Истеҳкоми маъно ва тасвир дар шеър
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
«Номаи офтоб»-и шоири донишманд ва соҳибҳунари мо Давлати Раҳмониён мунтахабест фарогири ғазал, чаҳорпора, байт, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ ва шеъри нимоӣ, ки ҳар кадоме мувофиқ ба мазуъ дар фаслҳои алоҳида гунҷонда шудаанд. Агарчанде «Номаи офтоб» гулчини ашъори шоир аз давраҳои мухталифи эҷодиёт асту дар баробари ашъори то кунун мунташиркардааш андактар ба назар мерасад, вале мешавад гуфт, ки хонанда бо хондани ин маҷмуа метавонад чошние аз шеъри Давлати Раҳмониён дар масири паймудаи ӯ мебардорад. Балки ин маҷмуа моро то ҳудуде бо қолабҳо ва фазоҳои гуногуни шеъри шоир рӯ ба рӯ месозад, ки барои бозтоби ҳунармандиҳо ва гуногунии ашъораш дар зеҳни хонандаи навошно муфиду зарурист. Дар ҳар сурат, бо ба даст гирифтани ин маҷмуа дар пешорӯи мо шоире корозмуда ва ашъоре суфтаву сутуданӣ қарор мегирад, ки бо ин сабаб омодаем бархе аз ҳунармандиҳо ва назокату нафосати каломи ӯро бо шумо қисмат кунем.
Аввал чизе, ки дар шеъри Давлати Раҳмониён маро водор ба гуфтанаш мекунад, густариши шигифтангези аносири хаёл аст, ки падидаҳои муҳити пиромун дар он ҳузури бесобиқа доранд. Айни ҳамин таркиби «нони газида», ки дар заминаи он як бархурди шоирона бо муҳити хонавода сурат гирифтааст:
Шаб хоби парида монд бо модари ман,
Субҳ ашки чакида монд бо модари ман.
Бар хидмати аскарӣ чу бурданд маро,
Як нони газида монд бо модари ман.
Дар шеъри Давлати Раҳмониён ин ҷузъиётро, ки заминасози тасвир ва мазмунҳои тоза шудаанд ба фаровонӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Ин гуна ҷузъиёти марбут ба муҳити зиндагии шоир ва ҷомеаи пиромуни ӯ боис ба он шуда, ки вай тавонад шеърро аз давру бари худ ҷустуҷӯ кунад. Агарчи ин бархурд дар шеъри муосири тоҷик, ба вижа шеъри солҳои 60-70 бесобиқа будаву имрӯз камранг гардидааст, вале Давлати Раҳмониён ин нуктаро хуб пайхас кардааст, ки шеър бо вуҷуди доштани зебоиҳои хаёлангези худ бояд бо муҳимтарин ҷузъиёти рӯзгори инсон низ дасту панҷа нарм кунад. Аз ин ҷост, ки зиндагии инсони муосир дар шеъраш ҳузури равшан пайдо мекунад ва рӯзгори қишрҳои мухталифи ҷомеа дар сурудаҳояш рангу равнақ меёбанд.
Ҳамон гуна, ки дар шеъри «Дуои ғурбат» мехонем:
Писарам меравад ба мулки дигар,
Хост аз ман дуо барои сафар.
Даст бардоштам, дилам ларзид,
Ларза афтод дар танам яксар…
Ёдам омад гузаштаи торик,
Аҳди сангин, ки гашт пушти сар.
Мо ҳама дар сафар, падар танҳо,
Сар ба зер афканидаву музтар.
Ҳолати модарам аз ӯ бадтар,
Сӯхта, дар гирифта муштаки пар…
Нуҳ нафар зод модарам ба умед,
Монд танҳо валек дар охар…
Ин дарди ҷомеаи имрӯз, дарди падарону модаронест, ки дар фироқи фарзандони раҳдур месӯзанд ва ҳеҷ куҳна шудан надорад. Ин сурудаҳо хотироти хуфта ва воқеоти рӯзмарраи моро дар ҳаёти кунунӣ бозтоб мебахшанд. Байти «Нуҳ нафар зод модарам ба умед / Монд танҳо валек дар охар…» ба худии худ як бархурди ҷомеашиносона ба рӯзгори имрӯзиён аст.
Гоҳе ин иртибот бо ҷомеа дар сурудаҳояш фақат бар асоси ҳавзаи хаёл сурат намегиранд ва ҳаройина хосияти паёмрасонӣ аз воқеиятро доранд, то ҳадде, ки дар сурудаҳои ӯ мушкилоти инсони имрӯзро метавон дарёфт. Ин пайвастагӣ ба ҳаёти инсон бо ин да-лел ҳам моро қонеъ мегардонад, ки чеҳраҳои ошно ва ҳамнаслу ҳамасли шоирро дар муҳити кӯҳистон бо ӯ ҳамроҳ мебинем ва шояд ҳамин дилбастагии хос ба муҳит аст, ки гоҳе Давлатро водор ба он кардааст то ҳадди мумкин дар шеъри худ аз забони зиндаи мардум кор бигирад. Яъне, мардумгароӣ дар забон як вижагии кори ӯро дар шоирӣ нишон медиҳад, ки пайванд ба истифодаи мақол ва таркибҳои хоси мардумӣ дорад. Амсоли калима ва ибораҳое чун «зону қат накардан пеши касе» ба маънои сар нафаровардан ва таслим нашудан дар мисоли «Пеши кас зонуи мо қат нашавад…», «дасти эмӣ доштан» ба маънои огоҳ будан аз равишҳои табобати суннативу эътиқодӣ дар мисоли «Дасти эмӣ буд дасти меҳрубони модарам…», «кафидан ва ё накафидани дидаи рӯз» ба маънии расидан ва ё нарасидани субҳ дар мисоли «Дидаи рӯз нокафида ҳанӯз…», «сафед хестани дил» ба маънои ниҳояти хурсандӣ дар мисоли «Аз дидани ту сафед мехест дилам…» ва амсоли ин дар шеъраш ба фаровонӣ корбаст шудааст, ки албатта, онҳо имрӯз дар гуфтори мардум побарҷоянд.
Ҳамчунон «чашм песондан» дар мисоли «Ба сӯям чашм мепесонад ин шаҳр…» «фук монда об нӯшидан аз чашма» дар мисоли «Дар он ҷо чашмаи Лангова ҷорист/ Ки фукам монда обаш хӯрда будам…», «ғарқ шудан дар хуну халаф» дар мисоли «Барои тифли дар хуну халаф ғарқ…», «намуд» ба маънии шакл дар мисоли «Ишқе, ки аз он суд биҷӯӣ, чӣ намуд аст?…» таркибу ибораҳоеанд, ки имрӯз дар забони зиндаи мардум корбурди фаровон доранд ва ба шеър кашонидани онҳо аз ҳунармандиҳои шоири имрӯз аст, ки диққати хонандаро метавонад ба худ ҷалб кунад. Хонанда ҳангоми бархӯрд бо чунин таъбиру калимаҳо дар қолаби як забони расмиву адабӣ, ки сохтори шеърро ташкил додааст, ба таври ногаҳонӣ бо таъбире бархурд мекунад, ки борҳо дар гуфтугӯйи мардум онро шунидааст, аммо дар пайкари шеър дидани он барояш лаззати дигар дорад.
Аз корҳои ҳунармандонаи дигар, ки сурудаҳои Давлати Раҳмониёнро зебу зинат мебахшад, бартарӣ додан ба қофияҳои дарунии шеър аст, ки истифодаи онҳо мунҷар ба як мусиқии дилнишин шудаанд:
Бувад кӯҳи баландам пуштгирам,
Зи авҷаш гар фурӯ оям бимирам.
Бароям санги хорояш Бухорост,
Ки хоро аз Бухоро кам нагирам.
Ба ҷон кӯҳи Ватанро дӯст дорам,
Ба пуштам хорасангашро фарорам,
Фарорам, дасти устое супорам,
Тарошад то аз он санги мазорам.
Вожаҳои «хоро», «Бухоро», «фарорам» ва «супорам» аз ҷинси ҳамон қофияҳои дарунии шеъранд, ки дар банди якум ва дувум мусиқии шеърро хуб таъмин кардаанд. Кор гирифта аз ин равиш дар шеър, бахусус аз ҷониби як шоири корозмуда барои шоирони ҷавон бисёр омӯзанда аст.
