Рахсеб. Ғанӣ Ҷӯразода
Ба муносибати 90-солагии адиби шодравон Ғанӣ ҶӮРАЗОДА
РАХСЕБ
Китоби дина ба хондан сар кардаамро акнун ба даст гирифта будам, ки ба хона Абдулло даромад.
– Китобхонӣ ба дилат назад, Қобил? – гуфт Абдулло.
– Не, – гуфтам, – ин китоби бисёр шавқовар будааст. Шин, ҳамроҳ хонем.
– Э, мон китобхониатро, – гуфт Абдулло, – ҳозир ба каллаи ман ҳеҷ чиз намедарояд. Тамоми баданам месӯзад. Гард, оббозӣ мекунем.
Ҳаво тафсон буд. Гармсели тафсон ба рӯйи одам мезаду нафасро мегардонд. Нурҳои офтоб аз байни шохҳои бед гузашта, пӯсти рӯйро сӯзан халидагӣ барин месӯзонд. Суханони Абдуллоро шунида, бадани ман ҳам ба сӯзиш даромад. Шавқи китобхониам намонд.
Ману Абдулло ҷӯраю ҳамсолем. Аммо ӯ қариб ҳар рӯз барои нӯги сӯзан барин чиз бо ман ҷангӣ мешавад. Агар ман ба ягон фикри Абдулло розӣ нашавам, даррав меранҷаду қаҳр карда, ба хонаашон меравад. Он гоҳ ман зиқ мемонам. Охир, дар маҳалла ман дигар ҷӯраи ҳамсол надорам, то ки ҳамроҳ бозӣ кунам. Барои ҳамин бо ӯ зуд оштӣ мешавам.
Мо ба сӯйи наҳри калон равон шудем, ки деҳаи моро ба ду тақсим карда, ба заминҳои пахта ҷорӣ мешуд. Як гурӯҳ бачаҳои маҳаллаи ҳамсоя шӯру мағал бардошта, оббозӣ мекарданд. Мо ҳам хуб оббозӣ кардем. Баъд рӯйи регҳои тафсон дароз кашидем. Абдулло наҷунбида мехобиду хаёл мекард. «Ҳозир ягон гапи нав мегӯяд», – аз дил гузаронидам ман.
– Қобил, гушна намондӣ? – пурсид Абдулло, паҳлӯ гашта.
– Ту чӣ? – гуфтам ман.
– Ман, гушна.
– Ман ҳам. Хез, меравем.
Ӯ чизе нагуфта, ба атроф чашм дӯхт. Баъди сонияе гуфт:
– Як чиз гӯям, ҳа мегӯӣ?
– Чӣ? – пурсидам ман.
– Себ мехӯрӣ?
– Себ ҳоло напухтааст-ку?
– Рахсеб пухтагӣ.
– Дар куҷо? – пурсидам ман.
– Дар боғи Анбархола, – гуфт Абдулло. – Оҳиста ба боғ медароем.
– Анбархола дида монад-чӣ?
– Дида монад, мегурезем.
Анбархола дар маҳаллаи мо зиндагонӣ мекард. Боғи ӯ сари роҳи калон воқеъ гардида, атрофашро девори похса печонда буд.
Абдулло аз болои девор сарашро бароварда, боғро аз назар гузаронд. Ман дар мобайни роҳ истода, атрофро дидбонӣ мекардам. «Ҳеҷ кас нест, биё, – гуфт Абдулло ва аз девор фуромада, ба боғ даромад. Ман ҳам аз паси ӯ рафтам.
Рахсебҳо ранг оварда буданд. Ҳарду ба дарахт баромада, кисаҳои шимамонро аз себ пур кардему зуд ба ақиб гаштем. Тӯппиам бошад, ба навдаи биҳӣ дармонда, ба он тарафи девор афтид. «Чӣ бояд кард?» – бо тарсу ларз фикр кардам зуд.
– Чӣ шуд? – пурсид Абдулло.
– Тӯппиам афтид, – гуфтам ва аз саросемагӣ гаранг шуда мондам.
– Ман нигоҳ карда меистам, – гуфт Абдулло, – аз девор гузашта, тӯппиатро тез гирифта биё. Баро, тезтар.
Ман як ҳаллос зада, болои девор баромадам ва худро гурсӣ ба замин партофтам. Ҳамин вақт ҳодисае рӯй дод, ки мо онро ҳаргиз чашмдор набудем. Ба пошнаи пои ростам чизе халида чунон сахт дард кард, ки оби чашмонам баромад. Ба дарди поям нигоҳ накарда, тӯппиамро гирифтаму зуд ба девор баромадам. Бинам, ки аз пошнаи поям хун мешорад.
– Аз афташ, поятро шиша бурид, – гуфт Абдулло, – ба таги поят нигоҳ кунӣ, намешавад? Хуб гаранг ҳастӣ, Қобил!
– Он ҷо пури хасу хокрӯба буд, – гуфтам ман, – шиша буданашро аз куҷо донам.
– Ноуҳдабаро! – ба болои сӯхта намакоб пошид Абдулло.
– Ба ин азоб маро худат гирифтор кардию боз гап мезанӣ! – оташин шудам ман ва себҳоро аз кисаам бароварда, бо ҷаҳл ба оби ҷӯй партофтам.
– Ман гунаҳкор будаам… Э, моне, – Абдулло даст афшонда ба хонаашон рафт.
Ман лангон-лангон ба хона омадам. Модарам дар болои кат ҳамроҳи ҳамсоязанҳо гап зада менишаст. Дар байни онҳо Анбархоларо дида, дарди поямро боз ҳам сахттар ҳис кардам. Хун якзайл мешорид. Модарам поямро дида, ранги рӯяш канд ва пайиҳам саволборон кард:
– Чӣ гап шуд? Поятро чӣ бурид?
– Дар кӯча шишапора бурид, – дурӯғ гуфтам.
– Чашмат куҷо буд? – гӯён модарам аввал хуб ҷанг кард, баъд сиёҳии дег оварда, ба ҷароҳатам пахш намуд, то ки роҳи хунро бандад.
Анбархола аз воқеа бохабар шуда:
– Ба хаёлам, дар хонаамон йод буд. Ҳозир гирифта меоям, – гӯён аз ҷой бархосту ба тарафи дари кӯча рафт. Дере нагузашта, ӯ йод овард ва ба ҷароҳати поям молида, баста монд.
Падарам ҳам аз кор омада, маро ҷанг кард. Аз дарди пой ҳамон шаб то дер хобам набурд. Пагоҳӣ аз хоб хезам, ки падарам аллакай наҳорӣ карда, ба саҳро рафтааст. Модарам чой нӯшида менишаст. Ӯ поямро кушода, дида гуфт, ки баъди ношитоӣ ба духтур равам.
Ба ҳавлӣ Абдулло даромада омад. Димоғаш сӯхтагӣ буд. Ба назарам, аз кори дирӯзаамон вай ҳам пушаймон буд. Абдулло бо сари хам ба паҳлуям нишаста:
– Поят дард мекунад? – пурсид.
– Роҳ гардам, дард мекунад, – ҷавоб додам ман, – ҳозир ба духтур меравам.
Ҳамин вақт як лаълича рахсеб гирифта Анбархола омад. Модарам себро дида:
– Себатон аллакай пухтааст-дия, – гуфта, лаълиро аз дасти ӯ гирифта, рӯи дастархон монд ва миннатдорӣ намуд.
– Агар ягон ҳафтаи дигар истад, ҷудо нағз мепухт, – гуфт Анбархола. – Аммо бачаҳои маҳалла намемонанд. Дина боз кадом як бача ба боғ даромада, шохи себро шикастааст. Бача набошад, гӯяд-ку, худам чида медиҳам.
Ӯ баъд ба ман нигариста пурсид:
– Писарам, дарди поят сабук шуд?
– Ҳа, – кӯтоҳ ҷавоб додам ман ва аз шарм суп-сурх шудам. Абдулло ҳам бетоқат буд. Ба назарамон чунин намуд, ки Анбархола аз кори дирӯзаи мо бохабар асту ин суханонро қасдан гуфт.
Чӯҷачаи Аҳмадҷон
Аҳмадҷон як табақи тирезаи айвонро кушода, ба берун нигарист. Насими форами баҳор мевазид. Замин каб-кабуд, майсаю себаргаҳо бисёр, дарахтон пури гул буд. Села-села гунҷишку майнаҳо фир-фир парида, ба шохи дарахтон менишастанд ё поён фуромада, аз байни алафҳои рӯйи замин ҳар чӣ ёфта мехӯрданд. Аҳмадҷон дар шохи дарахти хурмо, ки рӯ ба рӯйи айвон қомат афрохта буд, мусичаеро дид, ки дар нӯлаш чӯбча дошт.
– Оча, ҳой, оча! – фарёд кард Аҳмадҷон.
– Ҳа, бачам, чӣ мегӯӣ? – гӯён модараш омад.
– Мусича чӯбча мехӯрад?
– Чӯбча? – хандид модараш. – Чӯбча намехӯрад, дон мехӯрад, нон мехӯрад, боз чизҳои ширина.
– Ана, бин, – Аҳмадҷон мусичаро нишон дод.
Модараш мусичаро дида гуфт:
– Дар нӯлаш будагӣ чӯбча не, хас. Бо хас хона месозад.
– Хона? Барои чӣ? – пурсид Аҳмадҷон.
– Дар хонааш тухм мегузорад, баъд аз тухмаш бача мебарояд, – фаҳмонд модараш.
– Кай мебарояд?
– Бисёр хобида хезӣ, баъд мебинӣ, ки аз тухмаш чӯҷача баромадааст.
Аҳмадҷон ҳар пагоҳ аз хоб хеста, ба айвон мебаромаду тирезаро кушода, мусичаро тамошо мекард. Мусича хас кашонда, хона месохт. Аз байн чанд рӯз гузашт, Аҳмадҷон дид, ки мусича ба даруни хонааш даромада хобидааст. Вай ба модараш хонаи мусичаро нишон дод.
