Дӯсти кӯдакону навҷавонон

(Дар ҳошияи нашри «Осори мунтахаб»-и Насим Раҷаб, (дар шаш ҷилд). Душанбе, «Истеъдод», 2025

Насим Раҷаб соли 1935 дар яке аз гаҳвораҳои фарҳангу адаби тоҷикон – шаҳри Самарқанд дар хонадони устои мисгар, ки дар баробари ҳунарманд будан, ҳамчунин аҳли китобу маърифат низ буд, зода шудааст. Бинобар ин ду фарзанди азизи ин хонадон: Бурҳон Раҷаб (ҳунарманди маҳбуби соҳаи кинову театр) ва Насим Раҷаб адиби андешапарвар, рӯзноманигор ва тарҷумони боистеъдод шуда, ба воя расиданд ва то нафасҳои вопасинашон дар хидмати фарҳангу адаби миллат буданд.

Солҳои кӯдакиву наврасии Насим Раҷаб ба солҳои вазнини ҶБВ рост омада буд. Ӯ дар ин солҳои мушкилу гарони иҷтимоӣ мактаби миёна ва олиро дар зодгоҳаш хатм карда, соли 1960 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд барои кор ба шаҳри Душанбе,  пойтахти навини бахт ва фарҳангу адаби тоҷикон, раҳсипор мегардад ва камари ҳиммат қавӣ медорад, то ин ки барои инкишофи фарҳангу тамаддуни ин шаҳри ҷавон ва азизу ба ҷону дил баробараш содиқонаву бедареғ хидмат намояд.

Насими ҷавон, ки табиатан табъи ҳазлкашу шӯх ва ба ҳаҷв моил дошт, мехост ба маҷаллаи «Хорпуштак» ба кор дарояду дар он ҷо ба навиштани ҳаҷвҳои намакин машғул гардад ва дар инкишофи ин навъи адабӣ ҳиссагузор бошад. Аммо нависанда Самад Ғанӣ ҳалимиву нармдилӣ, хоксорӣ ва сиришти мисли кӯдак беғашу самимии Насими ҷавонро рамузгирона дарк намуда, ба ӯ тавсия медиҳад, ки ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз», ки бино ба шаҳодати ҳамкорони ӯ, номи нави он ҳам интихоби Насим Раҷаб будааст), ба кор дарояд. Насими ҷавону заҳматкаш бо дилгармӣ корро дар ин рӯзнома оғоз намуда, нахуст хабару гузоришҳои хурду шавқовар барои кӯдакон менависад. Нависандагиро аз хабарнигорӣ оғоз намуда, чунон ба таҳқиқи олами кӯдакон шефта ва ғарқ мешавад, ки аз он замон то охири умри хеш танҳо дар як ҷой – дар он рӯзнома кор мекунад ва танҳо барои бачагону наврасон ва навҷавонон асарҳои ҷолибу мондагор менависад.

Насим Раҷаб воқеан шайдои олами поки кӯдакон буд ва пайваста барои онҳо эҷод намуду роҳу равиши тарбияи онҳоро бо қиссаҳои дилангези бадеии хеш ташвиқу тарғиб кард. Ин шефтагӣ ва дилбастагии ӯро ба олами покизаи кӯдакон ҳамсари нависандаи маҳбуб – адиби дигари тавонои кӯдакону наврасон Сафияи Носир дар китоби хеш «Минбари Насим» хеле хубу барҷаста тасвир кардааст, ки он дар ҷилди аввали «Осори мунтахаб»-и Насим Раҷаб,  бознашр шудааст.

Бидуни шак, Насим Раҷаб яке аз поягузорон ва инкишофдиҳандагони насри кӯдак ва навҷавони тоҷик мебошад. Ӯ бо офаридани ҳикояву қиссаҳои ҷолибу хонданӣ ва ба вуҷуд овардани симои ҳақиқии кӯдакону навҷавонони асили тоҷик бунёди насри бадеии кӯдакро дар адабиёти муосири тоҷик гузошт ва бо навиштаҳои хеш устувор намуд.

