“Вақти он аст, эй қалам…”

Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сар­навишти тамоми инсоният, бахусус халқҳои кишвари бузургтарини асри бист – Иттифоқи Советӣ нақши абадие барҷо гузошт. Истилогарони Ватани беканори ин халқҳо золимона ҳазо­рон шаҳру деҳро хароб ва разилона даҳҳо миллион сокинони онро қурбон намуданд. Ҳам дар раҳгузари он боди самум ва ҳам ҳазорон километр дур аз он хонадоне набуд, ки заҳри он ҷангро начашида бошад.

Барои ҳифзи хонаву дар ва нангу ном тамоми мардуми советӣ ба по бархост. Агар қисме дар набардгоҳ ба муборизаи ҷавонмардона машғул бо­шад, қисме дар ақибгоҳ қаҳрамонона заҳмат кашида, сарбозонро бо ҳама чизи зарурӣ таъмин мекард, бедареғ пулу моли худро мебахшид ва фидо­корона либоси гарму ғизовор таҳия менамуд.

Аз як ҷумҳурии кӯчаки мо, ки он вақтҳо ҳамагӣ 1 560 000 нафар аҳолӣ дошт, 300 000 нафар, яъне, ҳар панҷу­мин кас равонаи набардгоҳ шуд. Дар рӯзи аввали ҷанг 6 000 нафар ариза дода, майли ихтиёрӣ ба ҳимояи Ватан рафтан карданд ва, ҷолиб аст, ки ҳар даҳумини онҳо, яъне, 600 нафарашон, занон буданд.

Аз ҳисоби онҳое, ки уҳдадории ҳарбӣ доштанд, 7 баталён, 30 рота, 92 взводи ҷангӣ мураттаб карда, ба фронт фиристода шуд. Яъне, набар­ди Иттифоқи Советӣ бо Германияи фашистӣ аз оғоз дар ҳақиқат ба ҷанги умумихалқӣ табдил ёфт. Беш аз 100 000, яъне ҳар сеюмин нафар фиристо­даи Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон фидо намуданд. 64 нафар бо ун­вони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 нафар бо ҳарсе дараҷаи ордени «Ша­раф», ки ҳамвазни унвони мазкур буд, мукофотонида шуданд. Дар маҷмуъ 58 000 нафар фиристодагони Тоҷикистон ордену медалҳо гирифтанд. Аввалин сазовори ордени Ленин аз байни аска­рони советӣ низ тоҷикписар Муҳамм­мад Иброҳимов гардид. Дувумин нафаре ҳам, ки шуҷоати Александр Матросовро такрор намуда, мили тӯпи душманро ба синаи худ пӯшид, фарзанди Тоҷикистон Тӯйчӣ Эрйигитов буд ва барои ин корнамоӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ қадр карда шуд.

Ҳатто панҷ нафар аъзои Ҳукума­ти Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон либоси ҷангӣ ба тан карданд ва аз байни онҳо Комиссари халқии зироат Саидқул Турдиев сазо­вори баландтарин унвони он набарди бемисл – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардид.

Хуллас, ҳам дар набардгоҳ ва ҳам дар ақибгоҳ, касе аз он майдони ному нанг берун набуд. 50 000 нафар ҳам­диёрони мо, ки аз синну соли даъват ба аскарӣ гузашта буданд, барои кор дар саноати ҳарбӣ ба минтақаҳои Мар­каз ва Сибири СССР рафтанд ва дар барқарориву таҳкими иқтидори корхо­наҳои тиру тӯп ва танку самолётбарорӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Ҷои бародарону хоҳарони ба на­бардгоҳ ва корхонаҳои ҳарбӣ рафтаа­шонро ҳазорон нафар занону кӯдакони тоҷик гирифтанд. Ва аллакай дар оғози соли дувуми ҷанг аз номи меҳнатка­шони Тоҷикистон барои аскарон 6 000 нимтана, 8 000 мӯза, 2 273 таҳпӯши гарм, 8 000 дастпӯшаки мӯина, 35 000 дастпӯшаки пашмӣ, 10 000 ҷӯроби пашмӣ, 15 000 шими пахтагӣ, 35 000 каллапӯш, 3 600 ҷемпер, 18 000 куртка, 10 000 кӯрпаи гарм, 4 000 гарданбанд фиристода шуд. Ҳамчунин, дар солҳои ҷанг барои набардҳои пурвусъат ба сарбозони советӣ аз бародарону хоҳарони ақибгоҳии тоҷикашон 9 000 автомобил, 20 000 асп, 2 000 ароба, 115 трактор расид.

Халқи тоҷик 714 милён сӯми пасандозашро (як сӯми советӣ баробари 5 доллари амрикоӣ буд) барои хариди техникаи ҳарбӣ бахшид, одамон ихтиёрӣ пулу мол, ашёи пурқимат, коғазҳои пурбаҳояшонро барои бунёди танку самолётҳо доданд. Тибқи маълумоти ифшонамудаи Вазорати мудофиаи Россия, танки Т-34 дар оғози ҷанг 269 000, баъди як сол 193 000 ва дар охири ҷанг 135 000 сӯм, самолёти қиркунанда дар оғози ҷанг 800 000, баъдан 468 000 ва дар охири ҷанг 380 000 сӯм арзиш доштанд. Эскадрилияи самолётҳои «Тоҷикистони советӣ», колоннаҳои танкҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Колхозчии Тоҷикистон», ки дар торумори фашизм саҳми арзанда гузоштанд, маҳз аз ҳамин пулҳо бунёд шуданд ва бо ҳисобҳои содатарин дарёфтан мумкин аст, ки шумораи танку самолётҳои бо пули меҳнатии халқи ватандӯсти тоҷик сохта баистифодадодашуда ба ҳазорон адад мерасад.

Тарафи дигари воқеияти Ҷанги Бузурги Ватанӣ он буд, ки беш аз 100 000 нафар гурезаҳои гуногунмиллат, занону кӯдакони ятими минтақаҳои ҷангзада дар Тоҷикистон, дар ҳар як хонадони тоҷик сарпаноҳи муътамад пайдо карданд. Инро аксари солхӯр­дагони халқҳои русу украину белорус ёд доранд ва дар борааш бисёриҳо, бахусус журналистони маъруф Вла­димир Соловёв ва Максим Шевченко, ҳунарпешаи машҳур Леонид Броневой ва дигарон аз минбарҳои баланди телевизионҳои Россия бо сипосу мин­натдорӣ борҳо гуфтаанд.

Воқеан, дар байни ба ақибгоҳ са­фарбаршудагон гурӯҳе аз олимони машҳури физик низ буданд ва бо ҷаҳду талоши онҳо маҳз дар яке аз шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон ба барномаи си­лоҳи атомии советӣ асос гузошта шуд.

Ҳанӯз то 1 январи соли 1942-юм 29 госпитали ҳарбии советӣ бо 11 000 сарбози захмӣ ба Тоҷикистон кӯчид ва бо меҳри самимии халқу шароити зарурии фаъолият таъмин гардид. Пайванди инсонии мардумони мил­латҳои гуногун дар он солҳои мудҳиш басо табиӣ сурат мегирифт. Дар бораи оилаҳои тоҷике, ки даҳҳо ятим­бачаҳои минтақаҳои ҷангро ба оғӯши пурмуҳаббати хеш гирифтанд, бисёр хондаву шунидаем. Масалан, хона­дони қаҳрамони шеъри шоираи рус Татяна Кузовлева Саидабибӣ Тоҳироваи конибодомӣ, ки яти­мони зиёдеро фарзанд хондаву ба камол расонда буд ва кӯда­кони гуногунмиллат бо содагию муҳаббати тифлӣ «Ҷиҷидор», яъне, ғизодеҳу дармонбахши хешаш мегуфтанд.

Чунин пайвандҳо дар фронт низ зиёд буданд. Аз он ҷумла, ҳамяроқон Николай Яковлев ва Абдусамад Хол­муродов аҳду паймон карданд, ки агар касе аз онҳо ҳалок бишавад, нафари барҳаёт насаби ӯро мегирад. Баъди набарди навбатӣ, ки бисёре аз ҳамяроқон, аз ҷумла Николай, ҳалок шуданд, вақте ки котиби ҳизбӣ ному насаби Яковлевро хонд, тоҷикписар Холмуродов аз саф берун шуд.

Ҳамҷабҳаҳо Қурбон Абдураҳмоно­ви тоҷик ва Иван Фёдорови рус чунон ба ҳам унс гирифтанд, ки ҳама баро­дарашон мегуфтанд. Ҳатто Қурбон ба бародари ҳамтанаш Пӯлод навишта буд, ки акнун онҳо се бародаранд ва ҳангоме ки Иван қаҳрамонона ҳалок шуд, аҳли як деҳаи Тоҷикистон низ чун дар мотами як фарзанди азизи худ хун гирист…

Ҷанг натанҳо иродаи миллатҳои гуногуни Иттифоқи Советиро, ки зери мафҳуми «халқи советӣ» баҳам омада буданд, шикаста натавонист, балки бо санҷишҳои хуниву ҷонии хеш эътиқоди инсонӣ ва бовари ватандории онҳоро ба фардои халқу диёр бештар намуд. Тасаввур кунед – ҷанги хунин дар авҷ аст, душмани хунхор ними кишварро гирифтааст, лекин дар як гӯшаи он – Тоҷикистони аз ҷабҳа дур – бунёди Театри операву балет идома дорад ва бузургтарин адиби халқпарвару ватандӯсти тоҷик Садриддин Айнӣ ак­сари ҳаққи қаламашро мебахшад, ки ин кохи ҳунар зудтар қомат рост бикунад. Воқеан, баъдан аҳли ин театр, қатори дигар ҳунармандони тоҷик, ҷони ху­дро зери хатар гузошта, ҳамдамони доимӣ ва дилхоҳи ҷабҳадорон буданд ва дар фронтҳои гуногун бо санъати воло онҳоро дастгириву рӯҳбаланд менамуданд.

Ё худ, давлат бояд чӣ қадар хушбину аз ҷиҳати ғоявӣ эътиқодманд бошад, ки дар ҳамон шароит натанҳо сарпарастии илмро кам накунад, балки барои рушду тавсеаи он базаи тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР-ро ба филиал – муассисаи хеле бузургтару пурхарҷтар табдил бидиҳад!

Ё худ, дар айни авҷи ҷанг ба маблағи 54 000 сӯм барои аскарон китоб фиристодани халқи тоҷик ҷуз эътиқод ба илму адаб ва эътимод ба рӯҳу равони муқтадири инсонӣ чист?!

Баракс – аз Ленингради муҳоси­рашуда, тавассути «Роҳи ҳаёт», зери тирборони адӯ барои мактаббачаҳои тоҷик дастрас кардани 15 000 нусха китобҳои дарсӣ барои мактабҳои Тоҷикистон низ оё нишонаи эътиқоду эътимод ба хешу фардои халқу диёри хеш нест? Ин саҳна дар достони олии Муъмин Қаноат «Китобҳои захмин» бисёр муассир тасвир шудааст.

