Адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар «Адабиёт ва санъат»

Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чун минбари муҳими суханварони тоҷик аз оғоз то ба имрӯз барои тарғиби адабиёт, муаррифӣ кардани осори шоирону нависандагон ва нақди адабию дигар анвои санъат хидмати шоистаеро анҷом медиҳад. Бо гузашти замон ҳар як саҳифаи ин ҳафтавор метавонад барои таърихи адабиёт ва нақди адабӣ маводи заруриро фароҳам оварад, ки ин аз як тараф, агар кори муҳаққиқони соҳаро осон созад, аз дигар ҷониб, гувоҳи таҳаввули тадриҷии адабиёт ва адабиётшиносии навини тоҷик шуда метавонад.
Ҳамасола як бахши муҳимми ҳафтаномаро мақолаву тақриз ва пажӯҳишҳои адабӣ ташкил медиҳанд, ки барои таърихи адабиёт ва нақди адабӣ аз ҳар ҷиҳат арзиш доранд. Аз рӯйи мақола ва тақризҳои дар ҳафтавор нашршуда метавон дар бораи вазъи адабиётшиносию нақди адабӣ хулоса баровард.
Миқдори мақола, тақриз, китобиёт ва пажӯҳишҳое, ки соли 2024 дар «Адабиёт ва санъат» мунташир гаштаанд, ба 134 адад мерасад, ки танҳо унвони ин матолиб шаш саҳифаи якинтервалии компютериро ташкил додааст. Агар дар бораи матолиби ҳар як мақола ва тақриз ба таври мухтасар ҳам маълумот диҳем, беш аз панҷоҳ саҳифа мешавад.
Бештари мақолаҳои адабии дар соли 2024 нашршуда мақолаҳои ҷашнӣ мебошанд, ки миқдори онҳо 35 адад аст.
Шумораи нахустини ҳафтавор дар соли 2024 бо мақолаи Аскар Ҳаким «Тавсифу тасвир ва манзаранигорӣ» (ба муносибати 95-солагии Ғаффор Мирзо) оғоз мешавад. Мақолаи Аскар Ҳаким нақди ҷолибест, ки дар он маҳорати суханварии Ғаффор Мирзоро дар тавсифу тасвир ва манзаранигорӣ бо овардани мисолҳои мушаххас таҳқиқ намудааст. Аз рӯи мутолиаи мақола метавон хулоса баровард, ки онро кормандони ҳафтавор аз рӯи пажӯҳишҳои солҳои пеши мунаққид омода кардаанд, зеро мақола қисмати хулоса ва ҷамъбастӣ надорад.
Шумораи №3-и ҳафтавор ба 70-солагии шодравон Муҳаммадалии Аҷамӣ бахшида шудааст ва дар ин шумора мақолаи устод Худоӣ Шарифзода «Диди тоза дар нақди шеъри тоҷикӣ» ва мақолаи Гулназар «Қаламчаи сабзи қалам», ки бознашр аз солҳои пешин аст, фазилатҳои эҷодии Муҳаммадалии Аҷамиро мавриди пажӯҳиш қарор додаанд. Дар шумораи панҷуми ҳафтавор ҳам дар мақолаи Толиби Луқмон «Дилбастаи ғизоли ғазал» маҳорати ғазалсароии Муҳаммадалии Аҷамӣ бо овардани чанд мисол шарҳ ёфтааст.
Шумораи 11-и ҳафтавор дар маҷмуъ мақолаҳои ҷашниро фаро гирифтааст. Ин шумора ба 70-солагии Муҳаммад Ғоиб бахшида шуда, дар он мақолаҳои Зиё Абдулло, Низом Қосим, Шамсулҳаққи Ориёнфар оид ба фазилатҳои эҷодии Муҳаммад Ғоиб маълумот медиҳанд. Дар ҳамин шумора ҳамчунин мақолаҳои Алишери Абдулмаҷид «Тасвиргари зиндагии воқеии мардум» (ба муносибати 90-солагии Шодон Ҳаниф) ва мақолаи Муҳаммадюсуф Имомзода, Масрур Абдулло «Ҳама умр илму эҷод», ки ба 65-солагии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бахшида шудааст, ҷой доранд.
Мақолаи Атахон Сайфуллоев «Сарбози бовафои адабиёт», ки дар шумораи 12-уми ҳафтавор ба 120-солагии Муҳиддин Аминзода бахшида шудааст, бознашр аз соли 1978 аст.
