“Ривояти суғдӣ” дар нақди адабӣ

 “Ривояти суғдӣ” дар нақди адабӣ

Аз чопи қиссаи “Риво­яти Суғдӣ”-и устод Со­тим Улуғзода 50 сол сипарӣ шуд. Ба ин муносибат дар Иттифоқи нависандагон маҳфили илмию адабӣ бар­гузор гардид ва адибону пажӯҳишгарон дар бораи таърихи иншои ин асари машҳур, арзиши бадеӣ ва вежагиҳои хоси он анде­шаҳояшонро баён карданд. Матлаби зер ба ҳамин му­носибат пешкаши хонанда­гон мегардад.

Қиссаи С. Улуғзода «Ривояти суғдӣ» (1975) таърихи гузаштаи дури мардуми тоҷикро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки равандҳои асосии эҷодӣ ва таҳаввули сабки С. Улуғзо­да аз ҷониби муҳаққиқи зиндаёд М. Раҷабӣ дар китоби «Сотим Улуғзода – абармарди набард ва андеша» ҳамаҷониба омӯхта шудааст ва ба қавли адабиётшинос М. Шакурӣ, ин китоб «мукаммалтарин пажӯҳише дар насри Улуғзода ва бояд таъкид бикунем, якумин таҳқиқи илмии му­каммал дар бораи ин нависандаи барҷастаи тоҷик аст».

Адабиётшинос Х. Асозода ҳам, бо сарфи назар намудани баъзе анде­шаҳои М. Раҷабӣ, дар бораи китоби ӯ «Сотим Улуғзода – абармарди набард ва андеша» бар ҳамин ақида аст: «Алъон ин китоб мукаммалтарин навиштаи адабиётшиносӣ оид ба С. Улуғзода хоҳад буд. Муаллиф осори адибро батамом бо назари тозаи адабиётшиносӣ мавриди баҳс қарор медиҳад. Пеш аз ҳама осори С. Улуғзодаро дар пайвастагӣ бо ҳунари эҷоди ӯ ба тадқиқ мегирад. Тамоми фаслу бобҳои рисоларо назари нав ба эҷоди бадеӣ ташкил додааст» (Асозода Х. Сотим Улуғзо­да ва фоҷиаи ӯ, С.14.).

Дар бораи қиссаи «Ривояти суғдӣ» дар таҳқиқоти дигари М. Раҷабӣ «Тадқиқи таърих – тадқиқи характер» дар муқоиса бо образҳои дигар-Во­сеъ, Аноргул (романи «Восеъ»), Зу­лайхо («Саргузашти Сафармахсум»- и Ҷ. Икромӣ) симои Наниманча ва Виркан аз нигоҳи образҳои зан дар насри таърихии тоҷик таҳлил шуда­аст. Аслан ҳаёт ва эҷодиёти Сотим Улуғзодаро дар асарҳои ҷудогона ва ё дар шакли мақола М. Шакурӣ, Л.Н. Демидчик, Х. Шарифов, Р. Му­сулмониён, Х. Асозода, А. Набавӣ ва дигарон баррасӣ намудаанд. Дар ҳар яке аз ин пажӯҳишҳо, дар бораи фаъолияти эҷодӣ, асарҳои нави­санда ва маҳорати таърихнигорӣ ва тахайюли бадеии ӯ сухан рафтааст. Дар ин пажӯҳишҳо дар бораи қиссаи «Ривояти суғдӣ» ҳамчунин баъзе му­лоҳизаҳо гуфта шудаанд. Масалан, ба ақидаи адабиётшинос Х. Асозода, «Ривояти суғдӣ» фоҷиаи худи адиб аст …. ин фоҷиае мебошад, ки дар таърихномаҳо таъкид ёфтааст”.

Дар ин маврид адабиётшинос зери мафҳуми фоҷиа ба хориҷа фи­рор кардани писари нависанда Азиз­ро дар назар дорад, ки оқибатҳои рафтори вай падарро ба таъқибҳои сиёсӣ гирифтор карда буд. – Вале Улуғзода чун намояндаи хонадони маъруфи тоҷикони Чусти Фарғона, – менависад адабиётшинос Х. Ша­рифов, – дар рӯёрӯйи мушкилоти пешомада аз худ камоли ҳиммат ва иродат нишон дода, ба шуғли ҳақиқии эҷодӣ ва нависандагӣ ка­мар баст ва рӯй ба масири таърих оварда, аз он лаҳзаҳои тақдирсоз ва ҳассоси миллиро ҷустуҷӯ кард ва таълифоти барои адабиёти тоҷик шоёнеро ба вуҷуд овард (Шарифов Х. Гӯяндаи достони таърихи тоҷикон дар китоби Озурдагон ва умедво­рон). Ба ин далел метавон гуфт, ки ҳикояи «Марги ҳофиз», қиссаи «Ривояти суғдӣ» барои нависанда воситаи раҳоӣ аз рӯҳафтодагию ғам­задагӣ ва пайвастан ба падидаҳои таърихии миллии хеш буд.