Зеро то омадани ӯ ба майдони адабиёти кӯдак адибе мисли ӯ пайваставу содиқона дар ин самт барои бачагону навҷавонони тоҷик асарҳои хонданӣ эҷод накардааст, ки бо вусъати зиёди ҳодисаву воқеаҳо ва таҷрибаҳои зиндагии марбут ба ҳаёти наврасон тафовут дошта ва қаҳрамонҳои онҳо асосан кӯдакону навҷавонон бошанд.

Асарҳои саргузаштии «Ёддоштҳо» ва «Субҳи ҷавонии мо»-и устодон Садриддин Айнӣ ва Сотим Улуғзода шарҳи ҳоли муаллифони хешро аз замони кӯдакӣ то ба синни булуғи онҳо қисса мекунанд ва ҷаҳони равонии онҳоро хеле хуб барои хонанда бозгӯ менамоянд, ки дар зоти худ ифодакунандаи олами беғаши кӯдакони тоҷик мебошанд. Аммо қиссапардози ин асарҳои саргузаштӣ худи муаллифон ҳастанд. Ва пас аз ин дар насри тоҷик асарҳои шавқоваре, ки қаҳрамонҳои асосии онҳо кӯдакон бошанд, кам дида мешавад.

Ҳикоятҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти бачагону наврасони тоҷик ягон-ягон аз тарафи адибони дигар навишта шудаанд, аммо адибе, ки пайваста, тамоми умр барои кӯдакону навҷавонон дар жанри нисбатан калони насрӣ қиссаҳои дилангез нависаду тамоми раванди зиндагии онҳоро дар мактаб, дар истироҳатгоҳ, дар таътил, дар боғ, дар кӯча, дар сафар ва дар паҳнои зиндагӣ ботаанӣ тасвир намояд ва мудом ба таҳқиқи бадеии олами ботиниву равонии онҳо дар гирудори олами иҷтимоӣ ва дар раванди такомули ҷисмониву фикрии онҳо саргарм шуда бошад, ба ҷуз аз Насим Раҷаб нависандаи дигареро ёд надорем. Мавсуф дар хона, дар кӯча, дар роҳу дар нақлиёт, дар муҳити иҷтимоӣ, дар сафарҳо ва дар тамоми роҳи зиндагияш дар андешаи тарбияи кӯдакону наврасон ва навҷавонон банд буда, роҳҳои дурусту таҷрибашудаи суннатии ҳунаромӯзӣ ва ба илму дониш рағбати бештар пайдо кардани онҳоро вобаста ба синну сол ва хусусиятҳои зеҳнии онҳо хеле хуб тавассути қаҳрамонҳои офаридааш пешниҳоди хонанда намудааст. Зеро ӯ хуб дарк менамуд, ки дар шаклгирии шахсияти инсон даврони кӯдакӣ муҳимтарин давраи камолоти шахс ба ҳисоб меравад, бинобар ин аз хурдсолӣ ба хондан ва ба китоб, ба меҳнатдӯстӣ бедор намудани шавқи кӯдак боис бар он мегардад, ки ӯ роҳи дурусти зиндагиро интихоб намояд. Кӯдаке, ки дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ба воя мерасад, ӯ дар ҷараёни меҳнати ҷисмонӣ таҷрибаи ғанӣ ҳосил менамояд ва ин таҷриба ӯро ба омӯзиши касбу ҳунарҳои бештаре шавқманд менамояд. Ин андеша чун хатти сурх дар тамоми асарҳои Насим Раҷаб ба мушоҳида мерасад.

Нахустин қиссаи ӯ «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд», соли 1972 омодаи чоп гардидаву аз назари баъзе нависандагону адибони нависанда гузашта будааст, аммо босабриву хоксорӣ ва нисбат ба худ ниҳоят серталаб будани Насим Раҷаб боис бар он шуда, ки ин асар соли 1987 (пас аз 15 соли навишта шудан) ҳамчун китоби алоҳида нашр шавад. Охирин асари нависанда «Аҳди кабки дарӣ» ном дорад, ки бинобар сабаби нотамом гузоштану дунёро тарк кардани ӯ онро ҳамсари эшон нависанда Сафияи Носир навишта, ба анҷом расонидаанд, ва ин ҳодиса низ дар адабиёти тоҷик ба назари мо падидаи нодир мебошад.

