Адиб ва тафаккури миллӣ

 Адиб ва тафаккури миллӣ

Ба муносибати 115-солагии Сотим Улуғзода

Дар таърихи адабиёти муосири тоҷик Сотим Улуғзода аз ҷумлаи он адибони нодирест, ки фаъолияти эҷодиашро дар ҳудуди як жанр маҳдуд накардааст. Ӯ ҳамчун нависанlа, драматург, кинодраматург, адабиётшинос ва тарҷумон дар ташаккули тафаккури адабӣ ва фарҳангии асри ХХ саҳми назаррас гузоштааст. Новобаста аз ин, дар маҷмуи мероси адабии ӯ драматургия ҷойгоҳи махсус дорад, зеро маҳз дар асарҳои саҳнавии Улуғзода масъалаҳое, чун муносибати инсон ва таърих, шахсият ва ҷомеа, қудрат ва ҳақиқат, хотираи миллӣ ва масъулияти маънавӣ, ба воситаи конфликту характер шакли бадеии возеҳ пайдо мекунанд. Масъалаи марказии драматургияи Улуғзода танҳо таърих нест. Масъалаи асосӣ инсон дар рӯ ба рӯи таърих аст.

Роҳи драматургии Улуғзода аз воқеияти замон оғоз мешавад. Пйесаҳои «Шодмон» (1939), «Калтакдорони сурх» (1940) ва «Дар оташ» (1944) ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва воқеияти давраи худ пайванд доранд. Аммо дар ин марҳалаи аввал ҳам Улуғзода танҳо ба тасвири рӯйдод қонеъ намешавад. Барои ӯ воқеа танҳо заминаест барои ошкор кардани характер. Қаҳрамон дар муносибат бо муҳит, бо дигарон ва, пеш аз ҳама, дар лаҳзаи интихоб шинохта мешавад.

Маҳз ҳамин хусусият баъдтар ба пояи драматургияи таърихии ӯ табдил меёбад. Улуғзода тадриҷан аз воқеияти рӯз ба таърих рӯ меорад, вале ин гузаришро набояд танҳо тағйири мавзуъ донист. Дар асл, ин тағйири объекти тафаккури драматург буд. Дар асарҳои аввал савол бештар чунин ба назар мерасад: Инсон дар шароити нави иҷтимоӣ чӣ гуна тағйир меёбад? Дар асарҳои таърихӣ савол дигар мешавад: Инсон дар рӯ ба рӯи таърих чӣ гуна худро нишон медиҳад? Ин тағйирот тасодуфӣ набуданд. Улуғзода ҳамчун адабиётшинос ва муҳаққиқ ба таърих ва адабиёти классикии тоҷик аз наздик сарукор дошт. Аз ин рӯ, муроҷиат ба шахсиятҳои таърихӣ идомаи табиии ҷаҳонбинии эҷодии ӯ буд.

Дар натиҷа, таърих дар драматургияи Улуғзода ба як майдони санҷиши инсон табдил меёбад. «Рӯдакӣ», «Темурмалик», «Восеъ», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Ҷавонии Ибни Сино» ва дигар асарҳои саҳнавии Улуғзода аз давраҳои гуногуни таърихӣ ҳикоят мекунанд, аммо байни онҳо робитаи ботинӣ вуҷуд дорад. Дар маркази ин асарҳо шахсиятест, ки дар шароити зиддиятҳои таърихӣ маҷбур аст интихоб кунад. Интихоб инсонро ба қаҳрамони драмавӣ табдил медиҳад.

Агар таърих танҳо силсилаи воқеаҳо бошад, вазифаи муаллиф ба таърихнигор наздик мешавад, аммо вақте таърих тавассути тақдири инсон, муборизаи ботинӣ, зиддияти ахлоқӣ ва интихоби шахсият таҷассум меёбад, он ба адабиёт табдил меёбад. Улуғзода маҳз ҳамин роҳро пеш гирифтааст. Аз ҳамин нуқтаи назар, қаҳрамонони таърихии ӯ ҳайкалҳои беҳаракат нестанд. Онҳо инсонанд: бо андеша, шубҳа, дард, ирода, муҳаббат ва масъулияти худ.

