Ба муносибати 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Мирзо Турсунзода

ФАРЗАНДИ ТУ МЕОЯД

Кушо оғӯши меҳрангези худро, эй диёри ман,
Ту, эй гаҳвораи аҷдодҳои номдори ман,
Замину боғҳои пурсафои лолазори ман,
Деҳоту шаҳрҳои пур зи шаъну ифтихори ман,
Ки сӯят меҳмон гардида, фарзанди ту меояд.

Ҳамон тифле, ки бо сад нозу неъмат парваридӣ ту,
Ҳамон тифле, ки аз баҳри саодат офаридӣ ту,
Ҳамон тифле, ки онро дар баҳои ҷон харидӣ ту,
Ҳамон тифле, ки буд ҳам орзуву ҳам умеди ту,
Бузургу қаҳрамон гардида, фарзанди ту меояд.

Диловар он писар рӯзе, ки мардона ба майдон рафт,
Ба зидди душмани ғаддор — бар зидди фашистон рафт,
Ба мисли оташи қаҳру ғазаб аз Тоҷикистон рафт,
Чу фарзанди вафодори Ватан бо аҳду паймон рафт,
Ватанро посбон гардида, фарзанди ту меояд.

Писар нагзошт, ки ин мулки шодӣ ҷои ғам гардад,
Ба ҷои адлу инсофу карам ҳоким ситам гардад,
Писар нагзошт, ки қадри башар хоки қадам гардад,
Сари болои халқи мо ба назди хасм хам гардад,
Аҷал бар душманон гардида, фарзанди ту меояд.

Ба истиқболи он гул мисли пойандоз меояд,
«Муборак бод!» аз Помиру аз Дарвоз меояд,
Дил аз шодӣ ба мисли боз дар парвоз меояд,
Ба гӯшам нағмаи «Шаҳноз» аз ҳар соз меояд,
Суруди шоирон гардида, фарзанди ту меояд.

Биё, маҳбуб, омад ёри ту, чун интизорон бӯс,
Аз он рухсораҳои ошнои марди майдон бӯс,
Ту ҳам, эй модари хушбахт, бо меҳри фаровон бӯс,
Тамошо кун рухашро гарму ҷӯшон бӯс, чандон бӯс,
Ки фахри модарон гардида, фарзанди ту меояд!

 

Абдусалом Деҳотӣ

ИНТИЗОР БОШ!
(Мактуб аз фронт)

Эй нома, эй кабӯтари пайғоми дӯстон,
Парвоз кун сабук чу насими баҳорҳо,
Рав бар диёри ман — бағали кӯҳсорҳо,
Гӯй ин салому арз ба маҳбуби дилситон:

«Ҷонони дурмондаи бо ҷон баробарам,
Чанде гузашту аз ту наомад хату хабар,
Он аҳду ваъдаҳот фаромӯш шуд магар?
Не, не, ба бевафоии ту нест боварам!

Дар байни дуду оташу ғавғои корзор
Ҳар лаҳза пеши дидаам акси ту ҷилвагар,
Дар рӯзҳои даҳшату шабҳои пурхатар
Меҳрат субот медиҳаду азми устувор.

Ҳарчанд макру ҳила кунад мисли рӯбаҳон,
Ман по ба доми фитнаи душман намениҳам,
Шаҳбози кӯҳиям, ба қафас тан намедиҳам,
Авҷи шуҷоат асту шараф ҷоям аз ҷаҳон!

Ҷанг аст ҷанг, гар талабад Модари Ватан,
Дар ҳамлаҳо, ки барқсифат теғ мезанам,
Ҷон медиҳам ба мардию ёди ту мекунам,
Ёди ту мекунам, ки туӣ ёдгори ман!

Ту низ ёд кун зи ману интизор бош,
Субҳи висолу рӯзи зафар мерасанд зуд,
Хуршеди бахт мешавад аз нав, чунон ки буд, –
Бо лутфу ханда бар сари мову ту нурпош!»

 

Мирсаид Миршакар

ИНТИҚОМ
Ба дӯсти азизам мебахшам, ки барои Ватан қурбон шудааст.

Кушта шуд ёри меҳрубони ман,
Дӯстам, балки беҳ зи ҷони ман.

Кушта шуд…
Лек доим ӯст ҳаёт,
Чунки дар роҳи халқ шуд қурбон,
Кард баҳри Ватан фидо тану ҷон,
Дода бар дӯстони хеш наҷот.

Гиря кардам, вале Ватан аз нав
Дод пандам, ки “Эй писар, бишнав:

Ашк не,
Балки интиқоми кабир
Мекунад дардро сабук имрӯз.
Кушта шуд дӯстат, машав маъюс,
Шер шав, интиқоми ӯро гир.

Нест ҷуз интиқом роҳи дигар,
Интиқом аст роҳи фатҳу зафар!”

 

Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ

БИСТ МИЛЁН

Бист милён модарону хоҳарон
Ҷовидон дар осмон ахтар шуданд.
Бист милён ахтарони осмон
Бар замин афтода хокистар шуданд.

Бист милён нахлҳои бӯстон
Хушк гардиду дигар нашкуфта монд.
Бист милён субҳгоҳонро дуруд
Дар даҳони мардумон ногуфта монд.

Мо ба ҷои он ҳама қурбониён
Зинда баргаштем аз майдони ҷанг,
Бо асою бе асою нимҷон,
Дар баданҳо захм аз тиру туфанг.

Бист милён нақшаҳои зиндагӣ,
Бист милён корҳои нотамом
Бар сари мо монд чун қарзи наҷиб,
То шавад умри шаҳидонро давом.

Хонаҳои нотамоми рафтагон
Ёфтанд анҷом бо дастони мо,
Монда онҳо хиштҳои аввалин
Хиштҳои охирин – аз они мо.

Як саҳар испорҳои мондаро
Омадему аз замин бардоштем.
Тиру пайкон як тараф бигзошта,
Ғалла аз баҳри ятимон коштем.

Чун шуданд онҳо ҳама домодзеб,
Дӯстону ҳамсилоҳони падар
Хостгорӣ рафтаем аз номашон
Бар дари гулдухтарони гулназар.

Рехтем об аз тани фарзандҳо
Мо ба ҳалқи модарони ҷонҳалок,
Бо ду дастони адаб бигзоштем
Наъшҳои сарди онҳоро ба хок.

Бист милён ахтарони осмон
Бар замин афтодаву ахгар шуданд.
Бист милён додарону хоҳарон
Ҷовидон дар осмон ахтар шуданд.

 

Ашӯр Сафар

ҶУФТИ МӮЗА
Барои Паҳлавон Барот

Зимистон аст, ҷуфти мӯзае бинӣ харидор ӯст,
Барои мӯзаи дилхоҳ саргардони бозор ӯст.
Худаш яктову аммо чашми бисёрест бар сӯяш,
Ки гӯӣ аз тамоми мардуми бозор бисёр ӯст.

Ҳама бишносадаш, гӯяд яке бар дигаре бо дард:
“Ҷавони паҳлавоне буд вақти кори худ ин мард.
Чу тифли хеш тойи пахтаро бар китф мебардошт,
Ба ҳар дам обрӯи коргоҳаш бештар мекард.”

Ба мисли пушти деворе буд ӯро паҳнии шона,
Ки тангӣ дошт бар вай дар назар гӯё ки як хона.
Ба ӯ девор не, деворро ӯ такягоҳе буд,
Ки бе ӯ гӯӣ мешуд хонаву девор вайрона.

Барорад то кунун якпоии худ лек гаҳ аз ёд,
Ба як по медавад берун, баногаҳ бишнавад фарёд,
Ба гӯшаш, ки балои ҷанг то ҳоло кашад ҳуштак,
Гумонаш, ин замон хоҳон бувад аз ӯ касе имдод.

Чу бар худ боз ояд, ӯ бубинад байни ҳавлӣ хеш
Ба монанди дарахте, ки на бар пас меравад, не пеш.
«Чигасҳои маро оред!» – гӯяд, дида худ якпо,
Ба дил аз нав варо гӯё занад як сӯзи сахте неш…

Зи косиб ӯ бигирад мӯзаи чармини зебое,
Яке пӯшида бар пову дигарро нестӣ пое.
Касе банди тамошояст, дар дил гиряаш ояд,
Аз ин як пову он ду мӯзаю бозору савдое.

Вале ӯ бар чигасдораш ҳамегӯяд ба дилсӯзӣ:
«Бубар ин мӯзаи боқӣ, бидеҳ бар бобии Рӯзӣ,
Ки ӯ ҳам мисли ман як пой дорад, пои ман гӯёст,
Ҳамин якпоӣ ҳам, сад шукр, бошад бахту фирӯзӣ».

 

Ғаффор Мирзо

САНЪАТИ ҶОНБОЗИЮ ҲУСНИ НИСОР
Ба хотираи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ
Тӯйчӣ Эрйигитов

Сина бар фаввораи марг ӯ фиканд,
Маргро дам дар гулӯ гардид банд.

Ҷовидон шуд.
Аз ҳисоби ҷони худ
Умр эҳсон кард бар ёрони худ.

Қатра-қатра метаровад хуни дил,
Хуни дил не, гармии гулгуни дил.

Қатра-қатра меравад ҷон аз бадан
Дар вафои халқ, паймони Ватан.

Зарра-зарра меравад нури басар:
«Рӯятонро ман намебинам дигар.

Дӯстон, ҷон медиҳам, ҷон медиҳам,
Як ҷаҳон уммеду армон медиҳам.

Алвидоъ, эй давлати озоди ман,
Алвидоъ, эй мулки ҳуснободи ман,

Алвидоъ, эй модари ғамхори ман,
Дилбари нокоми чашми чори ман.

Алвидоъ, эй тифлаки раҳдури ман,
Вориси номам, давоми умри ман.

Хайр, хайр, эй дӯстон, ҷон медиҳам,
На ба миннат, на пушаймон медиҳам,

Мехӯрам афсӯс, аз чӣ дар ҳаёт
Як, фақат як ҷон маро буд дар бисот.

Аз чӣ, эй модар, худои муътабар,
Худ надодӣ боз як ҷони дигар,

То ба ин дастур мирам боз ман,
То бимирам боз чун сарбоз ман.

Алвидоъ, эй дӯстон, ҷон медиҳам,
Ҷон барои Тоҷикистон медиҳам!»

Қатра-қатра метаровад хуни дил,
Хуни дил не, гармии гулгуни дил.

Қатра-қатра меравад ҷон аз бадан
Дар вафои халқу паймони Ватан.

Бар сари ин сина мегирад қарор
Санъати ҷонбозию ҳусни нисор.

 

Муъмин Қаноат

АЗ ДОСТОНИ «СУРӮШИ СТАЛИНГРАД»

СУРӮШИ ШАШУМ
Аҳмад Турдиев

Ба рағми марг дар хонаи мо – «Хонаи Павлов» тифле таваллуд шуд. Ҳама ӯро Зина, ман Зиндагӣ номидам.

Замин оташ
Ва дарёи дамон оташ,
Ба рӯи об ҳамчун мавҷи хунине равон оташ,
Ба ҳар хона ба ҷои ошдон дар остон оташ,
Ба ҷои гул
Ба боғу бӯстон оташ.

Самои дудаолуда
Ба Қурғони Мамай ларзону овезон,
Садои тӯпҳо чун хандаи шайтон,
Миёни наъраҳои тӯп ояд гиряи тифлон…

Худоро, об месӯзад,
Рухи маҳтоб месӯзад,
Туфанг аз тоб месӯзад
Ва мӯи модари бетоб месӯзад!

Сафи тайёраҳо бори бало бар дӯш меояд,
Зи таҳхона нидои зиндагӣ бар гӯш меояд,
Садои тифли навзод ончунон пурҷӯш меояд,
Ки аз фарёди ӯ тайёраҳо хомӯш меояд.

Магар дарди замину модари бечора якҷо шуд,
Ба як фарёд берун гашт, равшан чашми шаҳло шуд,
Зи нав таскини дилҳо шуд,
Зи нав тамкини дунё шуд,
Ки тухми зиндагонӣ аз ниҳоди хок боло шуд.

Миёни ҷангҳо аз ёд бурдам меҳрубониро,
Шудам устод дарси ҷонфишонӣ, ҷонситониро,
Ба ман овард бӯи тифл бӯи зиндагониро,
Ҷавониро, ҷавониро.

Заминро хандарӯ аз гиряи тифлона мебинам.
Зи рӯи дӯстонам хандаи тифлона мечинам
Ва ободии фардоро дар ин вайрона мебинам,
Заминро ташналаб аз васли обу дона мебинам.

Туро дар ин садои тоза бишнидам, Ҳисори ман,
Туро аз дур ҳамчун равшанӣ дидам, нигори ман,
Сари гаҳвораи фарзанди ишқи беғубори ман
Ту шабҳо зинда медорӣ чароғи рӯзгори ман.

Дар ин ҷо лек ҷои шамъсӯзӣ, худфурӯзӣ нест,
Шаби оташгирифта камтар аз рӯзи тамузӣ нест,
Ба ҷои шамъ ин ҷо қомати шамшод месӯзад
Ва ин оташ маро то решаю бунёд месӯзад.

Дар ин ҷо бист ёронем,
Ба як паймону имонем,
Замин гаҳвораи тифл асту мо гаҳвораҷунбонем,
Гаҳе бо шеър, гаҳ бо тир ӯро алла мехонем,
Наафтад то ки як мӯяш, сари як мӯй ларзонем.

Дар ин хона, ки ҳоло чордевори валангор аст,
Ба чашми хасм гӯё зиндагӣ маҳруми такрор аст,
Вале аз ишқ осор аст,
Бузургии ҷаҳон дар ин ҷаҳони хурд подор аст.

Ҷаҳони додхоҳу додвар бо мост ҳамхона,
Агар ин хона афтад, мешавад сад хона вайрона,
Туро, эй тифли фарзона,
Ба мисли ҷони ин хона
Намоям ҳифз бо дастону бо дастури мардона!

 

Қутбӣ Киром

ЧӮТАК УРОЗОВ

Як тани ӯ ҳазор душманро
Дар дили хоки тира пинҳон кард.
Ҳар ки бар зидди ӯ сар овардӣ,
Зада бар хоки тира яксон кард.

Сабза оташ гирифт, ӯ оташ,
Оламе гашт мӯ ба мӯ оташ.
Шуъла зад, шуъла пайкари Чӯтак,
Чашмаш оташ гирифт, рӯ оташ.

Даргирифту вале дар оғӯшаш
Ҷӯш зад чашмаҳои мулки Ҳисор,
Духтари хушнигоҳи ҳамсоя
Кард сӯяш равона ашки қатор.

Шуъла зад, шуъла зад тану ҷонаш,
Дилбараш гӯӣ бар канор омад,
Оташистон баҳори хуррам шуд,
Кеши оташпарастӣ кор омад.

Хоки душман ба бод рафт, вале
Пайкари ӯ ҳанӯз месӯзад,
Дар шабони сиёҳи мулки фаранг
Ҳамчу пайғоми рӯз месӯзад.

 

Озод Аминзода

БУРИДАИ НОН

Ба мо, мактабиёни солҳои ҷанг, ҳар рӯз як бурида нони сиёҳ медоданд.

Ту будӣ хурдакак, дар синфи сеюм,
Ту бо ман ҳамнишин, ҳампарта будӣ,
Агар бо ман биҷангад «баччаи шум»,
Маро он дам ҳимоят менамудӣ.

Гирифта ҷузвдони латтагиро,
Ману ту сӯи мактаб медавидем,
Ҳикоят менамудем аз таҳи дил
Аз он чизе, ки дидему надидем.

Агар гӯям, ки «Ман модар надорам»,
Ту мегуфтӣ: «Дадоям рафта бар ҷанг,
Зи дарде модарам ҳоле надорад,
Бувад ҳоли ману хоҳарчаам танг».

Гирифта дасту домони муаллим,
Забон хомӯш, аммо сина гирён,
Паси дар интизорӣ мекашидем
Ману ту аз барои пораи нон…

Нишаста дар канори ҷӯйборон,
Ману ту кулчасозӣ менамудем,
Табақро карда пур аз нони лойӣ,
Ба ҳам меҳмоннавозӣ менамудем.

Сипас рӯзе туро дидам таболуд,
Ду рухсорат мисоли лахча сӯзон,
Базӯр истода будӣ ҳамраҳи мо
Таги дар, аз барои пораи нон.

Чу омад навбатат, дидам, дилам сӯхт,
Гирифтӣ нони худ бо дасти ларзон,
Муаллим чун ба чашмонат нигаҳ кард,
Бишуд якбора ӯ хотирпарешон.

Саратро сила кард, оҳиста гуфто:
«Ту беморӣ, бирав бар хона, Маҳмуд».
Ба дастат пораи ноне ту рафтӣ,
Шудам ман аз аламҳои ту нобуд.

Туро дигар надидам аз ҳамон рӯз,
Ба мактаб н-омадӣ дигар ягон бор.
Аз он дам обҳо гаштанд ҷорӣ,
Аз он дам рафт моҳу соли бисёр.

Гузашт он солҳои хории ҷанг,
Расид айёми сериву амонӣ,
Кунун гулгаштҳо аз ошиқон пур,
Кунун фаввораҳо тирукамонӣ.

Кунун дар даштҳову домани кӯҳ
Чу мавҷи ғаллазоронро бубинам,
Туро мебинам аз байни хаёлот,
Хаёлат мекунад чашми маро нам.

Кунун ҳар ҷо, ки меҳмон мешавам ман,
Кунун ҳар ҷо, ки биншинам сари хон,
Ба ёди кулчаҳои лойии ту,
Барои хотири ту бишканам нон.

 

Сафармуҳаммад Айюбӣ

МИНАҶӮИ НОБИНО

Душмани кинаҷӯ қафо мерафт,
Гашта дар хуну хок оғушта,
Аз пайи хеш марг мекорид,
То ки сулҳи ҷаҳон шавад кушта.

Пеши ин марза мегирифт қарор
Танк, ҳам тӯпҳои фӯлодин.
Мебаромад ба рағми фитнаи хасм
Андар ин лаҳза миначӣ зи камин.

Ҳар гаҳе минаро ҳамебардошт
Маргро гӯиё дар он мекушт,
Як хатояш (агар хато мекард)
Як ҷаҳонро дар ин ҷаҳон мекушт.

Аз лаби Волга то дари Берлин
Бехатар кард агарчи роҳи зафар,
Рӯзи охир зи таркиши сӯзон
Чашм шуд кӯру гӯшҳояш кар…

Ҳар гаҳе ӯ, асо гирифта ба даст,
Мешавад якта-якта раҳгардон,
Дар хаёлам, ҳанӯз мекобад
Минаи охирини ҷанги ҷаҳон.

 

Ҳикмат Раҳмат

ҶАНГИ ЧИЛСОЛА
Ба иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сироҷиддин Бобоев

Порае оҳан миёни шонааш,
Порае оҳан миёни синааш
Монда з-он разме, ки дар ҳифзи Ватан
Карда ӯ бо душмани бадкинааш.

Пораоҳанҳои тан бар ҷони ӯ
Мекунад таҳдид чун душман мудом.
Гӯиё ӯ монда дар қайди адӯ,
Дар асорат умри ӯ дорад давом.

Дар чиҳил соле, ки мо будем амон,
Ӯ чу сарбозе ба ҷанг омода буд.
То зафар ёбад, ҳамеша устувор
Гӯиё дар роҳи хасм истода буд.

Дар чиҳил соли амонӣ борҳо
Бо адӯ ӯ рӯбарӯ гардидааст.
Дар чиҳил соли амонӣ борҳо
Ҷони худро дар сари мӯ дидааст.

Ҳамлавар шуд дӯш бар ҷонаш адӯ,
Шуд баланд аз қалби маҷрӯҳаш фиғон,
Ҳамчу ёрӣ аз ақибгоҳ омаданд
Бар сари ӯ духтурони ҳолдон.

Пораҳои оҳани чилсоларо –
Душмани андар каминистодаро
Аз дили пурдарду ранҷаш духтурон
Берун оварданд, шуд ҷонаш раҳо.

Дар чиҳил соли амонӣ гӯиё
Ҷанги ӯ мекард бо душман давом,
Ҷанги ӯ бо хасми тан, хасми Ватан
Оқибат бо нусрати ӯ шуд тамом.

Дар чиҳил соле, ки мо будем амон,
Буда ӯ разманда бо хасми бадан.
Дар чиҳил соле, ки мо будем амон,
Буда ӯ разманда бо хасми Ватан!

 

Бозор Собир

Медурахшад чу шаддаи Парвин
Дар сари синаат ситора қатор,
Синаи софи пурситораи туст
Пораи осмони софи диёр.

Ту ба ҳар кӯчае қадам монӣ,
Кӯча бар Роҳи Каҳкашон монад.
Ту ба ҳар хонае шавӣ меҳмон,
Хона бар бурҷи осмон монад.

Дар гузарҳои деҳа хурду калон
Мешиносанд нақши пои туро,
Нуқтаи ҷанг мекунанд ҳисоб
Нуқта-нуқта пайи асои туро.

 

Сергей Орлов

ҒАЛАБА

Омад охир зи ҷабҳаҳо сарбоз,
Халтаашро зи пушт дур андохт,
Рӯшанистон бишуд зи нав кулба,
Бурд аз ёд ҷумла бурду бохт.

Дид модар ба чеҳраи фарзанд:
Ғалаба дошт талъати Хуршед –
Куртаи аскариаш афсурда,
Худ ҷавону сараш чу барф сафед…

 

Мӯсо Ҷалил

БА ҶАЛЛОД

Нахоҳам зад ба зону пешат, эй ҷаллод,
Манам ҳарчанд зиндонии хори ту,
Ба по истода мемирам, мабар аз ёд,
Ба зери теғи хунин ё ки дори ту.

Ҳазор афсӯс, мислат на ҳазоронро,
Фақат сад нохалафро кардаам нобуд…
Ба зону мезанам пеши Ватан танҳо,
Ҳамин узри мани сарбоз хоҳад буд.

 

Расул Ғамзатов

ТУРНАҲО

Гумон мекунам гаҳ, ки он аскарон,
Ки аз ҷабҳаи хунфишон н-омаданд,
Нахуфта дар ин хокдон ҷовидон,
Париданд бар авҷу турна шуданд.

Кунун низ он турнаҳои сафед
Кунанд аз фарози фалакҳо садо,
Намоем, аз ин рӯ, ба дарду умед
Нигаҳ мо хамӯшона сӯи само.

Бубинам дар ин шомгаҳ ман аён
Ба парвоз ҳар турнаро байни меғ,
Ки буданд одам ҳама як замон,
Равон дар ҷаҳон хушдилу бедареғ.

Гумонам, ки дар роҳи бас дури хеш
Ҳазин аз басо ном ёдоваранд,
Садоҳояшон аз ҳамон даври пеш
Маро ҳамчу лафзи хуши модаранд.

Фақат борашон хастаболӣ бувад
Дар ин роҳи дуру махуфу куҳан,
Дар он саф яке ҷои холӣ бувад,
Бувад аз қазо шояд он ҷои ман!

Расад рӯзи ман низу эй ҷони пок,
Маро ҳампари селаи турна дон,
Шуморо, ки мондам дар ин рӯи хок,
Аз афлок созам садо турнасон.

 

Константин Симонов

ИНТИЗОРАМ БИШАВ…

Интизорам бишав, ки баргардам,
Интизорам бишав вале бисёр,
Интизорам бишав, физояд ғам
Гарчи борони пурхазон ғамбор.

Интизорам бишав ба ҳар сармо,
Интизорам бишав ба фасли тамуз,
Интизорам бишав, дигарҳоро
Гарчи карданд ёдмур дирӯз.

Мунтазир бош, гарчи болафшон
Номаҳоям дигар намеоянд,
Мунтазир бош, гарчи ҷумла касон
Ноумеданду раҳ намепоянд.

Интизорам бишав, ки бозоям,
Ҷуста аз ноумедҳо дурӣ,
З-он касоне, ки бо ҳазорон ғам
Дода тан бар азоби маҳҷурӣ.

Мон, ки бовар кунанд мому писар,
Ки дигар нестам дар ин дунё,
Нестанд интизори ман дигар
Дӯстон, карда гарм гулханро,

Майи гулгуни талх нӯш кунанд
Бо ғами дилшикан ба хотири ман…
Мунтазир бошу ҷомро маписанд
Бо ғами ман ба гирди он гулхан.

Интизорам бишав, ки баргардам,
Ман ба рағми ҳазор маргу бало.
Гӯяд он ноумеди дилсардам:
«Бахти некаш нигоҳ дошт варо».

Кай бидонад касе, ки шуд навмед,
Ки миёни ҳазор оташу дуд
Интизории ту чу субҳи сафед
Раҳ маро ҷониби наҷот кушуд.

Зинда мондам чи сон, ҳаем огоҳ
Дар ҷаҳони вафо фақат туву ман:
Натавонист кас бипояд роҳ
Чун туӣ ҳамдилу туӣ ҳамтан.

 

Маргарита Агашина

САРБОЗИ СТАЛИНГРАД
Ба Фотеҳ Ниёзӣ

Панҷ солу бист бигзашт
Аз набарди сахту хунин,
Рафт чун бод аз дили дашт,
Дардҳоят ёфт таскин?

Бас бар он мардонагиҳо
Содиқӣ аз ҷону аз дил,
Оташи поки абадро
Гаштаӣ ҳамобу ҳамгил.

Зинда мондӣ, зинда, сарбоз,
Гарчи садҳо бор мурдӣ,
Ҳамраҳи ҳар ёру анбоз
Борҳо ҷонро супурдӣ.

Дил ба каф, гардида ҷоят
Назди ҷовид оташ ин дам,
Пур зи нам шуд чашмҳоят,
Акси оташ — андар он нам…

Гоҳ мегӯянд: аскар
Гар бимирад ҳам, нагиряд,
Бо ҳазорон дард аксар
Ҳам гаҳи мотам нагиряд.

Дида ӯ садҳо баду нек,
Шуд вале кай дидааш тар?
Чун шавад абрӣ само лек,
Мешавад дардаш фузунтар.

Ҳаст имрӯз офтобат,
Аз чи аммо нохушӣ ту,
Бо ду чашми пур зи обат
Назди ҷовид оташӣ ту.

Чунки зери офтоб аст
Рӯд тобону дурахшон,
Волга ҳамчун сароб аст
Зери абри тирборон.

Чунки меорад аламро
Дидани саҳрои бедон,
Мекунад саршор ғамро
Пуралам қалбу тиҳӣ хон.

Бингар, эй сарбози собиқ,
Ворисони хештанро, —
Бин, ки сарбозони содиқ
Назди ҷовид оташ ин дам
Пойдор истода барпо.

Аз чи мағруқи хаёлӣ,
Солхӯрда аскари ҷанг?
Ё зи дарди дил малолӣ?
Захмҳои дури носур
Ё дилатро мекунад танг?

 

Дигар хабарҳо