Абармарди қаламрави сухан

 Абармарди қаламрави сухан

Ба муносибати 115-солагии Сотим Улуғзода

Рӯзгори устод Сотим Улуғзода аз бисёр ҷиҳат ба сарнавишти печидаи чеҳраҳои намоён ва чун ситора дурахшони олами адаби тоҷику форс, хосатан шахсиятҳои офаридаи худашон шабоҳат дорад: мавриде устодро болонишину воломақом мебинем ва гоҳе аз ҳодисоти нохуши айём бесаранҷому саргардон, ҳатто аз назарҳо дур меёбем.

Устод Сотим Улуғзода дар авҷи камолоти умр ва эҷодиёт дар остонаи синни мубораки шаст, – воқеан, зодрӯз ва ҷашнашон он сол (11.09.1971) дар тақвими давлати Шуравӣ сабт ва нашр гардида буд, – ба иллати фирори писар аз ин мамлакати абарқудрат ба фишори шадиди идеологӣ ва равонӣ дучор гашт. Умрбод зиндаҷудоӣ аз фарзанд ба сари худ фоҷиаи азиме буд ва азобу шиканҷаи ин ҳолати ногуворро танҳо бо масали маъруф «буттаи оташгирифта сӯхтанашро худ медонад» ифода метавон кард.

Ба болои ин мусибат, бар замми бори сангини хиҷолату ноҳинҷорӣ ва дарди сӯзони худро дарун-дарун хӯрданҳо аз ӯ дарҳол рӯ гардондану кебидани дӯстони нониву тарсу, бо санги маломат ва неши забону писханд ҳуҷум овардани баъзе нотавонбинҳо, зиёда аз ин, гӯштоби «ғамхорон»-у сиёсатмадорони «ҳушёр ва зираку дурандеш» ба ҷароҳати дили адиби ҳассосу донишманд намак мепошид. Вале ин барои бадхоҳони адиб, ки чунин пайт ё бебарориро мепоиданд, кам намуд. Сарварони тавоно ва эҳтиёткори ҳизбу адабиёт ба хотири фавран исбот кардани масъулияту садоқати хеш ба сиёсати замон ба нависанда пешниҳод карданд, ки бо чанд сатр аз баҳри писар бигзарад ва ин доғи сиёҳ аз худ бишӯяд. Дар ин лаҳзаи ҳассос чун падар, чун соҳиби писар, чун фарде, ки мақому қудрати нақши ҷовидонии сухану адабиётро дар мағз-мағзи ҷонаш дарк мекунад, хешро ба ҷои устод Сотим Улуғзода бигзоред ва хома ба даст, биандешед, ки ба хотири ҳифзи шуҳрату узвияти ҳизби коммунист магар метавон гӯри фарзанд бо дасти худ канд. Ва то ҷовидон мисол шуд: фалон адиб дар фалон қарн барои накоҳондани шуҳрату мақоми хеш аз фарзанд даст кашид: аз писари баркамол, соҳибмансабу болонишин ва нозпарвари замон.

Фарзанде, ки солҳои сол дур аз падар зери боли сиёсат, дар дили ватани бузург – шаҳри Маскав мезист. Ва ӯ бо ҳама соҳибмаълумотиву ҷаҳонбинӣ андешаи ба ҳоли таббоҳ афтодани падари муътабару номвар накарда; поси хотири шири поки модар ва нону намаки кишварро надошта, ба қавли шоире «Туф ба ин пистон карду хесту рафт».

Падари суханвару шуҳратёр байни обу оташ ва сарзанишу кашокаш монд. Чӣ кор кунад? Чӣ хел ба чашми мардум нигарад? Рафтори асрорангези писар таънасораш кард. Ба ӯ чӣ намерасид? Фирефта шуд? Ё асири ваъдаҳои аҷнабиён гардид? Ё чизе ихлосу эътиқодашро аз диёр ва ҳизбу одамон барканд?

