Дар мотами ту ҷамъи малак гиря кунад…

Дар мотами ту ҷамъи малак гиря кунад,
Чун будӣ аз ин ҷамъ, фалак гиря кунад.
Аз марги ту сӯзад ҳама, аммо бисёр
Бому дари ҳар камбағалак гиря кунад…
Давлат Сафар

***

Ало, сайди шикори ҷаҳли инсон,
Кабӯтарбаччаи бепар парафшон.
Касе, ки дар азои ту нагиряд,
На дил дорад, на ҷон дорад, на имон.
Гулрухсор

***

Бо дарди ту, Қобил, ҳама дунё бигирист,
Мурғони ҳаво, моҳии дарё бигирист.
Нокушта касе, чу куштаи зор шудӣ,
Ҳамсояи Хуршед – Масеҳо бигирист.
Рустам Ваҳҳобзода

***

Фалак зи марги ту ҷои азост, Қобилҷон,
Малак ба ғуссаи ту мубталост, Қобилҷон.

Ҳамин, ки мечакад аз осмон, на борон аст,
Ҳадиси муштараки дарди мост, Қобилҷон.

Шаҳодати ту ҷаҳонро ба сӯги жарф нишонд,
Замин ба дидаи ман Карбалост, Қобилҷон.

Ду чашми бепанаҳи ту ба хобу бедорӣ
Ба чашми намзадаам бармалост, Қобилҷон.

Нишони дашнаи миллатгаро шудӣ, ҳарчанд
Ки пушт-пушти ту инсонгарост, Қобилҷон.

Ҳамин умед маро медиҳад дигар таскин,
Ки пуштибони ту он ҷо Худост, Қобилҷон.
Толиби ЛУҚМОН

***

Хостам гӯям: «Шаби ялдо муборак, дӯстон!»,
Рӯйи Қобилҷон ба пеши рӯям омад, чун кунам?

Гар ниҳон дорам ғамаш, тарсам, ки дил тангӣ кунад,
Гар кашам фарёд, метарсам, ки ғам афзун кунам.

«Тоҷикам ман» гуфтаву бо ин гуноҳаш кушта шуд,
«Тоҷикам ман!» гӯяму истеза бо гардун кунам!

Дар шаби ялдо намегунҷад ғами садсолаам,
Ҳафт дарёро бигирям, то ғамам берун кунам.

Аз анори дил фишорам донаи хунбастаро,
«Чашмҳоро чашма созам, чашмаҳоро хун кунам».
Абдуллоҳи Раҳнамо

***

Кӣ гардонад зи раҳ сарви равонро,
Диҳад тағйир муҳри осмонро.
Ҷароҳатҳои танро метавон баст,
Кӣ мебандад ҷароҳатҳои ҷонро.

Куҷо рафтӣ, балогардони модар,
Ки поёни ту шуд поёни модар.
Пас аз ту дар ҷаҳони теғбозон
На модар монду не ҷон, ҷони модар.

Худоё, ғунчаи аҳмар шаҳид аст,
Китобу хомаву дафтар шаҳид аст.
Умеди мурдаву хуршеди мурда –
Дили модар, дили модар шаҳид аст.

Хазон шуд кӯдаки хушноми олам,
Азизи сабзу гулпайғоми олам.
Чу дарди тоҷикон дарди шумо шуд,
Сипос, эй беҳтарин ақвоми олам.

Ҷаҳон аз рафтанат хуни ҷигар шуд,
Низоми гардиши гардун дигар шуд.
Зи дасти ноҳақон фарзанди тоҷик
Ба Ҳақ пайвасту фарзанди башар шуд.

