“Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ дар кишвари ҳамзабон
Осори адабиву таърихӣ ва фарҳангии поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ аз замони зиндагии пурбаракати устод то кунун ҳамвора мавриди истиқболи хонандагон ва пажуҳишгарони ватанӣ ва хориҷӣ қарор гирифтааст. Миёни ин кишварҳо Эрон, бино бар пайвандҳои адабиву фарҳангӣ ва муштаракоти забонӣ, мақоми вижа дорад.
Нахустин асари устод Садриддин Айнӣ, ки ҳанӯз соли 1927 дар муҳити адабии Эрон муаррифӣ гардид, «Намунаи адабиёти тоҷик» буд. Аз он сол то кунун аксари осори гуногунжанри Айнӣ дар Эрон ба таври комил нашр шуда ва мавриди муаррифӣ ва таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар миёни осори устод Айнӣ шоҳкори ӯ «Ёддоштҳо» бо шевоию ширинии забон, арзишҳои адабиву таърихӣ ва аҳаммияти иҷтимоиву фарҳангии худ таваҷҷуҳи хонандагон ва муҳаққиқони эрониро бештар ба худ ҷалб кардааст. Ин асари безаволи устод Айнӣ бори аввал бо ибтикори маҷаллаи “Паёми нав” дар муҳити адабии Эрон муаррифӣ гардид. Маҷаллаи мазкур дар моҳи январи соли 1954 бо ишора ба он, ки се китоби аввали “Ёддоштҳо”-ро, ки “ба хатти ҷадиди тоҷикӣ” дар Сталино- бод ба нашр расида буд, дарёфт кардааст, ҳикояти “Кафшпешмонии ҳазрати хоҷа Убон”-ро аз китоби дувум “бидуни каму зиёд”, ба хатти форсӣ ба нашр расонидааст (“Паёми нав”, шумораи 11, январи 1954).
Дар шумораи баъдии худ маҷаллаи “Паёми нав” хабар додааст, ки нашри ҳикояти “Кафшпешмонии ҳазрати хоҷа Убон” дар шумораи гузашта мавриди писанди хонандагони маҷалла қарор гирифта ва онҳо тақозо кардаанд, ки бахшҳои дигаре аз ин асари Садриддин Айнӣ низ мунташир шавад. Бино бар ин тақозо маҷалла ҳикояти “Зани мардгардида”-ро аз китоби дувуми шоҳкори устод Айнӣ чоп кардааст (“Паёми нав”, шумораи 12 феврали 1954).
Арзишҳои адабиву бадеии “Ёддоштҳо” ва ҳунари нависандагии устод Айнӣ боис шудаанд, ки шарҳи ҳоли мухтасар ва намунаҳое аз осори ӯ дар баробари пораҳое аз осори бузургтарин адибони форсизабони асрҳои IХ-ХХ дар китоби бисёрҷилдаи “Ҳазор соли насри форсӣ” мунташир шаванд. Дар ин манбаи муҳимми огоҳӣ аз насри ҳазорсолаи форсу тоҷик, ки дар таҳияи донишманд ва мутарҷими эронӣ Карими Кишоварз нахустин бор дар соли 1966 ба нашр расидааст, шарҳи мухтасари ҳолу осори Айнӣ дарҷ гардида, дар он ду ҷилди аввали “Ёддоштҳо” бо номи “Бухоро” ва тамоми китоб бо номи “Хотирот” зикр шудааст. Пас аз ин дебоча ҳикояти “Кафшпешмонии ҳазрати хоҷа Убон” аз ҷилди дувуми «Ёддоштҳо» ва дар охир луғатномае барои шарҳу тавзеҳи вожаву таъбирҳое, ки барои хонандагони эронӣ номаънусанд, замима гардидааст.
