Ҳам гуфтори баланд, ҳам лутфи дилписанд
Чанде пеш муддате бистарӣ будам ва табибони ҳозиқ хотири шоду вақтхуширо давои асосиам гуфтанд. Ва ман ин даворо дар мутолиаи чанде аз китобҳои ҳамқаламони хеш дарёфтам. Аз ҷумла, романи нависандаи шинохтаамон Мирзо Саидзода «Нони шарикӣ»-ро ба майли тамом хондам ва аз диди худ дар қатори асарҳои машҳури ин навъи эҳсосу афкор – тарғибгари адолату ҳақиқат, аз ҷумла «Гузашти айём»-и Ҷумъа Одинааш гузоштам. Ин асар барҳақ ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ пешбарӣ шудааст ва ибрози назарҳо оидаш тавассути матбуот идома дорад. Банда низ дар мавридаш дар бораи он изҳори муфассали ақида хоҳад кард.
Алҳол сухан аз хусуси китоби дигарест, ки бемуболиға ба шифои ман муосидат намуд. «Чӣ меҷўяд Нозанин?» (нашриёти «Адиб», 2025, 88 саҳифа) ном дорад он ва ашъори машҳуру тозаи устод Муҳаммад Ғоибро барои кўдакону наврасон дарбар гирифтааст. Китоб хурд аст, лекин ба хонандааш таассуроти бузурге мебахшад.
Маҷмўа бо шеъри «Меҳмон» оғоз меёбад ва суннати аҷдодии меҳмони нав номидани навзодро бозгў мекунад. Ин ҳадафу маънӣ басо кўтоҳ, зебо ва таъсирбахш ифода шуда, тасвирсозии шоир манзараи муқаррариро ҷаззоб пеши назар меорад: ҳама бо ташвишҳои гуворои «меҳмондорӣ» овораанд, лекин худи меҳмон «дар гаҳвора ба гиря овора». Лутфу отифаи ин манзара ва тасвири шоиронаи он ба ҳаддест, ки ҳатман хонандаро мутаассиру хушҳол месозад.
Шеъри дигар гўё идомаи «Меҳмон» аст: Акаву додар барои ниничаи овардаи модарашон ном интихоб мекунанд ва ҳеҷ ба мувофиқа намерасанд – яке «Соҳиб» мегўяд, дигаре «Назар» ва «баъди баҳсу талоше» ҳардуро мепайванданду номи додаракашонро «Соҳибназар» мемонанд.
Ними ном аз они ман,
Ними ном аз Мурод аст,
– мегўяд ровии шеър ва хонандаро бо хулосаи латифи ғайриинтизор мафтун мекунад:
Касе надонад то ҳол,
Номашро кӣ ниҳодаст.
Шеърҳои «Гаҳворабандон», «Инӣ», «Нинӣ», «Чӣ даркор?», «Кӣ хоҳару кӣ додар?» низ мантиқан аз ин силсилаанд, ки расму оинҳои мардумӣ ва хислату сифатҳои қаҳрамонони хурдсолашонро бо лутфи ширину баёни рангин ифода кардаанд. Бубинед, ки дар ин шеъри мухтасар чӣ қадар лутфи шоир ва чӣ қадар нози ширини кўдакон ҷо шудааст:
– Оча, маро «ҷон» гуфтед,
«Нури ду чашмон» гуфтед,
«Моҳи ягона» гуфтед,
«Чароғи хона» гуфтед.
Ин қадар номи бисёр
Барои ман чӣ даркор?
Дар дигар шеъру достон, қиссаву афсонаҳо ва чистонҳои китоб ҳам ин мавзўъ, яъне бозгўи расму оин ва анъанаҳои миллӣ мавқеи барҷаста доранд. Ин танҳо бозгў нест, балки талқину тарғиби ноаёну муассири суннатҳоест, ки халқ дар тўли ҳазорсолаҳо офаридааст ва ҳар яке, агарчӣ зоҳиран гўё «ноҷиддӣ», латифу танзомез баён мешаванд, ифодакунандаи дунёи рангини маънавӣ, тафаккури волои бадеӣ ва мавқеи устувори инсонист.
Манзараи барчошчинӣ (шеъри «Барчош») чунин гўёву табиӣ оғоз ёфтааст:
Дасти ман зери пойе,
Дасте зери пойи ман,
Набарояд войи ў,
Набарояд войи ман.
Дар ин ҷо натанҳо ҳаққонияти тасвир, манзарасозии моҳирона, балки қофияҳои хушоҳанги барҷо дар маҷмўъ таассуротбарангезӣ мекунанд, талошу гирудори барчошчинҳоро пеши назар меоранд, аз пояндагии суннатҳо мегўянд ва хулосае пеш меоранд, ки талқинкунандаи яке аз пояҳои зиндагии ҳар кас – талошу чолокист:
Кафи дасте пури чиз,
Кафи дасте холӣ аст,
Дар ҳама ҷо чолокӣ
Боиси хушҳолӣ аст.
Дар шеърҳои «Тўёна» ва «Хотири меҳмон» муҳаббати тарафайни бибию наберагон ва падару модар он қадар амиқ ва ҳамзамон рамзӣ баён шудааст, ки хонандаро сахт мафтуну ба андеша водор мекунад.