Ба ҳамин монанд мақолаҳои Муҳаммадалии Аҷамӣ «Ҳайратсарои вожаҳо» (ба муносибати 70-солагии Аҳлиддин Ҳисорӣ. № 14») , Бадриддин Мақсудзода «Соҳибназар» дар шумораи 16 ва Мисбоҳиддини Нарзиқул «Дӯстдори дониш ва шеър» ба ёдбуди адабиётшиноси шодравон Абдушукури Абдусаттор (№17), Моҳира Турсунова «Ҷойгоҳи адиб дар насри кӯдакона» (100-солагии Болта Ортиқ) ( №17), Гулназар «Шоири таронасаро «(Ба 90-солагии Собир Султон) (№18), Матлубаи Мирзоюнус «Розҳои лолаи худруста» ва Фотеҳ Абдулло «Васфи Ватан», (бознашр аз соли 1983) (ба муносибати 70-солагии Зулфия Атоӣ), (№23), Носирҷон Салимӣ «Рисолати равшангарӣ» ва Сурайё Аҳмадзод «Адиби пуркору пухтакор» (ба муносибати 90-солагии Ҷумъабой Азизқулов) (№26), Микола Васкив «Дунёи Баҳманёр», Шамсиддин Солеҳ «Суханваре бо шеваю баёни хосса» (№ 27), Ҳафиз Раҳмон «Ҷаҳони бадеии Баҳманёр» (№38, ба муносибати 70-солагии Баҳманёр), Шодӣ Раҷабзод «Паҳлугардонӣ ё такомули як тасвири куҳан» (ба муносибати 80-солагии Ҷамолиддин Каримзода) (№28), Сайидалӣ Маъмур «Афсари назму сухан» (ба муносибати 100-солагии Муҳиддин Фарҳат) (№31), Абдулҳамид Самад. «Кош ҳар шеъраки ман…», Камол Насрулло «Дар хуни ӯ ғуруи ниёгон буд» (ба муносибати 70-сол агии Исканд ари Хатлонӣ, №40, 41), А.Кӯчарзода «Рисолати ватандории як шахсияти фарҳангӣ», (Абдуҷаббор Раҳмонзода) «Қутбнамои роҳи ҳақиқат», Бадриддин Мақсудов «Сабақи Соҳиб Табаров», Сипеҳри Ҳасанзод «Дурахши ахтари танҳо» (ба муносибати 100-солагии Соҳиб Табаров) (№46), Шоҳзамон Раҳмон «Тараннумгари воқеияти зиндагӣ» (ба муносибати 80-солагии Зариф Ғулом) (№47) ва Муҳриддин Сабурӣ «Борони сабз дар найистони шеър» (ба муносибати 80-солагии Сайидалӣ Маъмур) ( №51) ҳама характери ҷашнӣ доранд, ки агар ҷанбаи публитсистии онҳоро сарфи назар намоем, барои илми адабиётшиносӣ муҳим мебошанд.
Тавре аз унвони мақолаҳо ва соли нашри онҳо мушоҳида гардид, дар баробари мақолаҳои тозаэҷод мақолаҳои зиёди ҷашние ҳам ҷой дода шудаанд, ки бознашр аз солҳои пешин мебошанд. Хуб мебуд, агар дар оянда ин падида ислоҳ гардад. Зеро ҳадаф аз таҷлили ҷашн ва ё ёдбуди адибон пеш аз ҳама назари тоза намудан ба фазилатҳои суханварии онҳост. Дар ҳолати мавҷуд набудани мақолаҳои тозаи ҷашнӣ аз ҳисоби мақолаҳои солҳои пеш пур кардани саҳифаҳои ҳафтавор чандон муҳим нест.
Миқдори тақриз ва китобиёте, ки дар саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат»-и соли 2024 нашр шудаанд, 25 ададро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор тақризҳое, ки ба асарҳои адибон барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ пешниҳод шудаанд, тақризҳои Шодӣ Раҷабзод «Кафшергар» ва симои қаҳрамонони давронсоз», Наҷмиддини Шоҳинбод «Қаҳрамонони даврони мо» (ба китоби Равшани Махсумзод «Кафшергар», №14, №20), Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ «Кӯҳ моро шукӯҳ омӯзад», Абдуллоҳи Раҳнамо «Таҷаллии сеҳр дар қаламрави меҳр» (Тақриз ба китоби Рустам Ваҳҳобзода №15, №21), Азимҷон Аминӣ «Шахсият дар оинаи эҷод ва маърифат» (ба китоби Абдураҳмони Абдуманнон «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик», №20) аз ҳама ҷиҳат муҳимманд, зеро дар онҳо фазалатҳои суханварӣ ва суханшиносии касоне нақд шудаанд, ки бояд ҷоизаи олиро соҳиб шаванд.