Худоё, зулмро бардор, бардор,
Худоё, меҳрро бигзор, бигзор.
Ба ин дунёи бадкешу накӯкуш
Сафои рафтаро боз ор, боз ор.
ФАРЗОНА

***

Дар ғарибистони Маскав,
Дар сарои кулфату армони Маскав
Модари зору ғарибе
Бо сиришки орзуҳо
Рӯзу шабҳо
Фарш мешуст,
Фарши мактабхонаи русӣ.
Бо умеди он ки фарзандаш дар ин мактаб
Хонаду соҳибҳунар гардад,
Нахли армону умеди рӯзгораш
гулбасар гардад…
Бо сиришки талхи ҳасрат
Модари бечора инак фарш мешӯяд.
Аз ҳамон фарш
Гарди по на,
Хуни фарзанди азизи номуроди
нозанинашро
Хуни фарзанди шаҳиди ростинашро.
Дар ғарибистони Маскав,
Дар сарои ҳасрату армони Маскав
Аз чунин бедоди қисмат,
Гарчи ноқуси калисоҳо хамӯш аст,
Руҳи покону шаҳидони замини Рус
То қиёмат дар хурӯш аст.
Ҳасани СУЛТОН

***

Ба мисли қиблагоҳаш хост бошад
Дар оянда чунон марди низомӣ,
Ки кори нотамоми қиблагаҳро
Ба зӯри худ бибахшад ӯ тамомӣ.

Пас аз марги падар дар хурдсолӣ
Варо модар ба мулки рус овард.
Барои он ки хонад дар дабистон,
Ба сахтиҳои бисёре бипарвард.

Калон ногашта, душмандор гардид,
Гуноҳи ӯ, ки тоҷик буданаш буд.
Намедонист, кӯтаҳ роҳи умраш,
Раҳи илми ҷаҳон паймуданаш буд.

Ба мактаб руси наврас теғ дар даст
Биёмад бо ҳама миллатгароӣ.
Ба зери теғборон монд тоҷик,
Ки танҳо ёфт баъд аз ҷон раҳоӣ.

Кунун модар барои кӣ занад дил?
Кунун додар равад бо кӣ ба мактаб?
Ки Қобилҷон ба дунболи падар рафт,
На ҷойи дигаре рафту на мактаб.

Тани беҷони ӯ ояд ба меҳан,
Шавад як теппа хоки Ҳафттеппа.
Марав, тоҷик, аз ин пас бар дари рус,
Нахоҳам дидан аз гӯри ту теппа.
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН

***

Зодаи кӯҳам, зи тифлӣ по ба дарбандам,
Оҳ, тоҷикам, миёни ҷода дар бандам.
Орзу дар дил чунон бисёр дорам, ки
Ҳар дарахте пешам ояд, латтае бандам.
Ғурбат охир бурд бо худ шодмониям,
Ман дигар бегонахуд, бегоналабхандам.
Таксафедори баланде будаму афсус,
Сад табарбардаст омад, то дарафкандам.
Дур аз хоки Ватан-як зиндаи мурда,
Чунки ман бо зодгоҳам хокпайвандам.
Бо Ватан як кӯҳ гап дорам, Худо шоҳид,
Кӯч мебандам аз ин ҷо, кӯч мебандам.
Насимбек ҚУРБОНЗОДА

***

Чашмам сияҳ зад, шом куву боми нурафшон куҷост?
Роҳи кушод ин гоҳ куву чоҳи чун зиндон куҷост?
Аз рӯйи сар ворафт гардуну замин аз таҳти по,
Ман монда андарвостам, боло куҷо, поён куҷост?
Ҳайвон бувад ҳайрон ба ҳайвонигарии одамин,
Ку одаме гӯяд, ки фарқи одам аз ҳайвон куҷост?
Ваҳшитарин ваҳшӣ на ваҳшитар зи ваҳшиодам аст,
Фарде, ки орадмон бурун з-ин вежаваҳшистон, куҷост?
Ин сон, ки аз инсонияш инсон бигардондаст рӯ,
Аз баҳри инсон кардани инсон маро имкон куҷост?
Ҷонбаргарав ҷӯянд нон хайле ба ҳар кӯ, дар Замин
Ҷое на андар қимати ҷон бар каф орӣ нон, куҷост?
Хун зумрае резад барои ирқу дин, бар серияш
Хунташнаро дар хуни худ марде диҳад ҷавлон, куҷост?
Тифли биҳиштие зи теғи дӯзахие шуд ҳалок,
Бар маъманаш то ҷой гирад, дӯзахи сӯзон куҷост?
Тоҷик ман! – гуфту фидои номи миллат кард ҷон,
Эй ҷони тоҷикии ман бар ҷон-ш, Қобилҷон куҷост?
Салими Зарафшонфар

 

Дигар хабарҳо