Гулхонаи рангини бачаҳо

 Гулхонаи рангини бачаҳо

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ

Яке аз чеҳраҳои равшан ва фаъоли адабиёти бачагонаи тоҷик Абдусаттори Раҳмон тайи чанд даҳсолаи охир дар рушду таҳаввули назми атфол заҳмат мекашад. Нашри ҳар як маҷмуаи тозаи ин шоири хуб ва ҷӯёи тоҷик барои кӯдакон ва алоқамандони назми бачагона навиди хуш ва паёми гуворои адабию эҷодист.

Нахустин маҷмуаи ашъори бачагонаи Абдусаттори Раҳмон ҳанӯз соли 1984 ба нашр расида буд, ки он, воқеан, муждаи хуб аз зуҳури як суханвари тозаназар ва соҳибистеъдоду ҷӯянда дар назми бачагонаи тоҷик буд. Дар тули давраҳои баъдӣ Абдусаттори Раҳмон масири шоирии худро дар адабиёти бачагонаи тоҷик идома дода, дар ин ҷода сабку шеваи хоси нигориш ва чеҳраи равшани адабии худро пайдо кард. Натиҷаи ҳамин талошҳо ва ковишҳои пайвастаи адабию эҷодии шоир буд, ки соли 2019 маҷмуаи ашъори ӯ «Чанори пур аз лона» сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардид.

Абдусаттори Раҳмон, чунонки аз ашъораш ҳам эҳсос мешавад, ба кӯдакон ва наврасон муҳаббату садоқати хос дорад. Ин фазилатҳо шарт барои шоири ирсию зотӣ буд, ки ӯ ҳангоми интихоби касб пешаи омӯзгориро  интихоб карда, солҳои тулонӣ умри азизашро сарфи ин касби  пуршараф ва  боифтихор намудааст. Сарфи назар аз он ки касби асосии Абдусаттори Раҳмон муаллими фанни риёзист,  ишқу алоқаи хоссаш ба шеъру сухан ӯро ба ҷаҳони рангини назму адабиёти бачагона мекашад, ки ин воқеан дар таърихи адабиёти бачагонаи тоҷик падидаи ҷолиб аст.

Қобили зикр аст, ки Абдусаттори Раҳмон аз ҷумлаи зиёиёну равшанфикрони фаъоли ҷомеаи имрӯзаи мост, ки ҳам дар ҷодаи омӯзгорӣ ва ҳам дар дунёи шоирӣ, хосса адабиёти бачагона, муваффақ мебошад. Имрӯз садҳо шогирдони сазовори ин адиби бачаҳо ва омӯзгори воқеӣ ба ҳайси мутахассис дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ кору фаъолият мекунанд ва ифтихор доранд, ки аз мактаби тарбият, таълим ва донишомӯзии Абдусаттори Раҳмон сабақ бардоштаанд ва ҳоло бо камоли сарбаландӣ донишу малакаи аз устодашон омӯхтаро барои рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кор мебаранд.

Боиси хушнудист, ки соли 2024 китоби дигари Абдусаттори Раҳмон бо номи «Хонаи мо – гулхона» аз тариқи интишороти «Адиб» аз чоп баромад, ки онро метавон як навъ мунтахаби ашъори бачагонаи шоир ҳисобид. Зеро матолиби китоби мазкур тасаввуроти моро дар мавриди ҳунару истеъдоди муаллиф, масири камолоти адабӣ ва натиҷаи ҷустуҷӯҳои эҷодии ӯ комил месозад. Далели равшани ин андеша рангорангии мазмунию шаклӣ ва адабию ҳунарии шеърҳои дар маҷмуаи мазкур ба нашррасида мебошад. Ба ибораи дигар, маҷмуаи мавриди назар мушт намунаи хирвор аст. Он ба пуррагӣ бисёре аз фазилати  шоирӣ ва  адабию ҳунарии осори Абдусаттори Раҳмонро бозтоб менамояд. Китоб як навъ гулчини ашъори бачагонаи шоир, афсонаю чистонҳои барои кӯдакону наврасон таълифнамудаи ӯ мебошад. Илова бар ин, бахши  охири китоб фарогири осори адибони маъруфу шинохтаи халқҳои ҷаҳон аст, ки  онҳоро Абдусаттори Раҳмон бо маҳорати хосса ба забони тоҷикӣ баргардон кардааст.