Дар миёни шахсиятҳои таърихие, ки Улуғзода ба тасвири бадеӣ кашидааст, Рӯдакӣ мақоми махсус дорад. Таваҷҷуҳи адиб ба Рӯдакӣ солҳои зиёд идома кардааст. Натиҷаи он киноповести «Қисмати шоир» ва драмаи «Рӯдакӣ» гардид. Ин ду асарро метавон аз муҳимтарин кӯшишҳои бадеии Улуғзода дар роҳи офаридани симои зиндаи асосгузори адабиёти классикии тоҷик донист.

Дар ин ҷо масъалаи муҳим ба миён меояд: чӣ гуна метавон шахсияти таърихиро ба қаҳрамони зиндаи драмавӣ табдил дод, вақте маълумоти таърихӣ дар бораи баъзе паҳлуҳои зиндагии ӯ маҳдуд аст? Ҷавоби Улуғзода дар усули эҷодиаш мебошад. Ӯ танҳо ба маълумоти таърихӣ такя намекунад.

Осори худи Рӯдакиро низ ҳамчун яке аз сарчашмаҳои шинохти ҷаҳони ботинии шоир истифода мебарад. Аз ин рӯ, байни воқеияти таърихӣ ва тахайюли бадеӣ тавозуни эҷодӣ ба вуҷуд меояд. Рӯдакии Улуғзода, пеш аз ҳама, инсон аст ва баъд шоир. Ин нукта хеле муҳим мебошад, зеро агар шахсияти бузург танҳо бо унвон ва шуҳраташ нишон дода шавад, образи бадеӣ зинда намемонад. Қаҳрамон бояд дар ҳолати интихоб қарор гирад.

Рӯдакӣ дар тафсири Улуғзода бо муҳити қудрат муносибати мураккаб дорад. Ӯ шоири дарбор аст, аммо арзиши суханро аз манфиати шахсӣ болотар мегузорад. Аз ин рӯ, масъалаи Рӯдакӣ танҳо масъалаи як шоири асри X нест. Он ба масъалаи умумии муносибати истеъдод ва қудрат табдил меёбад. Ин масъала имрӯз ҳам аҳаммияти худро гум накардааст.

Яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби эҷодиёти Улуғзода робитаи мустақими драматургия ва кинодраматургияи ӯст. «Қисмати шоир» ҳамчун киноповест ва баъдан филм яке аз намунаҳои барҷастаи табдили маводи таърихӣ ба образи экранӣ гардид. Филм соли 1960 дар Кинофестивали кишварҳои Осиё ва Африқо ба ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» сазовор шуд.

Дар ин ҷо таҷрибаи драматург барои кино аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Экран имкон медиҳад, ки муҳити таърихӣ васеъ шавад: шаҳр, дарбор, кӯча, табиат, мардум ва муносибатҳои иҷтимоӣ ба системаи ягонаи тасвирӣ дохил мешаванд.

Ҳамин тавр, Сотим Улуғзода танҳо таърихро нақл намекунад; ӯ кӯшиш мекунад фазои таърихиро ба воситаи инсон зинда созад. Агар дар «Рӯдакӣ» масъалаи асосӣ бештар ба шахсияти эҷодкор, озодии маънавӣ ва муносибати истеъдод бо муҳити қудрат пайванд дошта бошад, дар «Темурмалик» ва «Восеъ» ҷанбаи дигари тафаккури Улуғзода мубориза барои озодӣ ва адолат қавитар ба назар мерасад.