Пас аз нашри “Ёддоштҳо” ба хатти форсӣ аз ҷониби Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар солҳои 1958-1959 китоби мазкур ба китобхонаҳо ва китобфурӯшиҳои Эрон низ дастрас гардид ва ин амр заминаи огоҳии муҳаққиқон ва хонандагони эронӣ аз матни комили шоҳкори устод Айнӣ ва нашри онро дар Эрон тавсеа бахшид. Чунончи, рӯзноманигор, адиб ва адабпажуҳи маъруфи Эрон, сардабири маҷаллаи “Яғмо” Ҳабиби Яғмоӣ, пас аз дарёфт ва қироати “Ёддоштҳо” ба хатти форсӣ, мафтуни ин асар мешавад ва суханронии худро дар севумин Кунгураи таҳқиқоти эронӣ комилан ба «Ёддоштҳо»-и Айнӣ бахшида, баъдан онро ба ҳайси мақола дар маҷаллаи “Яғмо” ба нашр расонидааст.
Маҷаллаи “Яғмо” дар солҳои баъдӣ низ ба тарғибу ташвиқи “Ёддоштҳо” дар Эрон иқдом карда, афзун бар чопи мақолаи Алиасғари Ҳикмат бо номи “Ёде аз марҳум Садриддин Айнӣ – шоир ва нависандаи шаҳири Тоҷикистон”, ки бозгӯи эҳтироми муаллиф ба азамати шахсият ва ҳунари нависандагии Айнӣ аст ва бо шеъри “Риштаи пайванди милал”-и ӯ дар ситоиши Айнӣ ба анҷом мерасад, қисмате муфассал аз “Ёддоштҳо”-ро таҳти унвони “Достони мулло Бурҳон” дар чаҳор шумораи паёпайи худ, соли 1978 ба хонандагон манзур кардааст.
Пас аз шиносоӣ бо “Ёддоштҳо” муҳаққиқони эронӣ бо тамҷиду таҳсини ин асар услуби баён ва сиёқи сухани устод Айниро дар он шабеҳи насри яке аз адибони барҷастаи тоҷику форс Абулфазли Байҳақӣ донистаанд. Аз ҷумла, устоди Донишгоҳи Теҳрон Ҳусайни Лисон дар мақолаи арзишманди худ «Форсии дарӣ дар он сӯи марзҳо» дар соли 1976 менигорад: “Ман «Ёддоштҳо»-ро хондам ҳамон тавр, ки кӯдаки ҳангомаҷӯе ба ҷустуҷӯи хонавода ва ҳамшаҳриёну ошноёни худ меравад… Навиштаҳои Айнӣ … ёдовари насри гиро ва ҷаззоби Байҳақӣ ва навиштаҳое аз он рӯзгор аст, равиши ӯ низ дар сиёқи сухан ба овардани қиссаҳову ҳикоёти гуногун ва тавзеҳоте, ки ҷо ба ҷо медиҳад, сахт ба Байҳақӣ мемонад».
Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ низ таассуроташро аз қироати “Ёддоштҳо” дар қолаби сатрҳои зерин иброз медорад: «Ин китоб дарёест аз иттилооти таърихӣ ва иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию мазҳабии бахше аз Мовароуннаҳр ва ганҷинаи гаронбаҳое аз вожагон, истилоҳот ва амсоли забони форсии дарию тоҷикӣ, ки мо имрӯз ба бисёре аз он калимот ба шиддат ниёзмандем. Қудрати нависандагии муаллиф ва ҳунари тавсифи ӯ дар навъи худ камназир аст ва ёди Абулфазли Байҳақиро дар зеҳни хонанда бедор мекунад».
Шуҳрати устод Айнӣ ва “Ёддоштҳо”-и ӯ дар Эрон боис гардид, ки дар соли 1983 ин асар бори аввал дар шакли комил бо кӯшиши адабиётшинос, луғатнигор, матншинос, шоир ва нависандаи барҷастаи эронӣ Алиакбар Саидии Сирҷонӣ дар Теҳрон дар панҷ ҷилд мунташир шавад. Сирҷонӣ муқаддимаи муфассал ва оканда аз нукоти ҷолибе ба шоҳкори Айнӣ навиштааст ва дар оғози он таъкид кардааст, ки ӯ бори нахуст ҷилди аввали ин шоҳкори устод Айниро сӣ сол пеш, яъне дар замони донишҷӯияш дар оғози солҳои панҷоҳуми асри бистум дар яке аз китобфурӯшиҳои Теҳрон харидорӣ ва қироат карда, шефтаи “насри бетакаллуф ва лаҳни форсӣ”-и нависандаи китоб гардидааст.
Сирҷонӣ пас аз ошноии комил бо “Ёддоштҳо” тасмим мегирад, ки бино бар мазиятҳои мусаллами ин асар онро барои хонандаи эронӣ ба чоп ҳозир кунад. Яке аз ин мазиятҳоро Сирҷонӣ мазмун ва муҳтавои ҷолиби “Ёддоштҳо” номида, навиштааст, ки «Ёддоштҳо»-и Айнӣ “ойинаи безангори тамомнамоест аз зиндагии падарони мову шумо дар вопасин даҳаҳои қарни гузашта ва солҳои нахустини қарни ҳозир. Дар он давраҳо Балху Бухоро бо Исфаҳону Шероз фарқе надоштааст ва дар сартосари фалоти Эрон ва Мовароуннаҳр осмон ба як ранг буда ва зиндагӣ ба як сон идома доштааст”. Мазияти дигари “Ёддоштҳо”-ро Сирҷонӣ дар насри равону шево ва лаҳни бетакаллуфи устод Айнӣ дида ва онро ба “насри худамонӣ”, яъне шабеҳ ба насри муосири эронӣ таъбир кардааст.
Мазияти севуми “Ёддоштҳо”, ба андешаи Сирҷонӣ, ин “маҷмӯъаи луғоту таркибот ва ибороте буд, ки бо ранги дилпазири осори Байҳақӣ дар ин навиштаҳо мавҷ мезад” (Ҳамон китоб).
Афзун бар ин мазиятҳо, омили дигаре низ Сирҷониро ба нашри “Ёддоштҳо” водоштааст, ки он, ба таъбири ӯ, “ҳамияти миллӣ ё алоиқи фарҳангӣ” будааст. Бар асоси ин омил Сирҷонӣ устод Айниро ҳамватани худ медонад ва осори ӯро ҷузви адабу фарҳанги муштараки форсизабонон мехонад. Аз ин дидгоҳ Сирҷонӣ навиштааст, ки “Ватани ману шумое, ки ба забони форсӣ такаллум мекунем, мунҳасир ба марзҳои ҷуғрофиёии имрӯзини Эрон нест. Ин Ватан агар Мисру Ироқу Шом набошад, албатта Хоразму Самарқанду Ғазнину Балху Кобул ҳасту Кашмиру Лоҳуру паҳнаи васеъе аз иқлими Ҳинд ва ба иборате ҷомеътар, ҳамаи сарзаминҳое, ки мардумаш бо мо забону фарҳанги муштарак доранд. Бо таваҷҷуҳ бад-ин нукта, ҳамватанони мо на танҳо Фирдавсию Саъдӣ ва Ҳофизанд, балки Рӯдакии Самарқандӣ ва Низомии Ганҷавӣ ва Хоқонии Шервонӣ ва Саноии Ғазнавӣ ва Амир Ҳасани Деҳлавӣ ва Иқболи Лоҳурӣ ва Амир Алишери Навоӣ ва Файзии Даканӣ ва Мавлавии Балхӣ ва Саъдуддини Қуниявӣ ва Айнии Бухороӣ ва садҳо фақеҳу ҳакиму донишманду шоиру нависанда дар шумули ин доираи васеъе қарор мегиранд, ки қаламрави фарҳангу забони форсӣ будаасту ҳаст”.
Аз ин ҷост, ки Сирҷонӣ “хондану фаҳмидан ва чоп кардану дар дастраси форсизабонон” қарор додани осори устод Айнӣ ва бад-ин васила ошноӣ бо лаҳҷаи тоҷикӣ ва фарҳангу зиндагонии тоҷиконро барои ҳамватанони худаш “ҳукми воҷиби айнии миллӣ” таъйин мекунад.
Бино бар ин “ҳукм”, Сирҷонӣ чаҳор ҷилди “Ёддоштҳо”-ро бар мабнои чопи форсии Нашриёти давлатии Тоҷикистон (солҳои 1958-1959, зери назари Раҳим Ҳошим) ба нашр мерасонад. Фузун бар ин, Сирҷонӣ бо асари дигари устод Айнӣ – «Мухтасари шарҳи ҳоли худам», ки аз рӯи нусхаи дастнависи форсии муаллиф ба хатти устоди хушнависи эрониасли Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Ҳусейни Ҳасанлӣ покнависӣ ва дар соли 1978 дар нашриёти “Дониш” ба тарзи факсимиле ба чоп расида буд, шинос мешавад. Сирҷонӣ, зимни таҳияи “Ёддоштҳо” ба нашр, дар ҷустуҷӯи посух ба саволе буд, ки чаро устод Айнӣ ҳикояти бадеии рӯйдодҳои зиндагии худ ва ҳаёти иҷтимоиву таърихии аморати Бухороро дар асараш аз замони таваллудаш то соли 1902-1903 расонида, онро идома надодааст? (Зимнан, дар муқаддима ӯ дар посух ба ин савол андешаҳои ҷолибе баён кардааст, ки мавзуи дигар аст). Ба ҳар ойин, Сирҷонӣ «Мухтасари шарҳи ҳоли худам»-ро иборат аз ду бахш мебинад, ки “бахши аввали он хулосаи ҳамон матолибест, ки дар чаҳор ҷилди «Ёддоштҳо» бо тафсили лаззатбахш омадааст ва бахши дигари он марбут аст ба феҳристи ҳаводиси зиндагии Айнӣ аз хотимаи ҷилди чоруми «Ёддоштҳо» то соли 1948, шаш соле пеш аз вафоташ”.
Ӯ бахши дувуми «Мухтасари шарҳи ҳоли худам»-ро “дилнишину ибратомӯз” хонда, ба он “Татиммаи саргузашти Айнӣ” унвон мегузорад ва ба ҳайси ҷилди панҷум онро ба «Ёддоштҳо» меафзояд. Албатта, Сирҷонӣ огоҳ буд, ки «Мухтасари шарҳи ҳоли худам» ҷузъе аз «Ёддоштҳо» нест, вале ба ҳадде бо Айнӣ ва зиндагии ибратомӯзи ӯ унсу маваддати маънавӣ пайдо карда буд, ки ба худ иҷоза дод бахше аз асари дигари устодро, ки аз рӯи мазмун зиндагиномаи ӯро такмил мекард, ба унвони ҷилди панҷум ба “Ёддоштҳо” ворид намояд. Ангезаи ӯ ҳам дар ин кор ин буд, ки хонандаи эронӣ аз хондани ин китоб тасаввури комиле аз зиндагониву фаъолиятҳои нависандаи бузурги тоҷик дошта бошад.
Сирҷонӣ дар поёни “Ёддоштҳо” ҳамчунин луғатномае таҳти унвони “Фарҳанги вожаҳои тоҷикӣ” (дар ҳудуди
100 саҳифа) овардааст, ки дар он калимаву таъбирҳои барои хонандагони эронӣ ноошнои китоб шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Сирҷонӣ худ эътироф мекунад, ки дар мавриди таҳияи ин луғатнома ӯ бо мушкилоте, мисли дастрас набудани фарҳангҳои тоҷикӣ ва надоштани имкони муоширати мустақим бо соҳибзабонони тоҷик мувоҷеҳ будааст. Бо ишора ба ин мушкилот ӯ навиштааст, ки “агар шароити истисноии замон маҷоле гузошта буд, ҳатман қабл аз нашри маҷмуа сафаре ба Тоҷикистон мекардам ва бо шунидани талаффузи маҳаллии калимот аз даҳони аҳли забон фарҳанги луғотро ба сурати комилтаре тақдим менамудам, аммо дареғ аз роҳи дур ва мавонеи бисёр!”. Бо вуҷуди ин, Сирҷонӣ бо такя ба таҷрибаи бузургаш дар луғатшиносиву луғатнигорӣ ва бо тадвини “Фарҳанги вожаҳои тоҷикӣ”-и “Ёддоштҳо” тавонист яке аз нахустин луғатномаҳои тоҷикӣ-форсии муосирро фароҳам оварад.
