Адибони Бадахшон бо Пешвои миллат

 Адибони Бадахшон бо Пешвои миллат

Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду мафҳуми аз ҳам ногусаста ва ду муқаддасоти миллӣ маҳсуб мешаванд. Онҳо барои рушди тамоми самтҳои рӯзгори миллат ҳамеша шароиту имкони васеъ фароҳам меоранд. Илова бар ин, оромию амни Тоҷикистони азиз, ки самараи истиқлолу ваҳдати миллист, рукну масдари устуворе аст, ки барои амалӣ кардани нақшаҳои зиёд мусоидат менамояд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар санаи 11-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Анҷумани ХVI Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он аъзои ИНТ аз Шуъбаи бадахшонӣ низ ширкат намуда, суханрониҳо сурат гирифтанд. Дар оғози Анҷумани адибони Тоҷикистон Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Анҷумани адибон ироа гардида, дар анҷом Муроҷиатномаи иштирокчиёни Анҷумани адибон ба Пешвои миллат қироат карда шуд.

Дар таърихи 12.11.2025, соати 14.00 дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бо ташаббуси Раёсати ИНТ ва Шуъбаи бадахшонӣ бори аввал маҳфили адибони Бадахшон таҳти унвони “Бадахшон бо Пешвои муаззами миллат” баргузор карда шуд. Дар оғози маҳфил Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим суханронӣ намуд ва пас адибони бадахшонӣ намунаҳо аз ашъори худ қироат карданд. Суруду мусиқии овозхонҳои бадахшонӣ ба маҳфил тароват зам карда, хотири иштирокдорони маҳфили адабӣ — чеҳраҳои маъруфи адабиёти тоҷик, аъзои Раёсати ИНТ, бошандагони шаҳри Душанбе ва ҳаводорони каломи мавзун аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро болида сохтанд.

Таъкиди ин андеша зарур аст, ки ташкил кардани чунин маҳфилҳои адабӣ дар шаҳри Душанбе барои адибони Бадахшон, ки бори нахуст буд, аз ҳама ҷиҳат хотирмон ва як навъ дарси шеъру шоирӣ низ гардид.

Худи ҳамон рӯз шоми базми шеъру суруд доир карда шуд, ки қироати шеър аз ҷониби адибони Бадахшон ва сурудхонии ҳофизони хушовоз сурат гирифта, таъкид гашт, ки шеър рисолати маърифатии худро имрӯз низ адо менамояд. Бояд гуфт, ки дар баргузории маҳфилҳои адибони Бадахшон дар шаҳри Душанбе саҳми муовини Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ хеле калон буд.

Баъди бозгашт ба шаҳри Хоруғ тибқи супориши раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳфили адибони Бадахшон дар вилоят низ доир карда шуду ба он адибон аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳуриро даъват карданд.

Рӯзи баргузории маҳфили адабӣ дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 26-уми декабри соли 2025 муқаррар гардид.

Субҳи 26-уми декабри соли 2025 30 нафар адиб – намояндагони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва меҳмонон савори автобус ба сӯи деҳаи Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа раҳсипор шуданд, ки оромгоҳи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар он ҷост. Адибон оромгоҳро зиёрат намуда, гулчанбар гузоштанд. Пас ба осорхонаи устод Ширин Бунёд, ки дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ҷойгир аст ва он ба номи Ширин Бунёд гузошта шудааст, рафта бо китобҳо, ёддошт, расмҳои хотиравӣ аз солҳои гуногуни фаъолияти устод шинос шуданд. Дар ин ҷо аз хусуси мақоми Ширин Бунёд дар рушди адабиёт ва таъсиси Шуъбаи бадахшонӣ суҳбат доир гардид.