Дарвоқеъ, адабиёт ва ҷанг, санъат ва ҷанг мавзӯъҳои дигареанд, ки нук­таҳои басо ҷолибу муассирро баён карда метавонанд. Аз ҷумла, гурӯҳи бачаҳои тоҷик, ки дар Донишкадаи теа­три Москва мехонданд, баробари оғози ҷанг якдилона ба фронт рафтанд ва аксарашон барои Ватан ҷон бохтанд. Назири ин рухдод – яке аз бахшҳои ки­ностудияи «Мосфилм» ба Тоҷикистон кӯчонда шуд ва дар солҳои фаъолия­таш дар ин ҷо ба рушду сифати кинои тоҷик таъсири бузурге расонд. Воқе­ан, дар таҳияи филмҳои овозадори «Фарзанди Тоҷикистон» ва «Бачаҳои Помир» ҳузури он ва мутахассисони олидараҷааш омили созандае гардид.

Зиёиёни тоҷик низ, дар қатори халқи хеш, дар наздик кардани Рӯзи Ғалаба нақши бузурге доштанд. Онҳо ба хазинаи мудофиаи мамлакат 257 000 сӯм, барои бунёди «танкҳои тоҷи­кӣ» 11 000 сӯм, барои туҳфаҳо ба сар­бозон 90 000 сӯм, ёрӣ ба ятимбачаҳои ҷанговарони ҳалокшуда 56 000 сӯм супориданд.

Адабиёти номвари шӯравӣ, аз ҷумла бахши тоҷикистонии он, дар ин набард гӯё лашкари дигаре буд, ки бо сухани ҳадафрас қалби душманро нишон мегирифту дили ҳамватанонро ба ғалабаи ногузир гармтар менамуд. Табиист, ки дар аввали кор ва то дер жанрҳои хурди адабӣ, асосан шеъру манзума, очерку мақолаҳои адабӣ ва эссею фелйетон ин хизматро ба ҷо меоварданд.

Чун нишони садоқат ба халқу дав­лат аз аввалин рӯзҳои оғози Ҷанги Бу­зурги Ватанӣ аҳли адаби тоҷик мактуби дастҷамъонаи «Овози нависандагони Тоҷикистон»-ро бо имзоҳои мубораки Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирсаид Миршакар, Бобо Юнус, Ҷа­лол Икромӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Нодир Шанбезода, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил ва дигарон дар матбуот нашр карданд. Дар мактуб омадааст, ки «Мо, нависандагони Тоҷикистони сотсиалистӣ, Тоҷикистони офтобрӯя, худамонро бо камоли садоқат ба их­тиёри Ватан ва Партияи Коммунистӣ аз ҳамин сония сафарбарӣ намудем. Агар Ҳукумати Советӣ ва Партия барои мудофиа кардани Ватани муқадда­си сотсиалистиамон ба мо фармон бидиҳанд, тайёрем, ки қалами худро ба яроқ иваз намуда, собитқадамона ба майдони ҷанг биравем. Мо, нави­сандагони советӣ, аз пештара ҳам устуворонатар бо қаламу шамшер кор мекунем, шуҳрати Ватани азиз ва Армияи Сурхи онро дар достонҳо ва сурудҳои худ тараннум менамоем…».

Бояд гуфт, ки натанҳо муаллифо­ни ин нома, балки тамоми адибони тоҷик ба нуктаҳои он садоқат нишон дода, ҳам дар набардгоҳ ва ҳам дар майдони эҷод корнамоиҳо карданд. Агар Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Аб­душукур Пирмуҳаммадзода, Лутфулло Бузургзода, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ҳабиб Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Аширмат Назаров, Обид Ҳамидӣ, Василий Кириллов, Эмма­нуил Муллоқандов, Воҳид Асрорӣ, Раҷаб Амонов, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Мустафо Шарқӣ, Муҳиддин Фарҳат, Муҳаммадҷон Рабиев, Маҳмуд Тулқун, Александр Усенко, Николай Лесной ба набардгоҳ рафта бошанд, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Тоҷӣ Усмон, Клавдия Улуғзода, Қодир На­имӣ дар муассисаҳои ҳарбии дохилу хориҷи кишвар ба хизмат пардохтанд. Бояд гуфт, ки қисме аз ин адибон ал­лакай суханварони шинохта буданд ва қисме дар остонаи адабиёт қарор доштанду дар оянда ба он хизмати са­зовор мекунанд. Бо вуҷуди ин талафи маънавӣ адабиёти тоҷик бо тамоми ҳастӣ ба заҳмат дода шуд ва инро як назари иҷмолӣ ба кору пайкори адибо­ни он замон собит месозад.

Дар даврони ҷанг насри бадеӣ нисбат ба шеър камрангтар ба назар мерасад, вале жанрҳои нисбатан хурд­тари он – новелла, ҳикоя, фелйетон ва очерк зуд-зуд дар саҳифаҳои нашри­яҳои даврӣ пайдо шуда, дар маҳкум кардани ҷанг, ошкор сохтани симои фашистону ҳампаймонҳои онҳо ва бештар намудани ҳисси ватандӯстии мардум нақши муҳим бозиданд.

Ба хотири талқини шуҷоату мардо­нагӣ зарурати муроҷиат ба гузаштаи пурифтихори миллату фарзандони барӯмандаш ва ҳамоҳанг намудани қаҳрамониҳои онҳо бо имрӯз ба миён омад. Маҳз ба ҳамин хотир очер­кҳои мондагори устод Айнӣ “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, ки то ҳол дар адабиёта­мон ҷойгоҳи баланд доранд, навишта шуданд. Пажӯҳишгарони адабиёти давраи ҷанг борҳо аҳаммияти бузурги ин очеркҳоро таъкид кардаанд. Аз ҷум­ла, адабиётшинос Соҳиб Табаров дар мақолаи «Адабиёти тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ» менависад: “Нависанда ҳам дар очерки таърихии дар бораи исёни Муқаннаъ ва ҳам очерки таърихӣ-бадеии ба Темурма­лик бахшидаи худ кӯшиш кардааст, ки симои ин ду аҷдоди баҳодури гузаштаи халқи тоҷикро акс намуда, бо ҳамин Армияи Сурх ва халқи советиро ба мубориза бар зидди фашистони немис даъват кунад”. Ба фикри муҳаққиқи маъруф ин ду асар “дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар байни хонандагони советӣ муваффақияти калон пайдо карданд, чунки онҳо барои болобардо­рии рӯҳияи ватандӯстии халқҳои СССР ба муқобили истилогарони фашистӣ вазифаи аслиҳаи буррои ҷангиро адо мекарданд”:

Устод бо нашри дигар асарҳои публитсистию тамсилии худ – «Фонди мудофиаро табрик мекунам», «Чинги­зи асри ХХ», «Деви ҳафтсар», «Шер­зод», «Талвосаи ҷонкании даррандаи захмдор», «Ҳар зараррасонандаи ба одамро нест кардан даркор аст», «Илҳомгоҳи фикрҳои олӣ ва бошиш­гоҳи озодидӯстон», «Модар-Ватан», «Бисту панҷ сол», «Бадбӯй будааст», «Хари бедум» ва ғайра низ бо сухану тасвирҳои ҳадафрас фашистонро маҳкум намуда, рӯҳияи ватандӯстӣ ва муборизахоҳии ҷавононро тақвият бах­шидааст. Аз ҷумла, дар «Чингизи асри ХХ» бо роҳи корбурд аз қиёс ва канори ҳам гузоштани ду чеҳраи хунхор, яъне Чингиз ва Гитлер, чунин натиҷагирӣ менамояд, ки Гитлер ҳамтои Чингиз аст ва тафовути миёни онҳо ҳамин аст, ки Чингизи асри нав барои қатли ом аз техникаи муосир истифода менамояд ва ин ба мо иҷозат медиҳад бигӯем, ки ҷинояти содиркардаи Гитлер дар қиёс бо Чингиз бамаротиб даҳшатбортар аст.

Мақолаи «Модар-Ватан», ки ба мавзӯи ҷовидонии адабиёт бахшида шудааст, бо гузашти беш аз ҳашт даҳсола ҳам аҳамияти бузурги худро гум намекунад, зеро барои парвариши рӯҳи миллӣ дар ҳама давру замон метавонад мавриди истифода қарор бигирад. Барои тақвияти ин назар овардани порае аз онро бамаврид медонем: “Модар-Ватан. Ин ду чиз бо ҳамдигар сахт вобаста буда, ба одам аз ҳама чиз азизтару наздиктаранд. Мо дар ин ҷо аз ҳама пештар дар бораи сабаби ба одам маҳбубу азиз будани модар як-ду калима гап мезанем. Одам сараввал дар бачадони модар пайдо мешавад, тарбияи ибтидоии худро аз организми модар мегирад. Ин ҳодиса ҳаминро нишон медиҳад, ки ватани аввалини фарзанди одам шиками модар будааст. Фарзанди одам баъд аз зоида шудан ҳам истироҳатгоҳи якуми худро аз синаи модар меёбад, дӯстдорию дилҷӯиро аввалин бор аз тарафи модар мебинад ва тарбияи аввалини худро аз ӯ мегирад. Ин ҳодиса ҳаминро нишон медиҳад, ки дар аввали пайдоиши фарзанди одам ватани якуми ӯ оғӯши модар ва тарби­ятгари якуми ӯ модар будааст… Барои ҳамин одам модари худро аз ҳама чизу кас зиёдтар дӯст медорад ва ӯро ба худ аз ҳама чиз наздиктар ва азизтар мебинад… Ба ин сабаб ҳар як одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хешу табори ӯст, Ватан зан, фарзанд, ҳамшира ва хоҳари ӯст, Ватан шарафу номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ, ҳаёти ӯст!”

Хулоса, осори дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷоднамудаи устод Айнӣ дорои аҳамияти бузурги таъри­хию бадеӣ буда, барои баланд бардо­штани рӯҳияи муборизахоҳии мардум, ба пирӯзӣ умед бахшидани сарбозон ва халқи ақибгоҳ хидмати бузург кардааст.

Тавре ки муҳаққиқони адабиёти давраи ҷанг ишора намудаанд, дар аксари асарҳои ҳаҷвии замони ҷанг воситаҳои рамзӣ ва образҳои халқӣ ва­сеъ ба кор гирифта шудаанд. Хусусан, шеъру латифа, афсонаву ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва зернавиштҳои тасвирҳое, ки дар «Оинаи ТоҷикТА» ба кор мераф­танд ва аз ҷониби Муҳиддин Аминзода, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Самад Ғанӣ навишта шудаанд, маҳз бо истифода аз образ ва таъбирҳои бадеии мардум муассир афтодаанд. Ин таваҷҷуҳи нависан­дагон ба эҷодиёти мардум образҳои машҳури ҳаҷвии халқ – Афандӣ ва Мушфиқиро аз нав зинда кардаву ба таври муассир ба саҳнаи кор кашид.

Нависандаи дигари ҷангномана­висамон Фотеҳ Ниёзӣ, ки ихтиёран ба ҷанг рафта буд, натанҳо дар вази­фаи тарғибгар, муҳаррири масъули рӯзномаи «За Родину» ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Красноармей­ская правда» фаъолият намуд, балки бевосита дар муҳорибаи Сталинград ширкат варзид ва баъди ҷанг низ чанд муддат ба ҳайси муовини муҳаррири рӯзномаи ҳарбии «Фрунзевец» фаъо­лияти худро идома дод. Аввалин ҳико­яву очеркҳояш – «Азиз-мерган», «Рӯй­молча», «Ҳаққи хун», «Писархонд», «Бародарони содиқ»-ро дар замони ҷанг навиштааст ва қаҳрамонҳояш одамони воқеиянд. Китоби очеркҳои ҷангии адиб “Интиқоми тоҷик” (1946), романҳои “Вафо” (1949), “Ҳар беша гумон мабар, ки холист” ва “Сарбозони бесилоҳ”, қиссаҳои “Димаи диловар” (1957), “Ҳисса аз қиссаҳои ҷанг” (1962) дар адабиёти мавзӯи мазкур ҷойгоҳи хосса доранд. Романи «Вафо» дар мавзӯи ҷанг нахустасари калонҳаҷми адабиётамон буда, дар ин самт роҳку­шо эътироф гардидааст. Он ҳодисаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро дар қолаби ҳамосӣ ва ба сурати хеле пурвусъат ба тасвир гирифтааст. Ҳамин боис гардида, ки натанҳо дар қаламрави кишвари мо, балки фаротар аз он яке аз пурхонандатарин асарҳои мавзӯъ гардид ва дере нагузашта, ҳатто ба забони хитоӣ (1954) тарҷума ва баъдан ба хати форсӣ (1960) низ нашр шуд. Метавон ақида кард, ки асари дигари Фотеҳ Ниёзӣ – романи «Ҳар беша гу­мон мабар, ки холист» давоми романи “Вафо”-ст, зеро ҳодисаву воқеаҳои дар замони ҷанг дар бешазори Беларус баамаломадаву дар романи «Вафо» тасвирёфта дар он пурратар инъикос гардидаанд. Романи сеюми Фотеҳ Ниёзӣ “Сарбозони бесилоҳ”-ро низ роҳкушои самти дигари мавзуи ҷанг – кори садоқатмандонаи фарзандони халқамон дар корхонаҳои муҳими ақибгоҳ донистан ғалат нест, чунки дар ин маънӣ яке аз вусъатноктарину муассиртарин асарҳои бадеист.

Насри ҷангии адабиёти тоҷик бо китобҳои Раҳим Ҷалил «Ҳикояҳои давраи ҷанг» (1944) ва «Умри дубо­ра» (1949), очерки Владимир Фролов «Корнамоии пулемётчӣ», қиссаҳои мустанади Раҳмон Сафар «Сафар Амиршоев» (1973), «Қаҳрамони Вахш ва Днепр» (1981) ва очерки «Ӯ мурдан намехост», очеркҳои Арнолд Одинтсов «Генерал Андросов» (1965), «Рахна» (1966), «Дар бораи ҷангу муҳаббат» (1970), «Кашфиёти бузург» (1971), «Ротаи гунаҳгорон» (1990) ва дигар адибон боз ҳам ғанитар гардид.

Бисёр нависандагони тоҷик – ишти­рокчиёни фаъоли Ҷанги Бузурги Ва­танӣ, ҳамчунин як зумра адибони му­осир бо асарҳои драмавии хеш, ки дар солҳои мухталиф таълиф кардаанд, лаҳзаҳои муассири замон ва қаҳра­монони арсаро рӯи саҳнаи театрҳои кишвар оварданд. Яке аз нахустин адибоне, ки ба ин кор даст заданд, Мирзо Турсунзода аст, ки бо эҷоди на­моишнома ва либреттоҳо дар равнақи драматургияи тоҷик ҳиссаи сазовор гузоштааст. Либреттои «Арӯс» дар бораи ҷанговари аз фронт баргашта ва рафиқи фронтӣ, ҳамдаму хамроз ва маҳбубаи вай Елена ҳикоят мекунад. Қиссаи зиндагиномаи ин ду дилдода рамзи ишқу муҳаббати ҳақиқӣ буда, ба ҷавонон дарси садоқат, меҳрубонӣ ва вафодорӣ меомӯзад.

Чунон ки медонем, хусусияти хоси ҳамаи асарҳои устод Турсунзода су­жетҳои ҷолиб ва тасвирҳои зиндаи ҳаётии онҳост ва аз ин рӯ аксаран рӯи саҳна ё навори кино омадаанд. Аз он ҷумла, достони машҳури «Писари Ватан» тавассути намоишномаи Ато Ҳамдам ба саҳна гузошта шуд. Драма ба корномаи онҳое бахшида шудааст, ки ҳам дар фронт ва ҳам дар ақибгоҳ бо беҳтарин хислатҳои инсонӣ – некӣ, садоқат, устуворӣ, дӯстию бародарӣ Ғалабаро бар фашизм наздик мекар­данд.

Устод Сотим Улуғзода соли 1944 аз ҷанг баргашта, драмаи «Дар оташ»- ро навишт, ки ҳамон сол рӯи саҳна омада, дар драматургияи замони ҷанг мавқеи намоёнро ишғол намуд. Мудофиаи Ватан, дӯстии халқҳо ва ватанпарварии одамони советӣ асоси онро ташкил медиҳад. Пйеса бо такя ба ҳуҷҷатҳои воқеӣ навишта шуда, қаҳрамони асосиаш Сафар Ҳайдаров прототипи мергани машҳури тоҷик Тешабой Одилов мебошад. Образҳои ӯ ва дигар иштирокчиёни намоишнома бо лавҳаҳои бадеӣ ва аз ҷиҳати пси­хологӣ мувофиқу мутаносиб инъикос ёфтаанд. Сафар Ҳайдаров дар байни обу оташ худро аз даст намедиҳад, бо ёди ёру диёри хеш аст, зану фарза­ндон ва манзараҳои зебои диёраш ҳар лаҳза аз пеши назараш мегузаранд. Садоқати аскарони советӣ нисбат ба Ватан тавассути образи Абдувалӣ низ, ки нотарсӣ, далерӣ, виқору ғурур хи­слатҳои асосиаш мебошанд, равшану боварбахш тасвир шудааст. Ин драма моҳи апрели соли 1949 дар рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва пешкаши тамошобинон гардид ва ҳан­гоми муҳокима баҳои баланд гирифт. Аз ҷумла, драматурги рус Чичеров ҳангоми муҳокима қайд намудааст, ки «муаллиф, қатъи назар аз шароити мураккаби майдони ҷанг, олами бо­тинии қаҳрамонони худ – солдатҳои оддиро нағз кушода метавонад. Онҳо дар бораи оянда, дар бораи замони баъди ҷанг фикру орзуҳои худро изҳор мекунанд, ишқу муҳаббат доранд, аз наомадани мактуб азоб мекашанд, ҳаёти хушбахтонаи худро ба хотир меоранд, ҳам ҳазлу шӯхӣ мекунанд ва ҳам ба тарзи сазовор ҷон дода метавонанд».

Пйесаи Фотеҳ Ниёзӣ «Кӯпрук» (1967) дар драматургияи тоҷик мавқеи махсус дорад. Ин асар ба тасвири як лаҳзаи муборизаи қаҳрамононаи халқи советӣ бар зидди гитлерчиён бахшида шудааст. Муаллиф якбора майдони ҷангро тасвир намекунад, балки аввал рӯҳия ва фикру зикри мардумро дар он рӯзҳо ба қалам медиҳад. Ӯ дар баро­бари симои фарзандони ҷасури халқи тоҷик Азиз Собиров, Равшан Шомуро­дов, Искандар Маҳкамов образи намояндагони миллатҳои дигар – Валенти­на, Даша-хола, Архипов, Михайловро низ бо муҳаббат ва самимият мениго­рад ва нишон медиҳад, ки ҳар кадоми онҳо дар роҳи Зафар худро таърихан масъул дониста, бо корнамоии хеш рӯзи Ғалабаро наздиктар мекарданд. Дар ин асар бештар тасвири вазъият ва рӯҳияти қаҳрамонҳо, душвориҳои ғалаба, маккории душман мақоми ав­вал дорад. Лаҳзаҳои асирии Искандару Анатолий ва онҳоро хоин гумон карда­ну нафрат варзидани ҳамяроқонашон муассир буда, ба конфликти ботинии асар мусоидат намудааст. Зода шу­дани тифлаке дар байни обу оташи ҷанг интиҳои мантиқии асар – тантанаи ҳақиқат ва бардавомии зиндагист.

Драмаи Аминҷон Шукӯҳӣ «Шабҳои фироқ», ки воқеаҳои солҳои ҷангро дар Тоҷикистон инъикос менамояд, мантиқан пйесаи «Кӯпрук»-ро тақвият бахшида, ягонагии фронту ақибгоҳро нишон медиҳад. Муаллифи он бо сужети ҷолиб ва драмавӣ исбот мена­мояд, ки дар замони ҷанг, ки имтиҳони ҷиддие буд, халқи советӣ чун як тану як ҷон ба по хест ва тамоми қувваи хешро барои нобуд сохтани фашизми гитлерӣ сафарбар кард. Аммо дар ҳамон замони масъул ҳам ашхоси пас­тфитрати ҳаромкору ҳаромхоре мисли Почокалон буданд, ки аз мусибати халқ истифода бурда, аз пайи ғун кардани сарват мешаванд ва баъзеҳо чун Зо­кир бо фиреб аз ҷанг мегурезанд.

Драмаҳои Султон Сафар «Ин­тиқом» ва «Беватан» низ дар ин мавзӯи ҷовидонаи адабиёт навишта шудаанд. Дар ин бора ӯ худ чунин гуфтааст: «Боре дар Маскав бо шахсе вохӯрдам, ки аз зиндагии воқеии тоҷикписар – до­нишҷӯи яке аз мактабҳои олии Киев, ки ихтиёран ба сафи Армияи Сурх ворид шуда, чун разведкачӣ корнамоиҳо нишон додааст, нақли аҷибе кард. Он нақл чунон мутаассирам кард, ки ба навиштани драмаи «Интиқом» шуруъ намудам. Ин асар таҷассуми шуҷоату мардонагӣ ва фидокориҳои ҳамдиёро­ни мо дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд».

Драмаи «Интиқом» бо тасвири воқеаҳои печида, ки сужаи мароқо­варро тавлид кардаанд, ҳамчунин бо нигориши лаҳзаҳои пурҳаяҷони корно­маҳои фарзандони вафодори халқ – Фирӯз, Хуршеда, Фаррух ва ёрони онҳо хонандаву бинандаро ҷалб месозад.

Дар драмаи дигари Султон Сафар – «Беватан» қутби муқобили шараф ва фидокорӣ – ҳаёти нафратангези гурезагони ватанфурӯше, ки дар он давраи пурмасъулият ба Ватан иснод оварданд, нақл карда мешавад. Хои­ни Ватан Камол монанди тимсолони худ бо садақаҳои хӯҷаинҳои ғарбиаш рӯз гузаронда, чун забонкӯтоҳ тамал­уқкорона ба онҳо хизмат мекунад, лекин бо таъсири воқеияти советӣ ва мушоҳидаи қаҳрамониҳои мардуми он мубталои азоби хиёнат аст. Ҳусни асар он аст, ки муаллиф ин таззоди ботинии қаҳрамонашро табиию боварибахш ба қалам додааст.

Ато Ҳамдам низ дар мавзуи ҷанг ва ақибгоҳ чанд асари саҳнавӣ на­виштааст. Драмаи «Шоми ноором» аз ҳаёти як нафар зани ҷанговари тоҷик, ҳамшираи шафқат Назира Умарова дар рӯзҳои охири ҷанг ҳикоят мекунад. Ӯ аз ҷанг сиҳату саломат баргашта, дар замони осоишта солиёни зиёд хизмати халқу мардуми диёрашро баҷо овардааст ва бо мукофоти олӣ – ордени Ленин қадрдонӣ шудааст.

