Аз ашъори Муҳтарам Ҳотам

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Хотам 75-сола шуд

МИЛЛАТИ БОФАРҲАНГ

Мо зодаи кӯҳи домани хуршедем,
Аз насли Гударзу Рустаму Ҷамшедем.
Мо бо Ватану Ватан ба мо арзанда,
Бо ҷашни саодати Ватан болидем.

Аз рӯзи азал миллати бофарҳангем,
Ҳушёру баномусу баору нангем,
Бо парчами таърихи ҳазоронсола
Мо соҳиби тоҷу давлату аврангем.

Ҳампешаи Пешдодии пешинем,
Ҳамрешаи он Каёни хушойинем,
Аз тахти баландему ба авранги баланд,
Аз миллати ориёнии деринем.

Пиндори наку мояи андешаи мост,
Кирдори наку дар дилу дар решаи мост.
Гуфтори наку ҳикмати озодаи мо,
Аз шохи дарахтест, ки дар бешаи мост.

ХАЛҚРО ҲЕҶ ЧУ Ӯ ШОИРИ ДИГАР НАСУТУД!
  Ба хотираи устод Боқӣ Раҳимзода

Дӯш Боқӣ буду имрӯз намонда Боқӣ,
Ки дили мардуми мо аз суханаш гум мезад.
Мерабуд аз дили мо нақши ҳама дарду алам,
Ба лаби пиру ҷавон мавҷи табассум мезад.

Дӯш Боқӣ буду меҳри дилу шеъру суханаш,
Дар раҳи шеър ба мо раҳбару устод буд ӯ.
Сактаи мисраи мо дар дили ӯ сакта шуда,
Зи яке мисраи рангин чӣ қадар шод буд ӯ.

Монда дар дафтари деринаи ман ҳусни хаташ,
Монда дар ёди ману синаи ман ҳусни хаташ.
Мисраи кажжи ман аз хомаи ӯ рост шуда,
Ёдгориву чу ганҷинаи ман – ҳусни хаташ.

Баски ӯ буда суханпарвару устоди сухан,
Ҷойи ӯ буда яқин дар дилу дар ёди сухан.
Буда устод, ҳам устоди ману аз дигарон,
Монда ёдаш ҳама – дар ёди ману аз дигарон.

Халқро ҳеч чу ӯ шоири дигар насутуд,
Бар бузурги-ш чунин шеъру суруде насуруд.
Тӯтиё карда ба дида ҳама хоки қадамаш,
Балки ҷо карда ба дида ҳама хоки қадамаш.

Дӯш Боқӣ буду бо ӯ буда Турсунзода,
Буд ӯ шоири дар шеъру сухан озода.
Ҳар гаҳе ёд аз ин ҳарду кунам, бас шодам,
Ҳайкали ёд ба ин ҳар ду яке бинҳодам.

ШОИРИ МАРДУМӢ
Ба хотираи устод Ашӯр Сафар

Шоире зи мардум буд, аз миёни мардум буд,
Ҳамнишини мардум буд, ҳамгинони мардум буд.

Ҳамтабақ ба халқи худ, ҳамнамак ба халқи худ,
Обу нони ӯ ҳар ҷо обу нони мардум буд.

Аз табори Боқӣ буд, ҳамгузори Қутбӣ буд,
Ҳамсафар ба Лоиқ буд, аз ҷаҳони мардум буд.

Месароид азбас ӯ ҳасби ҳоли мардумро,
Шеъру байту дастонаш дар забони мардум буд.

Шоире надидам ман мардумитар аз ӯ ҳеч,
Чашму гӯши мардум буд, қалбу ҷони мардум буд.

Гаҳ баромад овозаш бо садои Одина,
Ҳам нидои қалби ӯ чун баёни мардум буд.

Дар танӯри дил мепухт нони шеъри гармашро,
Ҳарчи дар бисоташ буд, рӯи хони мардум буд.

Дар миёни ӯву халқ фарқи мову ман гум шуд,
Буд аз они ӯ мардум, ӯ аз они мардум буд.

***

Ишқ корест, ки аз кор бурун хоҳад шуд,
Кас надонад ба чи миқдор бурун хоҳад шуд.

Ҳар қадар саъй кунад, ҳеч ба ҷое нарасад,
Ҳар ки аз ҳалқаи ин дор бурун хоҳад шуд.

Ҳар ки ҳушёр расад, маст бурун хоҳад рафт,
Маст аз ин мастаба ҳушёр бурун хоҳад шуд.

Гар чунин аст низоми фалаку назми ҷаҳон,
Нуқта аз ҳалқаи паргор бурун хоҳад шуд.

Бас ба беҳуда гузаштаст пареру порат,
Ҳайф, имсоли ту чун пор бурун хоҳад шуд.

Ҳар касе дур фитад аз назари чашми ҷаҳон,
Дар адам боз ба ночор бурун хоҳад шуд.

Ишқ баҳрест, ки дар хеш нагунҷад мавҷаш,
Васфаш аз ҳарфу зи изҳор бурун хоҳад шуд.

Рафт дилхуншуда хуршед ба зиндони ғуруб,
Боз аз субҳи пуранвор бурун хоҳад шуд.

“Зиндагӣ чун шарар аз санг бурун тохтан аст”,
Фурсати умр ба як бор бурун хоҳад шуд.

