Нависанда ва омӯзгори фидокор

Моҳи апрели ҳамин сол нависанда Муқим Воҳид 75-сола шуд. Хостам ба ин муносибат меҳрнома бинвисам, ҳарчанд навиштани он ҳам мушкил аст ва ҳам ифтихорангез.
Соли 1994 буд. Ба мактаб ворид гардидаму ҳамсинфам Муслимахонро бо дастагули зебо дидам. Пурсидам, ки барои кӣ ин гулдастаро овардӣ? Муслимахон гуфт:
– Муаллимамон Муқим Воҳид узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудаанд. Имрӯз ҳама устодро муборакбод мегӯем.
Ёдам нест, ки баъд аз дарсҳо буд ва ё ҳангоми танаффус, ҳама омӯзгорон ва хонандагони Литсейи №1 дар толори мактаб ҷамъ шудем. Директори вақти Литсей Юлдошбой Рустамов аз номи ҳамаи ҷамъомадагон устодро ба муносибати узви ИНТ шуданашон табрик гуфт.
Ҳамон лаҳзаи муборакбодӣ ба он хотир дар ёдам мондааст, ки бароям хеле ҳаяҷоновар буд, зеро мани кӯчак ботинан фахр мекардам, ки нависанда муаллими мост.
Ҳузури шахси эҷодкор дар ташаккули шахсияти кӯдак ва наврас аҳаммияти басо назаррас дорад, зеро инсони эҷодкор бештар аз ҳама метавонад дунёи кӯдакону наврасонро бифаҳмад ва дарк бикунад. Вақте бо ҳамсинфҳоям рӯбарӯ мешавам, сухани хуше дар бораи фаъолияти онҳо мешунавам ва ё аз муваффақиятҳояшон огоҳ мегардам, аз дилам мегузарад, ки дар комёбии онҳо саҳми устоди мо, нависандаи ботаҷриба ва инсони фидокор Муқим Воҳид зиёд аст.
Муқим Воҳид муаллифи китобҳои “Оби зулол”, “Ашки ишқ”, “Дунёи бевафо”, романҳои “Лолае дар пайроҳаи бабр” ва “То авҷи кибриё” мебошад. Ҳама воқеаҳои асарҳои ӯ дар солҳои гуногун рух медиҳанд. Муқим Воҳид нависандаи замони худ мебошад, аз ин лиҳоз тамоми қаҳрамонҳои офаридаи ӯ ҳамзамони мо ҳастанд. Мо онҳоро ҳатто дар байни ҳамсолон, ҳамкорон, ҳаммаслакон ва ҳамдиёрони худ мебинему мешиносем. Қаҳрамонҳои асарҳои ӯ ибратомӯзанд. Онҳо гуногункасб, гуногунфикр, гуногунхислат мебошанд, аммо як нуктаи бисёр муҳиме, ки онҳоро муттаҳид мегардонад, инсондӯстӣ, росткорӣ, ростқавлӣ ва накӯкорияшон мебошад. Маҳз ҳамин нуктаи муҳими омӯзандаи асарҳои ӯ аз шахсияти нотакрору фидокораш сарчашма мегирад. Дар баробари эҷод ӯ дар тарбияи насли наврас саҳмгузор аст. Ҳанӯз ҳам дар ташаккули шахсияти онҳо софдилонаву ҷонфидоёна заҳмат мекашад.