Дар асари дигари Ато Ҳамдам «Агар ҷанг намебуд…», бевосита саҳ­наҳои даҳшатбори ҷанг тасвир нашуда бошанд ҳам, ба таъсирашон ба рӯҳу равони мардум ва вазъи маънавии ҷомеа амиқ ишора рафтааст.

Фоҷиаи драмнавис Ҷумъа Қуддус «Мардон намегирянд» аз заҳмату талош ва ҷонфидоиву ҷоннисориҳои мардуми ақибгоҳ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоя мекунад. Қаҳра­монони асосии асар, ки бештарашон бевазанҳо, арӯсони навхона ва мода­рони зору низоранд, бо тамоми ҳастӣ, шабу рӯз заҳмат кашида, ҳама дорои­ашонро ҷамъ карда ба фронт мефири­станд. Дар баробари онҳо ашхосе низ тасвир шудаанд, ки ҳамеша дар ғами худу ҳаммаслакони хешанд.

Драмаи «Зафар»-и Мавҷуда Ҳа­кимова, ки аз зиндагии ятимхонаҳо ҳикоят мекунад, диққатҷалбкунандаю тамошобоб таълиф шудааст. Шогирди ин муассисаи таълимӣ Зафар тасоду­фан хабар меёбад, ки модараш зинда аст ва дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ ба ҳай­си хамшираи шафқат хизмат мекунад. Ӯ дар ҷустуҷӯи модар мешавад, дар понздаҳсолагӣ чун сарбози Ватан ба гирдоби мубориза ворид мегардад ва дар нест кардани панҷ танки душман саҳм мегузорад

Драмаи Тӯрахон Аҳмадхон ва Раҳмон Сафар «Сафар Амиршоев» дар бораи саргузашти ибратомӯзи тоҷикписари машҳур, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ нақл мекунад. Он ба ҳеҷ ваҷҳ нусхаи асарҳои гузаштаи тарҷумаиҳолӣ набуда, бо лавҳаю лаҳзаҳои мушаххасан ба ин қаҳрамон мутааллиқ фарқ дорад. Намоишнома фикреро тарғиб мекунад, ки ғалаба бар фашизм танҳо кори қаҳрамонон набуда, издиҳоми мардум ва дӯстии халқҳо онро таъмин намудааст. Қаҳра­монони гуногунмиллати асар Сафар Амиршоев, Микола, Васадзе, Зайтсев, Абарян ва дигарон, ки дорои хислатҳои фардианд ва дӯстии халқҳоро пос ме­доранд, натанҳо тайёранд, ки барои Ғалаба ҷон бидиҳанд, балки дар миёни обу оташи ҷанг ишқ меварзанд, ҳазлу шӯхӣ мекунанд, шеър мегӯянд, суруд мехонанд, ғами фардоро мехӯранд, орзӯю ниятҳои нек мекунанд ва ин ҷиҳатҳо самимияту боварбахшии асар­ро меафзоянд.

Инъикоси мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар адабиёти бачаҳо чун дар дигар бахшҳои адабиёти тоҷик чандон назаррас нест. Ва ин сабабҳо дорад. Аввалан, он давра барои бачаҳо танҳо Мирсаид Миршакар эҷод мекард ва то охири солҳои 50 дар ин ҷабҳа танҳо буд. Сониян, ӯ низ бевосита дар ҷанг иштирок надошт. Абдусалом Деҳотӣ, ки гоҳ-гоҳ барои бачаҳо менавишт, ин корро асосан бо супориши таҳиягарони китобҳои дарсӣ ба ҷо меовард. Сабаби сеюм ин буд, ки матбуоти бачагонаи тоҷик солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аҳёнан ба нашр мерасид ва ҳамон ҳам бештар хабару мақолаҳо таҳияву нашр мекард, ё хотираҳои ҷанговаронро чоп менамуд.

Бо вуҷуди ин, баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ адибоне, ки аслан барои калон­солон асар эҷод менамуданд, барои хурдсолон чанд ҳикоя навиштанд ва онҳо то имрӯз маълуму машҳуру хон­данианд. Аммо назми бачагонаи тоҷик басо фаъол буд. Шеърҳои хурду бузург ва достонҳои ба мавзуи ҷанг бахшидаи шоирон дар ҳама давру замон ва имрӯз низ вирди забони бачаҳоянд. Ҳатто як шеъри кӯтоҳи Мирсаид Миршакар «Ман танкисти ҷавонам» зиёда аз 40 сол дар китоби дарсии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҷои сазовор дошт. Достони Абулқосим Лоҳутӣ «Ғалабаи Таня» низ далели ин гуфта аст.

Агар инъикоси мавзӯи Ҷанги Бу­зурги Ватанӣ дар адабиёти бачаҳову наврасон аз ҳамин достон ҷиддӣ оғоз ёфта бошад, ба насри он устод Айнӣ бо қиссаи таърихии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темрумалик» асос гузошт.

Албатта, бисёр асарҳои барои калонсолон эҷоднамудаи адибони мо ба зеҳну савияи дониши бачаҳо низ мувофиқ буданд. Ҳикояву очеркҳои Фотеҳ Ниёзӣ «Азиз-мерган», «Рӯй­молча», «Ҳаққи хун», «Писархонд», «Бародарони содиқ»-ро низ хурдсолон то ҳол мехонанду меписанданд. Аммо «Димаи диловар» ва «Мактаб дар таҳхона»-и ӯро метавон чун асарҳои хуби ба мавзуи ҷанг бахшидаи нави­санда ба қалам дод.

Дар эҷодиёти Сотим Улуғзода очерку ҳикояҳои «Атака» (1944), «Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер» (1967) ва қиссаи «Ёрони боҳиммат» (1947), ки ба воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иртибот доранд, ба наврасон низ мафҳуму маҳбубанд.

Қиссаҳои Пӯлод Толис «Тобистон» ва Ҳабибулло Назаров «Баландии 144», ҳикояҳои Мустафо Шарқӣ, ки шомили ин мавзуъ мебошанд, миё­ни хонандагони хурдсол низ шуҳрат доранд.

Ҳабиб Имодӣ бо номи «Яшаи ҷа­сур» ҳикояи ҷолибе эҷод кард. Агарчӣ қаҳрамони ҳикоя бачаи тоҷик нест, он бо воқеияту самимияташ имрӯз дар рӯйхати адабиёти довталабони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.» ҷо гирифтааст.

Хуллас, инъикоси мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар адабиёти бачаҳо чандон назаррас нест, вале тарҷумаи асарҳои ба ин мавзуъ бахшидашуда басо зиёд аст.

Адабиёти замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз он ҷиҳат низ як марҳа­лаи муҳим ба шумор меояд, ки дар ин давраи бисёр мураккабу ҳассос хеле аз масъалаҳои адабии мо ба таври дигару мазмуни дигар аз худ дарак доданд. Аз як ҷониб, таҷрибаи андӯхтаи адибони тоҷик дар ҳунари воқеънигорӣ, ки бештар таҳти таъсиру талаби усули реализми сотсиалистӣ ҷараён дошт, мавриди санҷиш қарор гирифт, аз ҷониби дигар адабиёт дар ин замон озодии нисбиеро соҳиб шуд ва аз ҳайси мазмун, мавзуъ, дарунмоя ва шаклу навъ ва услуби нигориш ба роҳи воқеънигории табиӣ ва гуногунии шакл даромад ва ба ин васила ба аслу зоти худ бештар рӯ овард. Ҷустуҷӯҳои шаклу услуб, қаробат ба зиндагии воқеии мардум, чашми диққат ва ибрат дӯхтан ба таърихи пуршараф ва маъ­навиёти ғании халқ адабиёт ва аҳли адабро бештар ҳушёру бедор ва дар кори худ мухтор намуд. Ин вазъият дер давом накард ва он бе камбудиву маҳдудиятҳо ҳам набудааст, аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки ин таҷри­баи дар он солҳо андӯхтаи адабиёт ва адибон бисёр ибратбахш ва барои фаъолияти минбаъдаи онҳо муфид арзёбӣ мешавад.

Боиси шодмонист, ки адабиёти замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва масъалаҳои мундариҷаву шакли он дар тадқиқоти адабиётшиносони тоҷик мавриди баррасии муфассал қарор гирифтааст. Кӯшиши аввалини ҷамъ­баст кардану дарк намудани ин мавзуъ ҳанӯз аз замони ҷанг, аз мақолаҳои М. Ғафуров «Ҷанги Ватанӣ дар адабиёти тоҷик», Улуғзода «Таджикская литера­тура в дни Отечественной войны» ва Ҳотам Солеҳбоев «Адабиёти советии тоҷикро боз ҳам тараққӣ диҳем», ки ба­рои пленумҳои Иттифоқи нависандаго­ни Тоҷикистон ва советӣ навишта шуда буданд, ибтидо мегирад. Баъдтар Соҳиб Табаров мақолаи муфассале бо номи «Адабиёти тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1949-1951) навишт, ки ҳаҷман ба рисоли хурди илмӣ шабоҳат дорад. Қисмати «Ада­биёти тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-и китоби «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик»-ро (муалли­фон – Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шукуров ва Шарифҷон Ҳусейнзода) метавон чун асари аввалину мукам­мали ин мавзуъ номбар кард. Асарҳои пурбори Абдулғанӣ Мирзоев «Як факти таърихии қаҳрамонӣ» (1942), Пир­муҳаммадзода Деҳотӣ «Сталинград» – зафарномаи муҳорибаи азим» (1943), Алиқул Имомов «Вазифаҳои ҷангии адабиёти тоҷик» (1944), Ҷӯрахон Бақозода «Наср ва воқеияти замони ҷанг» (1985), Бобоҷон Ғафуров «Тад­жикистан для фронта» (1941), «Борьба таджикского народа против чужезем­ных захватчиков и поработителей» (1942), «Таджикский народ в борьбе за свободу и независимость своей Роди­ны» (1944), Холиқ Мирзозода «Ҳабиби мо» (1976), ки дар давраҳои гуногун навишта шудаанд, ба дарки бештари мазмуну моҳияти адабиёти замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, масъалаву муш­килаҳо ва шахсиятҳои он мусоидат ме­кунанд. Асарҳои Шавкат Ниёзӣ «Назми эпикии тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ», Лариса Демидчик «Таджик­ская драматургия 40-50 годов», Юсуф Акбаров «Меҳри Ватан», нашри русии очеркҳои адабиёти советии тоҷик ва таърихи адабиёти сермиллати советӣ ҷанбаҳои мухталифи мавзуи мазкур­ро мушаххас тадқиқ намудаанд. Дар бораи хусусиятҳои насри ин замон бошад, рисолаҳои Ҷалол Шарифов «Инъикоси Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар насри тоҷик», Маъруф Раҷабӣ «Насри тоҷикии замони ҷанг» ва «Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ», М.Қосимов «Публицистичность таджикской лите­ратуры периода Великой Отечестван­ной войны» рӯи кор омад. Адабиётши­носон Ҷӯрахон Бақозода дар мақолаи «Наср ва воқеияти замони ҷанг» ва Кароматулло Шукрулло дар мақолаи «Ҷаҳонро бар он ҷанг наззора буд» ба таҳлили ҷиҳатҳои муҳимму хоси ин мавзӯъ даст заданд. Асари амиқу фа­рогири солҳои охир китоби Абдухолиқ Набавӣ «Ҷанги Ватанӣ ва афкори ада­бии тоҷикӣ» (2015) аст, ки дар ин бора маълумоти фаровони муҳим медиҳад.