Дар ҳар сурат, чаро бар сари орзуву умедҳои ӯ оби сард рехт? Акнун ба кадом дард бинолад? Аз фирори фарзанди осӣ бисӯзад ё ба нигоҳи нештардор ва таънаву маломати заҳрогини «ғамхорон» посух бидиҳад. Ва гоҳе аз сарнавишти талхи устод Рӯдакӣ меандешиду заҳрханд ба лаб ин сатрҳои ӯро худ ба худ мехонд:

Эй дареғо, ки хирадмандро
Бошад фарзанду хирадманд не.
В-арчи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.

Бо дили сӯзон «Қисмати шоир»-ро барои ибрати дигарон навишта буд, вале имрӯз… Эй фалаки каҷрафтор, ӯ мисли ҳама падарон аз писар умеду орзуҳои наҷибе дар дил мепарварид; мехост ӯ номбардору сутуни дилаш шавад.

Аммо подоши қарзи фарзандӣ аз сирри дил ва нақшаи хеш лаб накушода, ба хотири зиндагии озод ва луқмаи лазиз ё сарвату шуҳрат ҳамаро пушти по заду рафт ва бар сари падари пир ташвишу моҷарои якумрӣ овард. Ӯро кадом нохалафу палиде гумроҳу саргаранг сохт, бо фиребу найранг дар доми балову бадномӣ андохт? Охир, ӯ бача набуд, ки фирефтаи ҳавою ҳавас ва дасисаву ваъдаҳои хом шавад. Магар ӯ дар зиндагӣ боре дасти камро дид ё ҷафои сахтиву мушкилиро кашид?

Пас чаро бо роҳи каҷ рафт? Ба кӣ ситеза ва эътироз кард? Ба сохти ҷамъият ё…? Акнун ҳақ ё ноҳақ буданашро худи вай медонаду Худо.

Лек падари сарсахт, адиби номӣ, саногӯи ватану бахшандаи умри дубораи фарзандони некноми миллат Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Темурмалик, Аҳмади Донишу Восеъ дар ин вазъияти нобоб чӣ тадбире андешад, то бори миёншикани «нанги бадтар аз марг»-ро сабук ва тоқатпазир гардонад. Дигар ӯ сари танҳо мондаасту андӯҳу ҳасрату андешаҳои талхи беохир. Куҷост ҳамнафаси босабре, ки ғами дил бизудояд ва ӯро аз зиндони ноумедӣ бираҳонад? Дар ин маврид давоту килку коғаз ба имдоди ӯ расид.

Устод Улуғзода оташи сӯзони қалбро ба таълифи достони «Марги ҳофиз» як андоза паст кард, балки шӯълаи онро ба ниҳоди ҳамзамонону наслҳои оянда бахшид.

Шивоҷӣ – қаҳрамони ин достони пур аз дарду армон, ҳофизи шуҳратёри Ҳиндустон бо навои шӯрангез қиссаи озодии меҳан ва далериву шуҷоати ҳамдиёронро месарояд. «…Занҷири асорати садсола гусаст! Ингилис Ҳиндустонро бо ҳилла гирифта буд, на ба зӯр.Шер ба доми рӯбоҳ ғалтида буд. Акнун шер аз дом ҷаст! – наъра мекашид Ҳофиз. – Аз ҳайбати ӯ битарсу биларз, эй ғосиб ва ғоратгар… Ингилис макр мефурӯшаду хоин мехарад, ватанфурӯш меҷӯяд. Ту мемирӣ, эй душмани номарду нопок! Макр мафурӯш, ки харидор намеёбӣ.

