» доир мегардид, ки дар рушди кинои тоҷик саҳми хубе гузошт. Филмҳои «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ», «Қиёми рӯз», «Як ҷаҳон аз ману ту», «Муаллим», «Охирин сайди сайёд», «Автобус» ва «Дов»-ро метавон ҳамчун намунаҳои хуби диди нави филмофарӣ дар синамои миллӣ арзёбӣ кард.
Ҳамин тариқ, замони Истиқлоли давлатӣ барои аҳли ҳунари Тоҷикистон замони ҷустуҷӯ, муқоиса, хулосабарорӣ ва дарёфти роҳҳои нави офариниш гардид. Аз як тараф, барканор кардани оқибатҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, аз ҷониби дигар ҷустуҷӯи фаъолонаи шаклҳои нави ифодаи ҳувияти миллӣ ҳанармандони моро водор кард, ки ба дастовардҳои наҷиб даст ёфта, диди ҳунариро тағйир диҳанд. Аҳли ҳунар дар ташаккули системаи нави давлатдориву идеологӣ, ки ба арзишҳои суннативу миллӣ такя дорад, саҳми босазо гузоштанд.
Муҳимтарин дастоварди аҳли санъат дар ин самт ба вуҷуд овардани коди (рамзи) махсуси эстетикиву зебоипарастӣ мебошад, ки иммунитети миллии моро қавӣ гардонидааст.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ



