Ҳунарпешагон дар Роғун

 Ҳунарпешагон дар Роғун

Мо ба Роғун савту сози бардавом овардаем,
Аз фазои ошноиҳо паём овардаем.
Қудрати дасти шумо аз об оташ офарад,
Пеши ин қудрат ҳазорон эҳтиром овардаем.

Бо чунин мисраъҳо оғоз меёфт барномаи ҳунарии ҳайати эҷодии Те­атри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, ки давоми 2 рӯз дар шаҳри Роғун қарор дошт.

Дар доираи сафари ҳунарӣ ба ин шаҳр ҳунарпешагони Театри давла­тии ҷавонон аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин иншооти бузурги аср дидан намуданд.

Обанбори «Роғун» миёни кӯҳсорони бузург доман паҳн карда, азамати иншооти асрро боз ҳам бузургтар месозад. Сохтмони ин иншооти азим иқдоми бузурги Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 2006 пеш гирифта шуд.

Акнун он харобазор ба шаҳри нур, манбаи бузурги энергия ва ҳам мавзеи сайёҳӣ табдил ёфтааст. Дар даромадгоҳи нақб, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, сарбанд, атрофи обанбор, паҳлуҳои баланди кӯҳу теппаҳо байтҳои ҳикматомез навишта шудаанд, ки ростӣ, ба мо, аҳли ҳунар, хеле хуш омаданд.

Ҳангоми боздид моро бо раванди сохтмон, иқтидори истеҳсолӣ ва нақши муҳимми неругоҳ дар пешрафти иқтисодии кишвар шинос намуданд. Ин дидор бо эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои миллати тоҷик ва неруи созандаи он, дар хотири аҳли театр ҳамчун як сафари илҳомбахшу рӯҳбаландкунанда сабт гардид.

Рафти иҷрои босифати корҳо ва назорати қатъии онҳоро кас дида ба ҳайрат меояд. Наход ҳамаи ин муъҷизаро одам меофарида бошад?! Дар нуқтаҳои гуногуни сохтмон бо бунёдкорони неругоҳ вохӯрда, суҳбати сарироҳӣ намуда, «ҳай, бале» гуфта, сайрамонро идома медодем. Коргарон низ аз дидор бо ҳунарпешагони маҳбубашон Насриддини Нуриддин, Гулбибӣ Бобомуродзода, Аҳлиддин Ҳасанзода лаҳзае шод гашта, бегоҳӣ ба тамошои барномаи ҳунарии мо омаданд.

Барномаи ҳунарии театр аз ду қисмат иборат буд. Дар қисми ав­вал намоиши «Арӯси ҷангара ё экстросенс»-и С. Муқаддамов дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикис­тон Мирзоватан Миров ва барномаи консертӣ бо ҳузури ҳунарпешагони театр Искандар Каримов ва Суҳроби Одина пешкаш шуданд.

Дар рӯзи аввал бо сарварии директори театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Изатулло Сафарзода дар НБО-и «Роғун» ду барнома манзур намуда, ҳамчунин барои сокинони шаҳри Роғун дар бинои қасри фарҳанг намоиши ҷамъбастӣ доир карда шуд. Раиси шаҳри Роғун Суннатулло Саидзода мо, ҳунармандонро хайрамақдам гуфта, аз дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Роғун мухтасар маълумот дод. Воқеан ҳам, дар ин шаҳр дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ, бунёду азнавсозиии иншооти ҷашнии соҳаҳои тандурустӣ, маориф, марказҳои хидматрасонӣ ва пулу роҳҳои мошингузар анҷом ёфта, ин раванд босуръат идома дорад. Симои шаҳр рӯз ба рӯз зеботару дилработар мегардад. Роҳҳои мумфарш, хиёбону гулгаштҳои тозаю озода, иншооти хуштарҳу замонавӣ далели гуфтаҳои болоянд. “Шаҳри нурофарин аст шаҳри Роғун”, ҳар дам такрор мекарданд аҳли ҳунар.

Роҳбарияти театр мақсад дорад, ки минбаъд низ бо намоишҳои то­затаҳия ба ин иншооти бузурги аср меҳмон гашта, хотири алоқамандони ҳунарро шод гардонад.

Толибҷон БОБОЕВ

Дигар хабарҳо