Умуман мавзӯи ҷанг ва таҳлилу баррасии осори ба ин давра бахши­дашуда дар тамоми адабиёти солҳои баъдиҷангӣ хеле доманадор аст. Адабиётшиносону муҳаққиқон ва мунаққидон ба осори илмиву адабии солҳои ҷанг аз мавқеъҳои гуногун нигариста, масъалаҳоеро чун ирти­боти мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва тасвири бадеии он, тағйироте, ки ин ҳодисаи фавқулода ба фаъолияти одамон, тафаккури адабии замон ва умуман ба диди бадеии ҷомеа овард, шарҳи мафҳуми Ватан ва ҳифзи он, қаҳрамонӣ ва иртиботи он бо таърихи халқ, шакл гирифтани таърихияти та­факкур ва ба майдон омадани осори сирф таърихӣ, кору фаъолияти Итти­фоқи нависандагони Тоҷикистон дар замони ҷанг ва чорабиниҳои вобаста ба он андешидашуда, муайян кардани хусусиятҳои бунёдии муҳтаво ва шаклу усулҳои тасвир, хусусияҳои нақди ада­бӣ ва илми адабиётшиносӣ дар замони ҷанг ба қадри имкон равшан намуданд.

Замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар афкори адабии тоҷик яке аз марҳа­лаҳои муҳим аст. Дар ин давра кӯшиши санҷидани таҷрибаи андӯхта ва ба тақозои зиндагӣ ва воқеаҳои мушаххас ба кор бурдани онҳо муҳим гардида, шароит барои расидан ба шинохти тозаи эҷодкорӣ, диди нав ба таърих ва мавқеи шахс дар ҷомеа, дарки моҳияти суннатҳои фарҳангию адабии миллӣ ва ҳақиқати воқеии кори адабӣ ба вуҷуд омад, ки пажӯҳиши дақиқи он дар оянда бисёр ҷиҳатҳои хоси қонунмандии дохилии адабиёт, ҳунари адабӣ, иртиботи онҳоро бо замон ва ҳолатҳои фавқулодаи зиндагӣ равшан хоҳад намуд.

Чунон ки ишора шуд, яке аз нахус­тин адибоне, ки ҳамоно, теғи қалам ба даст, ба дифои Ватан бархост, пири хирадманди адабиётамон Садриддин Айнӣ буд. Ӯ натанҳо даҳҳо мақолаву очерк ва рисолаву эссеҳои самимиву оташин навишта, симои вабои аср – фашизми Олмон ва Чингизи даврон – Гитлери хунхорро ошкору фош кард, балки ин амалро бо ашъори шуълавар ҳам содиқона иҷро намуд. Устод дар “Қасидаи ҷангу зафар” бо хиради хоси худ суханоне гуфт, ки ҳақиқати он за­мони печидаро бисёр равшан ифода мекунанд:

Европа ба ин даҳшату ин таҳлука тан дод,
Азбаски фашистон бихариданд саронро,
Аммо ба диёри шарафосои советӣ
Ҳаргиз натавон ёфт чунин бешарафонро.
Ин бешаи шерони қавишаъни далер аст,
Ин ҷо набувад ҷой ба ҷуз шери жаёнро.
Ин хонаи инсонияту шафқату мардист,
Дар хонаи инон набувад роҳ харонро.
Ин давлати пуршафқату ин миллати озод
Асло надиҳад раҳ ба Ватан роҳзанонро.

Ва бо ҳамон дилогоҳиву хирадман­дии азалӣ, аз пирӯзии ногузири халқаш болида, дар интиҳои ҷанг таърихи фатҳи мардуму лашкари советиро ҷовидона ба қалам дод:

Аз баҳри бақайдории таърихи чунин фатҳ
Айнӣ ба сар овард ба ин байт баёнро:
Овозаи фатҳу зафари пурраи мо, бин,
Бигрифт ба таърихи ҷаҳон рӯи ҷаҳонро!

Устод Абулқосим Лоҳутӣ, ки худ марди мубориз ва диловари майдони набарди ҳақиқату адолат ва садоқату саодати халқ буд, дар оғози ҷанг басо заминиву самимӣ ба мардум рӯ овард:

Бародарон, бародарон,
Бародарон, ба модари Ватан вафо кунем,
Агар ки сар талаб кунад, ба вай фидо кунем.
Ба душманон мо амон намедиҳем,
Ба дигарон хокамон намедиҳем, намедиҳем!
Собит ин гуфта бар Гитлери беҳаё кунем.

Басо оддию дилрас, бо калимаи муассири «бародарон» ба ҳамагон муроҷиат кардан эҳсоси як хонадони том будани Иттифоқи Советӣ ва хас­ми муштараки кулли халқи он будани фашизмро барангехта, таъсири сухани шоирро бамаротиб меафзояд.

Устод Лоҳутӣ, аз ақибнишинии ногузири Армияи Сурхи диловар дар аввали ҷанг навмед нагашта, онро рухдоди табиие мешуморад, чунки ҳуҷуми душман, бар рағми паймони мавҷуд, аҳдшиканона буд ва набарди халқи советӣ бо истилогарони фа­шистӣ тариқи дигар сурат гирифта на­метавонист. Шоири бузург бо образҳои заминии ба ҳамагон ошно ин ҳолатро шарҳ медиҳад ва ба хулосаи рӯҳбахше мерасад:

Гитлер, аз шарму шарофат маҳрум,
Чун саги ҳор ба мо кард ҳуҷум,
Шери мо як-ду қадам вопас рафт,
Вопас аз ҳилаи он нокас рафт,
Назаре тез ба ҳар сӯй андохт,
Зуд шуд ҷамъ, суи душман тохт.
Бигурезад зи вай акнун чун меш
Он ки буд гург ду рӯз аз ин пеш,
Лек ин тохт нахустин бошад,
Ҷои дамгирӣ Берлин бошад.

Устод Лоҳутӣ, пеш аз ҳама, лирики ҳунарманд буд ва дар зикри мавзуи набард барои Ватан низ аз ин ҳунари воло истифода менамуд. Ӯ натанҳо дасти дилбарро ба дасти душман на­медиҳаду инро бешарафӣ мешуморад, балки чун тимсоли ҷонбозаскарони советӣ як сари мӯи ҷононаро ба бегона ҳайф медонаду омода аст дар ин роҳ ҷон фидо бикунад.

Ман дасти туро ба дасти душман надиҳам,
Ҳаргиз ба чунин бешарафӣ тан надиҳам.
Аз турраи ҷонона ба бегонаи ӯ
Гар сар биравад, як сари мӯ ман надиҳам!

Дар достони “Ғалабаи Таня” Лоҳутӣ бо устодии воқеӣ, ки аз интихоби ша­кли заруру дархури шеър шурӯъ ме­шавад, ҳанӯз дар оғози ҷанг моҳияти зиддиинсонии фашизм ва садоқату матонати мардуми советиро бисёр му­ассиру дилрас нишон дод. Ин асар, ки тақдири фоҷиавии яке аз қаҳрамондух­тарони Иттифоқи Советӣ, ватандӯсти матин Зоя Космодемянскаяро бозгӯ менамояд, натанҳо боиси раҳму ша­фқат ва аламу ҳамдардии самимонаи миллионҳо гардид, балки хашму ғазаб, матонату устуворӣ ва ватанхоҳию интиқомҷӯии онҳоро ба вуҷуд овард.

Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, ки намоян­даи «мактаби куҳна»-и шеърсароии мост, созгори табиати содаву беғаши хеш аз чизҳои оддӣ мегӯяд, вале бо самимияти хос фазои замонро инъикос мекунаду эҳсоси ифтихору ватандории хонандаро бармеангезад:

То ин ки занад бомб ба фарқи сари душман,
Садҳо ба фазоҳо зи замин айраплан хест.
Ҷунбид сафи танкаи пӯлодтани мо,
Тупҳои кушояндаи оташ зи даҳан хест.
Ин ҷо Ватани хуррами соҳибшарафон аст,
Соҳибшараф он кас, ки пайи ҳифзи Ватан хест.

Бо ҳамин самимият шоир паҳлӯи дигари мавзуъ – ҳидояту дуои модари сарбозро матраҳ мекунад:

Равӣ зидди душман ту чун додарат,
Ризо аз ту мегардад ин модарат.
Бикун бӯсае додаратро зи ман,
Бигӯ, сахт ҷангад барои Ватан!

Шодмонии шоир аз фарорасии рӯзи Ғалаба низ ҳамин гуна содаву самимӣ ва равшану дилрас аст:

Рӯзи хурсандии дигар омад,
Ҷашни таърихии зафар омад.
Андар ин рӯз бар сари Берлин
Байрақи фатҳ ҷилвагар омад.
Он ки бар дигарон зарар мехост,
Худ дучори ҳамон зарар омад.
“Чоҳкан зери чоҳ” мегӯянд,
Ин масал хубу муътабар омад.

Муҳаммадҷон Раҳимӣ – намояндаи дигари мактаби мазкур бо зикри чанд ҷузъи тоза мавзуъро фарохтар меку­над – аз тасвири ӯ ҳам манзараи бо заҳмати сангин барои сарбозон силоҳу дигар воситаҳои мубориза сохтани одамони советӣ аён мешавад ва ҳам дар ин роҳ огоҳонаву бошуурона молу маблағи хешро дареғ надоштани онҳо:

Бо меҳнату пул метал чу Парвин
Боло равад аз завод ба парвоз,
Он гоҳ ба фарқи хасми бадкин
Гардад самалоти бомбаандоз.
Кардем нидо бародаронро:
Бо маблағу молу илму идроканд сафдаронро,
То маҳв шавад Адолф-Заҳҳок!

Корбасти паҳлӯи дигари мавзуъ дар шеъри Муҳиддин Аминзода низ равшан эҳсос мешавад. Ӯ, яке аз ав­валинҳо шуда, дар шакли мактуб ба фронт доир ба ҷои бародарону хоҳа­рони ба набардгоҳ рафтаро гириф­тани насли ҷавонтар изҳори андеша мекунад:

Рафтӣ, иваз карда трактур ба танк,
Ҷои ту гаштам ба трактур савор,
Ман биканам бехи алафҳои ғайр,
Ҷинси адуро ту бикун торумор!

Дар ин миён набарди умумихалқӣ вусъати бемисл меёбад ва мубориза барои ҳар ваҷаб хоки Ватан ҷонфидоё­ни мушаххасро аз майдони набард ба майдони адабиёт меорад. Монологи арӯси нокоми Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Чӯтак Ӯрозов, ки ба қалами Но­дир Шанбезода мутааллиқ аст, миёни чунин ашъор қобили зикр мебошад. Он ҳам басо пуртаъсиру ҷонкоҳ ва ҳам дилбардору рӯҳбахш садо дода, рӯҳи­яву рафтори ҷанговарони ҷонфидо ва дилқаринҳои онҳоро дар ақибгоҳ воқеӣ ифода мекунад.