Шеър хусусиятҳои зиёд дорад, лекин асосан ба пояи маъною тасвир ва лутфу баён ғайриодатӣ устувор аст. Шеърҳои барои кўдакону наврасон офаридаи устод Муҳаммад Ғоиб аз ҳамаи ин хусусиятҳо бархурдоранд. Бахусус, лутфи ширин, ки хоси гуфтаҳову навиштаҳои ўст, шеърҳоро сахт рангину хотирнишин кардаанд.
Қаҳрамони шеъри «Кабўтарам куҷо шуд?» дар ҷустуҷўи мурғаки худ сад фикру андеша мекунад ва гумон ҳам пеш меорад, ки шояд аз пайи дона рафта бошад. Ин ҳама табиист ва бо вазну қофияи мутаносиб, баёни ширин ва тасвирҳои зебо рўҳро меболонад. Лекин чизе ки хонандаро ҳайрон мекунаду завқро такон медиҳад, дигар аст, дар айни ҳол – байти зерин:
Кабўтари резинӣ
Наравад доначинӣ.
Ҳама чиз аз «бисмиллоҳаш» маълум мешавад. Аз ҷумла шеър. Агар оғози он бо ягон маъною тасвири ҷаззоб ва ё ҳарфи ғайриодатӣ хонандаро ҷалб кунад, аксаран он таассурот то охир коргар мемонад. Шеъри «Ҳашар»-и маҷмўа чунин сар мешавад:
Мўрчаҳо ҳашар карданд,
Ҳамаро хабар карданд.
Мўрчаҳо? – ҳамоно ба кор медарояд хотири хонанда. – Ҳашар? Мўрчаву ҳашар? Ва ин лутфи эҳсосбарангез касро ба қабули дигар хислатҳои ғайримўронае, ки шоир ба мўрон нисбат медиҳад, ҳозиру нозир мекунад, ҳатто ба пазируфтани хулосае низ, ки соф хоси инсон аст:
Ҳашар, ки барпо карданд,
Ризқашон пайдо карданд.
Қаҳрамони шеъри «Тарс» аз пушак тарсидани мушак, аз саг тарсидани пушак, аз гург тарсидани саг, аз хирс тарсидани гург ва ғайраро зикр мекунад, ки табиист ва шояд бинобар ҳамин табиӣ будан таассуроте барнаангезад, аммо вақте ки ба камоли лутф:
Хандида гуфто Салом
Тарсад аз бибӣ бобом,
аз ин «тарс»-и ғайриинтизор, ки бештар ифодаи меҳру муҳаббат ва эҳтирому ҳурмат аст, дар лаби хонанда табассум гул мекунад ва он ҳама тарсиданҳои табиӣ ҳам таъсиргузор мешаванд.
Як хусусияти умумии ҳамаи шеърҳои маҷмўа забони ширину баёни табиии он аст, ки аз ҷумла бо сохтану корбурди қофияҳои солиму хушсадо, соҳибмаъно муяссар шудааст. Ба ин қофияҳои зебову гўёву барҷо таваҷҷуҳ кунед:
Ба мисли аспи даванд,
Давид уштури лаванд.
(«Аспак»)
Бигуфто як «харсавор»
Бигзарам аз ҳар савор.
(«Шери сангӣ»)
Аз ду тараф абр омад,
Ду абри бесабр омад.
(«Абрҳо»)
Занӣ, гирёнчак шавад,
Саги тарсончак шавад
(«Сагча»)
Наҷунбида лунда шуд,
Дар ҷо мисли кунда шуд…
Оҳиста аз палак рафт,
Нахўрда як ҳандалак рафт.
(«Хорпуштак»)
Дар байни мо деворӣ,
Девори нодаркорӣ.
(«Кӣ гунахгор?»)
Пур аз хоку лой аст,
Намегўйӣ, ки пой аст.
(«Чилпо»)
Дид он ҷо, як духтарак
Нишаста рўи харак.
(«Амонро кӣ дид?»)
Дида шодии хола,
Пайванд шуд пиёла.
Партофт гап кўрпача:
– Айбе надорад бача.
Ҳамаро хабар кардаст,
Хабар аз як сар кардаст.
(«Мўрча ва ҳудҳуд»)
Чунон ки ишора шуд, китоб ғайр аз шеърҳои зебои ошнову ноошно чанд тамсили тозаэҷоди равону пурмаъно ва афсонаҳои нави «Кӣ гунаҳгор?», «Чилпо» (мазмун аз Азизи Азиз), «Амонро кӣ дид?», «Мусича ва ҳудҳуд») низ фароҳам овардааст, ки сужетҳои ҷолибашон бисёр равону ҷолиб баён ёфтаанд ва рамзу розҳои шоиронаеро баён намуда, далели ҳунармандӣ, заҳматписандӣ ва бозёфтҳои аёни устоди шеъри бачагонаанд.
Аз ин муҳимтар, маҷмўа дар маҷмўъ бо меҳру муҳаббати аён ба инсон, табиат, Ватан, ободкорӣ, умеду орзў эҷод шуда, ҳамин сифатҳоро ба хонандаи навроҳи адабиёт зебову гиро талқину тарғиб мекунад. Он, бе муболиға бо ҳар байту банд олами рангин, муҳити дилнишин ва забони ширини кўдаконро пеши назарҳо ҷилвагар месозад ва бо боварӣ метавон гуфт, ки агар бачаҳоямон пайваста аз чунин сухани баланду маъниву тасвирҳои дилписанд бархурдор бошанд, комилан руҳбаланду ҳушманд ба воя мерасанд ва дардманду ниёзманди дорую давои дигаре намешаванд.
Пури Ҷаҳонгир