Ва падидаи намодини дигар, ки рӯйи шеъри Давлати Раҳмониён нуфуз дораду онро дар чаҳорчӯби ҳунармандиҳои шоирона қарор медиҳад, халлоқият дар сохтори шеър аст. Билхоса, вақте тарҷеъбанд мегӯяд, тарҷеъбандаш як навъи куҳнаву суннатӣ нест, балки ҳам дар сохтор ва ҳам дар дарунмояи он дигаргуниеро ворид мекунад, ки бесобиқа аст. Масалан ба ин ду банд аз тарҷеъбанди ӯ таваҷҷуҳ кунед:
Ҳаст то меҳри халқ ҳамроҳам,
Нафрати халқро намехоҳам.
Гӯ, чаро аз фироқ нола кашам?
Ё чаро бар фалак расад оҳам?
Ҳарки аз меҳри халқ маҳрум аст,
Зинда, аммо ба ҳукми маъдум аст.
Тарки ту, эй Ватан ҷазои ман аст,
Инчунин амр кай сазои ман аст?
Бими ҷонам намебарад аз ҷо,
Андар ин мулк баста пойи ман аст.
Ҳар ки аз мулки хеш маҳрум аст,
Зинда, аммо ба ҳукми маъдум аст.
Байти тарҷеӣ гӯё ҳеч тағйире аз назари қофия ва радиф дар худ надорад ва ҳамоно хосияти суннатии ин жанрро ҳифз мекунад, аммо он чизе ки дар он ба ҳукми тозакорӣ падидор мешавад, тағйири мазмун кардани мисраи аввали байти тарҷеъ вобаста ба мавзуи матраҳшуда дар ҳар банд аст, ки бо ҷойгузин кардани як вожа ба вожаи дигар шакл мегирад ва ин албатта, қобили арз дар таҳаввули сохтори шеъри суннатист. Ба ин минвол корҳоеро дар ғазал ҳам ба субут мерасонад, ки метавонад гуноҳи худро дар якнавохтии ғазал бипӯшонад.
Дар миёни ғазалҳои бо равиши суннатӣ сурудааш гоҳе ғазалҳоеро ҳам метавон дид, ки комилан аз гирумонҳои ғазали суннатӣ канор рафтаанд ва он равиши суннатиеро, ки ҳар байт ба сари худ истиқлол дорад, барҳам задаанд:
Буд модари гулпарасти ман гулпарвар,
З-ин рӯ насупурдаам ба дасташ гули тар.
Шояд, ки зи ман туҳфа ҳамин гул мехост,
Мехост, ки гулдаста ситонад зи писар.
Аммо чӣ кунам, ки гул набурдам баҳраш,
З-ин ғусса дилам доғ бувад то маҳшар.
Аз баҳри талофии гуноҳам як ҷуфт
Садбарг нишондаам ба хоки модар.
Ҳар бор, ки бӯйи ғунча хезад зи мазор,
Ҳар бор, ки садбарг бигардад пар-пар.
Хуншор шавад дубора доғи дили ман,
Афсус дамад аз лаби ман бори дигар.
Бишкуфта гули шафақ нисораш бодо,
Бо фотиҳаи хондаи ман шому саҳар.
Армон набарам, агар, ки як рӯзи баҳор
Бо гул биниҳам бар забари гӯраш сар.
Мо бо ғазале инсиҷомёфта дар пойи як мазмун ва як сужаи мушаххас рӯбарӯем, ки бо гирифтани як байт аз миёни он риштаи маъно бурида мешавад ва он байти бурида ба танҳоӣ ҳам бо номуайянии мақсуд мувоҷеҳ мешавад.