Ба пои ҳайкали сангин ситода моҳрухе,
Равон зи дида сиришкаш чу селборон буд.
Ба мӯя гуфт, ки «Эй бевафо ғазанфари ман,
Миёни мо магар ин аҳд буду паймон буд,
Ки аз вилояти ҳастӣ сафар кунӣ бе ман,
Магар тариқи ту оини некмардон буд?” –
Бигуфт ину зи по уфтоду шуд хомӯш,
Фитода чун тани беҷон миёни майдон буд.
Дар он дақиқа ба гӯшаш чунин ҷавоб омад,
Ки аз шунидани он маҳву моту ҳайрон буд:
«Азизи ман, ту маранҷ аз ману мабош ғамин,
Миёни мо на ягон ҳилаву надастон буд,
Ту маҳр хостӣ аз ман, ки номаш озодист,
Харида додамат, аммо ба қимати ҷон буд,
 Агарчи додани он кори саҳлу осон нест,
Ба хотири туву халқам бароям осон буд!»

Устод Мирзо Турсунзодаро барҳақ метавон аскари ҷонфишони он на­барди бемисл ҳисобид. Ашъори дил­пазир ва достони камназири «Писари Ватан»-и ӯ бо устувории сухан ва матонати рӯҳия ифодагари иродаи бешикасти халқанд ва натанҳо дар баёни дилу нийяти сарбозони ҷабҳа­ву заҳматкашони ақибгоҳ, балки дар тарғиби барҷо ва сафарбарсозии мар­дум ба фронт нақши муҳим бозиданд.

Модарам, меравам аз пеши ту ман
Ба дифои шарафу шаъни Ватан.
Меравам, то ки зиреҳ пӯшам ман,
Дар раҳи фатҳу зафар кӯшам ман…
Барқсон пора кунам абри сияҳ;
То насозад рухи хуршед панаҳ.

                              ***

Ту зинда бош, Ватан – хонаи умеди халқ,
Ки бе ту нест дилу ҷони шодмон ҳаргиз.
Даме, ки мешумарам пурбаҳо суханҳоро,
ландтар зи Ватан нест дар забон ҳаргиз.
«Чи медиҳӣ ба Ватан?» – Ҳар касе, ки пурсидам,
Ҷавоб дод: «Надорам дареғ ҷон ҳаргиз!»

Чунон ки зикр шуд, дар давраи Ҷан­ги Бузурги Ватанӣ дар шакли номаи наздикон ба сарбоз ё номаи сарбоз ба наздикон иншо шудани ашъор ба ҳукми анъана даромад. Аз он миён шеърҳои Абдусалом Деҳотӣ, ки он рӯзҳо бародари донишмандаш Абду­шукур Пирмуҳаммадзодаро аз даст дода буд, яъне ҷангро дар дилу ҷони хеш эҳсос менамуд, «Интизор бош!» (мактуб аз фронт) ва «Дар интизорам» (мактуб ба фронт) шуҳратёр гарди­данд ва чун ҳамтои асили хеш – «Жди меня»-и адиби маъруфи рус Констан­тин Симонов дастбадаст мегаштанд.

Мирсаид Миршакар ба он мавзуи басо ҷиддӣ ба услуби хосаи хеш – лутфу зарофат рӯ оварда, ба бад­хоҳи халқу Ватан зарбаи нишонрасе мезанад:

Яке бар дигаре гуфто: «Шунидӣ,
Ки Гитлер ақли худро гум намудаст?»
Дигар дар ҳайрат афтоду бигуфто:
«Магар ӯ то кунун боақл будаст?»

Дар миёни ашъори ин мавзуъ шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ мавқеи хос доранд. Ин шоири ҷавону тавоно, ки ҳанӯз қабл аз ҷанг чун ватансаро ном бароварда буд ва самимона мегуфт:

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чи гӯяд, адо мекунем,

Агар хасми мо қасд бар мо кунад,
Дари шӯришу фитнаро во кунад,

Биҷангем чандон барои Ватан,
Ки душман шавад зери пои Ватан,

бо оғози ҷанг овози хешро балан­дтару қатъитар намуд:

Вақти он аст, эй қалам,
Буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст, эй сухан,
Ғуррандатар гардӣ зи барқ,
То ба душман ҳамла орам,
Решааш буррӣ зи бех,
То расӣ,
                манҳус анчарро кунӣ бешоху барг!

Ва, ихтиёрӣ ба ҷабҳа рафта, аҳду садоқаташро дар баҳои ҷони ҷавон нишон дод.

Ҳам пеш аз ҷанг ва ҳам бевосита дар ҷабҳа ин шоири тозагӯю навҷӯ шеърҳои баланду зебои зиёде суруд, вале вопасин шеъри волояш номаи охиринаш гардид, ки аз Варшава навишта буд: “Ман ҷавонам ва зин­дагиро бисёр дӯст медорам. Вале муҳаббатам ба Ватан бештар аст. Аз ин рӯ, роҳам ба Ватан танҳо ба воситаи Берлин хоҳад буд”. Мутаассифона, ин орзуи зебои инсониву шоиронаи Ҳабиб Юсуфӣ амалӣ нагардид, лекин, хушбахтона, қисме аз ҳамдиёрони ҳам­силоҳи ӯ ба рӯзи фирӯзи Ғалаба рас­иданд ва баъди фатҳи лонаи фашизм – Рейхстаг ба Ватан баргаштанд. Дар барномае, ки шабакаи “Россия-2” дар рӯзҳои таҷлили 70-солагии Ғалабаи халқи советӣ бар Германияи фашистӣ нишон дод, як полковники солхӯрдаи рус нақл кард, ки ҳангоми Егорову Кан­тарияро ҳимоякунон ба Рейхстаг даро­мадани дастаи онҳо аз он бино чанд нафар аскари советӣ берун шуданд ва дар посухи саволи ҳамсилоҳона­шон гуфтанд, ки сарбозони тоҷиканду парчами пирӯзиро бар фарози лонаи душман парафшон намудаанд. Ин, ба ҳеҷ ваҷҳ, хидмати садҳо сарбозони миллатҳои дигарро, ки бо заҳмати афзун байрақи пирӯзии ҳамагониро бар он бино устувор намуданд, кам намекунад, балки бозгӯи амалӣ сох­тани орзӯи ҳазорон ҷавонмардоне аз қабили Ҳабиб Юсуфист, ки дар ин роҳи пуршараф ҷони ҷавон бохтанд. Дар қатори ин шоири номвар адибо­ни зиёди мо, аз ҷумла Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Муҳиддин Фарҳат, Абдуҷаб­бор Қаҳҳорӣ, Қурбоналӣ Раҷаб зидди истилогарони фашистӣ размидаанд. Ҳамзамон бо набарди диловарона ба­рои Ватан онҳо дар васфи халқу Ватан, озодиву истиқлолият, дӯстиву ваҳдати халқҳои советӣ, қарзи фарзандӣ ва қаҳрамонони он муборизаи воқеан умумихалқӣ асарҳое эҷод карданд, ки ба ҳукми сарбозони маънавии шикаст­нопазир дар наздик намудани Ғалабаи бузург саҳми бузург гузоштанд.

Як нуктаи ҷолиб он аст, ки шоиро­намон, дар бораи корнамоиҳои намо­яндагони халқи худ дар набардгоҳу ақибгоҳ сухан ронда, бахуд ё бехуд самимона ифтихори мулку миллати худ кардаанд ва инро метавон оғози худшиносии миллии шеъри муосира­мон донист. Аз ҷумла, Боқӣ Раҳимзода дар шеъре, ки ба лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова бахшидааст, чунин ифтихори созанда дорад, ки албатта ба хонандаи замон бетаъсир набудааст:

Эй духтари номдори тоҷик,
Эй навгули навбаҳори тоҷик,
Эй лоиқи ифтихори тоҷик,
Парварда туро диёри тоҷик.

Ҳамин эҳсос дар шеъри Ғаффор Мирзо “Санъати ҷонбозию ҳусни нисор”, ки ба фарзанди Тоҷикистон, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Тӯйчӣ Эрйигитов бахшида шудааст, бисёр баланд аст. Қаҳрамони шеър фарза­нди даврон аст ва, албатта, барои Ватани беканори советӣ меразмад, лекин барои Тоҷикистон, он пораи хоку оби ин мамлакати васеъ, ки ӯро зодаву парвардааст, ҷон медиҳад:

Мехӯрам афсӯс, аз чӣ дар ҳаёт
Як, фақат як ҷон маро буд дар бисот.

Аз чӣ, эй модар, худои муътабар,
Худ надодӣ боз як ҷони дигар,

То ба ин дастур мирам боз ман,
Боз мирам ҳамчунон сарбоз ман.

Алвидоъ, эй дӯстон, ҷон медиҳам,
Ҷон барои Тоҷикистон медиҳам!

Аз шумори он шоироне, ки ҷонни­сорона дар майдони ҷанг буданду бо пирӯзӣ баргаштанд, аз Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ бояд ёдовар шуд, ки ин са­трҳои воқеии самимона ба ӯ тааллуқ доранд:

Бори аввал ман навиштам шеър дар майдони ҷанг,
Як саҳаргаҳ андаруни хандақи торику танг.
З-ин сабаб ояд зи ҳар як мисраи ашъори ман
Бӯи хандақ, бӯи борут, оташи тӯпу туфанг.

Шоири ҷанговар бо захму резати­рҳои ҷанг дар тан аз майдон баргашт ва он дарду ҷароҳатҳоро умре мардо­на таҳаммул кард:

Резаи тирҳои сард ҳанӯз
Танам осуда ҳеҷ нагзорад,
Теғи ҷарроҳу пайкари захмӣ
То кунун сӯзу решҳо дорад,
Ҷанг дорад магар ҳанӯз давом?

Достони “Шабе пеш аз марг”-и ин шоири ҷанговар, ба эътирофи устод Турсунзода, яке аз беҳтарин асарҳост оид ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Ҷиҳати дигари қобили зикр дар ин маврид масъалаи ворисият дар тасвири мавзӯи Ҷанги Бузурги Вата­нист. Аз пирони адабиёт то ҷавонта­рин адибон дар ин мавзӯъ чизе эҷод карда, дар бозгӯи фоҷиаи бемислу қаҳрамониҳои беназири халқамон фаслу бобе афзуданд. Яъне, инъико­си он рӯзгор ва симоҳои дурахшонаш минбаъд ҳам мавриди таваҷҷуҳи шоирони наслҳои дигар будааст ва дар ин замина навиштаҳои зиёде чун номаҳои миннатдориву шукргузорӣ аз падарони муборизу шуҳратманд рӯи сафҳаҳо омадаанд. Баррасии чунин осор касро ба мушоҳидаи беихтиёри таҳаввули адабиёт, такомули ҳунари адабӣ ва вусъату жарфои инъикоси мавзӯъ мерасонад. Ба ифодаи дигар, манзур аз осори шиории даъват ба муборизаи беамон бо душмани инсо­ният, ки зарурати замон буду дар ин амал хидмати бузурге кард, то асарҳои амиқмазмуну ҳунармандонаи адабӣ, ки чун моли адабиёт абадан эҳсосу идро­ки хонандаро таҳрик хоҳанд дод, рас­идани осори мавзӯи мазкур мебошад.

Шеърҳои Бозор Собир “Асп”, “Ва­тан”, “Кӯдакиям ҳанӯз гирён аст”, “Барои Мерган”, Лоиқ Шералӣ “Суруди хайрбод”, “Нону насиб”, “Духтари қи­шлоқӣ” намунаҳои дурахшони онанд.

Таваҷҷуҳ кунед ба шеъри Бозор Собир, ки симои иштирокчии ҷангро тасвир намудааст:

Медурахшад чу шаддаи Парвин
Дар сари синаат ситора қатор,
Синаи софи пурситораи туст
Пораи осмони софи диёр.