– Акнун мусича тухм мекунад, – гуфт модараш, – баъд тухмро дар бағалаш гарм карда, аз он чӯҷа мебарорад.
– Кай мебарорад?
– Баъди якчанд рӯз.
Ҳамон якчанд рӯзи гуфтаи очааш ҳам фаро расид. Аҳмадҷон дар хонаи мусича чӯҷачаро дид, ки даҳонашро калон кушода, чириқ-чириқ мекард. Бисёр хурсанд шуд ва шодикунон давида, назди модараш омад.
– Оча, оча, чӯҷача баромадааст! Ана, биё, бин!
Модараш ҳам чӯҷачаро дида, хушҳол шуд.
– Очааш дар куҷо? – пурсид Аҳмадҷон.
– Очааш барои овардани хӯрок рафтагӣ. Аз ҳар ҷо дон чида, ба бачааш медиҳад, то ки зудтар калон шавад.
Ҳамин вақт мусича парида омаду ба даҳони бачааш аз нӯлаш хӯрок дод. Ва боз парида рафт. Як шаб шамоли сахт вазида, борони сел борид. Пагоҳӣ Аҳмадҷон ба айвон баромада, ба хонаи мусича нигаристу дар ҳайрат монд. На мусича буду на хонаашу на бачааш. Зуд модарашро ҷеғ зад. Модараш тирезаро кушода, поёнро аз назар гузаронд. Дар даруни ҷӯйбор мусича болу пар мезад. Аҳмадҷон ҳамроҳи модараш берун баромаданд. Чӯҷача чириқ-чириқкунон дар даруни ҷӯйбор мехобид. Мусича бо чанголҳояш дошта, бачаашро ба по хезонданӣ мешуду наметавонист. Вай наздик омадани Аҳмадҷону модарашро дида, гурехта, дур рафт. Модари Аҳмадҷон хам шуда, аз даруни ҷӯйбор чӯҷачаро оҳиста рӯйи даст гирифт. Пару бол надошт, пою чанголҳояш нозуку беқувват буданд. Ба пояш рост истода наметавонист. Дили Аҳмадҷон ба ҷонварак сӯхт. Вай бо ангуштонаш тани кӯчаки чӯҷачаро меҳрубонона сила карда, ғамгин шуд.
– Вой уболаке, – гуфт модараш, – шамол хонаашро вайрон кардааст. Ин ҷо монад, пишак мехӯрад. Беҳтараш, хона мебарем. Тирезаро кушода монем, очааш омада, дону об медодагист.
Модараш чӯҷачаро ба айвон даровард. Қуттии картонӣ ёфта, ба дарунаш хасу пахол андохт ва ба болои он чӯҷачаро монд. Баъд қуттиро бурда, назди тиреза гузошт, то ки мусича садои бачаашро шунида биёяд.
– Биё, хона медароем, – гуфт модараш, – агар мо ин ҷо бошем, мусича тарсида намеояд.
Ҳар ду хона даромаданд. Модараш аз пайи кори худ шуд. Аҳмадҷон аз тирезаи хона ба айвон нигариста, мусичаро интизор шуд. Чӯҷача беист чириқ-чириқ мекард. Садояшро шунида, мусича омад. Болои тахтаи тиреза истода, атрофро аз назар гузаронд, пас ба даруни қуттӣ даромада, ба бачааш хӯрок дод. Баъд боз парида рафт. Ҳамин тавр ҳар рӯз аз пагоҳ то бегоҳ хӯрок оварда, бачаашро парвариш мекард. Аҳмадҷон ҳам ба чӯҷача обу дон медод. Чӯҷача ҷон гирифта, ба по хест, болу пар баровард. Шодии Аҳмадҷон ҳадду канор надошт. «Чӯҷачаи ман, чӯҷачаи ман» – гӯён навозиш мекарду суруд мехонд.
Як рӯз Аҳмадҷону модараш барои хабаргирӣ хонаи бибиаш рафтанду шабро дар он ҷо гузаронда, рӯзи дигар баргаштанд. Аҳмадҷон дар айвон қуттии холиро дида, доду фиғонаш баромад:
– Оча, оча! Чӯҷача нест, гурба хӯрдааст!
Модараш қуттиро аз назар гузаронду гуфт:
– Не, бачам, гурба нахӯрдааст. Гурба ба ин ҷо намеояд.
– Набошад, канӣ?
– Қатии очааш рафтааст. – Модараш аз тиреза ба шохи дарахти хурмо нигариста, чӯҷачаро ҳамроҳи очааш дид. – Ана, ман гуфтам-ку, чӯҷачаро очааш бурдагӣ, – гуфт ва ба Аҳмадҷон шохи дарахти хурморо нишон дод.
– Чӣ, дигар ба хонаи мо намеояд? – бо дили озурда пурсид Аҳмадҷон.
– Акнун вай паррончак шудагӣ, қатии очааш парвоз мекунад, сайру саёҳат мекунад, баъд боз меояд, бачам, албатта, меояд.
Аҳмадҷон то ҳол чӯҷачаро интизор аст ва бовар дорад, ки вай ягон рӯз албатта, меояд.