Хоин маҷӯй, эй ингилиси шум, ки Ҳиндустон сарзамини содиқон аст!» Дар авҷи суруд, ки нидоҳои «аҳсану офарин!» ва «Шод бош!» ба фалак мепечид, сипоҳии тануманд меояд ва хабар медиҳад, ки бо дастаи ҷосусони ингилис задухӯрд карда, нафаре аз онҳоро асир гирифтаанд. Аммо асир на ингилис, балки ҳиндуст. Ҳолати басо пуршиддату мудҳиш: ҷосуси ватан, ки аз табори худӣ аст, кӣ бошад? Лашкари шубҳа ҳамаро безобита карда буд. Охир, дузд яку гумонбар сад кас аст, мегӯянд. Нигоҳи пуртаҳлукаи ҳозирин ба дар дӯхта шуд. Ва чун хоинро ба ҳуҷра ворид сохтанд, «Шивоҷӣ якбора ҷаҳида ба по бархост ва бо садои ҳайратзадаи ваҳшатолуд» нидо кард: «Шондип!» Оре, асир писари ягонаи Шивоҷӣ – Шондип буд. Низоъ ва шиддати азоби ботинии ҳофизи пир ва нависандаи мумтоз бо ҳам меомезад ва ғиреви қалби онҳо аз бахти сиёҳ ба фалак мепечад. Ду пири нагунбахту ҳамтақдир, ду марди пурғурур ва меҳанхоҳ, ду озодипарасти асил ва ҷонсӯзи миллат – Шивоҷӣ ва Сотим Улуғзода гирифтори лабханди таърих ва сарнавишти носозгор, дар сари ҳалли муаммои дандоншикан часпу талош доранд. Чӣ тадбире метавонад сари пасти падарро баланд созад ва ӯро аз шармсорӣ бираҳонад? Ба хотири ҳурмату эҳтироме, ки ҳофизи ватанпараст байни мардуми сарзамин дорад, аз гуноҳи писари ӯ гузаштан? Воқеан, аз рӯи тасвири адиби забардасту ғамзада дар достон ба ивази «ҷавоби рост» ва «ахбори росту қимматнок» гуноҳи асирро мебахшанд. Вале Шивоҷӣ ба ин ҳукм муросо карда наметавонад. «– На!.. Хоин бояд бимирад! – бо алам фарёд мекашад ҳофиз. – Ман ҳақ дорам он чиро, ки бахшида будам, пас бигирам… Писаркушӣ агар гуноҳ аст, хоинкушӣ савоб аст!» Ин фарёди дили дардманду озурдаи Сотим Улуғзода аст. Ҳофизи офаридаи ӯ ба хотири дифои ватан ханҷар ба синаи писари хоини хеш мезанад. Ва гиру дори ин фоҷиа сардтарин қалбро ба ҷӯш, кундтарин зеҳнро ба ҷунбиш меорад.

Ҳукми Шивоҷии ташнаи озодиву истиқлоли меҳану нидои дили нависандаи ҷафокашидаи миллатдӯст… Фоҷиаи Шивоҷии ҳофиз ва адиби номдор… Магар тири адиби озурда аз иншои ин достони пурэҳтирос ба ҳадаф расид ва ҳокимон дарду армони ӯро пай бурданд? Охир, чун офтоб аён аст, ки вай ба воситаи ин ҳикоя ба ҷигарбанди раҳгумзадаи худ ҳукми сахттаринро раво дидааст. Вале инро сиёсатмадорону сарварони адабиёт ба инобат нагирифтанд. Ва чанд соле таъқибу сарзаниши адиб идома ёфт; чопи асарҳояш дар матбуоту нашриёт ва омӯзиши осораш дар мактабу донишгоҳҳо мамнуъ эълон шуд. Ва Сотим Улуғзода солҳо дар муҳити манзил назарбанд зист, сипас ба хотири раҳидан аз таънаву маломат ва панди «дӯстони ғамхор» шӯриву талхӣ ва аламу ранҷу ғарибиро бар дӯш гирифта, сокини шаҳри Маскав шуд. Ва то нафаси охирин чун устод Лоҳутӣ ҷисму ҷонаш аз дурии ёру диёр сӯхту гудохт. Аҷиб ин аст, ки ба чунин сарнавишт ва истеҳзои қисмат шахсиятҳои офаридаи эшон устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хисраву дигар нобиғаҳои Машриқзамин гирифтор шуда буданд… Дар сангинтарин лаҳзаи умр муттако ва қуввати дил, балки доруву дармони устод Сотим Улуғзода беш аз пеш камар бастан ба таълифи асарҳои тоза, тасвири рӯзгори талх ва кору пайкори шахсиятҳои барӯманди фарҳангию илмие будааст, ки ҳар кадом дар замони худ ва имрӯз номбардори миллат ҳисоб меёбанд. Шахсиятҳои бо обу гили донишу маърифат сиришта, лек ҷафокашу фурӯтан ва адиби донишманду дар маслаки худ устувор.