Иқдоми дигари Сирҷонӣ – зикри фасле бо унвони «Чанд нуктаи дастурӣ» дар бораи хусусиятҳои наҳвии забони “Ёддоштҳо” дар фарҷоми китоб низ аз нахустин талошҳо дар таҳқиқи қиёсии наҳви гӯишҳои тоҷикӣ ва форсии муосир мебошад ва аз ин лиҳоз шоистаи таҳсин аст. Сирҷонӣ китобро бо бист акси устод Айнӣ дар лаҳзаҳо ва солҳои гуногуни зин- дагиву фаъолияти ӯ музайян кардааст.
Ҳамин тариқ, иқдоми Сирҷонӣ дар нашри “Ёддоштҳо” боис гардид, ки дар замони маҳдудиятҳои равобити фарҳангӣ миёни Тоҷикистони шуравӣ ва Эрон яке аз бузургтарин асарҳои устод Айнӣ ва яке аз шоҳкорҳои адабиёти навини тоҷик бори нахуст ба таври комил дар Эрон дар дастраси аҳли адаб ва хонандагони ин кишвари ҳамзабон қарор гирад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки ошноии эрониён бо устод Садриддин Айнӣ ба маънои томи сухан тавассути “Ёддоштҳо”-и ӯ сурат гирифтааст.
Дар даврони Истиқлоли Тоҷикис- тон ҳама гуна монеаҳо дар равобити Тоҷикистону Эрон рафъ гардиданд ва ду кишвар ба масири густариши беш аз пеши равобити адабиву фарҳангӣ қадам гузоштанд. Дар ин давра низ шахсият ва осори Садриддин Айнӣ ва “Ёддоштҳо”-и ӯ мавриди таваҷҷуҳи вежаи адабпажуҳон ва адабдӯстони эронӣ қарор гирифтанд.
Дар натиҷа, “Ёддоштҳо” бори дувум дар як маҷмуаи шашҷилдӣ бо талошҳои шоистаи Мустафо Бобохонӣ соли 2025 дар Теҳрон ба нашр расид. Чаҳор ҷилди аввали ин маҷмуа фарогири матни “Ёддоштҳо” буда, таҳиягар ба он ду ҷилди ҷудогонаро бо номҳои “Вожаномаи “Ёддоштҳо”-и Айнӣ” ва “Пайвастҳои “Ёддоштҳо”-и Айнӣ” афзудааст.
Ангезаи нашри нави “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ тавассути Мустафо Бобохонӣ, аз як тараф, ноёб гардидани нашри аввали он бо кӯшиши Саъидии Сирҷонӣ ва аз тарафи дигар, зарурати ислоҳи костиҳои нашри аввал ва ба вуҷуд овардани матни тасҳеҳ ва танқеҳшудаи ин шоҳкори устод Айнӣ бо тавзеҳоти лозим ба хатти форсӣ буд.
Мустафо Бобохонӣ қабл аз нашри “Ёддоштҳо”, чаҳор асари Айнӣ – “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам” (с. 2017). “Ҷаллодони Бухоро” (с. 2018), “Мунтахаби осори адабиётшиносӣ ва нақди адабии Садриддин Айнӣ” (с. 2018) “Ғуломон” (с. 2019) ва як китоби академик Муҳаммадҷон Шакурӣ “Садриддин Айнӣ” (с. 2016)-ро дар Эрон ба чоп расонида ва дар ин самт таҷрибаи фаровоне андӯхтааст. Нашри ахири “Ёддоштҳо”, ки маҳсули заҳматҳои ҳафтсолаи Мустафо Бобохонӣ аст, як навъ ҷамъбасти таҷрибаҳои андӯхтаи ӯ дар кори таҳқиқ, тасҳеҳ ва нашри осори айнишиносии Тоҷикистон дар Эрон ба шумор меояд.
Аз ин рӯ, нашри ахири “Ёддоштҳо”-ро метавон дастоварди мусаллами Мустафо Бобохонӣ ва айнишиносии эронӣ хонд ва нақши онро дар тақвияти беш аз пеши таомулоти адабиву фарҳангии деринаи Тоҷикистону Эрон таъкид кард.
Низомиддин Зоҳидӣ



