Шоир ва драматурги тавоно
Ба муносибати 95-солагии адиб Файзулло Ансорӣ
Имсол ба арзи ҳастӣ намудани яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти муосири тоҷик, шоир, драматург ва тарҷумон Файзулло Ансорӣ, ки аз соли 1941 ба шоҳроҳи адабиёти навин ҳамчун шахсияти ба худ эътимодманд, қотеона, гомҳои устувор гузошта, дар соли 1980 аз ҷаҳон рахти сафар баст, 95 сол пур мешавад.
Нимаи дуюми асри ХХ давраи таҳаввулоти ҷиддии адабиёти тоҷик ба шумор меравад. Дар ин марҳала ҳамзамон бо рушди назми лирикӣ ва насри воқеънигорона, театр ва драматургия низ ба зинаи нави камол расид. Ҳарчанд драма ва либреттаҳои манзум дар адабиёти муосир мавҷуд буданд, дар театри муосир ин анвои адабӣ ниёз ба таҳаввул ва рушд дошт. Дар чунин шароити нав Файзулло Ансорӣ ба майдон омад ва ба ҷасорати эҷодӣ ва ҷаҳонбинии бадеии худ кӯшиш намуд, ки назмро дубора ба саҳнаи театр баргардонад ва онро бо талаботи замони нав ҳамоҳанг созад.
Устод Мирзо Турсунзода дар маърузаи анҷумани 4-уми Иттифоқи нависандагони СССР, дар паҳлуи Ғанӣ Абдулло, Шамсӣ Қиёмов, Аъзам Сидқӣ ба майдони драматургия омадани Файзулло Ансориро нек арзёбӣ кардааст. Файзулло Ансорӣ бо фаъолияти эҷодии худ дар таърихи адабиёти тоҷик, махсусан дар рушди драмаи манзум, ҷойгоҳи устувор пайдо намудааст, ки мероси адабиаш дар ин замина, на танҳо аз лиҳози мазмуну ғоя, балки аз ҷиҳати шаклу услуб низ дорои аҳаммияти хос мебошад. Вай аз соҳибистеъдодоне буд, ки равандҳои навро дар робитаи адабиёт ва театр ба вуҷуд овард. Файзулло Ансорӣ дар баробари офаридани достонҳои манзум драмаҳоеро низ дар ихтиёри саҳнаҳои театр гузоштааст, ки барои ҳифзи арзишҳои милливу маънавӣ ва тарбияи башардӯстиву меҳанпарастӣ нақши бориз доштанд.
Хонандагони сершумор Файзулло Ансориро ҳамчун драматурги бомаҳорат хеле хуб мешиносанд. Песаҳои “Имтиҳон”, “Ҳаёт ва ишқ”, “Иҷоранишин”, “Ҳукми модар”, “Оинаи махмалпеч”, “Борони баҳор”, “Баъд аз имтиҳон”, “Модар нигарон буд” ва дигарон мақбули тамошобинанд. Онҳо берун аз хоки Иттиҳоди Шуравӣ ҳам намоиш дода шудаанд. Аз шоир сарвате боқӣ монд, ки хазинаи маданият ва ҷаҳони маънавии моро бой мегардонад.
Дар давоми 30 сол дар саҳнаи театр 313 маротиба намоиш додани драмаи “Ҳукми модар” ва 500 маротиба намоиш додани драмаи “Имтиҳон” аз ҳунари волои ӯ дар ин самт дарак медиҳанд. Ӯ дар адабиёти навини тоҷик бо драмаҳои манзуми худ “Имтиҳон”, “Ҳукми модар”, “Модар нигарон буд”, “Ҳаёт ва ишқ” ва дигар офаридаҳояш тозагие дар саҳнаи театрҳо ба амал овард. “Дарвозаи коинот шуд боз”, “Дӯстонро то расонад рӯзи тӯй”, “Оинаи сеҳрнок”, “Гулшан”, “Модар нигарон буд”, “Дур аз шаҳр”, “Офтоб дар роҳ” аз достонҳои хубу марғуби шоиранд. Доир ба достонҳои Файзулло Ансорӣ олими шинохтаи тоҷик Хуршеда Отахонова чунин гуфтааст: “Дар байни шоирони тоҷик Файзулло Ансорӣ ягона шахсест, ки ба эҷоди достонҳои эпикӣ рағбати махсус нишон дода, якчанд достон офарид. Як хусусияти эҷодиёти Файзулло Ансорӣ дар ин соҳа аз он иборат аст, ки чуноне дар драматургияи ӯ ҳаст, дар достон ҳам ба ҳастии ҷавонон, ҳам ба муҳимтарин масъалаҳои ишқу оила диққати махсус медиҳад, хусусиятҳои тозаи дар шароити имрӯза пайдо кардаи оиларо тасвир мекунад”.
Достонҳои Файзулло Ансорӣ дар маҷмуъ, асарҳои дорои мазмун ва мундариҷаи ба худ хос буда, шоистаи пажӯҳишҳои наву тоза ва ҳаматарафа мебошанд. Файзулло Ансорӣ хусусияти рангу оҳанги хоси адвор (нота)-ро ба хубӣ дарк мекард, бинобар ҳамин дар сурудаҳояш ваҳдати комили шеъру мусиқӣ ва лафзу оҳанг устодона ба кор рафтааст.