Пас аз ин аҳли адаб боз ба шаҳри Хоруғ раҳсипор шуда, дар мавзеи Баҳрхоруғ оромгоҳҳои шоирон Нодир Шанбезода ва Қудрати Шуғнониро зиёрат намуда, дар сари марқади онҳо низ гулчанбарҳо гузошта, суханронӣ карданд. Баъд аҳли адаб ба шаҳри Хоруғ баргаштанд. Пеш аз баргузории маҳфили адабӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ аз намоиши китобҳо, ки аз асарҳои Пешвои миллат ва адибони тоҷик, дастовардҳои Шуъбаи бадахшонӣ иборат буда, дар бинои Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров ташкил карда шуд, дидан намуданд.

Дар санаи 26-уми декабри соли 2025, соати 14:00 дар бинои Театри вилоятӣ (дар шаҳри Хоруғ) маҳфили адибони Бадахшон таҳти шиори “Бадахшон бо Пешвои муаззами миллат” баргузор гардид, ки дар он 14 аъзои ИНТ аз Шуъбаи бадахшонӣ ва 30 аъзои Шуъбаи бадахшонӣ ва меҳмонон ширкат намуданд.

Раиси Вилояи Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ маҳфили адабиро бо сухани табрикӣ ҳусни оғоз бахшида, ба адибони Шуъбаи бадахшонӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди адабиёт ва иштироки фаъолона дар корҳои оммавӣ-сиёсӣ ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Пас адибон шеърхонӣ карданд, ҳофизон дар мавзуъҳои Ватан, модар, ваҳдат, истиқлол сурудҳо пешниҳод карданд. Чизи ҷолиби дигаре, ки дар ҷараёни маҳфили адабӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд, навор (слайд)-е буд, ки ба воситаи он расми адибони Бадахшон бо шарҳи ҳолу фаъолияти онҳо барои иштирокдорони маҳфил пешниҳод карда шуд.

Раиси вилоят дар анҷоми маҳфили адабӣ аз баргузории он изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд, ки ин гуна чорабиниҳо барои тарбияи маънавии мардум, бахусус, насли ҷавон дар ҷаҳони ноамни имрӯза кумак менамоянд ва минбаъд бештар хоҳанд шуд.

Ҳамон рӯз соати 16:00 бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, бахусус раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ шоми шеъру суруд баргузор карда шуд, ки хеле хотирмон гузашт. Шоирони ҷавон аз осори худ барои ҳозирин намунаҳо қироат карданд, ки ҳам барои худи онҳо шодиовар буд ва ҳам иштирокдорон онҳоро хуш пазируфтанд.

Адибон зарурати баргузории чунин маҳфилҳоро таъкид намуда, ба раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ барои дастгирии ташаббуси Шуъбаи бадахшонӣ ва адибони вилоят изҳори сипос карданд. Бояд гуфт, ки ташкили чунин маҳфилҳои адабӣ дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар сатҳи вилоят (дар шаҳри Хоруғ) аз якчанд ҷиҳат судманд буд: аввалан, доир шудани ин гуна маҳфилҳои адабӣ адибони Бадахшонро, ки аз ҳам дар фосилаҳои дур – дар ноҳияҳо зиндагию кор мекунанд, бо ҳам меорад, сониян, адибон аз наздик бо осори назмию насрии ҳамдигар бештар шиносоӣ пайдо мекунанд, солисан, барои адибони ҷавон ва навқаламон ширкат дар ин гуна маҳфилҳои адабӣ ҳамчун дарси эҷоди назму наср ва огоҳии бештар аз адабиёти муосири тоҷик кумак менамояд. Ва, ниҳоят, ин маҳфилҳо барои дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, фарҳангпарварию ада биётдӯстӣ тарбияи кардани насли ҷавон дар шароити ҷомеаи пурта зодди имрӯза мадад хоҳанд расонд.

Баргузории маҳфилҳои адабӣ дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома хоҳад ёфт.

Лаълҷубаи Мирзоҳасан,
котиби масъули шуъбаи бадахшонии ИНТ

Дигар хабарҳо