• 25.06.2026

САБАҚИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

 САБАҚИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рўйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки аҳаммият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти муҳимми сиёсӣ ҳидояту роҳнамоӣ месозад. Барои миллати тоҷик Рўзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ, сарнавиштсоз ва калидӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомўз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми неку хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки имсол 29-умин солгарди он дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ин санади таърихӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба имзо расид, маҳз пайғоми муҳимме аз фарорасии сулҳи деринтизор буд. Дар он ормони миллати тоҷик бо каломи Сулҳ ва Ваҳдати миллии моро имрўз ва оянда тақвияту ва Ваҳдат таҷассум ёфта, гувоҳи сулҳпарварӣ, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланди давлатмардони тоҷик аст. Бояд гуфт, ки ҳарчанд душманони миллати тоҷик оташи ҷангро дар кишвари мо барангехтанд, халқи баору номус, ватандўст ва сулҳпарвари мо таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар як муддати кўтоҳ оташи ҷангро хомўш кунад, Давлату Миллату Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, гурезаҳои сарсонро ба кишвар баргардонанд ва ба ободонии мамлакат камар бандад. Бешубҳа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи таърихиро иҷро карда, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ва шояд фақат ҳалли ҳамин масъала барои чеҳраи мондагори таърихи халқи мо ва Пешвои миллии мардуми мо донистани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кофӣ бошад.

Ба назари моҷарошиносон бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҷаҳониён бори дигар эътимод ҳосил карданд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёди дунё, фарҳангсозу хирадманд ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошанд. Бо имзои ин санади таърихӣ Қаҳрамони миллати тоҷик, Сарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарзаминамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва давлатамонро аз нобудӣ наҷот доданд. Имрўз модели сулҳсозии миллати тоҷик дар Созмони Милали Муттаҳид эътироф ва таҷриба барои ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки ин фоҷиа барои миллати тоҷик як мактаби бузурги ҳаёт, як сабақи таърихӣ ва нотакрори давлату давлатдорӣ гардид. Пас аз ин фоҷиаи таърихӣ халқи тоҷик ва давлатмардони он кишвари дар асари ҷанг харобу валангоршударо танҳо бо заҳмат, нангу номус ва ифтихори ватандорӣ имрўз ба қатори давлатҳои рў ба инкишоф дохил карданд. Дар баробари ин, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян намуда, пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор карда, фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, судӣ ва ҳифзи ҳуқуқро таъмин сохта, артиши миллӣ ва қўшунҳои сарҳадиро ташкил дода, рамзҳои давлатдории соҳибистиқлолро тасдиқу қабул кард. Бояд иқрор намуд, ки ин дастовардҳо заҳмату талош ва чораандешиҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фазои имрўзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон давлати Тоҷикистонро водор мекунад, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, арзишҳои миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ равона созад. Зеро 29 соли эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, сулҳу субот ва оромӣ ва муҳимтар аз ҳама, 35 қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ, ки дар таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт, хеле муҳим мебошанд.

Дар зимн мехоҳам чанд нуқтаи назарро дар бораи роҳу усулҳои таҳкиму тақвият бахшидани ваҳдату якдилии ҳамватанон пешниҳод намоям:

Якум, бо шарофати заҳмату тадбирҷўйиҳои Сарвари миллату давлатмардони тоҷик яке аз ҳадафҳои стратегии муҳимми мо, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳалли худро ёфтааст. Ин аст, ки имрўз роҳҳои заминӣ ва ё ҳавоии кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтару бештар гардида, аз шаҳри Душанбе дар ним соат ба минтақаи тобеи ҷумҳурӣ, дар ду-се соат ба минтақаи Кўлоб, дар чор панҷ соат ба минтақаи Суғд, дар се-чор соат ба минтақаи Ғарм ва дар ҳашт-даҳ соат ба минтақаи Бадахшон метавон расид. Агар шароити инфрасохтори сайёҳии дохилиро боз ҳам беҳтар карда, дар роҳу шоҳроҳҳо шароити хуб ва мусоидро муҳайё намоем ва роҳпуливу ҷойи зист ва маконҳои тамошогоҳу истироҳатгоҳҳои ватаниро барои шаҳрвандони худ арзону дастрас намоем (ҳатман, барои сайёҳони хориҷӣ арзиши хидматрасонӣ баланд бошад), ҳисси ҳамдиливу ватандорӣ ва ҳувияту худшиносии миллиамон бештар болову мустаҳкам хоҳад гардид. Чунки дар баробари сафарҳои хизматӣ, тиҷоратӣ ва дидорбинӣ (хешутаборӣ), ки то ҳадде ҳамдиливу муттаҳидиро қавӣ мекунад, ин роҳу усул низ бештар Ватанро аз наздик мешиносонад. Замоне, ки инфрасохторҳои дохилӣ беҳтар ва робитаҳои ҷамъиятӣ пайвасту пайванданд, шаҳрвандони мо бо дидану тамошои минтақаҳои гуногуни кишвар руҳияву боварии “ифтихор кардан аз Ватани аҷдодӣ” зиёд шуда, аз доштани “давлати соҳибистиқлол” болида, дар “таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат” ва “ободиву имрўзу фардои кишвар” саҳмгузор хоҳанд шуд.