Мисли ҳамин ғазалвора намунаҳои дигареро ҳам аз қабили «Дуои ғурбат», «Ҷангали захмин», «Ангорае барои дӯстам Сафват» ва амсоли ин метавон ном бурд, ки дорои ҳамин хосиятанд. Яъне, манзури мо аз суннатӣ гуфтани ғазал дар ин маврид, ки пештар ишора кардем, забони он нест, балки сохтусози дарунии жанр аст, вагарна ғазалҳои аз назари сохторӣ ба равиши суннатӣ сурудаи Давлати Раҳмониён ҳам дорои забони имрӯзианд, ки бо тасвирҳое тозаву шоирона дар мисоли ин байтҳо бартарӣ доранд:
Аз ду гӯшам мегирифту метаконидам сабук,
Пур буд аз «бедарду ғам гардӣ!» баёни модарам.
Шабеҳи чашма аз ойинатабъӣ,
Дилат дар рӯйи дастат буд модар.
***
Имрӯз хабар гир, ки фардо натавонӣ,
Пушти дари ман бар сари ангушти ту зор аст.
То ман ба зери ҷоғи замонаш фароварам,
Дил аз фишори сахт чу мушти фишурда буд.
Инҳо байтҳое буданд, ки аз миёни ғазалҳо канда шуданд ва ба танҳоӣ ҳам метавонанд бо забоне тоза ва тасвирҳое наву шоирона ифодагари як мазмуни тамомийёр бошанд. Бо ин сурат, дар онҳо калимаҳое тозаву имрӯзиро шоҳидем, ки бо ҳузури худ мазмунҳое тоза офаридаанд. Дар канори ин Давлати Раҳмониён байтҳое дорад, ки бо корбасти вожаҳои дастхӯрдаву суннатӣ офарида шудаанд, аммо ин вожаҳо бо тамоми пирии худ ҷавонаҳои тозаи мазмунӣ дар дарахти шеъри шоир дамондаанд:
Сарсабз карда соқаи дастам чу нахли боғ,
Аз панҷаам шукуфа бирӯён, чаман бикун.
Бад-ин сӯзе, ки ҷон дорад, бад-ин доғе, ки дил дорад,
Шабеҳи лолаам, то ҳафтаи дигар намепоям.
Соқа, нахл, боғ, панҷа, чаман, шукуфа, доғ, лола ва ғайра аз пурбасомадтарин ва корхӯрдатарин вожаҳо дар шеъри суннатианд, ки шоир бо аз панҷаи даст шукуфа рӯёндану бо доғеро дар дил нишондану онро шабеҳи лола пайванд ба умри якҳафтаина донистан мазмунҳои тозаеро армуғон овардааст.
Хелеҳо Давлати Раҳмониёнро хостаанд дар ғазал ҷустуҷӯ кунанд ва ҳамоно мекунанд, вале ман тарҷеҳ медиҳам суроғи ӯро дар чаҳорпора ва шеърҳои нимоияш бигиранд. Чун дар ғазал вай пойбанди сувари хаёл аст ва иқтидорашро бештар сарфи ҳамин ангезаҳо кардааст. Албатта, ба фаровонӣ ғазалҳое дорад, ки муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоӣ ва рӯзгордории инсонро ба чолиш мекашанд, аммо ҳамоно ин падидаҳо дар пардаи хаёлангезиҳо пинҳон мондаанд.
Давлати Раҳмониён дар масири шоирии худ бо бисёре аз жанрҳои адабӣ дасту панҷа нарм кардааст. Ҳам дар ғазал, ҳам дар маснавӣ ва манзумаҳои хурд, ҳам рубоӣ ва дубайтиҳояш бо кӯлворе пур аз андеша ва хаёлоти шоирона роҳ паймудааст. Аммо он чи ки шоҳиди якмаромӣ ва тавонмандӣ дар густариши андеша ва паёмҳои шоиронааш аст чаҳорпораҳои ӯянд, ки бо фарогирии матлуб дар мувозинати мавзуъ, тасвир ва забони зинда шакл гирифтаанд.
