Дӯсти адибони ҷавон

 Дӯсти адибони ҷавон

Соли дувуми донишҷӯӣ аз кафедраи адабиёти донишгоҳамон барои кори курсии ман ҳикояи «Аспи обӣ»-и устод Баҳманёрро пешниҳод карданд.

Ҳамин тавр, ҳикояи «Аспи обӣ»-ро бори дигар хонда, рӯзе ба Иттифоқи нависандагон омадам, то бо муаллиф суҳбат кунаму кори курсиам беҳтар иншо гардад. Аммо он касро наёфтам. Яке аз ҳамкоронашон тавассути телефони корӣ ба устод занг зада, гӯширо ба ман дароз кард. Мақсадамро гуфтам.

– Ман пагоҳ ба коргоҳ меравам. Биё, ҳамсуҳбат мешавем, – гуфтанд.

Пагоҳ боз ба Иттифоқи нависандагон омадам. Бори аввал гулҳои парваридаи Баҳманёрро медидам. Ҳар як хандон. Нависанда баъди суҳбат варақеро ба дастам доданд, ки дар он тарчумаи ҳолашон буд ва гуфтанд, шояд дар кори курсиат лозим шавад.

Оҳиста-оҳиста бо насри Баҳманёри шуҳратёр бештар шинос шудам. Вакте таҳсил дар донишгоҳро ба охир расонидам, ба Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба кор рафтам. Дар он ҷо Ардашер, ҷияни Баҳманёр ҳам омӯзгор буд. Бо ҳам дӯст шудем. Чун фаҳмид, ки ба насри устод дилбастагии зиёд дорам, китоби «Сармаддеҳ»-ро ҳадя кард.

Баъди чанд сол корманди ҳафтавори «Адабиёт ва санъат шудам. Ин боис гардид, ки ҳар рӯз дар қатори дигарон адибро бинам, ҳамсуҳбат гардам. Ҳар саҳар, пеш аз саршавии кор, бо чанде аз ҳамкорон дар кабинети пур аз гулашон ҷамъ мешудем, кокутичой менӯшидем, суҳбатҳо мекардем.

Устод Баҳманёр дар ҳама мушкил маслиҳатгару роҳнамои мо буданд. Он касро тобистони соли 2020, вақте ба рухсатӣ баромаданд, хеле ёд кардем. Рӯзе, ки баргаштанд, бо ҳамкорон вориди кабинеташон шудем. Мушоҳида кардем, ки гулҳо пажмурда гаштаанд. Сабаб пурсидем. Бо табассуми хос ҷавоб доданд:

– Ҳарчанд фаррош гулҳоро дар вақташ об додааст, набуданам боис шуда, ки пажмурда гарданд. Акнун, ки баргаштам, бо чашмони худ хоҳед дид, ки монанди пешин механданд.

Воқеан, баъди 5-6 рӯз гулҳо аз нав шукуфон шуданд. Гӯиё соҳибашонро пазмон гаштаву маҳз барои мавсуф хандаҳояшонро нигоҳ медоштанд. Шохаи яке аз гулҳои ниҳоят калон ба замин сархамида меистод. Устод ба хотири нашикастанаш чигаси русиеро такягоҳаш карда буданд, ки хеле аҷиб ба чашм мерасид. Гулҳои солиёни зиёд парваришёфта мисли ниҳоли дарахт ё дарахти ҷавон шуда буданд.

Устод Баҳманёр бо мо, чавонҳо, унс гирифта буданд. Агар рӯзе ба наздашон намерафтем, занг мезаданд. Як саҳар касе аз дар ворид шуда, баъди ҳолпурсӣ ба он кас моро ишора карда, бо ҳазл гуфт:

– Инҳо доим бо шумоянд-ку.

– Инҳо агар як рӯз маро набинанд, зиқ мешаванд, табассумкунон посух доданд устод.

Ҳазлашон ҳақиқат дошт. Рӯзе ҳангоми ба коргоҳ омадан дар роҳ афтидам. Дастам сӯзише пайдо намуду варам кард. Дар роҳрави Иттифоқи нависандагон устод Баҳманёр маро бо ин ҳол дида, зуд як миқдор пул аз ҷузвдони майдаи сурхранги худ бароварда, маҷбур ба ҷайбам гузоштанд ва гуфтанд:

– Дарҳол ба шифохонаи Истиқлол, ба назди шикастабанд Норим Одинаев рав ва аз номи ман салом гӯву дастатро нишон деҳ.

Ба шифохона рафта, шикастабандро пайдо кардам. Баъди ташхис маълум гашт, ки дастам шикастааст. Норим Одинаев гаҷи гармкардаро ба дастам молида, бо дока баст. Вақте ҳаққи хидматашро пурсидам, – ба устод Баҳманёр саломи маро расон, – гуфт.

Устод Баҳманёр адиби ҳамеша дар ҳоли ҷустуҷӯи вожаву ибораҳои кам ё дигар истифоданамешуда буданд. Ба ҷуз аз он ки мутолиаи пайваста доштанд, аз ҳамсуҳбатонашон мудом мепурсиданд, ки дар маҳаллашон ин ё он ашёро чӣ меноманду чӣ гуна талаффуз мекунанд. Ин нависандаи камназир аксаран худашон мавзуи суҳбатро ба миён мегузоштанд. Аз интернет дур буданд, аммо доим аз навигариҳои он моро мепурсиданд. Боре гуфтанд:

– Навиштани ҳикояеро сар кардам. Аз интернет чӣ маълумоте дар бораи зоғ ёбӣ, ба ман чоп карда, деҳ. Чунки аз маълумоти дар китобҳо хондаам қаноатманд нестам. Ҳамин гуна ба кори нависандагӣ ҷиддӣ муносибат доштанд. Дар чунин суҳбатҳо рӯзе сарашонро бо афсӯс ҷунбонда, гуфтанд, ки дар ҷое номи деҳаеро, ки «Вағаштон» буд, ба «Навобод» иваз кардаанд. Ҳол он ки имрӯзҳо «Навобод» бисёр аст ва «Вағаштон» вожаи суғдии қадим буда, хавфи нестшавияш расида. Сипас ман ёдоварӣ кардам, ки дар ҳамсоягии деҳаи мо то ҳол бо номи «Вағаштон» деҳае ҳаст. Устод оҳи сабуке кашиданду каме осуда шуданд…

Хабари маргашон барои мо ногаҳонӣ буд. Зеро аз синну солашон ҷавонтар буданду чолоктар ва аз саломатӣ шикояте намекарданд. Бо ҳамкорон ба сӯйи хонаашон роҳ пеш гирифта, аз хислатҳои наҷибашон ёд кардему аз рафтанашон афсӯс хӯрдем…

Ёдашон ба хайр!

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»

Дигар хабарҳо