Намоишномаҳои «Темурмалик» ва «Восеъ» дар қатори асарҳои муҳимми саҳнавии Улуғзода қарор доранд. Ин асарҳо нишон медиҳанд, ки драматург таърихро на танҳо ҳамчун силсилаи воқеаҳои гузашта, балки ҳамчун майдони санҷиши ирода ва мавқеи маънавии инсон дарк мекунад. Аммо аҳаммияти ин асарҳо танҳо дар тасвири муборизаи қаҳрамонона нест. Улуғзода қаҳрамонро дар лаҳзаи масъулияти таърихӣ нишон медиҳад. Темурмалик барои ӯ танҳо фармондеҳи ҷасур нест. Ӯ шахсиятест, ки дар вазъияти фоҷиавии таърихӣ масъулияти худро дар назди мардум эҳсос мекунад.

Восеъ низ танҳо роҳбари шӯриш нест: дар тасвири Улуғзода ӯ ба тимсоли инсонест, ки беадолатиро қабул намекунад ва дар муқобили он қарор мегирад. Аз ин рӯ, мубориза дар ин асарҳо танҳо амали беруна нест. Он, пеш аз ҳама, муборизаи ахлоқӣ мебошад.

Дар ҳамин ҷо мо ба яке аз хусусиятҳои муҳимми драматургияи Улуғзода мерасем: ӯ воқеаи таърихиро ба масъалаи маънавӣ табдил медиҳад.

Муроҷиати Улуғзода ба Абуалӣ ибни Сино низ аз ҳамин қонунияти эҷодӣ берун нест. «Ҷавонии Ибни Сино», ки дар ҳамкорӣ бо В. Виткович таълиф шудааст, ба давраи ҷавонии донишманди бузург ва муҳити Бухоро иртибот дорад. Дар ин асар низ таваҷҷуҳи драматург танҳо ба тарҷумаи ҳоли шахсияти таърихӣ маҳдуд намешавад. Барои Улуғзода шахсияти Ибни Сино намунаи истеъдодест, ки бояд роҳи худро дар муҳити пурихтилоф пайдо кунад. Дар ин ҷо илм ба воситаи муқобили ҷаҳолат табдил меёбад, аммо конфликт танҳо миёни дониш ва ҷаҳолат нест. Масъалаи аслӣ муносибати шахсияти озодандеш бо муҳити маҳдудкунанда мебошад. Ҳамин аст, ки Улуғзода шахсиятҳои таърихиро аз доираи гузашта берун меорад.

Дар «Алломаи Адҳам ва дигарон» низ таваҷҷуҳи драматург ба шахсияти донишманд ва муносибати ӯ бо муҳит равона мешавад. Дар ин асар масъалаи илм танҳо ҳамчун мавзуи зиндагиномавӣ истифода нашудааст. Муҳимтар аз он муносибати шахсият бо ҷомеа, бо муҳити фикрӣ ва бо арзишҳои замони худ мебошад. Аз ин рӯ, дар драматургияи Улуғзода донишманд ҳам мисли шоир ва қаҳрамони миллӣ дар назди як интихоби ахлоқӣ қарор мегирад: ба ҳақиқат содиқ мондан ё ба талаботи муҳит таслим шудан. Ин масъала яке аз ҷиҳатҳои муосири осори ӯ мебошад.

Агар драматургияи Сотим Улуғзодаро аз нигоҳи таҳаввули мавзуъ, конфликт, характер, забон ва сохтори драмавӣ ҷамъбаст намоем, метавон як қонунияти хоси эҷодиёти ӯро муайян кард: Таърих, конфликт, характер, интихоби маънавӣ, андешаи миллӣ.

Таърих ба драматург маводи воқеӣ медиҳад. Конфликт ин маводро ба ҳаракат меорад. Характер ба конфликт руҳи инсонӣ мебахшад. Интихоби маънавӣ моҳияти шахсиятро ошкор мекунад ва дар ниҳоят, аз сарнавишти як қаҳрамон андешаи васеътар дар бораи миллат, фарҳанг ва масъулияти инсон ба вуҷуд меояд.