Дар бораи қиссаи «Ривояти суғдӣ» мунаққид А. Сайфуллоев дар анҷумани ҳафтуми нависандагони Тоҷикистон аз дидгоҳи табақотӣ ва идеологияи даврони шӯравӣ нуқтаи назари худро чунин қайд мекунад: «Қиссаи Сотим Улуғзода «Ривояти суғдӣ» бештар характери афсонавӣ дорад, муборизаи ватандӯстонаи мардуми суғдро бар зидди истило­гарони араб дар асри VII бо забони фасеҳу малеҳ тасвир кардааст. Аммо нависанда дар тасвири баъ­зе образҳои ҳукуматдорони Суғд, масалан, Хотун – маликаи Бухоро аз ҳадди эътидол мегузарад (ҳар як сардори давлати феодалӣ) ва ӯ ба образи идеалӣ табдил меёбад. Ҳол он ки Хотун ҳам монанди ҳар як сардори давлати феодалӣ истисмор­гар аст (Сайфуллоев А. Бурду бохти насри тоҷик//Садои Шарқ, 1976. №7).

С. Улуғзода, ки таърихро аз сар­чашмаҳои муътамад амиқ омӯхта, воқеаҳои муҳимми замонҳоро бо судҷӯйӣ аз тахайюлоти бадеӣ моҳи­рона ба кор бурдааст, ба мунаққид ҷавоби саҳеҳ ва боварбахш медиҳад ва ин андешаи А. Сайфуллоевро «шоҳиди аз таърих бехабар буда­ни» мунаққид медонад (Улуғзода С. Реплика ба мунақкид//Маориф ва маданият. 1976, 9 октябр). Ҳамчунин, мақолаи дигари нависанда таҳти ун­вони “Ҳақиқати асар ва танқиди он” (1977) ба чоп мерасад, ки дар он ба мунаққид бо далелҳо ҷавоби саҳеҳ дода мешавад.

Дар “Ривояти суғдӣ” симои ду зан – яке Наниманча, ки барои халосии шавҳараш далерию бебокӣ ва садоқати беинтиҳо нисбат ба хоку обу кишвараш нишон медиҳад ва дигар сифатҳои ҷавонмардӣ, фурӯтанӣ ва бебокию дурандешӣ дар симои маликаи Бухоро, ки дар таърих Хотун (Хутак-хотун-бухорхудот) ном бурда шудааст, акс ёфтааст. Ба ин далел нависанда пеш аз истилои араб озод будани занони Суғд ва ба дигар корҳои сиёсию давлатдорӣ иштироки фаъолона доштани онҳоро ба тасвир гирифтааст. Образҳои Наниманча ва Виркан тахайюлӣ бошанд ҳам, нависанда муваффақ шудааст, ки воқеаҳои таърихии гузаштаи пеш аз Исломро боварбахш тасвир намояд. Масалан, Хотун ё Хутак шахси таърихӣ буда, аз рӯйи маълумоти Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ дар китоби «Таърихи Бухоро» гумон меравад, ҳам «хутак» ва ҳам «хотун» аз забони суғдӣ бошанд. Хотун зани оқиле буда, 15 сол дар Бухоро ҳукмронӣ намудааст. Арабҳо чандин бор ба Бухоро ҳуҷум меоваранд ва Хотун низ ҳар дафъа бо онҳо сулҳ баста, маблағе медод ва онҳоро аз Бухоро дур мекард. Дар қиссаи «Ривояти суғдӣ» С. Улуғзода дар тасвири симои Хотун, тарзи давлатдории ӯ, ғоратгарии Убайдуллоҳи Зиёд, Саид ибни Усмон, Язид ибни Муовия «Таърихи Бухоро» такя кардааст.

Дар қисса, ҳамчунин, дар бораи тариқи подшоҳии маликаи Бухоро – Хотун сухан рафтааст, ки ин маълу­мот бо китоби «Таърихи Бухоро» мувофиқат мекунад, аз ҷумла чунин оварда шудааст: «Ҳар бомдод вай (Хотун) бо муқаррабон, надимони худ савора аз қалъа баромада ба дами дарвозаи Регистон дар саҳни болои зинапоя бар тахт менишинад. Дар пешгоҳи ӯ, дар рӯбарӯйи дар­воза дусад ҷавони зарринкамари шамшердор ба ду қатор саф кашида ва омодаи хизматанд…. ».