Ба ибораи дигар, дар китоби мазкур бозгӯкунандаи ҳунари истеъдоди шоир дар анвои асосии адабиёти бачагонаи тоҷик маҳсуб меёбад. Ин нуктаро муаллифи сарсухани китоб шоири маъруфи бачаҳо Ҷӯра Ҳошимӣ низ таъкид мекунад. Вай дар баробари  баррасии осори бачагонаи Абдусаттори Раҳмон, махсусан ба ашъори ӯ баҳои сазовор дода, менависад: «Ошноӣ бо шеърҳои маҷмуа дар ниҳоди ҳаводорони каломи шоир андешаву ниятҳо ва дигар тамоюлоти некро илқо месозад. Ва муҳим он аст, ки андешаҳои мазкур ба хонанда таҳмил намешавад, балки худ аз худ, аз баёни воқеии ҳолатҳои табиии рӯзгори кӯдакон сар мезанад». Ин ҷиҳати муҳимми ашъори  бачагонаи Абдусаттори Раҳмон ба он алоқаманд аст, ки шоир ҳаёти кӯдакон, ҳолати руҳию равонии онҳоро хеле дақиқ ба мушоҳида мегирад, ки намунаи он абёти зерин аст:

Падар шоду модар шод,
Хоҳар шоду додар шод.
Акаи мо падар шуд,
Соҳиби гулписар шуд.
Падарҷонам бобо шуд,
Модарҷонам момо шуд.
Амма бишуд хоҳарам,
Амак  – ману додарам.

Дар ин қабил шеърҳо муаллиф мекӯшад, ки паёмҳои омӯзандаи худро вобаста ба ҳолати руҳии кӯдак баён намояд. Ба ибораи Ҷӯра  Ҳошимӣ, дар ашъори  Абдусаттори Раҳмон «… ҳар як сухане, ки рӯйи сафҳа меояд, ҳадафмандона гуфта  мешавад». Ба андешаи мо, мақсади эҷоди бадеӣ, ҳадафи адабиёт, хосса адабиёти бачагона низ ҳамин аст.

Масалан, шоир дар шеъри «Суруди Ватан» чунин мегӯяд:

– Ватан, – мегуфтам,
Ту
ӣ ҷаҳонам.
Бобоям мегуфт:
– Дар номат
ҷонам.

Ин ҷо ҳадафи шоир  баёни  тақвияти бобо ба сухани набера аст, ки он хеле мушаххас, бо се калима, ки ба завқу зеҳни кӯдак мувофиқ аст, ифода мегардад.

Ҷойи таъкид аст, ки ашъори китоби мавриди назар аз лиҳози мавзую мазмун хеле рангин ва пуртароват мебошад. Бахши аввали китоб, ки «Дунёи мо – Ватан» унвон дорад,  фарогири шеърҳои ватанхоҳонаю меҳанпарастонаи муаллиф аст. Ашъори хотирмони ин қисми китоби Абдусаттори Раҳмон шеърҳои «Ватан», «Кишвари сулҳ», «Мехонам суруд» ва ғайра мебошад. Бояд гуфт, ки шоир маъниҳои  ашъори ватанхоҳонаи худро бо тасвири ҷузъиётҳои рафтору гуфтор ва кирдори кӯдакон ба завқу салиқа ва сатҳи дарку маърифати онҳо созгор ба қалам  медиҳад:

Бингар, ки дар рӯйи раҳ
Касе «Ватан» навиштаст,
Ин амал,
ҷони бобо,
Кори нохубу зишт аст.

Ватан ба мисли Модар
Азизу бемисол аст.
Номи варо навиштан
Ба зери по убол аст.

Дар ин шеър муаллиф барои баёни равшан ва ҳадафмандонаи андешаи адабияш аз боварҳои мардумӣ, ки чизи муқаддасро дар зери  по намегузоранд, моҳирона истифода  менамояд.