ЧУ ШОИР БИХАНДАД…

Чу шоир биранҷад, биранҷад Худо,
Биларзад замину биларзад само!

Чу шоир бихандад, ҷаҳон гул кунад,
Ба созу наво базм булбул кунад.

Чу шоир биранҷад, битаркад фалак,
Бисӯзад ҷаҳону бигиряд малак.

Чу шоир бихандад, бихандад чаман,
Фитад банд дар гардани Аҳриман.

Чу шоир биранҷад, шавад субҳ шом,
Ту гӯӣ, ҷаҳонро шавад талх ком.

Чу шоир бихандад, баҳор оварад,
Ба сармо гулу лолазор оварад.

Чу шоир биранҷад, на пинҳон кунад,
Бишӯрад чу баҳр, ашк тӯфон кунад.

Чу шоир бихандад, бихонад сано,
Бимонад сано то қиёмат баҷо.

ЧАНД БАҲОРАМ МОНДА?

Нокарда дигар ҳазор корам монда,
Ногуфта таронаву шиорам монда.
Гӯед, парандаҳои кӯчии ҳаво,
Аз умр дигар чанд баҳорам монда?

ЯКРӮЙ

Умрам ҳамагӣ намудаам сарфи китоб,
Дар дафтари дил нест ба ҷуз ҳарфи китоб,
Сад рӯй ба сад сӯй набудам ҳаргиз,
Якрӯй будам мудом бар тарфи китоб.

БО ГУНОҲИ ОХИРИН

Бас раҳе тай гашту омад пеш роҳи охирин,
Ин қатора мерасад бар истгоҳи охирин.

Ман ба дунё омадам ҳамчун савоби аввалин,
Меравам охир зи дунё бо гуноҳи охирин.

Баски андар хирмани дил як ҷаве боқӣ намонд,
Мебарад аз рӯи хирман бод коҳи охирин.

Эй басо беҳуда ҷустам сарпаноҳ аз ону ин,
Аз ту меҷӯям, Худоё, сарпаноҳи охирин.

По задам бар ҳар раҳеву сар задам бар ҳар даре,
Шуд фусурда охирин кафшу кулоҳи охирин.

Офтоби охиринам рафт дар кӯҳи ғуруб,
Меравад ҳам дар ғуруби шом моҳи охирин.

Чашм бикшода туро дар ишқ дидам аз нахуст,
Кош, бар рӯи туам бошад нигоҳи охирин.

Дигар аз ишқу вафову ростӣ як тан намонд,
Ман савори охиринам аз сипоҳи охирин.

Бахшиши ҷурму гуноҳам ҳадяи Яздон бувад,
Субҳ равшан мекунад шоми сиёҳи охирин.

***

То напиндорӣ, ки нонро мехаранду мефурӯшанд,
Рӯзгоре шуд, ки ҷонро мехаранду мефурӯшанд.

Мазҳабу дин гарчи моли дархури бозор набвад,
Лек ҳам ину ҳам онро мехаранду мефурӯшанд.

Бас намонда як ҷаве дар хирмани андешаҳошон,
Коҳҳои Каҳкашонро мехаранду мефурӯшанд.

Хор медоранд бас ҳафтодсола марду занро,
Ҳафтсола кӯдаконро мехаранду мефурӯшанд.

Нест бесоҳиб агарчи ҷаннату ҳури ҷинонаш,
Ҷаннату ҳури ҷинонро мехаранду мефурӯшанд.

Қиматӣ дурри дариро рехта дар пойи хукон,
Соҳибони ин забонро мехаранду мефурӯшанд.

Эҳтирому иззате ҳаргиз намонда баҳри пирон,
Ору номуси занонро мехаранду мефурӯшанд.

Монда бас аз марз берун ганҷу фарҳанги ниёгон,
Ганҷҳои шойгонро мехаранду мефурӯшанд.

Баски дар бозори олам гашта одам моли арзон,
Хешрову дигаронро мехаранду мефурӯшанд.

МОДАРАМ БУД МУСУЛМОНИ ТАМОМ

Кӯдакиям, ки гузашта дар деҳ –
Деҳаи мардуми бас озода,
Ҳама чун ёру бародар, лекин
Дар таоруф буда андак сода.

Андар он деҳаи хушобу ҳаво
Модарам буд ягона чевар.
Ба занону ба арӯсони деҳ
Курта медӯхт зи шаб то ба саҳар –

Куртаи тоҷикии ранг ба ранг,
Куртаи пар-пари пурнақшу нигор:
Остинаш чу камони ранга,
Доманаш сабз ба монанди баҳор.

Модарам, ки чу фаришта будӣ,
Докаи пахтагие дар сар дошт,
Буд, бешубҳа, мусулмони тамом,
Ба шариат, ба Худо бовар дошт.

Ба ҷуз аз рӯсариву докаи худ
Кай хабар дошт вай аз сатру ҳиҷоб?!
Он замон ҳеч кас аз чодару сатр
Ҳеч нашнида – надида дар хоб.

Гуфтаӣ, шаръ ба сатр асту ҳиҷоб,
Нашавад ҳеч ба ин бовари ман.
Ба хаёлам, ки шариат буда
Ҳама он гуна, ки буд модари ман.

Дигар хабарҳо