«Тоҷи Сомон»

 «Тоҷи Сомон»

Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мегардад. Чунонки аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, барои иштирок дар ин ҷашнвора аз рӯзи 15-уми июн қабули ҳуҷҷатҳо оғоз шудаанд, ки то рӯзи 15-уми сентябр давом меёбад.

Синамоҷашнвораи миллӣ дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баргузор шуда, ба рушди синамои миллӣ, дастгирии синамогарони ҷавон, таблиғи беҳтарин дастовардҳои синамои тоҷик, таҳкими ҳамкории эҷодӣ, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангию маънавии мардум сурат мегирад.

Дар барнома ҷоизаҳо барои «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин наворбардор», «Беҳтарин рассом», «Беҳтарин нақши мардона», «Беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», «Беҳтарин филмнома барои кӯдакон ва наврасон», ҷоизаи махсуси ҳакамон, таваҷҷуҳи тамошобин ва ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинои тоҷик» муайян карда мешаванд. Филмҳои бадеӣ, филмҳои кӯтоҳмуддат ва истеҳсоли муштарак барои иштирок кардан ҳақ доранд.

Филмҳое, ки дар солҳои 2024-2025 рӯйи навор омадаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, қабул мегарданд.

Филмҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссия баррасӣ гардида, беҳтаринҳо барои даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Дигар хабарҳо