Дар шеъри «Кишвари сулҳ» муаллиф ба хонандаи хурдсоли хеш Тоҷикистони азизи моро ҳамчун кишвари сулҳпарвару сулҳофар ва сулҳхоҳ ба қалам медиҳад, ки ин ҳам яке аз роҳҳои дар қалби кӯдакону наврасон ҷой кардан ва парваридани меҳру муҳаббати махсус ба Ватан  мебошад:

Эй Тоҷикистон,
Эй кишвари сул
ҳ,
Ту ошён
ӣ,
Мо – кафтари сул
ҳ!

Дар ин шеър бисёр аз сифатҳо ва фазилатҳои нотакрори Тоҷикистони азизи бачаҳо дар шакли мушаххас ва хотирмон ба тасвир меояд, ки онҳо дар маҷмуъ меҳру муҳаббати  хонандагони хурдсолро нисбат ба Ватан меафзояд.

Яке аз хусусиятҳои ҷолиб ва муҳимми ашъори  бачагонаи Абдусаттори Раҳмон дар он аст, ки шоир ба рафтору  муносибати кӯдакон диққати бештар медиҳад. Ин фазилати адабии муаллифро мо дар шеъри  «Магар дигар бозӣ нест» ба мушоҳида мегирем:

Бо Амон бозӣ кардем,
Мо камонбоз
ӣ кардем.
Бибим ин ҷо гузар кард,
Истоду як назар кард.
Гуфто ба мо: «Чӣ бозист?!
Магар  дигар бозӣ нест.
Олам, ки дар фиғон аст,
Аз дасти ин камон аст!»

Дар ин шеър, ки бисёр лаҳзаҳои ибратангез тасвир мешавад, бибӣ моҳияти камон, оқибатҳои ҷанг ва бартарию арзиши сулҳро ба наберааш мефаҳмонад. Бачаҳо аз каминҳо баромада, камонҳоро мешикананд ва руҳан тарафдори сулҳу оромӣ мешаванд. Дар ин шеър кӯдак баъди  мутолиа нисбати камону ҷанг як навъ нафрат пайдо мекунад. Ҳамин гуна тасвирҳои мушаххасу хотирмон ва омӯзандаро дар шеърҳои «Чанори пур аз лона», «Хонаи мо», «Бача раҳгардон шавад», «Амак шудем» ва  ғайра ба назар мерасанд. Муаллиф дар ин қабил шеърҳо, дар баробари тасвири лаҳзаҳо, саргузаштҳо ва ҳолатҳои ибратомӯзи рӯзгори бачагон ба эҳсосу бардошти онҳо аҳаммияти бештар медиҳад. Зеро маҳз бо ҳамин роҳ шеъру адабиёти бачагона вазифа ва рисолати тарбиятӣ ва  омӯзандагии  худро пайдо мекунад.

Намунаи ин қабил ашъори  шоир шеъри «Дуои бобо» мебошад, ки  дар он хулосаю натиҷагириҳои маънавию ахлоқии набера аз муносибат  бо бобояш баён мешавад:

Ман бачаи калонам,
Ғамхори бобоҷонам.
Бобоям нотавон аст,
Қоматаш чун камон  аст.
Дасту пояш кунад дард,
Кашад аз дил о
ҳи сард.
Сӯзад дилам барояш,
Мемолам дасту пояш.

Набера боз таъкид мекунад, ки аз дасти  бобояш гирифта, ба сари роҳ мебарорад ва ин қабил ғамхориҳои кӯдак боборо хеле мутаассир месозад ва ӯ дар ҳаққаш дуои нек мекунад.

Дар ашъори Абдусаттори Раҳмон тасвири зебоиҳои табиати диёр мақоми хос дорад. Дар ин бахши ашъори худ шоир манзараҳои зебои кишвари офтобиамонро мувофиқи завқи кӯдакон ба қалам медиҳад, ки онҳо барои тарбияи фазилатҳои зебоиписандӣ ва тарбияи ин эҳсос дар кӯдакон аҳаммияти хоса доранд. Шеърҳои «Фасли баҳорон омад», «Як дафтар кафтар», «Субҳи наврӯзӣ», «Бобои барфӣ» ва ғайра намуна шуда метавонанд. Дар ин қабил ашъор лаҳзаҳо ва ҳолатҳое тасвир мешаванд, ки бачагон дар онҳо фаъолона ширкат менамоянд ва бардоштҳои худро бо лаҳни зебои кӯдакона баён мекунанд.

