ШИРУ ШЕЪР

Ба муносибати 80-солагии шоири маъруф Усмон Шарифзода
Шеър агар хубу равону тоза аст,
Марҳаме бар ҷону бар дилҳо шавад,
Гар бурун аз мағзи ҷон ояд, накӯст,
Боз гашта дар дилу ҷон ҷо шавад.
Шири модарҳост чун аз мағзи ҷон,
Бин, чи сон ҷонбахшу софу беғаш аст!
Шеър гӯ чун шир, шеър аз мағзи ҷон,
Умр бахшад шеър, гарчи оташ аст.
Дӯстам, чун шири модар шеър гӯй,
То ки гардад оламе аз шеър маст,
Ончунон, к-аз шири модар ҷовидон
Тифлакон чун шери масте ширмаст.
МОҲИ ФАЙЗОБОД
Ҳамон рӯзе, ки ҷони ман, зи Файзобод мерафтӣ,
Тамоман дода ақлу ҷони ман барбод, мерафтӣ.
Бимирам дар ҳамон зулфону чашми сурмамасти ту,
Ки ман дар чашми ту чун сурмаҳо беёд, мерафтӣ.
Ман ин ҷо чун сари мӯи дар оташмонда мепечам,
Нигаҳбон бод сарви қоматат, озод мерафтӣ.
Ту мерафтию бо ту он замон гӯё замин мерафт,
Ман ин ҷо дар ғаму дарду вале ту шод мерафтӣ.
Туро дар дашти Маҳтобӣ бидидам ҳамчу маҳтобе,
Магар обод кардан дашти нообод мерафтӣ.
Туро, эй моҳи Файзобод, умре интизор Усмон,
Чӣ хуш меомадӣ боре, ғамам аз ёд мерафтӣ.
ҲУСНИ КИШВАР
Табиат ранги беҳамто гирифта,
Ба ҳуснаш рӯи ин дунё гирифта.
Ба ҳусни ёр монад ҳусни кишвар,
Бибин, ёрам куҷоҳоро гирифта.
Гумон созӣ, ки бо холи дилошӯб
Самарқанду Бухороро гирифта.
Ба каф гул, гул ба мӯ ёри гуландом,
Саропояш зи гул оро гирифта.
Суруди тозаи ёрони гулчин
Вуҷуди пиру барноро гирифта.
Баҳорон базми наврӯзӣ кушода,
Ба каф ҷоми дили моро гирифта.
Ватан бо ишқу ҳусни навбаҳорӣ
Ба ҷисму ҷони Усмон ҷо гирифта.
НИҲОЛУ ЗАМИН
Навниҳоли умри ман дар роҳи бод аст, эй Замин,
Ин кашокаш бо ману ӯ умрбод аст, эй Замин.
Шоху баргам меравад аз дасти ӯ охир зи даст,
Бодиҳои бод пеши ман зиёд аст, эй Замин.
Тундбод, эй қотили номарди ман, бодӣ бимон,
Решаамро дор, дар ту адлу дод аст, эй Замин.
Шоху баргу боли ман, ин номаҳои ҳоли ман,
Баҳри ин дунё ҳама рози кушод аст, эй Замин.
Кори дунё ин бувад, моро тасалло ин бувад,
Тундбоди мардафкан номурод аст, эй Замин.
ГУЛИ МАН
Бе гули рӯи ту ҳеч аст баҳор, эй гули ман,
Дилу ҷон бар кафи ту пойи нисор, эй гули ман.
Пой бар дида гузору бигузар бо раҳи дил,
То шавад зинда дил аз бӯи ту ёр, эй гули ман.
Гар намурдам шаби васли ту ман аз шавқу сурур,
Бифизояд пас аз ин умри ҳазор, эй гули ман.
Гар набошад Ватану Модару меҳри туву дӯст,
Дилу ҷону тану сурат ба чӣ кор, эй гули ман.
Бе ту ширин набувад зиндагӣ аз он ки бувад
Аз азал хандаву ашку гулу хор, эй гули ман.
Гули ман, чун рухи ту гул набувад дар гулшан,
Бе гули рӯи ту рӯзам шаби тор, эй гули ман.
Мӯ, ки афшонӣ-шабу рӯ бинамоӣ, рӯз аст,
Ваҳ, чӣ асрор дар ин лайлу наҳор, эй гули ман.
Нигаҳат сайд кунад оҳуи ақлу дилу ҷон,
Эй хушо, гар ту биоӣ ба шикор, эй гули ман.