Бузургдошти адибони бузург

Дар партави сиёсати адабмеҳвари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар Тоҷикистони азизи мо боз ду ҷашни бузург – 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода баргузор мегардад.

Вобаста ба бузургдошти ин ду адиби варзидаи тоҷик, ки барои рушди афкори адабию фарҳангӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва тасвири арзишҳои таърихии миллати тоҷик дар асарҳои хеш хидматҳои шоён кардаанд, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронсҳои ҷумҳуриявии илмию амалии «Мирзо Турсунзода – шоири миллӣ ва шахсияти ҷаҳонӣ»  (5-уми май) ва «Сотим Улуғзода ва инъикоси арзишҳои бадеию таърихӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ» (18-уми сентябр)-ро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баргузор менамояд.

Ҳамчунин дар робита ба ин ҷашнҳо маҳфилҳои илмию адабӣ, озмунҳо, викторинаҳо дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, суҳбату мулоқотҳо бо адибон, нашри мақолаҳои илмию оммавӣ, таҳияи барномаҳои гуногуни телевизионӣ ва радиоӣ, филмҳои мустанад доир ба рӯзгор ва осори ин шахсиятҳои номвар сурат мегиранд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ азм дорад, ки вобаста ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ин ду қаламкаши бузург чорабиниҳои илмиву адабиро ба роҳ монад.

Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» тасмим гирифтааст, ки дар тули сол дар бораи рӯзгор ва осори Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода силсилаи мавод ба нашр расонад. Бинобар ин, аз адибон, пажуҳишгарон ва донишмандони тоҷик хоҳиш карда мешавад, ки маводҳои худро барои нашр пешниҳод намоянд.

Дигар хабарҳо