Дар китоби мавриди назар як қатор шеърҳои тасвирие ҳам ба назар мерасанд, ки дар онҳо шоир ба хотири тақвияти завқи эстетикии хонандагони хурдсол манзараю холатҳои табииро бо лаҳну забони хоси атфол ба қалам медиҳад. Мутолиаи ин қабил ашъор собит месозад, ки Абдусаттори Раҳмон на танҳо вижагиҳои хоси  руҳию равонии кӯдакон, балки забон, лаҳни гуфтор, тарзҳои ифодаи тифлонаро хеле хуб медонад ва онҳоро пайваста ба мушоҳида мегирад. Инро махсусан, дар ашъори ҳаҷвии шоир, ки аксари онҳо ба ҳаёти бачагон иртиботи бевосита доранд, ба хубӣ метавон  мушоҳида кард. Аз ҷумла дар шеърҳои «Тавба», «Бадбахтӣ», «Беҳудагард», «Бахил», «Гӯшам мехорад» ва ғайра ин ҷанбаи хосси сабки сухани шоирро мебинем.

Чунонки ишора шуд, дар китоби «Хонаи мо – гулхона» Абдусаттори Раҳмон як силсила чистонҳои худро низ ба нашр расонидааст, ки онҳо дар тақвияти зеҳни бачаҳо, зиракии онҳо ва тарбияи ҳисси кунҷковӣ дар кӯдакон муҳим арзёбӣ мешаванд. Чистонҳои шоир дар баробари фазилатҳои номбурда омӯзандаю тарбиявӣ низ мебошанд:

Як майдони сап-сафед,
Як по равуо дорад.
Нақши ин  пои равон
Мазмуну маъно дорад.

Дар ин чистон хонанда аз моҳият ва вазифаи қалам огоҳ мешавад ва  ба он арҷу эҳтиром ҳам қоил мегардад. Ё дар чистоне, ки дар он манзур замин аст:

Бузургиаш беҳамтост,
Ҳама чиз аз он бар мост.
Аммо бо ин бузургӣ
Ҳамеша дар зери пост.

Ин қабил чистонҳо назари хонанда, аз ҷумла бачагонро, ба оламу одам тағйир  медиҳад, эҳсоси кунҷковӣ ва хотираи онҳоро қавӣ  месозанд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин рисолатҳои адабиёти бачагона аст.

Бояд гуфт, ки Абдусаттори Раҳмон дар баробари шоири соҳибҳунар ва тавонои адабиёти бачагона будан, инчунин тарҷумони хуби  шеъри кӯдакона дар адабиёти мост. Тарҷумаҳои шоир аз ашъори бачагонаи шоирони маъруфи  халқҳои шуравии собиқ, аз қабили С. Маршак, С. Михалков, А. Барто,  Р. Скиба,  Я. Қараев, Б. Заходер, И. Меласидзе, Қ. Чунушев, Д. Раҷабов ва  дигарон далели равшани маҳорати баланди тарҷумонӣ доштани Абдусаттори Раҳмон мебошад.

Дар маҷмуъ, китоби «Хонаи мо – гулхона» фарогири ҳамаи самтҳои фаъолияти  адабию эҷодии Абдусаттори Раҳмон мебошад. Мутолиаву баррасии маҷмуаи мавриди  назар собит месозад, ки Абдусаттори Раҳмон дар эҷоди анвои шеъри бачагона ҳунару истеъдоди хосса  дорад  ва маҳсули қалами ӯ солҳои зиёдест, ки дар тарбияи чандин насли кӯдакон ва алоқамандони адабиёти бачагонаи тоҷик нақши  шоиста гузоштааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки китоби мазкур шоистаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Шамсиддин Солеҳ,
профессор,
Адолат Шерализода,
дотсент.

Дигар хабарҳо