Аҳмад Махдуми Дониш дар намоишномаи «Алломаи Адҳам ва дигарон» яккаву танҳо байни саҳна аз ноумедӣ зору низор ва мубталои ғаму андӯҳ нишастааст. Вай баногоҳ сар мебардораду ба мардум менигарад ва бо фарёде дилхарош аз мағзи ҷон менолад. «Оҳ, ман танҳоям, танҳо!» Ва дар ин ғиреви пурхашму алам низ фоҷиаи азими алломаи замон Аҳмади Дониш, ки аз камхирадӣ, бепарвофалакӣ ва тунукмағзии амирони манғит заифу нотавон ва зери пои аҷнабиён хоку фано шудани давлати Бухороро эҳсос мекард, ҳам эътирози дардолуди устод Улуғзода ба ноадолатиҳои муҳити носозгор ниҳон аст.

Вале ҷасорат ва ҳадафи нависанда ҳанӯз дар намоишномаи «Рӯдакӣ» хеле дурахшон ифода ёфта буд.

Вақте Саҳл бини Мансур – он ҷаллоди сангдил ба шоири хушгил бо писханде аҳриманона гуфт: «Ҳаёту мамоти ту акнун дар дасти ман аст!», чунин посухи рустамона шунид: «Ту ночизтар аз они ки шоир аз ту битарсад… Ҳаёти шоир, қисмати шоирро подшоҳон ҳам наметавонанд ҳал кунанд…» Ба гумонам, устод Улуғзода барномаи эҷодӣ ва ғуруру озодипарастии хешро маҳз дар ин пора дақиқ ифода кард ва алайҳи ҳама таънаву маломат, фишори каҷкулоҳони сиёсат умре аз ин ҷода берун қадам наниҳод. Албатта, азобу шиканҷаи беҳисоби ботинии адибро аз талошҳои беамон, муқовимати далеронаи шахсиятҳои офаридаи ӯ дар муқобили рӯйдодҳои зишту номатлуб метавон дарк кард. Ва хушбахтона дар ҳама маврид эшон вораста, озодманиш ва сарнофарору боғурур, ватанхоҳу пирӯз пеши назар ҷилвагар мешаванд.

Байни адибони тоҷик устод Улуғзода ягона фардест, ки баъди устод Айнӣ ба офаридани симо ва шахсиятҳои фарҳангии таърихӣ ҷиддӣ камар баст. Ва ин роҳи пуршараф ба ҷилои ҳунар ва комилу серпаҳлу шудани маърифати нависандагии ӯ созгор афтод. Ҳусни забон ва тарзи баёнаш аз хасу хошоки гуфтори омиёна орӣ гашта, ба асолат пайваст ва барои ҳамқаламон, хусусан адибони ҷавон, намунаи омӯзиш ва пайравӣ гардид. Яъне устод Улуғзода чун посбони боэътимод ва фидоии бузурги фарҳанги ниёгон, посдори расму суннатҳои миллӣ қомат афрохт, зиёда аз ин, ба воситаи офаридани симои шахсиятҳои барҷаста дар худогоҳӣ ва бедории миллати тоҷик хидматҳои беназире кард. Романи «Восеъ», ки ба назарам қуллаи эҷодиёти адиб аст, танҳо ҳикояти хушку холии шӯриши халқ зери сарварии ин таҳамтан алайҳи ҷабру ситам ва зулму бетамизиҳои амирони манғиту косалесони онҳо дар Бухорои Шарқӣ нест, балки даъват ба муборизаи ҷовидона барои ҳимояи шарафи миллӣ, ватану озодист. Дар авҷи касодии маънавию ахлоқии ҷомеа рӯи об баромадани романи «Фирдавсӣ» ошно гаштани хонандаи тоҷик ба сарнавишти бузургтарин шахсияти олами адабии мо, сари суҳбат нишастан бо ҳакими гарданфарозу ҷасур, ки аз хоки поки Хуросон бархост ва ин хитобаро то ҷовидон:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
 Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем,

чун панд ба мо, эронитаборон, ба ёдгор монд, як падидаи беназир ва атои тақдир буд. Устод Улуғзода низ мисли Ҳакими Тӯс барои офаридани ин асар роҳи ранҷу заҳматро пеш гирифт. Солиёни зиёд ҳангоми назарбанд будан достонҳои аҷоибу ғароиби «Шоҳнома»-ро барои наврасону ҷавонон бо забони зебову шево ба наср гардонд. Бешубҳа, ҳадафи нависанда ба ин восита аз сарчашмаи пургуҳари маърифати аҷдодон шодоб сохтани ниҳоли ақли насли ҷавон ва дар зеҳну замири онҳо парваридани ҳисси пурнаҷобати худшиносиву меҳанпарастӣ буд.