Маҳз ҳамин хусусият имкон медиҳад, ки драматургияи Сотим Улуғзода аз ҳудуди танҳо «драмаи таърихӣ» берун равад. Ӯ таърихро барои таърих тасвир намекунад; ӯ таърихро барои шинохти инсон истифода мебарад. Ин аст, ба назари ман, яке аз муҳимтарин ҷан- баҳои методи эҷодии Улуғзода.

Имрӯз, баъди гузашти даҳсолаҳо, мо метавонем ба осори Сотим Улуғзода аз нигоҳи дигар назар кунем. Дар замоне ки масъалаҳои худшиносии миллӣ, хотираи таърихӣ, забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунанд, бозгашт ба осори Улуғзода танҳо эҳтиром ба гузашта нест. Ин бозгашт як зарурати маънавӣ низ ҳаст.

Насли ҷавон бояд Рӯдакӣ, Ибни Сино, Темурмалик, Восеъ ва дигар шахсиятҳои таърихиро на танҳо ҳамчун номҳои китобҳои дарсӣ, балки ҳамчун шахсиятҳои зиндаи фарҳангӣ дарк кунад. Вазифаи адабиёт, театр ва кино низ маҳз ҳамин аст: гузаштаро ба таҷрибаи зиндаи маънавии имрӯз табдил додан. Сотим Улуғзода дар замони худ ин вазифаро ба таври шоиста иҷро кард. Ӯ ба таърих аз мавқеи муҳаққиқ назар мекард, вале онро бо воситаҳои бадеии нависанда ва драматург ба ҳаёти маънавии ҷомеа ворид месохт.

Сотим Улуғзода барои драматургияи тоҷик танҳо як драманависи маъруф нест. Ӯ як марҳалаи муҳимми ташаккули тафаккури драмавии миллӣ ва, ба маънои васеътар, як мактаби муносибат ба таърих ва инсон мебошад. Роҳи ӯ аз «Шодмон» то «Рӯдакӣ», аз «Дар оташ» то «Темурмалик», аз «Ҷавонии Ибни Сино» то «Восеъ» роҳи таҳаввули драматургест, ки тадриҷан аз воқеияти рӯз ба қаъри таърих меравад ва аз таърих боз ба инсон бармегардад. Рӯдакӣ дар назди қудрат ва ҳақиқат қарор мегирад.

Темурмалик дар назди истилову озодӣ, Восеъ дар назди ситаму адолат, Ибни Сино дар назди илму ҷаҳолат. Ва ҳар кадоми онҳо дар ниҳоят ба як масъалаи умумӣ мерасанд: инсон дар лаҳзаи интихоб шинохта мешавад. Шояд маҳз ҳамин аст бузургии драматургияи Сотим Улуғзода. Ӯ гузаштагонро ба саҳна наовард, то мо танҳо ба гузашта нигоҳ кунем. Ӯ онҳоро ба саҳна овард, то мо имрӯз худро дар оинаи таърих бубинем.

Аз ин нуқтаи назар, арзиши осори Улуғзода танҳо таърихӣ нест. Он арзиши эстетикӣ, ахлоқӣ, миллӣ ва инсоншиносӣ низ дорад.

Баъди гузашти даҳсолаҳо мо ҳанӯз ба драматургияи ӯ бармегардем, зеро саволҳои асосии ӯ куҳна нашудаанд. Таърих тағйир меёбад, замон дигар мешавад, аммо масъалаи инсон, ҳақиқат, виҷдон, озодӣ ва масъулият боқӣ мемонад. Ӯ таърихро ба адабиёт табдил дод, адабиётро ба андеша ва андешаро ба масъалаи инсон.

Алӣ ЧОРИЕВ,
номзади илмҳои филология

Дигар хабарҳо