Шаммае аз кору пайкори шоир

 Шаммае аз кору пайкори шоир

Устод Хайрандеш аз зумраи эҷодкоронест, ки барои нигаристани наврасону навқаламон ба дунёи шеъру сухан равзанаеро ҳамеша боз нигоҳ медорад. Аз ин ҷост, ки қаламкашони хурду бузурги кишвар ӯро мешиносанд ва ҳамчун шоири соҳибистеъдоду ғамхори адибони ҷавон эҳтиром мекунанд. Ашъорашро дар маҳофили адабӣ мехонанд, таронаҳояш дар ҳар маврид аз тариқи садову симо пахш мешаванд, ҳаводорони суханаш таҳлилҳояшро дар мавриди шеъру ҳунар дар барномаҳои садову симо мешунаванду мебинанд ва мақолаҳои пурмуҳтавояшро дар рӯзномаву маҷаллаҳо хондаанд.

Эҷодиёти устод Хайрандеш дар умури шорӣ то кунун дар 10 китоб ва 14 ҷилд манзури хонандагон шудаанд. Китобҳои ӯ «Зиёратнома» (1993), «Сад қатра ашк» (1994), «Замзама» (1996), «Хайробод» (2004), «Тоҷикнома» (2006), «Чархофалак» (2007), «Ғазалпайванд» (2007), «Куллиёт» (2010), «Ҳамешабаҳор» (дар се ҷилд, 2020-2021) ва ғайра аз ҳамон оғоз даст ба дасти хонандагон мегарданд ва хотири ҳаводорони шеъру суханро шодоб мегардонанд. Илова бар ин, ашъори наву ноби шоир дар нашрияҳои даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста дар ҳоли нашр шудану мавриди мутолиаи хонандагон қарор гирифтан аст. Дар баробари ин, устод Хайрандеш маҳорати баланди суруднависӣ дорад ва сарояндагону бастакорони дохил ва хориҷи кишвар сурудҳои ӯро оҳанг бастаанду дар маҳфилҳои расмию фарҳангӣ ба самъи ҳаводорони таронаву оҳанг расондаанд. Сурудҳои ӯ саршор аз тараннуми ватандӯстӣ, эҳтироми Модар, истиқлолхоҳӣ, ваҳдатгароӣ, васфи ишқу муҳаббат, Наврӯзу баҳор, табиатдӯстӣ ва фасли ҷавонианд.

Дар ситоиши шахсиятҳои таърихию фарҳангии миллат, амсоли устодони назми порсӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлонои Балхӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон таронаҳои дилошӯб навиштааст. Сурудаҳояш аз ҷониби беш аз 100 ҳунарманди шинохтаи кишвар бо сабкҳои гуногун иҷро шудаанд ва барои ғановати санъати мусиқии тоҷику форс хидмати шоиста мекунанд. Таронаҳои “Биё бародар шавем”, “Гӯшаи имон”, “Эй очаи ҷон”, “Наргис”, “Пистамазор”, “Абру напарон”, “Зираи дандони ёр”, “Гулдухтари Сарчашма”, “Эй Ҳилолӣ” ва ғайра аз сурудаҳое ҳастанд, ки тамоми тоҷикону тоҷикистониён онҳоро дар иҷрои ҳунармандон шунидаву лаззат бурдаанд.

Имрӯз ба беш аз 400 шеъри шоир оҳанг баста шудаву онҳо дар хазинаи тиллоии радиои Тоҷикистон ва махзанҳои аудиовизуалии радиову телевизионҳои минтақавӣ маҳфуз мебошанд.

Шеъри устод Хайрандеш равон, мафҳум ва ба дарку фаҳми хосу ом мувофиқ буда, дар анвои мухталифи байт, дубайтӣ, рубоӣ, ғазал, қасида, мухаммас, қитъа, назира ва шеъри нимоӣ иншо шудааст. Ҳунари шеърӣ, заковати калом ва ташхиси балоғати сухани устодро ба муҳаққиқони каломи бадеъ ва шеършиносон вогузор намуда, танҳо ба ду вежагии шеъри ӯ ишора кардан мехоҳам, ки худ мушоҳида кардаам.

Аввалан эҳсос мешавад, ки дар шеъри ӯ тобишҳое аз мазомини баланди публитсистӣ мавҷуд аст ва ин веижагӣ холигии шеъри публитсистии моро, ки дар ду даҳаи охири истиқлол камранг шудааст, пур мекунад. Ӯ воқеаву рӯйдоди иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва вазъияти геополитикии минтақа ва ҷаҳонро таҳлил намуда, аз дидгоҳи худ ба риштаи назм мекашад ва аз ин ҷост, ки ҳатто забони шеъраш бо таъсири амиқи ин бархӯрд тобиши публитсистӣ касб мекунад. Аз ҷумла, шеърҳои Истиқлол дар мисоли “Ист, Истиқлол, бо мо, бо туем!” ва “Зина” дар мисоли “Солҳое зина будем…” аз намунаи хубӣ шеъри публитсистӣ дар ашъори ӯ мебошанд. Тобишҳои публитсистӣ ва иҷтимоъгароёна ҳамчунон дар дубайтӣ ва рубоиҳои шоир, ки доир ба ҳаводису воқеаҳои иҷтимоию сиёсии давр, ки гоҳе дар пираҳани ҳаҷву мутоиба ва гоҳе бо алтофи нозук эҷод шудаанд, бармало мегарданд. Рубоиҳои “Чашми камера” ва “Хунбор Фаластин” аз ин зумра мебошанд:

Дар меҳвари “гера” афтӣ, эй вой ба ту,
Дар бовари Вера афтӣ, эй вой ба ту.
Дар чоҳи чуқур афтӣ агар, боке не,
Дар чашми камера афтӣ, эй вой ба ту.

                              ***

Хунбор Фаластини ба хун шушташуда,
Бар хуну халаф диёри оғушташуда.
Фардо зи гиребони фалак мегиранд
Ин чанд ҳазор кӯдаки кушташуда.

Сониян, дар ашъори устод Хайрандеш ба маротиб тасвири ҷуғрофиёӣ ба сурати сафарномаҳои манзум нуфуз дорад. Ин вежагӣ низ дар шеъри имрӯзи мо ба нудрат ёфт мешавад ва кам шоиронеро дорем, ки натиҷаи сафари худро ба сурати сафарномаҳои манзум, бо фарогирии ҷузъиёти мушаххаси манотиқи кишвар рӯнамо кунанд. Масалан, Абдуллоҳи Раҳнамо силсилаи ашъоре марбут ба ҳамин масъала ва манзур ба ҳамин шева дорад, ки қобили ситоиш ва истиқболанд. Устод Хайрандеш низ ҳамчун шоири ватандӯст, миллатпарвар, зебоишинос ва фарҳангсолор ҳар гӯшаву канори кишварашро бо назокату табиати хосаш дӯст медораду дар ситоиши шаҳрҳо, деҳаву русто ва рӯду чашмаҳои кишвараш ба сурати айнӣ ашъори нобу самимӣ месарояд. Ба ин намуна таваҷҷуҳ фаромоед:

Ҷилои тоза дорад ахтару моҳу қамар дар Ғарм,
Таҷаллои дигар дорад фазои фазлу фар дар Ғарм.
Ҳазорон чашмаву рӯдоба мерезад ба Сурхобаш,
Тамошобоб ҳаст афсонаи кӯҳу камар дар Ғарм.

Бо чунин муҳтаво ва зебоиофариҳову тасовири фараҳбахш шоир дар ситоиши шаҳрҳои бостонию зебои Душанбе, Панҷакент, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Сарбанд ва ноҳияву минтақаҳои Рашт, Сангвор, Нуробод, Фархор, Шурообод, Камароб, Чилдухтарон, Қалъаи Ҳисор, Зумрад, Хоҷаобигарм, Даштиҷам ва даҳҳо минтақаву манзараҳои дилорои онҳо шеър гуфтааст. Танҳо силсилаи ашъори ба водии Рашт навиштаи шоир беш аз 10 шеъру ғазал буда, табиат, меҳмондӯстӣ, самимияти аҳолӣ ва ҳолу ҳавои минтақаро бо ҷузъиётнигории хоса тасвир намудааст.

Ашъори ҷуғрофӣ ё сафарномаҳои манзуми устод ба дохили кишварамон маҳдуд нашуда, ин навъи ашъор дар сафарҳои хориҷии ӯ низ эҷод шудаанд. Аз ҷумла, ашъори гуворое баъд аз зиёрати оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Қунияи Туркия ва минтақаҳои сайёҳии ин кишвар бо номи “Найнома” эҷод шудааст, ки 30 шеъри сараро дар бар мегирад.

Ҳамчунон шеъри “Салом, Афғонзамин”, ки баъд аз як сафари таърихӣ ба шаҳри бостонии Мазори Шарифи вилояти Балхи Афғонистон эҷод шуда аст, намунаи хуби шеъри ҷуғрофии шоир мебошад.

Устод Хайрандеш дар баробари эҷоди шеъру тарона то имрӯз дар таълифи мақолаҳои муҳимми публитсистӣ дар самти шинохт ва таблиғи афкори адабӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ нақши сазовор дорад. Ӯ муассис ва сардабири маҷаллаи адабии «Субҳ» (1993) буда, дар лаҳзаҳои ҳассоси ҷанги таҳмилии кишвар дар шаҳри Кӯлоб сухан аз адабу фарҳангу маънавиёт мегуфт. Инчунин, шоир сармуҳарририи нашрияҳои «Хирад», «Шарқи Озод», «Дунёи китоб», «Гулбарг», «Пайрав» ва «Хорпуштак»-ро бар уҳда дошта, беш аз 150 мақолаи публитсистӣ рӯи чоп овардааст. Мақолаҳои ӯ фарогири масълаҳои адабӣ, фарҳангӣ, илмӣ, забоншиносӣ ва муаммову мушкилот дар самти шеъру адаби тоҷик, нашри китобҳо, адабиёти бачагона ва амсоли инҳо мебошанд.