Аз ҷониби дигар, адиб ба ин васила ба офаридани чеҳраи бадеии абармарди назми оламгирамон худро омода сохт. Романи «Фирдавсӣ» дар замоне, ки барои ҳастӣ ва бақои миллати тоҷик, аз зери суми мудҳиши сиёсати аҷнабиён ҳифз намудани забон, расму оини миллӣ муборизаҳои ҷонкоҳонаи ниҳонӣ мерафт, чашми хонандаро ба таърихи куҳан ва рӯйдодҳои зоҳиран зебо, назаррабо, вале пурмакру ифлоси навин васеътар кушод. Ин асар, бешубҳа, ба худшиносӣ ва баланд бардоштани ғурури миллӣ хидмат кард. Ва осон набуд ин амал. Эҷодкоре симои шахсияти бузурги фарҳангиро дар адабиёт офарида метавонад, ки бар замми истеъдоди баланду комил доштан бо зевари донишу фазилатҳои фаровони дигар ороста шуда бошад.

Яъне барои даст задан ба чунин як иқдом адиб бояд ҳуқуқи маънавӣ пайдо кунад. Ба бахти миллати мо, зимни омӯзиши пайваста пири хирад Сотим Улуғзода шермардона ба ин кори муқаддас омода гашт ва ба неруву илҳоми илоҳӣ онро хеле хуб ба субут расонд. Ин асар ҷамъбасти андешаҳои худшиносию ватанхоҳии адиб, талоши охирини эшон дар роҳи бедории миллати аз ҷабру ҷафои бераҳмонаи таърих хастаи тоҷик аст. Романи «Фирдавсӣ» дар рӯзҳои басо душвори авҷи гирудор ва ихтилофи ақидаҳо, ки Тоҷикистонро хароб сохт ва имону ахлоқро коҳонд, мардумро ҳушдор дод, то барои ҳифзи марзу бум ва якпорчагии меҳан муттаҳиду дурандеш бошанд. Талоши пурматонати Ҳаким Фирдавсӣ барои умри дубора бахшидан ба фарҳанги ниёкон, бо шаҳди забони порсӣ зинда нигоҳ доштани Аҷам, муборизаи рӯйрости устод Улуғзода баҳри ҷовидон мондани пайванди фарҳанги тоҷику форс дар айёми дурушту пурситеза. Алҳол, ки аз файзи Истиқлол қуфли даҳонҳо кушода аст ва касе аз таҳдиди таъқибу фишори сиёсат бим надорад, метавон ба ҳар дастур андеша ронд ва ҳар зайл қазоват кард. Аммо ҳамду сано бод ба он мардоне, ки аз теғи хунрези сиёсати замон наҳаросида, дар вазъи ногувор бо ҳар роҳ ба манфиати фарҳанги миллати хеш хидматҳои шоиста кардаанд. Алҳақ, устод Улуғзода дар ин майдони мубориза машъалбардори яккатоз буд. Ва ниҳоят дар дами пириву нотавонии адиб романи «Фирдавсӣ» дар озмуни китоби соли Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷоизаи аввалро соҳиб шуд.

Ба шарофати заҳмату заковати устод баъди садсолаҳо дари муносибатҳои фарҳангӣ ба рӯи ду мардуми ҳамреша, ҳамкешу ҳамзабон басо хубу нозанин кушода шуд. Ин армони якумрии адиби бузург ва кулли фарҳангиёни форсизабон буд ва аз дурнамои неки алоқаҳои адабиву илмии мо башорат медиҳад. Э кош чунин бодо!

Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо