Эълон
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ Конференсияи байналмилалии «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар рушди забону адабиёт ва фарҳангу тамаддуни ҷаҳон»-ро рӯзҳои 24-25 сентябри соли равон баргузор мекунад.
Ба ин муносибат аз пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва ҳофизшиносон даъват карда шудааст, ки дар мавзуъҳои зерин маърӯза пешниҳод кунанд:
- Нусхаҳои хаттии девони Ҳофизи Шерозӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон;
- Анъанаи шарҳнависӣ бар девони Ҳофизи Шерозӣ ва таҳқиқу баррасии шарҳҳои қадима ва нав;
- Тарҷума, таҳқиқ ва нашри девони Ҳофизи Шерозӣ;
- Ҳофизи Шерозӣ ва таҳаввули ғазал дар адабиёти форсӣ;
- Тасҳеҳ, нашр ва таҳқиқи шеъри Ҳофизи Шерозӣ;
- Ҳофизи Шерозӣ ва адабиёти ҷаҳон;
- Ҳофизи Шерозӣ ва суннатҳои соқиномасароӣ дар адабиёти тоҷикии форсӣ;
- Бозтоби симои Ҳофизи Шерозӣ дар адабиёти бадеӣ;
- Шеъри Ҳофизи Шерозӣ ва мусиқии суннатӣ;
- Ҳофизшиносӣ дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва ҷаҳон;
- Ҳофизи Шерозӣ ва рушду такомули забони адабии тоҷикӣ ва форсӣ дар асри 14;
- Маҳфилҳои ҳофизхонӣ дар муҳити адабии Мовароуннаҳр;
- Поэтикаи осори Ҳофизи Шерозӣ;
- Ҳофизи Шерозӣ дар пажӯҳиши шарқшиносони ҷаҳон;
- Сохтори луғавӣ, маъноӣ, сарфию наҳвӣ ва услубии забони ашъори Ҳофизи Шерозӣ;
- Таъсири Ҳофизи Шерозӣ ба шуарои туркзабон;
- Баррасии тафаккури адабӣ ва ҳунарии Ҳофизи Шерозӣ;
- Масъалаҳои матншиносӣ ва нашри ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ;
- Ҳофизи Шерозӣ ва саромадони шеъри форсӣ;
- Ҳофизи Шерозӣ ва пасояндагони ғазали форсӣ;
- Ҷомеашиносии ашъори Ҳофизи Шерозӣ;
- Сабкшиносии шеъри Ҳофизи Шерозӣ;
- Баррасии шеъри Ҳофизи Шерозӣ аз манзари равоншиносӣ;
- Ҳофизи Шерозӣ ва ирфон;
- Китобшиносии Ҳофизи Шерозӣ;
- Ҳофизи Шерозӣ ва фолклор;
- Танқид ва мазаммати хурофоту бегонапарастӣ дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ;
- Таълимоти ахлоқӣ ва тарбиявии Ҳофизи Шерозӣ.
Мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ қабул мегарданд ва бояд дар ҳаҷми аз 7 то 12 саҳифа аз 1 сентябри соли 2025 ба суроғи зерин ирсол карда шаванд:
Ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, телефонҳо: 227-29-07, (+992) 904-46-23-87
Муҳлати ниҳоии ирсоли мавод 1 сентябри соли 2025 аст.