Дар ин навъи шеър шоири мо бо ҳиссе мутамарказ ва эҳсоси дарунӣ дар пайи ҷузъиётпардозиҳои вуқуъгароёна меравад ва дар ҳамин бархӯрд нубуғи инсонии худро ба унвони як сокини сайёра дарк мекунад. Яъне, дар ин маврид бар он аст, ки рисолати инсонии худро ба унвони як шоир иҷро кунад. Дар ҳамин мавқеъ аст, ки мавзуъ ба суроғаш меояд ва фақат мавзуъ аст, ки водор мекунад ё бигиряд ва ё бихандад. Дар ин навъи шеърҳо мавзуъ гузинаест, ки ба ҳар навъе бояд аз гулуи ӯ софу сода чун бод берун биёяд ва ӯ шабеҳи як навозандаи най бо ангуштони хаёл онро раҳнамоӣ ба берун кунад. Ҳамон гуна, ки барои сохтани инчунин фазо ӯро ҳеҷ ниёзе ба печу тоб хӯрдан дар пайи офариниши калимоти шоирона набудааст ба ҷуз як иттифоқи сода, ки ҳангоми дарав ба вуқуъ мепайвандад ва боиси шакл гирифтани ин мавзуъ дар шеър мешавад:
Чи чиз аз ҳотаи модар баромад?
Зи байни хоку хокистар баромад?
Ба муҳри асри тиллоии умрам,
Ба нӯги досам ангуштар баромад.
Дар нуги дос баромадани як ангуштар ҳангоми дарав, фикри шоирро ба замони бачагӣ ва заҳмати модараш дар ҳота меандозад. Модаре, ки дигар аз дунё рахти сафар бастааст ва шоир бо ёфтани ҳамин ангуштар, ки ёдгори гумшуда аз ӯст ба васфи он рӯзҳои софу сода мепардозад, то ҷое, ки бо ҳасрат мегӯяд:
Набудӣ бе ғами ман модари ман,
Ғами ман бурд ӯро аз сари ман.
Дару девори ман аз модарам буд,
Пайи дасташ бувад нақши дари ман.
Дар ҳоле, ки пардохтан ба мавзуъҳои иҷтимоӣ дар шеъри хеле аз шоирони мо, бахусус ҷавонон, хушку шиоргунаву бепарда шудааст, шоири мо талош барои пур кардани ин хало дорад. Мавзуи иҷтимоиро онгуна бо рамзу роз дар пардаи хаёлоти шоирона мепечонад, ки дар он фалсафаи ҳастӣ дар ниҳояти шоиронагӣ ҷалби таваҷҷуҳ мекунад. Гуфтумони шоири панҷоҳсола бо чанори пир аз шоиронагиҳои иҷтимоъгароёнаи Давлати Раҳмониён аст, ки дар ҳадди камолу ҷамол сурудааст:
Ай дарахте, ки танат чун дили ман афгор аст,
Чи тавон кард, агар
Деҳа наздику дар он
Дос афзуну табар бисёр аст.
Ту валекин ҳаваси шаҳр накун, он ҷо низ
Дами тези ара рӯйи кор аст.
Ростӣ,
Баъди панҷоҳ баҳору пойиз
Шаҳру деҳ аз ману ту
Ҳамчу аз ёди куҳан безор аст.
Оҳ аз он рӯз,
Ки дар пойи ту истода яке
Кунад исрор, ки аз баҳри зимистон
Ҳезумаш даркор аст…
Бо ин ҳама нигоҳе гузаро, ки ба маҷмуаи «Номаи офтоб» доштам, метавонам бигӯям, ки Давлати Раҳмониён соҳиби садое хос дар шеъри имрӯзи мост. Ӯ шоирест, ки парчами шоирони дирӯзу имрӯзро бар дӯш дорад ва дар зери ин парчам шиори худро ба гӯшҳо мерезад. Дар қолабҳои гуногун, махсусан, дар чаҳорпораҳо ва сапеду нимоӣ шеърҳое шохис ва қобили таваҷҷуҳ дорад. Аз шоирони донишманд ва пурмутолиаи насли хеш аст, ки тавонистааст мавзуъҳои куҳнаву навро дар ҳадди отифа ва самимият бо унсурҳои айнии муҳит ва зиндагии имрӯз гиреҳ бизанад. Шеъри ӯ аз назари муҳтаво пайвандхӯрда ба зиндагӣ ва таҷрибаҳои инсони имрӯз аст, ки ниёзи ҷомеаи ҳозир ҳам аз шеър ҳамин аст.
Муҳриддин САБУРӢ



