Аз насими номи ҳамтои гулаш…
Ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ
Аз насими номи ҳамтои гулаш бишкуфта медидем
Ғунчаи дилҳову лабҳову назарҳоро,
Эй басо ин номи ҳамчун гул
Рӯбарӯи мо кушода рӯи дилҳо,
чашми дарҳоро.
Ҳар ки меомад дучораш,
Дастагул гӯё ки меомад дучораш,
Ҷобаҷо мерафт аз хотир ҳама хораш.
Бемуҳобо, гулназар буд ӯ,
Аз нигоҳаш сӯи одам гул назар мекард,
Бо нигоҳаш кас ба боғи гул сафар мекард.
Қандаки Айнӣ ҳамеша рӯи хонаш буд,
Дафтари Айнӣ — ба девонаш,
Ҳарфи Айнӣ — дар дилу ҷонаш,
рухи Айнӣ — ба чашмонаш.
Аз гули ҳарфу нигоҳаш
Ҷом гӯё гулназар мешуд,
Ҷом ҳам чун ҳамқадаҳ аз фарти ёрӣ
Сархушу саршортар мешуд.
Бо хаёли хуш зибас умре зи ҳоли хуш гузар мекард,
Шохи хушкеро ҳам охир шеъри тар мекард;
Чун ба ашёе нигоҳи ӯ асар мекард,
Беназарҳоро нигоҳаш гулназар мекард.
Хома ҳам дар дасти ӯ чун шохаи гул буд,
Ҳарфҳои рӯи боғи сафҳа резон — ғунчаҳояш,
Хомаи шеъраш ба сар мерафту
дар пои Ватан мешуд сарафшон ғунчаҳояш.
Шеъри гулбораш ба ҳар ҷое садо медод,
Бӯи гул меомад аз лабҳо,
Аз назарҳо низ гул мерехт;
Тоҷикистон сарбасар гулзор мешуд,
Навбаҳорони Ватан такрор мешуд.
Рафта аз ин боғ, пурнам кард гулҳои назарҳоро,
Танг кард ашки алам ҷои назарҳоро;
Рафт он ширинсухан, ширинназар зуд,
Монд ҳайрон дар лаби хон қандаки Айнӣ,
Талх шуд дар коми ёрон қандаки Айнӣ.
Чун бирафт,
Аз дастаи гулҳои ёдаш
Хокҷояш гулбасар шуд,
Хок ҳам аз файзи ёдаш гулназар шуд.
Нест гарчи дарди ҷони гулназарҳоро тасалло,
Медиҳад шеъраш фақат моро тасалло:
Дар ҷаҳони пургули шеъри баландаш ҷовидон аст,
Бо диёри арҷмандаш ҷовидон аст…
Низом ҚОСИМ