Дуюм, бешубҳа, барои баланд бардоштани донишу савод, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкиму тақвияти ваҳдати миллии шаҳрвандон як қатор озмунҳои миллӣ, ба монанди “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурўғи маърифат”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва ғайра, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳидояту роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу роҳандозӣ гардидаанд, ҷойгоҳи хос доранд. Дар баробари ин, бинобар беш аз пеш печида гардидани фазову равандҳои сиёсӣ ва бархўрди манфиатҳои давлату созмонҳои қудратгаро дар ҷаҳони муосир хуб мешуд, ки дар баробари озмунҳои миллии болозикр, озмуни дигари муҳимми сиёсӣ барои баланд бардоштани қобилияту истеъдоди сиёсат ва идоракунии давлат (илми сиёсат ва ҷомеа) таҳти унвони “Сиёсат – фаъолият барои таъмини саодати башар” (андешаи Абунасри Форобӣ) ташкил карда шавад.

Дар назди сиёсатмадорону давлатмардон, зиёиёну рўшанфикрони собиқадору таҷрибадори ватанӣ равшан аст, ки воқеан дар шароити кунунӣ давлату давлатдории миллии мо дар гузашта, имрўз ва оянда бо чунин шахсиятҳои донандаи илмҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, хусусан таҳлилгарони сиёсии касбӣ ниёз дошту дорад. Дар баробари ин, дар кишвар марказҳои зеҳниву таҳлилӣ ва дар дохили вазорату мақомотҳои давлатӣ самти махсуси таҳлилу ояндабинии сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолият доранд, ки ҳамеша ба мутахассиси касбии таҳлилгар ниёз доранд. Албатта, ин вазъу ҳолатро огоҳону корафтодагони ин самт беҳтар дарк мекунанд.

Таҷрибаву воқеият ва фоҷиаҳои таърихии миллати тоҷик нишон медиҳанд, ки дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дориҳои тоҷикон дар тайи асрҳои гузашта маҳз набудани хиради ояндабиниву пеш бинии сиёсӣ мебошад. Бинобар ин, таш кили чунин як озмуни сиёсии ҷумҳуриявӣ метавонад, ки насли наву ояндаи таҳлилгарони касбиро (сиёсатшиносӣ, фалсафа, ҳуқуқшиносӣ, дипломатия, психология ва ғайра) барои давлатдорӣ омода намоянд. Албатта, тартиби баргузорӣ, низомнома, ҳайати комиссия, шартҳои иштирок, ҷоизаҳои озмун, саволнома, рўйхати адабиёти тавсияшаванда ва дигар шаклҳои ташкилу таъсиси онро давлатмардони мо ва баъзе рўшанфикрони соҳаи илмҳои сиёсӣ бештару беҳтар медонанд. Дар ҳолати амали шудани ин озмун мо метавонем ба онҳо муроҷиат кунем. Ин тадбир метавонад, ки Истиқлоли сиёсиву давлатӣ таҳким бахшад.

Сеюм, дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамоно нақши зиёиёну рўшанфикрон муҳим ва калидӣ боқӣ мемонад. Агар ба воқеиятҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ назар намоем, яке аз омилҳои давомдор гарди дани ҷанги таҳмилӣ бетарафии зиёиён ба ҳодисаву падидаҳои ҷамъиятӣ буд. Зиёиён, ки набзи замон ва ҷомеаро пай васта дарк менамоянд, онҳоро лозим аст, ки дар тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ватандўстӣ ва муттаҳидии миллӣ саҳми худро гузоранд. Рисолати асосӣ ва муҳимми як рўшанфикри имрўзи мо маҳз ҳамин аст, ки ҷомеаро ба ваҳдату ҳамбастагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намояд. Ҳамеша, дар гузашта, имрўз ва оянда, танҳо қишри зиёӣ барои фаҳмонидану расонидани аҳаммияту моҳияти сиёсати давлатӣ, ҳифзу пойдории суҳлу ваҳдати миллӣ ва таҳкиму тақвияти рукнҳои асосии давлатдорӣ зарфияти бузург дошту дорад. Ин аст, ки Сарвари давлат бар ин ақидаанд, ки “зиёиён равшангари роҳи миллатанд ва адабиёт муҳимтарин воситаи таъмини манфиатҳои миллӣ мебошад”.

Имрўз бисёр муҳим аст, ки рўшанфикрону зиёиёни асили мо барои баёни фикру андешаҳои худ аз методу равишҳои аудиториву китобӣ ба интернет, яъне ба каналу саҳифаҳои иҷтимоии интернет ворид гарданд. Онҳо фикру андешаҳои солиму ангезандаи худро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва сохтани афкори мусбии миллат дар интернет фаъол шуда, ҳамқадами замону ҷаҳони муосир бошанд. Аз чунин методу бархўрдҳо, аллакай баъзе олимону донишмандони давлатҳои ҳамсоя истифода бурда истодаанд.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ барои миллати мо арзиши бузург дорад. Тамоми дастовардҳои ду даҳсолаи охири давлатдории миллии мо тоҷикон дар заминаи Ваҳдати миллӣ ба даст омаданд. Тавре дар боло таъкид намудем, Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки мо давлати миллӣ ва тозаистиқлоли худро аз хатари нобудӣ наҷот диҳем ва миллатро аз фоҷиаи парокандагӣ ҳифз намоем. Бояд зикр намоем, ки дар шароити муосир лаҳза ба лаҳза ва рўз то рўз аҳаммият ва нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори кишвар, пешрафти зиндагии мардум ва амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ афзоиш меёбад. Бинобар ин, вазифаи ҳар як тоҷик ва умуман, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ин дастоварди бузургро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва барои наслҳои оянда давлати рушдкардаву соҳибиқтидорро ба мерос гузорад. Табассум АЗИМЗОДА, сиёсатшинос

Дигар хабарҳо