Маҳфили адабии Бадахшон

Ба истиқболи Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон
Соли 1973 Ширин Бунёд баъди хатми мактаби олӣ ба Бадахшон баргашта, се сол дар вазифаи ҷонишини директори театри Хоруғ адои хидмат кардааст. Соли 1976 бо назардошти донишу қобилияти баланд ӯро мудири шуъбаи маориф ва маданияти идораи газетаи “Бадахшони советӣ” таъйин менамоянд. Дар баробари кори рӯзноманигорӣ шоир амали дигареро пеша мекунад, ки он таъсиси Маҳфили адибони ҷавони Бадахшон буд.
Замоне ки созмони адибони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода мешавад, дар оғози муроҷиатномаи он ба сокинон, роҳбарони ташкилот ва муассисаҳо ҳолу вазъи адибони қаблии вилоят чунин шарҳ дода шудааст: “Ҳамагонро маълум аст, ки дар тӯли асрҳо Кӯҳистони Бадахшон шоирону олимони зиёдеро ба арсаи ҳастӣ овардааст, ки сарзамини худро дар назди ҷаҳониён шуҳратманд кардаанд. Ҳар як бошандаи кӯҳистон бо чунин одамони наҷиби диёри худ фахр мекунад ва мекӯшад, ки номи онҳоро пок нигоҳ дорад. Сухану шеъри ҷаҳонгири форсию тоҷикӣ дурри шоҳворест дар ганҷинаи тамаддуни мо…. Вале бо ҳукми табиати хоси диёри мо ҳеҷ яке аз суханварони кӯҳистон, на Қудрати Шуғнониву на Мубораки Вахонӣ, на Бадриддини Дарвозӣ, Мирзо Ибоди Шидзиву на Мулло Ёри Ванҷӣ ва на дигар адибони гузаштаву ҳозира дар диёри худ дари ганҷинаи дили худро боз карда натавонистанд. Сахтии рӯзгор, набудани шароити мусоиди кору эҷод онҳоро маҷбур месохт, ки барои камоли касб кардан ва дарёфтани ноқидони шеъри асил ба доираҳои адабии кишварҳои дигар муроҷиат намоянд ё тарки ёру хешони худ карда, барои санҷидани бахти хеш роҳи ғарибиву оворагардиро пеш гиранд. Аксари адибони мо ғарибмазор буда, осорашон пароканда аст ва дар арсаи адабиёт мақому мартабаи онҳо то ба имрӯз муайян нагардидааст”.
Шарҳи чунин ҳолату вазъ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки то охири солҳои ҳафтодуми садсолаи қаблӣ имконоти тарғиб, аз ҷумла табъу нашри осор, баргузор кардани маҳфилҳои алоҳидаи шеъру шоирӣ, ҳамкории миёни аҳли адаб ба таври зарурӣ ва мунтазам вуҷуд надошт.
Албатта, таъсиси маҳфили адабӣ дар заминаи холӣ дар он замон дар Бадахшон мушкил буд. Зеро то Ширин Бунёд дар вилоят чунин иқдом пеш гирифта нашуда буд. Худи шоир дар яке аз мусоҳибаҳо бо мухбири рӯзномаи “Бадахшон” ба саволи “Шуморо ташкилкунандаи Маҳфили адибони Бадахшон меҳисобанд. Оё ташкил кардани ин маҳфил осон даст дод?” чунин посух медиҳад: “Бо душворӣ. Ман дар чанд суҳбати расмию ғайрирасмӣ гуфта будам, ки шоири тавоно нестам… Вале боз ҳам хуб медонам, ки зиндагӣ ба гардани ман бори дигареро гузоштааст. Ман бояд дар Бадахшон, дар Бадахшони куҳану сокит, дар Бадахшони сангистон, ки як инструктори ҳизб аз даҳҳо шоир бақадртар асту фармонфармои чандин қаламкашон, бояд ҷунбише адабӣ ба вуҷуд орам”.
Баъди расман таъсис додани маҳфили адибони ҷавони Бадахшон масъалаи дуюм ва вазнинтар аз ин – фарогирии шоирон, навқаламону ҳавасмандон ба он буд. Барои дарёфти соҳибистеъдодҳои нав, гирдоварии шоирони навқалам, ҳаводорони шеъру шоирӣ барои Ширин Бунёд зарур шуд, ки деҳа ба деҳаи вилоят шахсан рафта, бо аҳолӣ суҳбат кунад ва чеҳраҳои заруриро дарёфт намояд. Ба гуфтаи шоири маҳбуби тоҷик Ато Мирхоҷа, “бо тақозои вазифа Ширин акнун имкон пайдо кард, ки ба ноҳияҳои мухталифи Бадахшон сафар кунад ва ашхоси соҳибистеъдодро ҷуста, ба онҳо дасти мадад дароз намояд”.