Ту ба ҳар кӯчае қадам монӣ,
Кӯча бар Роҳи Каҳкашон монад.
Ту ба ҳар хонае шавӣ меҳмон,
Хона бар бурҷи осмон монад.

Дар гузарҳои деҳа хурду калон
Мешиносанд нақши пои туро,
Нуқтаи ҷанг мекунанд ҳисоб
Нуқта-нуқта пайи асои туро.

Дар ҳама сатру байти ин шеъри мухтасар образу тасвиру ташбеҳе дучор мешавад ва дар маҷмуъ симои қаҳрамон равшан пеши назар меояд.

Ё худ, шеъри “Духтари қишлоқӣ”-и Лоиқ Шералӣ тавсифномаи дурахшо­ни ҳазорон духтарони давраиҷангии Тоҷикистон аст, ки бо вуҷуди ҳама мушкилоти моддию маъ­навии замон поку беолоишу вафодор боқӣ монданд ва ин ҷанг бо худ барояшон аз ҷанг бо душмани ғаддори рӯбарӯ камтар набуд. Инак, оғоз:

Нарафтӣ ҷанг мисли духтари рус,
Набастӣ захмҳои аскаронро,
Накардӣ сила бо дастони нармат
Сари аз тир маҷрӯҳи ҷавонро…

Ва анҷоми шеър:

Набастӣ бар миёнат тирдонро,
Нарафтӣ ҷанг чун русдухтар, аммо
Ту бо худ ҷанг кардӣ, доштӣ пок
Ба аскарбаччае номуси худро.

Ҷои гап аст, ки дар куллиёти па­сазфавтии шоир номи шеър “Духтари рустоӣ” ва банди ҷамъбастӣ ба ин шакл омадааст:

Набастӣ бар миёнат тирдоне,
Нарафтӣ ҷанг мисли духтари рус.
Ту бо худ ҷанг кардӣ, доштӣ пок
Ба аскарбаччаи шайдот номус,

ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз нусхае, ки аксаран ба он одат кардаанду дӯсташ дошта­анд, беҳтар нест.

Он солҳо қариб тамоми Тоҷикистон қишлоқ буд, мардум танҳо ин калимаро истифода мекард ва “Духтари қишлоқӣ” унвон гирифтани шеър натанҳо табиӣ, балки бозгӯи бисёр мушаххасоти аёну ниҳони мавзуст. Лоҳутии эронӣ, албатта, вожаи “пирӯзӣ”-ро медонист ва метавонист достонашро “Пирӯзии Таня” биномад. Вале он гоҳ эҳсоси замону макон, самимияту табиият, ки беш аз ҳамагон хоси шоири воқеиянд, чӣ мешуд? Калимаи мушаххаси «тирдон» чӣ айб дошт, ки бо «тирдон»-и номушаххасу номаълуме иваз шудааст? Оё ба аскарбаччаи ношайдои хеш ҳам вафодор мондани тоҷикдухтари қишлоқии он замон мумкин буд? Пайвандаки “аммо” чун ифодакунандаи акси сухани болои он зарур аст ва тасҳифаш интизории лозими хонандаро аз он акси амал халалдор мекунад.

Дар бораи таҳрири ашъори Лоиқ Шералӣ, ки баъди сараш сурат ги­рифт, қаблан ҳам сухан ба миён омада буд ва зикр шуда буд, ки аксаран ба қалами худаш тааллуқ надоранд ва чанд мисоле, ки носамимию сохта ва нохоси қалами қавии иншову таҳрири устоди равоншоданд, ин шубҳаро қув­ват мебахшанд. Хонанда комилан ҳақ дорад, ки аз мураттибону муҳаррирон асли асар, бахусус асли асари шои­рони забардасташро талаб бикунад. Ҳатто таҳрири шеърҳои машҳури Бо­зор Собир, ки худи устод ба тақозои ноқонеъии зотии хеш анҷом дода буд, норозигии хонандаи огоҳу маънирасро ба вуҷуд овард, чӣ расад ба таҳрирҳои дигар шоири бузургамон, ки маълум нест аз ҷониби кӣ амалӣ шудааст!

Ин як ҷанги кӯчак буд барои асо­лати дахолатнопазири шеъри асил ва акнун боз меравем дунболи мавзуи он Ҷанги Бузург…

Мавриди такрор аст, ки барҷаста­тарин дастовардҳо дар ин мавзуъ ба қалами Муъмин Қаноат тааллуқ до­ранд. Ӯ ҳамчун фарзанди замони ҷанг қаблан дар достонҳои “Китобҳои зах­мин” ва “Мавҷҳои Днепр” онро матраҳ карда буд, лекин бо достони “Сурӯши Сталинград” тасвири Ҷанги Бузурги Ватанию қаҳрамонии сарбозони он ва инсонҳои соҳибдили ақибгоҳро ба дараҷаи эъҷоз расонд ва ин қариб дар ҳар сурӯши достон равшану муассир эҳсос мешавад. Мавриди зикр аст, ки достон ҳамон вақт бо иштироки мар­шалҳову генералҳои машҳурӣ советӣ – иштирокчиёни муҳорибаи беназири Сталинград дар Котиботи Иттифоқи нависандагони СССР муҳокима ва бо ибораҳои «достони аср», «достон-симфония», «достон-ниёиш», «достон- муноҷот» тавсиф шуд. Ба Ҷоизаи дав­латии СССР сазовор гардидани асари мазкур далели дигари барҷастагиву беназирии он аст.

Чунин воқеънигорӣ, ёддоштҳои муассир, зикри ҷузъиёти дилрасе, ки хоси он замону тақдири он одамон буд, дар шеърҳои шоироне, ки тифлию на­врасиашон ба солҳои ҷанг рост омад, зиёд дучор мешавад. Масалан, дар ин шеъри машҳури Қутбӣ Киром:

Ман шеъри аввалини худ он рӯз гуфтаам,
Будам ба даст номаи марги бародарам,
Бар ҷойи «мурд» «зинда аст» иншо намуда худ,
Дуздида оби дидаам, бурдам ба модарам.

Дар хати сиёҳи бародар ба ҷои «мурд» «зинда аст» навишта, ба мода­ри хунинҷигар умед бахшидан воқеан шеър ва бозёфти шоирона аст.

Шеъри дигари ин шоир, ки ба Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Чӯтак Ӯрозов бахшида шудааст, низ муассир аст ва диловарию фоҷиаи ӯро амиқ тасвир мекунад:

Сабза оташ гирифт, ӯ оташ,
Оламе гашт мӯ ба мӯ оташ.
Шуъла зад, шуъла пайкари Чӯтак,
Чашмаш оташ гирифт, рӯ оташ.

Даргирифту вале дар оғӯшаш
Ҷӯш зад чашмаҳои мулки Ҳисор,
Духтари хушнигоҳи ҳамсоя
Кард сӯяш равона ашки қатор…

Дар радифи ашъори воқеии су­жетдор шеъри Мастон Шералӣ “Хоби бевазан” хеле ҷолиб аст. Он солҳо баъзе аскарбачаҳо аз ҷанг зан меовар­данд ва ҳамин рухдод асоси ин шеъри зоҳиран ҳазломез, вале дар асл бисёр амиқу пураламро ташкил додааст:

Бевазан хоб дид, хоби аҷиб:
Шавҳари ӯ зи ҷанг меояд,
Гоҳ танҳову гоҳ танҳо не,
Бо нигори фаранг меояд…

Кист он зан, ки инчунин озод
Меравад аз канори шавҳари ӯ,
Гоҳ хам гашта, меканад бо ноз
Гули рангобаранг аз лаби ҷӯ…

Бевазан сӯхта дар оташи рашк,
Сӯяшон тохт, ҳарчи дошт мадор,
Аз гулӯи зани фаранг гирифт,
Муштболо зи хоб шуд бедор…

Дар солҳои баъди ҷанг сарбозони якпою якдаст ва бепою бедаст аз кор­зор баргашта зиёд вомехӯрданд ва Ашӯр Сафар чунин як таассуроташро омехта бо эҳсоси воқеии инсондӯстию шукргузории сарбози маъюб дар шеъри “Мӯза” баён намудааст:

Вале ӯ бар чигасдораш ҳамегӯяд ба дилсӯзӣ:
«Бубар ин мӯзаи боқӣ, бидеҳ бар бобии Рӯзӣ,
Ки ӯ ҳам мисли ман як пой дорад, пои ман гӯёст,
Ҳамин як пой ҳам, сад шукр, бошад бахти фирӯзӣ».

Шеъри Озод Аминзода “Буридаи нон” низ ҳосили хотираҳои ҷонгудози бачагию наврасии ӯст. Кӯдакони гу­руснаи айёми ҷанг хуморашонро бо кулчаҳои лойӣ мешикастанд ва дар шеър симои кӯдаке ба қалам омада­аст, ки мутаассифона, то фаровонии кулчаҳои ҳақиқӣ нарасида, алами умрбоди шоир шудааст ва ин алам ба дили хонанда низ асар мекунад:

Нишаста дар канори ҷӯйборон,
Ману ту кулчасозӣ менамудем,
Табақро карда пур аз нони лойӣ,
Ба ҳам меҳмоннавозӣ менамудем…

Кунун ҳар ҷо, ки меҳмон мешавам ман,
Кунун ҳар ҷо, ки биншинам сари хон,
Ба ёди кулчаҳои лойии ту
Барои хотири ту бишканам нон.

Саидалӣ Маъмур, мутаассир аз дидани деҳи Хатини Белоруссия, ки бо сокинонаш туъмаи оташи ҷаҳли фашистон шуда буд, силсилашеър навишт. Қаҳрамони яке аз онҳо – ягона инсоне, ки тасодуфан аз он қиёмат раҳидааст, бо ягона мурғаке, ки низ зинда мондаасту сари шохаи ягона дарахти ба коми оташ нарафтаи деҳа нишастааст, рози дил мекунад ва ин пайванди нишонаҳои охирини як деҳи ободи собиқ, ки бозгӯи бардавомии ҳаёт аст, хонандаро ҳатман ба риққат меорад:

Эй лаклак,
Эй парандаи зебо, биё, биё…
Ҳамқисматем мову ту имрӯз дар ҷаҳон,
Ҳастем баски мову ту аз мурдаҳо нишон.

Дар бораи ин деҳа, ки яке аз рам­зҳои фоҷиаи ҷанги ҷаҳонист, Гулназар Келдӣ ҳам шеър гуфтааст. Ҳамчунин, дар достони “Пайи дарё”-и ӯ дар бораи ҷангу ҷанговарон бисёр лаҳзаҳои дил­рас ҳаст. Дар ин мавзӯъ шоир пешгӯии табиӣ ва риққатоваре ҳам карда буд, ки батадриҷ ба вуқуъ пайваст:

Як замон аз набарди дунёӣ
Охирин аскаре нишон монад,
Ки танаш захми хунчакон дорад,
Ки дилаш макри душманон донад.

Охирин аскаре, ки аз Маскав
То ба Берлин барои Маскав рафт.
Гӯӣ, аз офтоби фатҳу зафар
Ҷониби Ғарб мисли партав рафт.

Дар ҳақиқат, лашкари бузурги иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, минҷумла аз Тоҷикистон, батадриҷ мекоҳад ва имсол ҳамагӣ ҳабдаҳ на­фари онҳо дар қайди ҳаёт буданд, ки аз ҷониби раҳбарияти кишвар сазовор қадрдонӣ шуданд.