Соли аввали фаъолиятам дар маҷаллаи “Хуҷанд” (ҳоло “Паёми Суғд”) Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ба ҳайси муовини сармуҳаррир адои вазифа мекард. Ҳар маводе, ки ба шуъбаи наср ворид мешуд, ҳатман аз назар мегузаронд, фикрҳои худро дар бораи онҳо баён менамуд. Навиштаҳои нависанда Муқим Воҳидро бо ҳавсалаи тамом мехонд ва дар хусуси онҳо мегуфт:
– Асарҳои Муқим Воҳид бисёр заминианд. Дар онҳо набзи имрӯз эҳсос карда мешавад, барои ҳамин диққати хонандаро бештар ба худ ҷалб мекунанд. Воқеаҳо ҳама реалӣ буда, аз ҳаёти мо гирифта шудаанд. Яке аз махсусиятҳои эҷодиёти Муқим Воҳид мӯшикофона ҳал кардани воқеаҳо мебошад. Тамоми эҷодиёти ӯ ҳамин махсусиятро дорост. Пай бурдан душвор нест, ки нависанда аз як нигошта то навиштаи дигараш пеш меравад, эҷодиёташ бештар рушд мекунад. Ҳикояҳояш дилрасанд. Масалан, ҳикояи “Танини нолаи ғижжак”-ро гирем. Он ҳикояест, ки сужаи ғайриодӣ дорад. Қаҳрамони нависанда мардест, ки мехоҳад муҳаббати худро ҳифз кунад, вале аз сабаби он ки воқеаҳо ба таври объективӣ сурат мегиранд, вай аз муҳаббати дӯстдоштааш бенасиб мемонад…
Анвар Мирзоҳакими Олим дар мавриди эҷодиёти нависанда Муқим Воҳид гуфта буд:
– Дар эҷодиёти нависанда Муқим Воҳид чизе, ки диққати маро бештар ҷалб мекунад, сабки навиштаҳои ӯст. Нависанда ҳар як калимаву ибора ва таъбирҳои халқиро моҳирона истифода мебарад ва ин маҳорати ӯ ба навиштаҳояш ҳусни тоза зам мекунанд. Ишқ меҳвари асосии навиштаҳояш аст. Дар баробари ин ӯ ҳаҷвнигори моҳир мебошад. Ҳаҷвияҳояш ончунон моҳирона навишта шудаанд, ки хонандаро дар баробари хандондан ҳамчунин мегирёнанд, зеро ӯ муаммои рӯзро дар пероҳани ҳаҷв гуфта тавонистааст…
Вақте романи ӯ “То авҷи кибриё”-ро мехондам, бори дигар бовар намудам, ки дар эҷод хеле нозукбин аст. Искандар ва Лолаваш – қаҳрамонҳои марказии роман санҷишҳои сангини сарнавиштро паси сар кардаву басо ранҷ кашида, роҳи худро пайдо намуданд. Воқеаҳои роман пурпечутобу пуртаззоданд ва ҳарчанд фоҷиаҳои он бештаранд, аммо маҳз матонат, ҷасурӣ, вафову садоқаташон ба хонанда неруву умедворӣ медиҳад.
Чанде пеш қиссаҳои нависандаро мутолиа кардам. Муколама ва суҳбатҳои қаҳрамонҳои навиштаҳои нависанда Муқим Воҳид аз бисёр ҷиҳат хотирмон ҳам ҳастанд. Гуфтугӯ ва суханҳои онҳо пурмаънӣ буда, аз дунёи пурбор ва ғанияшон дарак медиҳанд. Навиштаҳои нависанда Муқим Воҳид воқеан ҳам самимиву дилрас ва тасвирҳояшон ҷолибанд: “Таҳти нурборони заррини моҳи савр, ки ба тану ҷон оромиву осоиш ва ҳаловату таскин мебахшид, дар заминаи шукӯҳи шукуфтанҳои гулгаштҳо, ки аз ҳар нафасаш таровати накҳатолуд меборид, дар заминаи осмони софу беѓубор ва ширин-ширин хандидану гултабассумҳои духтаракон, дар оғӯши ин ҳама тантанаи баҳор, гӯё ҳама мавҷудот бо рангу дурахши офтобӣ чашм мерабуд…”
Аз эҷодиёти нависанда метавон намунаҳои бисёре овард, намунаҳое, ки истеъдоди фитрӣ ва заҳмати сангини нависандагиро нишон медиҳанд. Ӯ инсонест ба касби худ содиқ. Бо вуҷуди мушкилот даст аз қалам барнадоштааст. Дар ҷодаи омӯзгорӣ низ устувор аст. Охир, ӯ ҳамон омӯзгорест, ки ҳатто дар солҳои душвори ҷанг ҳам, ки муаллимони мактабҳои миёна гоҳе бе маош кор мекарданд, софдилона меҳнат мекард, насли наврасро тарбият менамуд. Имрӯз ҳам ӯ ҳамон гуна бо муҳаббату самимияти ба худаш хос фаъолият мебарад, имрӯз низ дастгири адибони ҷавон аст. Мекӯшад аз миёни хонандагон соҳибистеъдодҳоро пайдо кунад, тарбият намояд, то дар оянда адиби асил шаванд. Дар ин ҷода ба ӯ барор мехоҳем.
Матлубаи ЁРМИРЗО