Намунаи заҳмату хидмат ва адолату ҳақиқат

 Намунаи заҳмату хидмат ва адолату ҳақиқат

Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд.
Эмомал
ӣ Раҳмон

Қаҳрамони Тоҷикистон Садридин Айнӣ бисёр қаҳрамониҳо кардааст, вале яке аз нахустин ва бузургтарин қаҳрамониҳояш, бешубҳа, «Намунаи адабиёти тоҷик» аст, ки мисолҳои дурахшонеро қотеона ба муддаиёни муғризу бебунёд расонд ва фарҳанги ҳазорсолаи халқи тоҷикро бебокона аз турктозиҳои замон раҳонд.

Аз нигоҳи имрӯз низ ин шоҳасар на танҳо оинаи қаднамои паҳновари эҳсосу андеша ва таҷассумгари ифтихори бекарони инсониву тоҷикӣ ва масъулияти беандозаи фарзандиву шаҳрвандии он бузургвори беамсол, балки намунаи барҷастаи завқу салиқа, адабиётшиносии оқилонаву мунаққидии одилонаи устод Айнист.

Маълум аст, ки Айнӣ аллакай ҳангоми таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» алломаи эътирофшуда буд, аз ҷумла тамоми адабиёти форсизабонро амиқ медонист, бо сабку равияҳои гуногуни он дақиқ ошноӣ дошт, мушкилтарин осор, аз ҷумла печидатарин таъриху муаммоҳоро осон мефаҳмиду равон шарҳу баён мекард. Бо вуҷуди ин, бо дарки вазифаву ҳадафҳои иҷтимоии шеъру шоирӣ баёни равшану фаҳмо, равониву фасоҳати шеърро камоли он меҳисобид ва ин нуктаро дар осораш, аз ҷумла «Намунаи адабиёти тоҷик», гаштаву баргашта изҳору таъкид намудааст. «Ба фаҳмиши фақир, – менависад устод, – шеъри Рӯдакӣ дар камоли равонӣ ва дорои фасоҳату балоғат аст, ки ба хонанда ба осонӣ як ҳаяҷони бадеӣ мебахшад. Ҳамин аст дараҷаи болои шеър!»

Аз радифгӯйӣ, яъне назиранависӣ, сухан ронда, зикр месозад, ки шоири аввал, яъне нахустгӯяндаи шеър «мазмунҳои саҳлултасаввурро мебандад, дар пасмондагон ҳама маъниҳои муғлақ мемонад». Дар ин маврид устод имтиёзро ба касоне медиҳад, ки радифро ба «дараҷот сода ва дорои мазмунҳои бикри оммулфаҳм бастаанд» ва хитоб мекунад, ки «ин аст камоли иқтидор!»

 Эътиқоди устод Айнӣ ба Аҳмади Дониш маълуму мазкур аст. Дар «Намунаи адабиёти тоҷик» яке аз сабабҳои ин эътиқод равшан зикр шудааст: «Аҳмади Калла, бо вуҷуди камоли ихлос ва ақидааш дар бораи Бедил, дар тақлиди услуби Бедил мубориза эълон карда, худ осори манзумаву мансураашро дар камоли содагиву равонӣ навиштанро илтизом кард. Мусоҳибони худро низ аз тақлиди Бедил манъ мефармуд, услуби Бедилро махсуси истеъдоду маслаки бедилӣ медонист. Ба амсоли қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир, домулло-Абдулфазли Сират ва Исо-Махдуми муфтӣ, ки муосиру мусоҳибони Аҳмад-Махдум буданд, ин талқинот беасар намонд, эшон, баъд аз он ки дар авоили ҳол дар назму наср Бедилро тақлид карда буданд, дар овони охирӣ соданависиро машқ менамуданд».

Устод бо зикри байти зерини Шавкати Бухороӣ –

Зи фикри дур хаёлам ғариб шуд, Шавкат,
Миёни маъниву лафзам ҳазор фарсанг аст, –

хитоб мекунад, ки «бисёр рост гуфтааст!». Яъне, бо вуҷуди қудрати шоирии Шавкат, ҳусни маъниву баён ва таносубу мантиқи қавии ӯ, қоил аст, ки «фикри дур» «хаёли шоириро ғариб мекунад» ва миёни маъниву лафз набояд фосилаи зиёд бошад.

Равонгӯӣ, соданависӣ аз назари устод Айнӣ қоидаҳои бисёр зарури адабиёт будаанд, ки дар саросари китоб батакрор зикрашон кардааст. Аз ҷумла, менависад: «Афзал қоидадонтарин шуарои аҳди охирин аст… назму насрро бағоят равону сода месарояд».

Дар ҷои дигар менависад, ки «Абёти Сомӣ хонандаро ҳаяҷони бадеӣ намебахшад, аммо қимати адабияи назму насри ӯ дар ин ҷост, ки бисёр сода менависад». Дар ин маврид зикри ду чиз зарур менамояд: аввалан, устод Айнӣ ба хонанда ҳаяҷони бадеӣ бахшиданро яке аз хосиятҳои асосии адабиёт мешуморад ва дуюм, равшану фаҳмо будани матлабро шарти эҷоди бадеӣ медонад.

Ҷиҳатҳои муҳимми шахсу қалами Абдулқодирхоҷаи Савдоро оварда, махсус зикр мекунад, ки «дар наср низ соданависи беҳамтост».

«Сайёҳи ҳиндӣ», – менависад устод, – бисёр дардҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Бухороро ташреҳ мекунад, фақат ба забоне, ки аҳолии одии Бухорову тоҷик ба осонӣ мефаҳмад». Тавассути ин фармуда, ҷуз талқини забону баёни фаҳмо, барҷову нозук ба тоҷик будани мардуми Бухоро ва имкони яке аз сарчашмаҳои забони тоҷикии меъёр шудани забони он ишора мекунад.

Адолати инсониву мардонагии адабии устод Айнӣ ба ҳаддест, ки саҳму хидматҳои беназири худро як сӯ гузошта, менависад: «Ранги адабиёти нав гирифтани забони тоҷикӣ дар наср аз Абдуррауфи Фитрат оғоз меёбад»!

Бубинед, ки дар айёми камоли ҳунару қадри хеш бо чӣ ҳақнигориву хоксорӣ хотираҳои наврасиву ҷавониашро тоза мекунад: «Ҳайрат аз шарикдарсони фақир аст, аммо аз камоли истеъдод ва ишқи адабиёт дар хурдсолӣ ба мартабаи устодӣ расида буд. Фақир низ қавоиди аруз ва баъзе нозукиҳои санъати адабияро аз ӯ омӯхта будам. Ҳайфо, ки ин истеъдоди муҷассам дар айёми ҷавонӣ (дар бистуҳафтсолагӣ) ҷаҳони фониро падруд намуд, вагарна аз ин қудрати фавқулода хориқаҳо дар олами адаб ба вуҷуд меомад».

Маълум аст, ки устод ба аҳли аморату вазорати собиқ нафрати асоснок дошт.

Бо вуҷуди ин, вақте ки сухан аз ҳунару истеъдод меравад, адолаташ боло мегирад. Бубинед, ки дар бораи Амир Умархон – ҳукмравои Хӯқанд, ки салтанаташ аз ҷабру зулм ҳам орӣ набуд, чӣ менависад: «… бо вуҷуди касрати ашғоли ҳукуматдорӣ, дар олами адаб бисёр кор кард… Шеъри туркӣ… дар аҳди ин амир дубора курсибандӣ дид.

Дар форсӣ низ қудратнамоӣ кард». Ё худ дар бораи Садри Сарир мегӯяд: «Дар вараъу парҳезгорӣ ба дараҷае буда, ки дар зарфи панҷоҳсола қозигӣ дар боби хидматҳои хусусии худ имдоду ёрмандии шахсерову хидматгореро қабул накардааст… Дар назм… соҳибиқтидор аст».

Бо ҳамин адолату муҳаббате, ки бояд хоси муҳаққиқ бошад, ҳақиқати ҳоли дигар шоиронро низ бозгӯ намудааст. Аз ҷумла: «Ҷавҳарӣ муқаллиди Бедил аст, аммо дар тақлид он қадар сохтакориву такаллуф ба кор набурдааст, бинобар ин, аз ин тақлид ба фасоҳати табиии забон зарари куллӣ рӯй надодааст».

Боз ба чанд хислатномаи пурмуҳаббати устод таваҷҷуҳ бикунед: «Шеъру адабиёт аз камтарин фазоили ӯ (Сират) ба шумор меравад». «Мирзо-Азими Сомӣ яке аз пурдонони аҳди худ буд». «Симо аз соҳибқаламони Бухоро буд». «Абдулқодирхоҷаи Савдо аз ҷумлаи наводири рӯзгори худ буд». «Ин абёт ҷасорати адабияи Саҳборо… ба хубӣ баён менамояд». «Исо… Бедилро пайравиву тақлид мекунад, аммо тақлидаш ба камоли муваффақият аст».

Аз марги шоири 16-сола Комилхоҷаи Накҳат изҳори таассуф намуда, изҳор медорад, ки «Алҳақ, ба ин синну сол ин гуна иқтидор шоёни истеҳсон аст».

Ҷолиб аст, ки дар ду ҷумла се давраи таҳаввули шеъри Лоҳутиро чӣ сон муъҷазу дақиқ баён медорад: «Лоҳутӣ дар авоили ҳол шеърҳои ошиқӣ, баъд аз он бо таъсири падараш… ашъори суфиёна, пас аз он, ба таъсири инқилоби Эрон ва тааррузи хориҷиён ба Эрон, шеърҳои милливу ватанӣ иншод кардааст. Аз вақте ки ба Русия паноҳанда шудааст, то имрӯз ҳамадам сурудҳои инқилобӣ месарояд».

Бо дарназардошти завқу салиқаи бемисли устод Айнӣ соданависиву содагӯиро, ки ӯ гаштаю баргашта таъкид мекунад, мебояд на урёнбаёниву омминависӣ, балки камоли ҳунару истеъдоди адибӣ донист.

Устод Айнӣ, баробари васфу талқини равшанбаёниву соданависӣ, муғлақбаёниву печидагӯиро сахт танқиду мазаммат мекунад. Масалан, бо овардани байти зерини Акбари Бухороӣ:

Зи сайрободи иқболу шараф в-аз ҷуди диндорӣ
Ба сомони адолат боз, к-он гардунмадор омад  –

хитоб мекунад: «Бубинед, чӣ қадар бемаънӣ! «Сайрободи иқболу шараф», «ҷуди диндорӣ», «К-он гардунмадор» чӣ маънӣ дорад?!

Устод бо ҳақгӯиву оштинопазирие, ки дар муқобили безавқиву беҳунарӣ дар адабиёт дошт, ин шеърро «абёти фачи бемаънӣ» номида, зикри онро барҳақ ба хотири «дар ҳабату ғалат наафтодани навомӯзон» ва «барои кушодани роҳи таҳқиқу танқид ба ҷавонон» медонад.

Ин бисёр кори омӯзанда аст ва бахусус имрӯз, ки як зумра шоирон мавҳумбаёниву бемаънигӯӣ, бемақсадиву беҳадафӣ, ба ифодаи устод Айнӣ, навиштаҳои «фачи бемаънӣ»-ро эҷодиёт шумурда, даъвою дағо мекунанд, аз адабиётшиносону мунаққидони мо рафтору гуфтори айнивор одилонаву оқилона ва мардонаву адибонаро тақозо дорад.

Устод Айнӣ, чун адиби бузург ва донандаи бемисли адабиёт, натанҳо осори адабиро аз ҷиҳати назария мавриди баррасӣ қарор медиҳад, балки оид ба байту пораҳои мушаххас дақиқ изҳори ақида карда, ба ҳайси муҳаррири баландзавқу тавоно қаринаҳои мутаносибтару мантиқитар ва беҳтари онҳоро манзури хонанда менамояд.

Оид ба байти Хоҷа Камол:

Ё дӯст гузин, Камол, ё ҷон,
Як хона ду ме
ҳмон нагунҷад, –

чунин мулоҳизаи мантиқӣ пеш меорад: «дар бадали мисраи охирӣ «Як шаҳр ду ҳукмрон нагунҷад», ё ки «Як мулк ду ҳукмрон нагунҷад» мешуд, ҳароина ба мавқеъ мувофиқтар меафтод, зеро дарвоқеъ ба як хона ду меҳмон, ҳатто зиёдтар бар он гунҷидан мумкин аст, аммо ба як шаҳр ё мулк ҳеч гоҳ ду ҳукмрон нагунҷидааст ва нахоҳад гунҷид».

Як аҳаммияти «Намунаи адабиёти тоҷик» он аст, ки аз номаълумтарин шоирони давру замон ҳам намунаҳо оварда, силсилаи барҷову ногусастании адабиёти ҳазорсолаамонро пеши назарҳо ҷилвагар намудааст. Масалан, то нашри ин шоҳкитоб кам касоне аз ашъори шоири асри 17 Қосим Коҳии Миёнколӣ огоҳӣ доштанд. Устод аз ӯ байтҳои дилрасе манзур менамояд. Барои тоза кардани хотираи хонанда ду байти зебои ин шоирро меорем:

На наргис аст аён бар сари мазор маро,
Сапед шуд ба раҳат чашми интизор маро.

Ва:

На айнак аст, ки бар дида дорам аз пирӣ,
Барои хатти ҷавонон ду чашми ман чор аст.

Бо овардани байтҳои:

Наргиси шаҳло набувад ҳар баҳор
Он ки бирӯяд ба лаби ҷӯйбор,

Чашми бутон аст, ки гардуни дун
Бар сари чӯб оварад аз гил бурун, –

ишора мекунад, ки «аз ин абёт бӯи бодаи Хайём меояд».

Дар мавриди байти дигари шоир:

Ба рӯзи ҳаҷр маро дида бас гуҳарбор аст,
Шабе, ки моҳ набошад, ситора бисёр аст, –

барҷо тахмин мезанад, ки «ба ҷои «ба рӯзи ҳаҷр» бояд «ба шоми ҳаҷр» бошад, то ки ташбеҳи том шавад». Албатта, ҳамин хел аст, вагарна кӣ дар рӯзи рӯшан ситораи бисёр дидааст? Ва, бо андешаи барҷои як мунаққиди оқилу одил, ки шоири хушзавқе чун мазкур ҳаргиз ба ин номутаносибӣ роҳ намедиҳад, меафзояд: «Мумкин аст, ки саҳви котиб бошад».

Албатта, мақсади бузург ва ҳадафи асосии устод Айнӣ аз таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» исбот намудани ҳастии миллати соҳибадаб ва соҳибфару соҳибфарҳанге бо номи тоҷик, дар ин қаламрав соҳиби ҷоҳу мақом ва макони деринаву ватани азалӣ будан ва акнун ин ҳақро барҳақ талаб кардану ситондани ӯст. Лекин, ҳамзамон бо ин, пешниҳоди намунаҳои барҷастаи бадеӣ, яъне аз садҳо баргузидани яке ва маъниву ҳадаф, назокату латофат, ҳусну зебоии онро ба мутаваҷҷеҳон расондану тарбияи завқу салиқаи шеърфаҳмиву маънирасии хонандаро мақсади хеш қарор дода буд. Аз ин рӯ, дар саросари китоб ишораҳои мухтасар ва барҷову зебое дорад, ки ҳусни асари мунтахаб, маъниҳои ниҳону духӯраи он ва ҳунари шоирро бозгӯ мекунад. Инак, чанд мисол.

Устод ғазали Абдурраҳмони Мушфиқиро, ки матлааш чунин ва худ намунаи барҷастаи мафҳумзабониву равшанбаёнист:

Дар ғамат дилро фигору хаста мегӯем мо,
А
ҳли дардем, ин сухан дониста мегӯем мо, –

оварда, самимона изҳор медорад: «Ғазале, ки сар то пояш мисли ин ғазали хуб латифу равон афтад, кам аст».

Ё худ, бо зикри рубоии Меҳрии Ҳиротӣ:

Дар хонаи ту он чи маро шояд, нест,
Банде зи дили рамида бикшояд, нест.
Гӯӣ: ҳама чиз дорам аз молу манол,
 Оре, ҳама ҳасту он чи мебояд, нест, –

латифу зарифона мегӯяд: «Ишорат ба пирии шавҳараш аст».

Дар мавриди як дубайтии ин шоираи ҳунарманд хитоб мекунад: «Алҳақ, бағоят хуб гуфта!» ва бо ҳамин хонандаи сарсарихонро ҳам дубора ба сари шеър меораду водор мекунад, ки пиромуни маънии таҳтонии он биандешад:

Маро бо ту сари ёрӣ намондаст,
Дили ме
ҳру вафодоре намондаст,
Туро аз заъфу пир
ӣ қуввату зӯр,
Чунон ки пой бардор
ӣ, намондаст!

Ғараз аз адабиёт чизи наве гуфтан аст, розеро ифшо намудан аст, асрореро кушодан аст. Яъне, маъние, ки нависанда гуфтанаш мехоҳад, бояд ба дарку фаҳми хонанда бирасад ва тавассути санъатҳои бадеӣ эҳсоси ӯро таҳрик бубахшад. Асаре, ки маъниаш аз беҳунариву ҳазёнгӯии муаллиф равшан набошаду ба дарку фаҳмҳо нарасад, ба кӣ лозим аст?

Устод Айнӣ аз оғози фаъолияти адабиётшиносиву мунаққидиаш камтарин бемантиқиву номутаносибиро фошофош мегуфту чун баъзе муқарризон норасоиро сарфи назар накардаву аз он мазмуну маъниҳои набуда наҷуста, қаринаҳои бамаротиб беҳтари ибораву сатру байт ё баёну ифодаро пешниҳод ва ба ин роҳ пайваста ҳадафи аслии адабиёт – фаҳмо гуфтану зебо гуфтанро ташвиқу тарғиб менамуд. Намунаҳои инро зикр кардем, ҳоло боз ба чанд мисол рӯ меорем.

Ниҳад муҳри хамӯшӣ фитрати нозукхаёлиро,
Чу мӯ пайдо шавад, набвад садо минои холиро.

Устод ин матлаи ғазали Гулмуҳаммадбии Афғонро оварда, мегӯяд: «Маънии матлаъ равшан нест. Магар ки асли нусха ба ҷои «ниҳад муҳри хомӯшӣ» «бувад муҳри хамӯшӣ» бошад, лекин дар ду нусха, ки дида шуд, «ниҳад муҳри хамӯшӣ»-ст». Ин ҷо ду нукта ҷолиб аст: аввалан, пешниҳоди қаринаи ифода, сонӣ – бо нусхаи зери даст қонеъ нашуда, нусхаи дигарро ёфтану ба муқоиса пардохтан. Лекин ҷузъи муҳимтарин, ба фикри мо, ҳамон ҷумлаи аввал аст, яъне «Маънии матлаъ равшан нест», ки асли мақсадро ифода менамояд ва хонандагону муҳаққиқони ояндаро ба андешаву ҷустуҷӯи қаринаи дурусти баён раҳнамоӣ мекунад.

Устод натанҳо саҳлангориҳои мазмуну маънӣ, ҳатто хурдтарин ғалату иштибоҳи шеърро сарфи назар намекарду сактаҳои вазнро ҳам зикр менамуд, то барои шоирони оянда, ки бори адабиёт бар дӯшашон хоҳад буд, сабақу дарс бишавад.

Дар ишқ наёмӯхтаӣ, аз Парӣ омӯз
Девонагиву ҷайби шикебоӣ даридан.

«Мақтаъ хеле вайрон менамояд, – менависад устод Айнӣ. – Мумкин аст, ки дар мисраи аввал ба ҷои «наёмӯхта» «навомӯхта» бошад ва ба таҳрифи нависандагон хато шуда бошад». Ва бо зикри ин иштибоҳи ҷиддии шоир ё котиб қаноат накарда, ба сактаи имрӯз маъмулишудаи вазни мисраи дуюм ишора мекунад: «йо»-и дувуми калимаи «шикебоӣ» аз тақтеъ зиёд аст».

Сипандӣ, ёр ба аҳдаш вафо накарду бирафт
Маро зи сина қарору зи дида хоб имшаб.

Дар ин байт лутфи нозуки ҷолибе ҳаст вобастаи калимаи «бирафт», ки ҳам марбути «ёр» донистанаш ғалат несту ҳам пайванди «қарор»-у «хоб».

Вале сухан аз ин нест, «йо»-и Сипандӣ аз вазни матлуба зиёд аст, – менависад устод Айнӣ ва бо алам меафзояд: – Як қисми шуарои мутааххирин ба ин бало гирифторанд…» Мисраъпуркунӣ дардест, ки ифодаро ғалат, маъниро хароб ва дар маҷмуъ шеърро ланҷу носамимиву сохта мекунад. Устод Айнӣ ҳатто ба ҷузъитарин рухдоди ин ҳодисаи номатлуб сари оштӣ надошт. Масалан, бо зикри байти: Туро, ки ҳаст се чиз аз се чиз нозуктар: Даҳон зи ғунча, лаб аз барги гул, миён аз мӯ, одилона зикр мекунад, ки «Дар ин мисраъ «ки»-и тавсифӣ беҷавоб мондааст».

Ё худ, дар ин моддаи таърихи Анбари Бухороӣ ҷамъ омадани «рақам зад» ва «гуфт»-ро дар як ҷо муносиб намедонад; яъне якеро кофӣ мешуморад:

Ба сад афсус баҳри соли фавташ хомаи Анбар
Ба малфузӣ рақам зад, гуфт: «Ҳайф аз Сирати доно!»

Шеър бояд суҳбат бошад, самимона дарди дил кардан бошад, табиӣ роз гуфтан бошад. Ҷузъе бар он сохта, нобарҷо ё номутаносиб биафтад, суҳбатро халалдор месозад, самимияти дарди дил карданро аз байн мебарад, розгӯии табииро ба гуфтугӯи мармузу номафҳуму печидаву дилнорас табдил медиҳад. Айнӣ бо фаросати беназир чунин ҷузъиётро дарёфта, бо устодии комил ҷузъиёте манзур менамояд, ки бо корбудаш шеър гӯё ба асли хеш, яъне ба зебоиву барҷоиву дилҷӯиву дилрасӣ бармегардад. Ба як байти Пайрав Сулаймонӣ таваҷҷуҳ кунед:

Нигар ба сурати дар мавҷи баҳри яъс ғариқам,
Назар ба ҳолатам, аз ҳаҷри дӯст зору низорам.

Ин ҷо тавозуни мисраъҳо, ки тибқи қонуни нонавиштаи табъу завқ ҳамқолабанду бояд дар як шакл баён бишаванд, халал ёфтааст. «Нигар» – мегӯяд шоир дар сатри аввал ва дар сатри дуюм ба тақозои ин хитоб бояд «Назар бикун» ақаллан «Як назар», дар идома низ му тавозину мутаносиб бо ибораи «Нигар ба сурати…» бояд «Назар (беҳтараш – як назар) ба ҳолати…» меомад. Бино бар ин, устод Айнӣ бисёр барҷо ва комилан барҳақ мефармояд, ки «Агар ба ҷои «Назар ба ҳолатам» «Бубин ба ҳолати аз ҳаҷри дӯст…» мебуд, маънии байт аз маънии ҳозирааш ҷазилтар меафтод».

Тамҳид сатре дорад чунин:

Агарчанде ки ҳамчун шуъла хокистарнишин гаштам…

Зоҳиран зебо, тасвирӣ, тасаввуротангез, таассуротбарангез аст ва хориву зориро хуб ифода мекунад. Лекин вақте ки устод Айнӣ мегӯяд, ки «бояд шуъла хокистарнишин набошад», ба андеша меравӣ, ки кору пайкори шуъла саркашист, на хокистарнишинӣ ва агар ба хокистарнишинӣ расидааст, дигар хокистар аст, шуъла нест.

Устод Айнӣ ба Аҳмади Дониш ихлоси тамом дошт ва ӯро дар осори гуногунаш ба ҳар сифат зикру ёд карда, ҳатто «доҳии модарзод» гуфтааст. Бо вуҷуди ин, вақте ки масъалаи асолати сухану устувории баён пеш меояд, аз пешниҳоди фикри хеш худдорӣ намекунад.

Манзур байти зерини Алломаи Бухорост:

Вуҷуди ҳар як аз ин қавм зеби мамлакат аст,
Ҳузури ҳар як аз ин фирқа мулкрост ҷамол,

ки нисбаташ чунин пешниҳоди одилона ироа шудааст: «ба ҷои «аз ин қавм» «аз ин зумра» мебуд, хубтар меафтод, аммо дар се нусха, ки мутолиа шуд, «аз ин қавм» аст». Мутмаиниву устуворӣ дар фикри худро бубинед, ки бо умеди иштибоҳи котибон се нусхаро мебинад, ки шояд дар яке ифода дигаргун бошад!

Мисоли дигаре, ки далели пайрави воқеии мақоли «мабин – кӣ мегӯяд, бубин – чӣ мегӯяд» будани нависандаи «Намунаи адабиёти тоҷик» аст: «Истеъдоди Туғрал бисёр комил ва хаёлаш мустаиди болодавӣ буд. Агар табъи худро дар асорати тақлиди Бедил намеандохт ва ҳам ба ҳаққи худ бисёр некбин намебуд, аз саромадони замони худ шуданаш муҳаққақ буд».

Вале чун дар байти зерин иллат дареёбад, бе рӯю риё мегӯяд: «Ин байтро, ки ба ҷуз муқобил омадани лафзи «боз»- у «кабӯтар» дигар ҳусне надорад, дар мисраи аввал «йо»-и «кардӣ ту як ҷилва» аз вазни мақсуд зоид аст»:

Кардӣ ту як ҷилва дар ин чашм боз,
Ра
қс зи шодӣ чу кабӯтар кунам.

Адолати инсониву адибӣ ва ба ҳар ҳарфи мавриди назараш амиқ фурӯ рафтани устод Айнӣ чандон аст, ки бо як байти зебо ба иқтидори шоир тан медиҳад ва ӯро зебандаи тахаллусаш медонад:

Зуфунун, Фарҳод ҳам меканду ман ҳам меканам:
Ӯ – ба теша Бесутунро, ман – ба нохун синаро.

«Намунаи адабиёти тоҷик» саросар омӯзанда аст ва огоҳии ҳайратовари муаллифашро тақрибан аз ҳама роҳу ҳама расм метавон сабақи навбатии он донист. Устод Айнӣ амалан, бо мисолҳои фаровон нишон дода, ки барои шоир дониши ҳамаҷониба зарур аст, то аз он, албатта, агар назокату латофати табъу завқ насибаш бошад, шеърияти ашёро берун биёрад ва мунаққиди шеърро донистани фаровон мебояд, то он ишораҳои дуру бастаи шоирро дарёбаду барои хонанда қарину боз бикунад.

Манзури мо муаммодониву таърихкушоии устод Айнӣ нест – ин чиз, бисёр мушкил бошад ҳам, бо роҳи омӯзиш ба даст меояд; мақсад фаросати беназиру фарохии назару андешаи ӯст, ки суханро сад паҳлу мегардонаду бо тобиши аслиаш чашми табъу завқҳоро мебарад.

Дар ҳамон шеъри машҳури Шамсиддини Шоҳин байте ҳаст чунин:

Мисли ман нозуктананда тору пуди шеърро
Нест чун дар докабоф
ӣ аҳли Истанбул барин.

Гӯё муаммое нест – шоир назокати ҳунарашро ба докабофии истанбулиён монанд кардааст. Аммо, бубинед, ки Айнии ҳамадон чӣ гуна шарҳ медиҳад: «Дар собиқ чун докаи мисқолии англисиро ҳоҷиён аз Истанбул харида меоварданд, мардум гумон доштанд, ки аҳли Истанбул бофтаанд. Мазмуни ин байт аз ҳамон ғалати машҳур гирифта шудааст».

Боз як байти Шоҳин:

Пас аз вафоти ту, Шоҳин, суханварон сӯзанд
Ба ҷои шамъ туро бар сари мазор ангушт.

Ташбеҳи зоҳирӣ қабул аст, ки шоир ангуштро ба шамъ монанд медонад, вале ин кифоя нест – нур намерасад, ки тору пуди  шамъ аст, гармӣ, гармие, ки аз рӯшноӣ меояд, намерасад, ки дар вуҷуди шамъ аст. Ин ҳамаро аз шарҳи Айнии рӯшандилу оқил меёбем: «Дарвоқеъ, Шоҳин баъд аз вафот ангуштнамои арбоби дониш шуд… Ҳар аҳли фазле, ки қабри Шоҳинро ба ангушт ишора мекунад, аз ҳарорати таҳсину

офарин ангушташ чун шамъи сари мазор месӯзад». Ростӣ, шарҳи байт аз худи байт шеърияти камтар надорад. Ин аст ташреҳи шеър, ин аст муаррифии шоир!

Дар манзумаи Мирзо-Содиқи Муншӣ байте ҳаст:

Ба теғи ғазаб кардам ӯро ҳалок,
Ба хокаш супурдам, задам р
ӯи хок.

Боз ҳам, албатта, зоҳиран, гӯё ҳама чиз фаҳмост. Лекин маҳз шарҳи Айнист, ки хонандаро ба умқи фаҳми мақсад мебараду дарки фоҷиаро шадидтар месозад: «Рӯи хок задан токро аз бех буридан аст». Идомаи шарҳ манзараи мудҳишеро бозгӯ намуда, паҳнои тасвири муъҷази шоирро пеши назар меорад: «Абулфайзхон… рӯзе ба боғ рафта, боғбонро дида, ки бехҷастҳои ниҳолро мебурад. Сабаб пурсида, боғбон гуфта, ки ҳар гоҳ бехҷастҳо бурида шаванд, ниҳол нахли боровар хоҳад шуд, вагарна як қисми қувватро бехҷастҳо гирифта, дар нашвунамои дарахт зарарҳои куллӣ хоҳад расидан. Абдулфайзхон ҳамин назарияро ба хонадони худ татбиқ карда, писари бузургашро, ки нисбат ба худаш бехҷаст шумурда мешуд, ба умеди нашвунамои худ сар бурида…» Бубинед, ки болонишинҳои ваҳшии замон ба чӣ пастиҳое қодир будаанд!

Ҷои тардид нест, ки устод Айнӣ нобиғаи модарзод буд, лекин маҳз заҳмати пайваста доираи донишу биниши ӯро ба чунин паҳноҳои бекарон расонд. «Намунаи адабиёти тоҷик» намунаи барҷастаи ин заҳматҳои ҷонкоҳ аст. Муаллиф китобашро чунин хулоса мекунад: «Ҷамъи манбаъҳои се қисм – 63 адад, баёзу маҷмуаҳо низ тақрибан 17 адад мутолиа шуд, бо ин ҳисоб ҷамъулҷамъи маъхазҳо 80 адад мешавад, ғайр аз порчаҳову мактубҳо».

Тасаввур мекунед, ки чӣ машаққатеро паси сар карда он бузургвор, то ба ин навиштаи волояш нуқтаи анҷом бигзорад?

Машаққати сангинеро, ки хушбахтона, ҳамвазну ҳамбаҳои ҳадафи бузургаш гардиду миллату давлаташро барҷову барпо дошт.

Бо вуҷуди ин, бо фурӯтание, ки хоси заҳматкаши воқеист, изҳор медорад: «Ин китоб, ғайр аз маҷмуаи намунаҳои адабии ҳазорсола будан, дигар мазият надорад». Ва дурнамои муроди худро, ки бино бар тангии авқоту маҳдудии имконот комилан ҳосилнашуда медонист, чунин баён мекунад: «Аз ин намунаҳо фоида бурда, ба усули марксистӣ таърихи адабиёт навиштан, китобҳои қироати адабияро тартиб додан, ба иборати дигар  ин мавзуъро, чунон ки бояду шояд, тадвину такмил намудан… хидмати ҷавонони фаъолро мунтазир аст». «Матриёлу матолиби муҳимма»-и ин шоҳкитоб натанҳо барои ин корҳо, ки қисман сурат гирифтаву қисман дар пешанд, балки, қабл аз ҳама, барои омӯзиши худи мо, адибон ва тарбияи табъу завқамон таҳкурсии мустаҳкамбунёду боэътимоде буду ҳаст ва хоҳад монд.

Низом ҚОСИМ

Дигар хабарҳо