Сафармуҳаммад Айюбӣ дар мавзӯи мазкур чанд шеъри дилрас дорад, ки ҳама аз хотираҳои кӯдакӣ ва дидаву шунидаҳои шахсии ӯянд. Маълум аст, ки фашизм аз пай наҳсиҳои фаровон овард ва яке аз мудҳиштаринҳояш ба гуруснагӣ маҳкум намудани миллионҳо одамони сайёра буд. Шеъри “Дар су­роғи нон”, ки ба хотираи се бародару хоҳари аз гуруснагӣ фавтидаи шоир рӯи коғаз омадааст, ин фоҷиаро му­шаххасу риққатбор тасвир кардааст:

Давраи ҷанг буду бенонӣ,
Гушнаи зор аз ҷаҳон рафтед,
Модарам гуфт он замон моро,
Ки шумо аз барои нон рафтед…

Дар сари қабратон ҳамебинам,
Руста аз хок лолаҳо ҳайрон,
Гӯӣ, аз хок то кунун болост
Дастҳои шумо барои нон.

“Мотами сафед”-и Гулрухсор Сафӣ аз ангуштшумор достонҳоест, ки дар ин мавзуъ навишта шудаанд. Он ҳам саҳнаҳои набардгоҳ ва ҳам лаҳзаҳои ҳаёти ақибгоҳро дар бар гирифтааст. Аз аввалиҳо саҳнаҳои кӯдаки русро дар калисо, ба парчами сурх печонида, наҷот додани сарбози тоҷик Раҳмат ва дар ин ҳангом худи фашистро гирифтани сагаш, ки алайҳи аскари тоҷик шӯронда буд, аз дуюмиҳо лаҳзаи марги иштирокчии ҷанг ва омӯзгори собиқадор Раҳмат Сано дар рӯзи тӯйи ҳамсоя ва то баргузории он маъракаи хурсандӣ ин ҳодисаро овоза накарда­ни ҳамсараш Гулпарӣ хеле рамзиву хотирнишинанд.

Дар қатори ашъори воқеӣ дар мавзуи ҷанг метавон манзумаи “Нидои шаҳидон”-и Камол Насруллоро низ ном бурд, ки пас аз сафари шаҳри Краснодон, боздид аз мавзеъҳои ҷанг, хусусан маҳбас ва навиштаҳои хунини гвардиячиёни ҷавон бар девори он, эҷод шудааст. Дидани он ҳама манза­раҳои қаҳрамониву фоҷиавӣ шоирро сари арзишҳои бузурге чун сулҳ, Ва­тан, қарзи инсонӣ ба андешаи амиқ вомедорад.

Чунин ашъор зиёд аст ва бинобар тангии фурсат боз чанд мисоле бе шарҳу баёни муфассал манзуратон мешавад.

То ҳанӯз аз арсаи ҷанги ҷаҳон
Тир ҳуштак мекашад дар гӯши ӯ,
Бомба метаркад даруни синааш,
Хокборон мешавад бар дӯши ӯ.
                                             (Саидҷон Ҳакимзода. “Сарбоз”)

Падарам рафт як саҳар бар ҷанг,
То ҳанӯз он саҳар ба ёди ман аст.
Хуфта дар гӯши кӯҳҳои гарон
То ба ҳоло ғиреву доди ман аст.
                                               (Ширин Бунёд. “Ёди падар”)

Дар сари оташгаҳи бобоият
Дона кардам ашк ҷои модарат,
Дона кардам ашк ҷои хоҳарат,
Нест ин ҷо момаи нозук дигар,
Гиря кардам ҷои он ғампарварат.
Гӯиё аз ҷониби хешу табор
Нолаҳо мекард дарёи Мазор, –
Нолаҳои реш-решу зор-зор… —

ба қалами Ҳақназар Ғоиб мансуб­анд ин сатрҳо дар баёни андешаҳои Нина Дитченко – ҳамсилоҳи Қаҳра­мони Иттифоқи Советӣ Сафар Амир­шоев, ки ба суроғу ёди ӯ ба деҳааш, Хатлони бостон омадааст.

Ҳар баҳорон сабзаҳо рӯяд зи хок,
Бишкуфад дар ҳар баҳоре ёсамин,
Куштагони ҷанг чун гул дар баҳор
Кош боре медамиданд аз замин.
                                            (Ҷамолиддин Каримзода)

Қабрҳои мармарини аскарон
Дар рафи хоканд гӯё чун китоб.
Чун қироатгаҳ мазори дар сукут,
Сатрҳо чун набзҳо дар изтироб.
                                              (Ҳабибулло Файзулло)

Субҳи Рӯмонро шафақ сурхӣ задаст,
Шуд баланд аз ҳавлие овози тир.
Тирандозе ба дунё омадаст,
Дар деҳа шодон бишуд барнову пир.

…Шоми Садлас пурғубору тафта буд,
Аскарон се бор тир андохтанд.
Тирандозе зи дунё рафта буд,
Ҳамсилоҳон сар ба зер андохтанд.
                                                 (Аскар Ҳаким)

Магар сарбозҳо он рӯзи манҳус
Тамоми оташатро бурда буданд?
Ба майдон оташат мезад забона,
Дар ин ҷо шуълаҳоят мурда буданд.
                                                    (Зиё Абдулло. “Танӯр”)

Миёни ҷанг бошад Лена ҳамроҳам,
Бувад ӯ ҳамяроқи ман,
Шарики дар вафою меҳр тоқи ман,
Варо ҳамроҳ хоҳам бурд,
Бароят Ленаро фарзанд хоҳам кард,
Ман аз нашпотии хушбӯю хуштаъми Қаротегин
Ба ноки «Ҳусни ҷангал»
Бо ҳавас пайванд хоҳам кард.
                                                      (Ҷумъа Қувват)

Чокдӯз асту чок медӯзад,
Ҳаст дар хидмати ҷавону пир.
Ҳар яке бо умед меояд,
Ҳар якеро намояд ӯ тадбир.
Ҳамчу мокуст дастҳои ӯ,
Нест чоке зи дидааш пинҳон.
Лек се чоки қалби зорашро
Дӯхтан нест баҳри ӯ осон…
                                                 (Ғаффоралӣ Сафар)

Ҳаваси духтаронааш ҷовид
Дар дили орамидаи ӯ монд,
Даста-даста ҳинои нобаста,
Вусмаи нокашидаи ӯ монд.

Бол бикшоду сӯи гардун рафт,
Ҳастии хешро дар оташ зад.
Худ ҳам ӯ оташе саропо буд,
Бар сари хасми кишвар оташ зад.

Дар хаёлам, ҳанӯз дар гардун
Мезанад бол, мекунад парвоз,
То зи нав сӯи кӯҳсор ояд,
Модари хешро бубинад боз.
                                      (Раҳмат Назрӣ. “Ба ёди лочин­духтари қаҳрамон Ойгули Муҳам­мадҷон”)

Модарам – духтари замони ҷанг,
Тобад аз тарҳи ӯ ҳама майдон.
Чашмҳояш ба сар фурӯ рафтанд
Ҳамчу ҷои гулӯлаву пайкон.
                                                  (Муҳаммад Ғоиб)

Ту бо номи падар бояд бинозӣ,
Ки ӯ марди далеру қаҳрамон буд,
Дар он рӯзи сияҳ дар корзорон
Вакили босазои тоҷикон буд.

Шараф гуфто шабе: эй дӯстонам,
Аз ин сон бандагӣ бояд раҳо шуд,
Ҳама яктан ба озодӣ бикӯшем,
Ҷавонмардии мо оё куҷо шуд?

Шабе гаштем аз маҳбас фирорӣ,
Бирафтем аз миёни ҷангалистон,
Ниҳон аз чашму аз таъқиби душман
Расидем оқибат бар шаҳри Лион…
                                                          (Зулфия Атоӣ)

Ин мавзуъ пас аз даҳсолаҳо ҳатто дар шеъри бачагонаамон акси садо додааст. Аз он ҷумла Муродалӣ Собир аз забони кӯдак ҳолати табиии мода­реро тасвир намудааст, ки «чил сол агарчи бигзашт аз ҷанги хонумонсӯз, интизорӣ мекашад нури чашмашро ҳанӯз» ва ҳар гоҳ қатори аскаронро бибинад, гумон мекунад, ки писараш дар он саф аст ва бо умед мепурсад:

– Надидаӣ, писарҷон,
Дар қатори аскарон
Писари ман – Ҳасанро,
Нури ду чашми манро?

                 ***

Бигузашт аз миёни оташу тир,
Дар кафаш гаҳ камону гаҳ шамшер.
Ҳам зи дарёи тундрав бигузашт,
Ҳам зи саҳрои нодарав бигзашт.

Инчунин рафт зинда то Берлин,
Бигузашта зи сарҳади тақдир.
Пеши ӯ сарҳаде набуд дигар,
Фатҳи ӯ дар ҷаҳон надошт назир.

Дид, ки ҷуз миёни неку бад,
Дид, ки ҷуз миёни душману дӯст
Сарҳаде нест дар замону замин,
Хоки зоянда бо ҳама якрӯст.
                                                      (Рустам Ваҳҳобзода)

Момаи муштипари беозор
Сари чил сол надидаст баҳор,
Дар ғами баччаи армонии хеш
Зор менолад,
Менолад зор.

Солҳо дар лабаки дар шишта,
Чашмҳо дар чакаки сар шишта,
Намади куҳнаҳакаш таҳпоӣ,
Мекунад то ба кунун раҳпоӣ.

Дар дили ӯ ғами дунёӣ нест,
Солҳо бо ғами танҳоӣ зист.
Вой, лах-лах шуда лахти ҷигараш,
Эй дареғо, ки наомад писараш.
                                                        (Сайёд Ғаффор)

Шаҳодати муборизаи умумии мар­дум будани ҷанги мазкур он ҳам ҳаст, ки дар тӯли даҳсолаҳои зиёди баъди ҷанг ин мавзуъ дар адабиёти сермил­лати советӣ яке аз меҳвариҳо буд ва боиси ба вуҷуд омадани роману по­вест, достону драма, шеъру ҳикоя ва очерку мақолаҳои бешуморе гардид. Ин осор саҳнаҳои мудҳишу муассир, симоҳои хосу фаромӯшнашуданӣ, ғояҳои намирандаеро ба ёдгор гузо­шта, ба хазинаи маънавии халқҳои ин қаламрав табдил ёфтанд. Ва, бо назардошти воқеаҳои замони муосир, метавон тахмин кард, ки мавзӯи ҷанг то дер яке аз мавзӯъҳои меҳварии адабиёт, аз ҷумла адабиёти тоҷик, боқӣ хоҳад монд.

Ин суханронӣ тадқиқу таҳқиқи мавзӯъ набуд, балки ёдбуди ҳама тоҷикаскарони ҷанги ҷаҳон ва фидо­корони ақибгоҳи Тоҷикистон, аз ҷум­ла адибони ҷанговару суханварони ақибгоҳ ва асарҳои онҳо буд, ки низ чун сарбозони набардгоҳи маҷозӣ дар хидмати Ватан буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд. Ёдашон бахайру осорашон мондагор бод!

Дар ин мавзуъ сухан зиёд аст, табиист, ки на ҳама адиб ва на ҳама осор тавсиф шуданд ва, умедворам, ки нуктаҳои зикрнашуда дар музокира мавриди гуфтугӯ қарор хоҳанд гирифт.

Дигар хабарҳо