Ба ҷуз аз сафарҳои кории Ширин Бунёд ба деҳаҳои наздику дури вилоят ва дарёфти чеҳраҳои адабии навамал ва боистеъдод, падару модарон низ фарзандони болаёқаташонро назди устод меоварданд. Аз ӯ хоҳиш карданд, ки истеъдоди фарзандонашонро бисанҷад ва баҳогузорӣ намояд, зеро дар муддати кӯтоҳ маҳфили адабии Ширин Бунёд дар вилоят овозадор шуд.
Ин аст, ки волидайни зиёд фарзандонашонро, ки дар ниҳоди онҳо каме ҳам бошад, истеъдоди эҷодкориро эҳсос менамуданд, назди устод мебурданд ва Ширин Бунёд ба онҳо ёрӣ медод. Дасти онҳоро дар офариниши шеър рост мекард.
Баъзе аз ҷавонон аз тариқи мактуб бо устод муколама мекарданд ва Ширин Бунёд ба онҳо сарфи назар аз синну сол ва ҷойи иқомат ҷавоб менавишт. Чунин муносибати шоир шогирдони баъдиро рӯҳбаланд менамуд. Ҷавоби Ширин Бунёд барои онҳо як ҷаҳон неру ва илҳом мебахшид. Посухи Ширин Бунёд танҳо ҷавоби шоир набуда, онро чун муошират бо Маҳфили адибони ҷавони Бадахшон ҳисоб мекарданд.
Ҳамин тариқ, устод Ширин Бунёд тамоми воситаҳо ва имконотро мавриди истифода қарор дода, Маҳфили адибони ҷавони Бадахшонро таъсис дод.
Рӯзномаи “Бадахшони советӣ” (ҳоло “Бадахшон”) дар ин маврид хидмати хоса дошт. Аввалан нашри нахустин шеърҳои шогирдон дар саҳифаи ин рӯзнома барои муаллифони навамалу навқалам як олам хурсандиву фараҳмандӣ буд. Нашри шеъри шогирд дар саҳифаи ин рӯзнома маънои баҳои қаноатбахши устод Ширин Бунёд буд. Баъдан дар саҳифаи рӯзнома, дар бахши “Баҳористон” қисмати алоҳида бо номи “Фотеҳаи роҳ” нашр мешуд, ки фотеҳаи Ширин Бунёд барои адибони навэҷоду навқалам буд. Устод барои шогирди худ дуои роҳи шоирӣ медод. Аслан шогирдон то гирифтани ин дуо худро шоир эҳсос намекарданд. Аз рӯзи гирифтани дуо аллакай онҳо худро шоир мегуфтанд. Дуои шоир барои ҳар шогирд дар ҳар шаклу бо ҳар мазмун буд. Чунончи, дар матни “Фотеҳаи роҳ” барои шоир Хушомади Алидод менависад: “Як қаламкаши умедбахш, ки метавонад дар роҳи пур аз печутоби дунёи шеър заҳмати зиёде ба харҷ диҳад, нақди ҷавониро сарф созад, нури дидаву неруи хирадро масраф созаду дар ивази он шеър созад. Шеъре, ки аз дил мебарояду бар дил менишинад….”.
Ширин Бунёд аз охири солҳои 70-уми қарни гузашта то даҳсолаи аввали асри ХХI дар баробари эҷоди шабонарӯзӣ боз ба таълиму тарбияи шогирдон машғул буд. Аз рӯзи таъсиси Маҳфили адибони ҷавони Бадахшон то охири умри устод чор насли шоирон таълим гирифтанд ва вориди майдони адабӣ гардиданд. Дар солҳои аввали таъсисиси маҳфили мазкур адибони зиёд, аз ҷумла Сардор Раҳдор, Ато Мирхоҷа, Наҷмиддин Шоҳинбод, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Тайғуни Бозор, Куйбеки Шарифзод, Тӯтиёи Мизроб, Мавҷигул Зардодхонова, Раънои Мубориз, Варқаи Охонниёз, Руқияи Давроншоҳ, Нуқраи Суннатиё дастпарварони нахустини он буданд.