Ҳамзамон, устод дар самти телевизион ва радио низ, ки як бахши аъзами публитсистика мебошанд, кори арзишманд карда, дар радиоҳои вилоятии Кӯлоб, радиои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон», телевизионҳои Шабакаи Якум, Сафина ва Душанбе фаъолияти пурсамари публитсистӣ дошт.

Бамаврид аст, ки аз барномаи адабӣ-фарҳангии «Суфраи сухан»-и устод чанд ҷумла бигӯем. Ин барнома дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон дар солҳои 2009-2010 пахш шуда, доир ба китобҳои тозанашри шоирону нависандагони кишвар, ашъори шоирони муосир, эҷодиёти ҷавонон ва дигар масъалаҳои марбут ба назму наср баҳс ба миён мегузошт. Устод ба сифати муаллиф ва барандаи барнома мавзуъҳои ҷолибро матраҳ намуда, меҳмонон ё худ ташхисгарони барнома масъалаҳоро аз нигоҳи адабӣ, илмӣ-назариявӣ баррасӣ мекарданд.

Инчунин, барномаи радиоии устод бо номи «Маҳфили Хайрандеш» ба таври мустақим пахш мешуд, ки яке аз муҳимтарин ва сершунавандатарин барномаҳо ба ҳисоб мерафт. Дар барнома ашъори шоирони навроҳ ва навқалам ба таври мустақим таҳлилу таҳрир карда мешуданд. Ба ин барнома аз саросари кишвар ва ҳатто аз навоҳии наздимарзии Афғонистон ва Узбекистон низ занг мезаданд ва ашъори худро қироат мекарданду аз шоир машварати адабӣ мегирифтанд.

Зарур аст, ки барои густариши каломи ноб, таълими дарсҳои суханшиносӣ барномаи мазкур бори дигар аз тарафи роҳбарияти радиои кишвар эҳё карда шавад, то  навқаламоне, ки дар музофотҳои дурдасти кишвар зиндагӣ мекунанд, аз сабақҳои шеършиносӣ баҳраманд гарданд.

Яке аз хидматҳои арзишманди устод Хайрандеш, ки дар самти илму фарҳанги миллӣ анҷом шудааст, бо пешниҳоди ӯ таъсис ёфтани маркази «Тоҷикшиносӣ» дар назди собиқ Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ин марказ имрӯз низ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад ва дар нашри муҳимтарин сарчашмаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик нақши арзишманд мегузорад.

Фаъолияти омӯзгории шоир, ки беш аз 15 соли умри ӯро фаро мегирад, дар ду шакл сурат гирифтааст. Нахуст ба сифати омӯзгор-мураббӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ба хонандагон дарс гуфтааст ва дуюм ба сифати роҳбар ва роҳнамо кор кардааст.

Омӯзгории шоири ҷавон баъд аз хатми мактаби миёна ба сифати роҳбари маҳфили хониши адабии «Хонаи пионерони шаҳри Қӯрғонтеппа» дар соли 1978 оғоз шуда, баъд аз хатми донишгоҳ ва корҳои рӯзноманигорӣ дар солҳои 1985-1986 омӯзгориро дар деҳаҳои Асёбчӣ ва Сариқоши ноҳияи Нуробод идома додааст. Дар ин муддат таҷрибаи омӯзгории худро такмил дода, дар миёни мардум ба ҳайси шоири дарёдил муаррифӣ гардидааст.

Шоир кори омӯзгорияшро бо фаъолияти адабӣ-фарҳангӣ яксон анҷом дода, дар ҳеҷ маврид як корашро бар дигарӣ тарҷеҳ надодааст. Доираи дӯстону ҳаводорони шоир васеъ буда, яке аз равзанаи омӯзгорӣ, дигаре аз даричаи рӯзноманигорӣ ба ӯ менигаранду ҷамъе ҳамчун роҳбари маҳфилу шоири дарёнафас мешиносандаш. Ҳар самтеро, ки дар рӯзгор баргузидааст, барои пешрафти он, чӣ дар шоирӣ, чи дар рӯзноманигорӣ, чи дар ровигӣ ва чи дар омӯзгорӣ, талошҳои беамон намудааст. Ҳар фаъолият барояш муқаддас дар самти хидматгузорӣ ба миллату мардуми хеш будааст, ки  бо нишонҳои Аълочии матбуот, Аълочии фарҳанг, Аълочии маориф ва унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст.

 

Муҳаммадиқбол АТОЗОДА,
муовини директори муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”

Дигар хабарҳо