Шахсияти нависандагӣ ва осори ӯ дорои чандин вижагиҳоест, ки бархеи онҳоро мухтасар ин ҷо зикр менамоем: Якум. Насим Рачаб воқеан дар олами нависандагӣ шахси тасодуфӣ набудааст. Шахсияту наҷобати инсонии ӯ муносиб ба тинату табиати нависандагӣ буда, истеъдоди зотӣ доштани ӯро тасдиқ менамояд. Ӯ шахси мушоҳидакору зирак буд. Аз назди ҷонзод ва ашёе, ки дар макон ва муҳити зисти ӯ мавҷуд буда, бепарвову бетафовут рад намешуд, балки ба умқи мазмуну маънӣ ва рисолати ашё ва ё ҳодисаву воқеаҳои олами атроф кунҷковона ва мушоҳидакорона диққат дода, ҷавҳари онро нуктасанҷонаву мӯшикофона меомӯхт. Аз дидан ва мушоҳида намудани ҳар як лаҳзаи ҳастӣ як ҷаҳон маънӣ бардошт мекунад ва онро дар асарҳояш тасвир менамояд.

Дувум. Нисбат ба табиат, покизаву озода нигаҳ доштани муҳити зист, ҳифзи парандагону ҷонварон, сарсабзу зебо сохтани муҳити шаҳр ва макони зисти худ бо ниҳолу буттаҳо ва гулҳои зебои ороишӣ, бунёди боғҳо ва бо дарахтони мевадиҳандаву соядор сарсабз нигаҳ доштани заминҳо яке аз ормонҳои аслии нависандагии ӯст. Ин ормонро дар қиссаҳои «Асрори боғи бобом» ва «Макача» барҷаста тасвир намудааст.

Савум. Адиби наҷиби ҳувиятбон ва парваришдиҳандаи тоҷикияту озодагӣ дар тинати кӯдакону наврасон ва муҳофизи асолатҳои наҷиби инсонӣ ва миллӣ будани ӯро тамоми навиштаҳояш ба субут мерасонанд.

Чорум. Вижагии барҷастаи нависандагии Насим Раҷаб дар он намоён мешавад, ки ӯ бештар адабиёти кӯдаку навҷавонро ба адабиёт ва таърихи ғании гузаштаи халқамон  пайванд додааст. Аз кӯдакӣ ба омӯхтани илмҳои таъриху адабиёт, ки илмҳои инсонсозу ҳувиятсоз ҳастанд, фаро гирифтани кӯдаконро ба таври барҷаста дар амалу рафтори қаҳрамонҳояш таъкид менамояд. Ин хусусият низ дар тамоми қиссаҳои нависанда таҷассум ёфтааст, вале, ба гумони мо, дар қиссаҳои «Марвориди Эрондухт» ва «Даргоҳи меҳру вафо» беш аз дигар асарҳои ӯ намоён шудаанд.

Панҷум. Масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар тамоми навиштаҳои Насим Раҷаб чун масъалаи асосӣ дар тарбияи кӯдакону ҷавонон ба ҳисоб меравад. Кӯдакону наврасоне, ки ба ҳайси қаҳрамони қиссаҳои нависанда баргузида шудаанд, наврасони кунҷову огоҳ ва дорои ҳисси миллӣ ҳастанд, гӯшае аз муҳити зисти худро ободу зебо менамоянду покиза нигаҳ медоранд. Ба ин масъалаи муҳим қиссаи «Фара, Фира ва Зара» мисоли барҷаста мебошад.

Шашум. Тафовути нависандагии Насим Раҷаб дар он намоён мешавад, ки ӯ кӯдакону наврасони асарҳояшро ҳеҷ гоҳ беназорат ва бераҳнамоӣ намегузорад. Ҳамеша онҳоро калонсолони хона, маҳалла, кӯча ва муҳити иҷтимоӣ роҳнамоӣ мекунанду ба кори неку ободгарӣ ва ҳунаромӯзӣ ҷалб менамоянд. Бинобар ин, наврасону ҷавонони тасвиркардаи нависанда ҳеҷ гоҳ бекор нестанд ва бо андак роҳнамоӣ аз хислатҳои «бачагӣ»-и вайронкоронаи худ зуд ба созандагию кашшофӣ майл мекунанд, чун онҳо роҳнамои хуб доранд. Аз ин сабаб қаҳрамонҳои хурду навраси Насим Раҷаб душвортарбия набуда, аҳли фаҳму дарк ва насиҳатшунаву пандпазиранд, ки тарбияи ин паҳлуи шахсияти онҳо хусусан дар замони мо беш аз замонҳои дигар аҳаммияти бештаре касб мекунад.