Маҳфили адабии Бадахшон таҳти роҳбарии Ширин Бунёд фаъолияти худро пурсамартар намуда, насли дуюми шоирону нависандагон, ба монанди Гулнисои Ризвоншоҳ, Алидоди Чароғабдол, Алишоҳи Мазҳабшоҳ, Лутфишои Қиматшоҳ, Пайшанбе Шоҳзода, Майрамбек Тойчиев, Зайналмои Назришоҳ, Муҳиддин Шоҳин, Қурбони Аламшо, Бӯрибеки Худобахшро ба камол расонд.
Дар аввали солҳои Истиқлол ба маҳфили адабӣ ашхоси зиёди навқалам фаро гирифта шуданд, ки аз роҳнамоӣ ва кумакҳои устод бархӯрдор гардиданд. Ин гурӯҳ адибони насли сеюми мактаби адабии Ширин Бунёд буданд, ки Хушомади Алидод, Анвари Андаробӣ, Рудобаи Мукаррам, Ҷангибеки Улфатшоҳ, Гулнисои Ато, Шоҳзода Саидиброҳим, Ҳақризо Нурмамад, Сабзинаи Содиқиён аз зумраи онҳо мебошанд.
Таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев кори Ширин Бунёдро дар масъалаи дарёфти чеҳра ва соҳибистеъдодҳои нав то андозае сабуктар гардонд. Зеро навқаламон ва соҳибистеъдони зиёд аз ноҳияҳои вилоят шомили донишгоҳ гардиданд. Ширин Бунёд сармуҳаррири рӯзномаи донишгоҳ буд, назди ин муассисаи олӣ маҳфили адабии “Гулафшон”-ро таъсис дод. Солҳои охири ҳаёти шоир аз касалӣ азият мекашид. Новобаста ба ин, бо шоирони навқалам кор мекард. Имрӯз адибони ҷавони Бадахшон, ки мо аз эҷоди онҳо бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баҳра гирифта истодаем, охирин шогирдони Ширин Бунёд ҳастанд. Назархудо Назархудоев, Маъзам Ҳамдамов, Муносиб Мамадато, Саодат Саидназарова, Рауф Пайшанбиев ва дигаронро насли чоруми дастпарварони Ширин Бунёд номид.
Дар маҷмуъ маҳфили адибони Бадахшон, ки тадриҷан ба мактаби адабии Ширин Бунёд табдил ёфт, аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш самараи бузургеро ба бор овард. Ҳамаи шогирдон аз кумаку дастгириҳои Ширин Бунёд баҳра гирифта, имрӯз ҳам худ эҷод мекунанд ва ҳам шогирдони хешро дар ин самт омода менамоянд.
Соли 1992 рӯзноманигоре ба Ширин Бунёд савол медиҳад: “Шуморо дар Бадахшон ва ҳам дар дигар гӯшаю канори ҷумҳурӣ рафиқон ва ҳамқаламон “устод” ном мебаранд. Иҷозат диҳед, ман низ “устод” гуфта, ба шумо муроҷиат кунам. Бигӯед, барои дарёфти унвони мардумии “устод” чӣ роҳе паймудед? Ширин Бунёд дар посух мегӯяд: “Саволи Шумо аз фазо қафо монда бошад ҳам, аз вақт хеле пеш гузашт. Адиб, хоса адибе, ки дар байни мардум бошаду ҳамроҳаш кору зиндагӣ кунад, як умр шогирд аст, шогирди халқ аст, шогирди зиндагӣ аст, вале шогирди пурғурур, шогирди саркашу ҷасур. Шогирде, ки даст дар домани тақдир дорад. Шогирде, ки аз тақдир, аз рӯзгори пур аз шебу фароз бахши худро мехоҳад. Вале бисту чор адиби ҷавони боистеъдодро ба камол расондаам. Ана барои онҳо устодам ва ҳақи устодӣ дорам, на барои дигарон.”
Вале новобаста ба ин, Ширин Бунёдро ҳама устод мегуфтанд. Калимаи устод қисмати дигари ному насаби шоир гашта буд, ки чи дар навиштор ва чи дар гуфтори аҳли эҷод ва мардуми қаторӣ пеш аз исмаш истифода мегардид.
Воқеан ҳам Ширин Бунёд сазовори ин унвони мардумист.
Абдулназар АБДУЛНАЗАРЗОДА,
доктори илми филология