Наршахӣ ин маълумотро ба та­риқи зайл зикр кардааст: «Ва одати ӯ (маликаи Бухоро Хотун – Ҳ.Х.) чунон будӣ, ки ҳар рӯз аз дари ҳисори Бухо­ро берун омадӣ (бар асб нишаста ба) дари Регистон … Ва вай зариба (қои­да) ниҳода буд бар аҳли русто, ки ҳар рӯзе аз деҳқонон ва маликзодагон дувист барно камари заррин баста ва шамшер ҳамоил карда ба хидмат омадандӣ …» (“Таърихи Бухоро”). С. Улуғзода чунин лаҳзаҳои таърихиро дар қиссаи «Ривояти суғдӣ» бо такя ба манбаъҳои боэътимоди таърихӣ санъаткорона ба кор бурдааст, ки дар натиҷа ин қисса яке аз беҳтарин намунаҳои насри тоҷикии асри ХХ дониста шудааст.

Дар қисса таърихи сиёсӣ, иҷти­моӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии гу­заштаи дури аҷдоди тоҷикон дар давраҳои пеш аз Ислом дар Бухоро ва гирду атрофи он дар робита бо ҳаёти Виркан ва Наниманча тасвир шудааст. Нависанда дар симои Виркан паҳлавони пурзӯр, дорои матонату иродаи қавӣ ва боадлу инсофро офаридааст, ки дар му­бориза барои Ватан ҷоннисор аст. Дар воқеъ, Виркан дорои дили софу бебок, вале саркашу сода мебошад, ки бо фиреби душман асир меафтад. Муносибати Виркан ва падараш Ревахшиён муассир ба тасвир ома­дааст. Вақте ки Виркан ба ғуломӣ гирифтор мегардад, «падар тайёр буд, ки озодии писарашро ба ҷон бихарад». Падар барои писари яго­нааш аз баҳри худояшон Зардушт, ки беш аз шаст сол ба ӯ ибодат мекард, гузаштанӣ мешавад. Виркан ҳоли падари ғамзадаашро дида, худро гунаҳгор мешуморад, ки ӯро ба ин ҳол расонидааст: «Ревахшиён аз ҳисси хорӣ лабонаш меларзиданд, дар кунҷи чашмони хастаи камнураш ду қатра ашк ҳалқа зад. Виркан ба ҳоли падараш он қадар дилаш сӯхт, ки мехост дод гӯяд, фарёд кашад, сарашро ба дару девор занад, зеро барои ба ин ҳол расидани пирамард худашро гунаҳгор медонист». Виркан дар ҳама ҳолат аз падар маслиҳат мепурсид, ба ӯ эҳтиром дошт. Бо вуҷуди он ки ғурури паҳлавонӣ ӯро ба ғуломӣ гирифтор карда буд, дар хидмати хоҷааш Нуфарн, дар ҳифзи молу сарвати бозаргонон фидокорию ҷавонмардӣ ва беҳтарин хислатҳои инсониро нигоҳ дошту дар амал зоҳир кард. Вале Нуфарн – бозаргони машҳури бухороӣ, ки ба Виркан ваъдаи озодӣ дода буд, дар сухани худ устувор нест, ҳатто ба падари ӯ раҳм накарда, чорсад дирамро бо фоидаи беш талабгор мешавад.

Дар қисса нависанда занони му­бориз ва ҷасури суғдиро дар симои Наниманча инъикос намудааст, ки дорои нангу номуси баланд ва меҳру садоқати бепоён буда, барои обу хоки Ватани азизашон нисбат ба ғуломӣ маргро авлотар медонанд.

Метавон гуфт, ки дар қиссаи «Ривояти суғдӣ»-и С. Улуғзода таъриху тамаддуни халқи тоҷик дар мисоли мардуми суғд ва масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ дар муҳити сохти феодалӣ, муносибати риёкоронаи аҳли ҷоҳ бо ғуломон, муносибати Виркан бо падараш Ревахшиён, ки «бо самимияти хосе эҷод» шудааст, ҳамчунин, занони мубориз ва ҷасури суғдӣ дар симои Наниманча равшан ва муассир ба тасвир омадаанд.

Хуршеда ҲОШИМОВА,
адабиётшинос

Дигар хабарҳо