Дар тамоми қиссаҳои Насим Раҷаб ин вижагӣ ба таври намоён ба мушоҳида мерасад. Ин хусусият ба навиштаҳои Сафияи Носир низ дахл дорад.

Ҳафтум. Насим Раҷаб нависандаи нуктадон ва нуктапавар аст. Ин хусусият хосси адибону суханварони бузургест, ки аз назокат ва латофати сухани форсии тоҷикӣ бархурдории хуб доранд ва адабиёти ғании халқамонро хуб медонанд. Сухан дар тасвири нависандаи нуктадон таъсирбахшу бо назокат ва фасеҳ иттифоқ меафтад.

Ин хусусияти забони осори нависанда дар тамоми навиштаҳои ӯ ба назар мерасад, ба назари мо бештар дар қиссаи «Вақте ки театр мегирист» барҷаста ифода шудааст. Чун худи театр ва намоишҳои он рамзу роз ва маъниву мазмунҳои амиқ доранд, аз ин рӯ нигоҳи нависанда дар он  асар дигаргуна аст. Бинобар ин, аз назари забон ва сабки баён навиштаҳои Насим Раҷаб қобили мулоҳизаи амиқанд.

Истифодаи мақолу зарбулмасал, калимаву таъбирҳои ноби тоҷикӣ, тарзи мубоҳисаву муоширати қаҳрамонҳо, лутфи дилангези гуфтор, пас аз ифодаи ҳар матлабе аз ашъори шоирони бузурги гузашта намунаҳои шеърӣ ва мақол овардан ва мисли инҳо сабки хосси нависандаро шакл додаанд, ки таҳқиқи алоҳидаро тақозо менамоянд ва муҳаққиқи худро интизоранд.

Ҳаштум. Қаҳрамонҳои тамоми қиссаҳо ва навиштаҳои Насим Раҷаб, ки асосан кӯдакону наврасон ва навҷавонанд, дорои ҳунару маҳорате мебошанд. Онҳо бекорӣ ва танбалиро аз худ бо ҳидояту роҳнамоиҳои калонсолону пайвандон зуд рафъ менамоянд. Нависанда қаҳрамонҳои навраси худро дар меҳнати ҷисмонӣ обутоб дода, ҳамзамон бо он ба андешаву тафаккур ва дар ҷараёни меҳнати ҷисмонӣ ба варзиши фикрӣ вомедорад. Онҳо ба чистонгӯйиву тезгӯякбофӣ, шеърхониву афсонагӯйӣ машғул шуда, ҳам ба офарандагии моддӣ машғул мегарданд ва ҳам ҷаҳони маънавияшонро ғанӣ мегардонанд.

Хулоса, Насим Раҷаб шахси қонеъу розӣ ва бедағдағаву фурӯтан буд. Аз касеву чизе норозӣ ва нороҳат набуд.

Воқеан, ин ризояти ӯ аз пуркориву сермаҳсулӣ ва ҳамеша ба офарандагӣ банд будани ӯ гувоҳӣ медод.

Осори мунтахаби ӯ аз шаш ҷилд иборат буда, дар он 20 қисса ва чор намунаи тарҷума аз адибони ҷаҳон Зайниддин Дӯстматов, Виталий Бианки, Иван Тургенев ва Марта Владимировна Гумелёвская фароҳам омадааст, ки ин аз пурсамар ва бедареғу фидокорона ба кори эҷод машғул будани ӯро ифода менамояд. Ва ин нависандаи пурмаҳсул ҳақдошт, ки сарафрозу озода ва қонеъ аз рӯзу рӯзгори худ бошад, ки ба назари мо, ҳамин аст хушбахтии як инсони хушиқболи эҷодкор!

Анзурати МАЛИКЗОД

Дигар хабарҳо