Аз Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад, ки дар асоси низомномаҳои Кумита ва Ҷоиза, қарорҳои бахшҳо ва Раёсати Кумита асарҳои зерин ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2026 пешбарӣ карда шаванд:

Бахши адабиёт
Мирзо Саидзода. «Нони шарикӣ» (роман). Душанбе, «Эр-Граф», 2024. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Давлати Раҳмониён. «Номаи офтоб» (маҷмуаи шеърҳо). Душанбе, «Адиб», 2024. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ
Исматулло Холиқов. «Чашмаи меҳр» (маҷмуаи сурудҳо). Душанбе, «Истеъдод», 2024. Ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Фурқат Саидзода. «Сози ватандорӣ» (маҷмуаи сурудҳо). Душанбе, «Аржанг», 2024. Ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Шералӣ Қосим. «Меъмори Истиқлол» (маҷмуаи адвор ва сабти сурудҳои солҳои 2023-2025). Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ
Ғафур Ҷўраев. «Живопись. Монументальная скульптура» (китоб-албом). Тошканд, 2024. Раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Бахши эҷодиёти бадеӣ барои кўдакон ва наврасон
Абдусаттори Раҳмон. «Хонаи мо – гулхона» (маҷмуаи шеъру манзума, чистон ва тарҷумаҳо). Душанбе, «Адиб», 2024. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Бахши журналистика
Бахтиёр Муртазо, Шералӣ Мўсо. «Чароғафрўзон» (маҷмуаи очеркҳо ва қиссањои ҳуҷҷатӣ). Душанбе, «Эр-Граф», 2024. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Бахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориљї
Абдусалом Мамадназаров. Тарҷума ба англисӣ ва пажуҳиши асарҳои Садриддин Айнӣ «Ҷаллодони Бухоро», «Марги судхўр», «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», чоп дар нашриётҳои Англия, ИМА, Тоҷикистон ва рўнамоӣ дар шаҳрҳои Лондон, Ню-Йорк ва Душанбе. 2022-2024. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ аз мутахассисон ва ҳамаи ҳаводорони адабиёту санъат хоҳиш мекунад, ки дар муҳокимаи ин асарҳо тавассути воситаҳои
ахбор, то 10 майи соли ҷорӣ, фаъолона иштирок намоянд.

Дигар хабарҳо