Аз ашъори шоираи хушбаён Назокат Олимзода

Ба хонадони ман, эй ҷони ман, баҳор биёр,
Насими фораму хушбӯйи лолазор биёр.
Биёр шодиву завқе ба қалби тираи ман,
Таронаҳои дилошӯби чашмасор биёр.
Биё, ки ғусса маро мекушад, наҷот бидеҳ,
Ту шавқи тоза маро, ёри ғамгусор, биёр.
Надорад ин дили маҷрӯҳ тоби дарду алам,
Ба дидаҳои тарам лаҳзае хумор биёр.
Каломи ишқу вафо гӯ, ки ташнаи меҳрам,
Шарорае ба ман аз қалби шуълабор биёр.
Шукуфад аз сухани нек ғунчаҳои умед,
Ба шавқу шӯр диламро дар ихтиёр биёр.
Дили ҳазини Назокат дубора зинда шавад,
Чу армуғони чаман нағмаи ҳазор биёр.

***

Боз омада маро ба канор ин хуҷастапай,
Дода ҷамоли нав ба диёр ин хуҷастапай.
Болида гашт хотири дил аз қудуми ӯ,
Наврӯзи нозанину баҳор ин хуҷастапай.
Ҳар сол навбаҳор шавад, шод мешавам,
Аз синаҳо рабуда қарор ин хуҷастапай.
Нилӣ самову сабз замин аз латофаташ,
Гулзори хеш карда нисор ин хуҷастапай.
Дар синаҳои санг бирӯёнд лолаҳо,
Дар кӯҳ карда гаштугузор ин хуҷастапай.
Аз накҳату нафосати ӯ рехта гуҳар,
Шӯяд зи рӯи даҳр ғубор ин хуҷастапай.
Рӯёнад ӯ гиёҳи сафобахш аз замин,
Бар ҷони хаста дода мадор ин хуҷастапай.
Гӯяд Назокат аз дили ҳассоси пурниёз,
Наврӯзи нозанину баҳор, ин хуҷастапай.
***

Эй ёр, шудӣ хасми ману ёри дигар, ҳайф,
Ин бор бидодӣ ба дил озори дигар, ҳайф.
Бо тундзабонӣ ба дилам заҳр чашонӣ
Ҳар соату ҳар лаҳзаву сад бори дигар, ҳайф.
Аз ишқ дилозурдааму сарду карахтам,
Дидам, биравӣ аз пайи дилдори дигар, ҳайф.
Ҳар тозанигоре чу манат завқ набахшад,
Бар чун ту бувад балки вафодори дигар, ҳайф.
Ношукрӣ намудӣ ба Назокат, чӣ бигӯям,
Рӯзе бишавӣ ҳамнафаси хори дигар, ҳайф.

***

Бе ту ҳам бигзашт рӯзам, бе ту ҳам бигзашт моҳ,
Гоҳ парвое накарда, гоҳ чашмонам ба роҳ.
Гоҳ талху гоҳ ширин лаҳзаҳои умри ман,
Гаҳ ғариби бенавоям, гоҳ дороям чу шоҳ.
Бе ту ҳам хуршед метобад ба болои сарам,
Бе ту ҳам шабҳои маҳтобам бигирад дар паноҳ.
Мурғи бахтамро ту пар кандиву ҳайронам, ки боз
Бетараф истодаӣ умре чаро чун бегуноҳ.
Дар раҳи дил душмани дун гар туро аз роҳ зад,
Мешавад ҷо як замон худ чоҳкан дар зери чоҳ.
Аз ситамҳоят намурд, инак, Назокат зинда аст,
Пири ишқи ман дуогӯям бувад чун қиблагоҳ.

***

Бори нахуст дар шаби хобам аён шудӣ,
Пайдо ба роҳи қисмати ман ногаҳон шудӣ.
Дурӣ гузида аз туву рафтам ба роҳи худ,
Гаштӣ ту садди роҳаму бас хушбаён шудӣ.
Ҳарф аз вафову ишқ ту берабт гуфтаӣ,
Бо ин ҳама, ба ҳар қадамам достон шудӣ.
Будӣ ту меҳрубони ману хушсухан, вале
Бар пушти кӯҳи ҳаҷру ғамам ноаён шудӣ.
Борони сангу таъна биборид бар сарам,
Бибрида аз ману ба кӣ дармони ҷон шудӣ?
Дигар чӣ ҷойи гуфтугӯву ҷойи кашмакаш,
Сад ҳайф, дар танам ту чу дарди ниҳон шудӣ.
Аз фанни ишқ гуфт Назокат баҳот «ду»,
Хориҷ аз ин макотибу аз имтиҳон шудӣ.

***

Дидори охирин буд дидори ту, падарҷон,
Ғайриҳамешагӣ буд кирдори ту, падарҷон.
Дар дидаи пур аз меҳр чархид ҳалқаи ашк,
Андар гулӯ фурӯ монд гуфтори ту, падарҷон.
Бо дидаҳои пурнам кардӣ гусел моро,
Гардида пора қалби ғамдори ту, падарҷон.
Мо чун ҷавону беғам нокарда дарк мондем,
Дидори вопасин буд дидори ту, падарҷон.
Он лаҳза пеши дида чун саҳна мондагор аст,
Ногуфта монд ҳарфу асрори ту, падарҷон.
Фарзандҳо ҳамеша даври ту ҷамъ буданд,
Пайваста буд модар ғамхори ту, падарҷон.
Дар боби одамият аз ҳар кӣ беҳу боло,
Аз дона пур ҳамеша анбори ту, падарҷон.
Дипломи ту шараф буд, илми ту нангу номус,
Мондаст номи некӯ – осори ту, падарҷон.
Шогирд парваридӣ дар гӯшаҳои дунё,
Ҳар қавму миллате буд ҳамкори ту, падарҷон.
Ҳарфи қабеҳу зиште нашнидам аз забонат,
Лафзи латифу ширин гуфтори ту, падарҷон.

 

Дигар хабарҳо