Меҳри Ватан дар эҷодиёти Ансорӣ яке аз мавзуъҳои марказист. Ансорӣ ба таърихи гузаштаи ватандӯстону муборизони меҳан такя карда, аз онҳо илҳом гирифта, шеъру достонҳои зиёдеро дар ин мавзуъ офаридааст. Ҳанӯз аз солҳои аввали эҷодиёти худ шоир аз забони қаҳрамони шеъраш савганд мехӯрад, ки агар ба Ватанам аду таҳдид кунад, барои ҳифзи он ҷонамро дареғ намедорам:
Намемонам адуро, к-ин ҳаётамро кунад нангин,
Ба ҳифзи ин Ватан ҷон медиҳам, савганди сидқам ин.
Шоир муҳаббат ба ватанро аз деҳаи хурдакаки худ ибтидо мекунад. Ӯ бо ифтихор иброз менамояд, ки деҳаи ӯ як гӯшаи хоки Ватан буда, чун холе байни ду абрӯ дар миёни кӯҳсор ҷой гирифтааст.
Деҳаи ман, дар миёни кӯҳсор,
Ҳамчу холе байни ду абрӯи ёр истодаӣ.
Модар низ яке аз мавзуъҳои марказии эҷодиёти Файзулло Ансорӣ ба ҳисоб меравад. Доир ба мавзуи мазкур шоир даҳҳо шеър, достон ва драмаи писанддидаи худро бахшидааст. Аз ҷумла дар шеърҳои “Мадҳия ба зани тоҷик”, “Чашмбанд ва айнаки сиёҳ”, “Духтари Фарғона”, “Ба Раъно Умарова“, “Соли занон”, достони “Модар нигарон буд” ва драмаи “Ҳукми модар” сифатҳои зани тоҷикро дар саҳро, дар паси дастгоҳи истеҳсолот, дар касби омӯзгорӣ ва таълиму тарбия, дар сиёсат ва дар пешрафти ҷомеа бо тамоми рукнҳояш ба риштаи назм кашидааст.
Дӯстии байни халқу миллатҳо мавзуест, ки онро шоирони давру замонҳои гуногун сароидаанд. Ансорӣ низ дар баёни ин мавзуъ дар канор намондааст.
Дӯстии байни халқҳоро дар шеърҳое чун “Дар нигоҳаш барқ меборад”, “Салом”, “Гулдастаи дӯстӣ”, “Ҳайкали шоир”, “Муборак дӯст”, “Кишвари боғу баҳор”, “Дӯст”, “Духтари узбеку тоҷик Зулфия”, “Ватани номии Самад Вурғун”, “Таронаи дӯстӣ” тараннум намудааст.
Файзулло Ансорӣ хоки пойи дӯстро тӯтиё дониста, як дам бо дӯст буданро хушбахтӣ меҳисобад ва дӯстро ба худ такягоҳ медонад. Дар шеъри “Тӯтиё кардам”, ки саридастӣ дар болои қуттии сигор, дар як маъракаи сур навишта будааст, мегӯяд:
Зи хоки пои ту бар дидаи худ тӯтиё кардам,
Барои дил фақат ишқи туро ман мутакко кардам.
Агар бо дӯстон як ҷо шавӣ, ғамро фаромуш кун,
Суруди тозае хон, ки аҷаб кайфу сафо кардам.
Хидмати Ансорӣ дар соҳаи тарҷума ҳам бузург аст. Бо қалами ӯ асарҳои классикони рус ва адибони муосир ва песаҳои драматургҳои хориҷӣ ва ватанӣ тарҷума шудаанд. Шоир, драматург, тарҷумон ва инсони покизакор бо мероси гаронбаҳои хеш дар дили хонанда зиндаю ҷовид аст. Мероси ӯ дар раванди рушди минбаъдаи адабиёту фарҳанг ва театри тоҷик барои наслҳои баъдӣ ҳамчун мактаби эҷодӣ хидмат мекунад.
Ҳамакнун бо ибтикори пайвандон ва аҳли ҷамоат Хона-музейи Файзулло Ансорӣ аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва раиси шаҳри Панҷакент муҳтарам Абдухолиқ Холиқзода бо як шукӯҳу шаҳомат ифтитоҳ гардид. Хона-музей на танҳо макони нигоҳдории осори хаттӣ, дастхатҳо, аксҳо ва ашёи шахсии адиб аст, балки ҳамчун маркази илмиву фарҳангӣ барои омӯзиш ва тарғиби фаъолияти эҷодии ӯ хидмат хоҳад кард. Таъсиси чунин муассиса имкон фароҳам меорад, ки насли ҷавон бо зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва саҳми арзандаи ин шахсияти фарҳангӣ дар рушди адабиёт ва ҳунари миллӣ аз наздик ошно гардад.
Гулпарӣ ШАРИФОВА,
номзади илмҳои филологӣ