Як хусусияти жанри тақриз, тавре дар назарияи нақди адабии замони шӯравӣ таъкид мегардид, фаврӣ будани он мебошад, яъне бо нашр шудани асар фавран арзиши он бояд таъйин шавад. Дар тақриз бояд пургапию муфассалгӯӣ дида нашавад. Тақризҳои Иброҳим Усмонов «Печутоби даврони пешин» (№9), Кароматулло Олимзода «Дилнавишта ё шеъре, ки парвардаи ишқ аст…» (№14), Иззатбек Идизод «Пиёда тай кунӣ бояд раҳи шеър» №22, Сироҷиддини Эмомалӣ, Мирзо Солеҳ «Дидаи ҳақбини муҳаққиқ» (№24), Насимбек Қурбонзода «Дафтари хуршед» (тақриз ба маҷмуаи ашъори Озар «Баҳор гул бишуморем на тасбеҳ», №28), Ҳафиз Раҳмон «Пажӯҳиши судманду арзишманд» (№28), Раҷабалӣ Худоёрзода «Дорад хабар аз табъи гавҳарзои мо» (тақриз ба куллиёти Раҳии Муаййирӣ, №30), Шариф Муллоев «Таҳқиқи пурарзиш» (№32), М. Имомзода, Б. Ҳошимзода «Воқеияти зиндагӣ ва дидгоҳи бадеӣ» (№49) дар шумораи тақризҳоеянд, ки ба китобҳои дар соли 2024 нашргардида навишта шудаанд. Боқӣ тақризу китобиёт асарҳоеро, ки солҳои пеш нашр гардидаанд, муаррифӣ намудаанд. Масалан, тақризи Меҳриддин Ғиёсӣ «Таҳқиқоти мамлу аз гавҳари маонӣ» ки дар шумораи 7 зери рубрикаи «Чашмандоз» нашр шудааст, китоби Олимҷон Хоҷамуродов «Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ», ки 23 сол қабл мунташир гаштааст, мавриди таҳлил қарор гирифта, бознашри он ба миён гузошта шудааст.
Солҳои пеш дар бахши «Китобиёт» муаррифии китобҳои тозанашр дар ҳаҷми панҷ-шаш ҷумла сурат мегирифт. Дар бахши «Китобиёт»-и «Адабиёт ва санъат» зери рубрикаи мазкур маводе нашр шудааст, ки аз як саҳифа иборат аст. Масалан, навиштаи Меҳриддин Ғиёсӣ, Шодиҷони Рамазонӣ «Сиришт ва сарнавишт». «Хуршедсавор», (оид ба китоби Абдуманнон Насриддинов) (№24), Кароматулло Олимзода «Дилнавишта ё шеъре, ки парвардаи ишқ аст..» дар бораи китоби ашъори Ибодулло Машрабов, Бузургмеҳри Тоҷиддин «Гулҳои бехазони модар» дар бораи китоби Салими Зарафшонфар «Фурӯғи лоязоли фирдавс», ки соли 2023 дар Хуҷанд ба нашр расидааст, (№10) як саҳифаи ҳафтаворро ташкил додаанд. Ва низ маводе, ки зери рубрикаи «Тақриз» нашр шудаасту ҳамагӣ ним саҳифа аст, мисли тақризи Шариф Муллоев «Таҳқиқи пурарзиш», ки китоби Аҳмад Абдуллоев — «Адабиёти форсии тоҷикӣ дар Озарбойҷони асри 12»-ро мавриди нақд қарор додааст (№32).
Лозим ба ёдоварист, ки жанри тақриз қонуниятҳои хосси худро дорад ва муқарриз бояд дар баробари комёбию барҷастагиҳои асари мавриди тақризаш, инчунин аз костагию норасоиҳояш ҳам ишора намояд. Чунончи, дар ҷодаи илм агар тақриз камбудҳоро ошкор насозад, чандон эътибор надорад. Аксари тақризҳои дар ҳафтавор нашршуда хусусияти тавсифию ситоишӣ доранд ва баъзеи онҳо бо баёни мухтасари муҳтавои асар хотима ёфтаанд. Хосса барои ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», ки минбари асосии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шумурда мешавад, муқарризон бояд масъулияти азимеро ба дӯш гирифта, ҳангоми нақди як асар дар ҳаҷми мухтасаре тамоми вежагиҳои асари мавриди тақризашонро баён карда тавонанд. Ҳарчанд майдони сухан дар ҳафтавор мисли маҷаллаи «Садои Шарқ» фарох нест, аммо маҳорати суханшиносию сухансанҷии ноқид лозим аст, ки ҳам ба тариқи мухтасар ва ҳам бо услуби илмию оммавӣ ва публитсистӣ тавонад арзиши асареро ташхис бидиҳад.
Аз ҳама бештар дар таърихи нақди адабӣ мақолаҳои мубоҳисавӣ арзиши баланд доранд. Ин навъи мақолаҳо дар замони шӯравӣ хеле роиҷ буданд ва дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ҳамвора афкори мухталифи ноқидону адабиётшиносонро ё дар шакли мизи мудаввар ва ё баҳсҳо нашр мекарданд.
Дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» зери рубрикаи «Минбари баҳс» ду мақолаи мубоҳисавӣ, дақиқатараш онҳоро метавон тақризи манфӣ номид, зеро норасоиҳоро дар китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагонӣ ошкор намудаанд, нашр гардиданд, ки аз ҳар ҷиҳат арзиши баланди интиқодӣ доранд. Дар тақризи аввал, ки ба қалами Фозил Муқимов зери унвони «Назаре ба як китоби дарсӣ» (Забони тоҷикӣ барои синфи 8) тааллуқ дорад (№22) ва тақризи дуюм аз Муҳриддин Сабурӣ «Агар хомӯш биншинам гуноҳ аст…» (Нигоҳе ба китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 6-уми МТМУ, муаллиф Хоҷа Қурбон Тоҳирӣ) (№24) норасоию костагиҳои китобҳои дарсии мазкур бо мисолҳои мушаххас мавриди накӯҳиш қарор гирифтаанд, ки ин падида, дар воқеъ, нигаронкунада аст. Зеро хатову нуқсонҳое, ки дар китобҳои дарсӣ барои макотиби миёна роҳ меёбанд, барои гумроҳсозии насли наврас воситае мешаванд, ки ислоҳи он дар оянда кори хеле мушкил аст. Аз ин нигоҳ тақризи Муҳриддин Сабурӣ ҷанбаи қавии интиқодӣ дорад ва ҳарчанд муаллифони китобҳо хостаанд аз роҳи баҳс мансофӣ намоянд, аммо андешаҳои онҳо хатоҳояшонро ислоҳ намесозад. Аз ин рӯ, ноқидону суханшиносон бояд барои фароҳам намудани матнҳои солим дар китобҳои дарсӣ як бори дигар онҳоро мавриди нақди дақиқ қарор бидиҳанд, то ин ки матнҳои солим ба ташаккули завқи наврасон мусоидат намоянд.
Тақризи Тоҷибой Султонӣ «Падарам шоир буд» ба муносибати 70-солагии Муҳсин Аминзода (фарзанди шоири маъруфи тоҷик Муҳиддин Аминзода) ба достони ӯ, ки «Падарам шоир буд…» унвон дорад, навишта шудааст (№10). Ин достон, тавре аз навишта бармеояд, аз 45 саҳифа иборат аст, аммо соли нашри он зикр наёфтааст. Мутолиаи ин тақриз барои камина аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки то ба имрӯз дар бораи баромади иҷтимоии Муҳиддин Аминзода, ки писари мударриси мадрасаҳои Хуҷанду Бухоро буда, дар шинохти шеъри классикӣ, хосса Бедил дасти тавоно дошта, пас аз инқилоб ҷилои Ватан кардааст, чун мутахассиси соҳаи филология маълумот надоштаам.
Дар ин ҷо оид ба ду тақризи дигар мехоҳам мулоҳизаамро баён созам, ки ба нақди баргардони девони шоирон аз як хат ба хати дигар нигаронида шудаанд. Яке тақризи Раҷабалӣ Худоёрзода «Дорад хабар аз табъи гавҳарзои мо», ба куллиёти Раҳии Муаййирӣ (№30) аст, ки онро Исмоил Зарифӣ баргардон кардааст. Дар ин тақриз Худоёрзода нуқсонҳое, ки дар баргардони девон рух додааст, ошкор намудааст.
Дар шумораи 37-и ҳафатанома бошад, тақризи Исмоил Зарифӣ «Новоқифиҳо дар таҳияи девони Воқифи Лоҳурӣ», ки онро Раҷабалӣ Худоёрзода ва Шарофиддин Асомиддинзода нашр намудаанд, мавриди нақд қарор гирифтааст. Исмоил Зарифӣ ҳам норасоию нуқсонҳои зиёдеро дар баргардон кардани девони мазкур пайдо намуда, бо ислоҳоти тоза бознашр кардани онро ба миён гузоштааст. Аз шеваи тақриз аён аст, ки Исмоил Зарифӣ онро дар посух ба тақризи Раҷабалӣ Худоёрзода навиштааст. Дуруст аст, ки бо нуқсону норасоиҳо баргардон кардани осори суханварон дар Тоҷикистон амри табиист ва тақризҳое, ки солҳои пеш Низом Қосим дар ин маврид менавишт, намунаи олии қазияи мазкур мебошанд. Ҳеҷ кадоме аз мо даъво карда неметавонем, ки ҳангоми баргардон ба хатокорӣ роҳ намедиҳем. Аммо чунин тақризҳо барои дар оянда масъулияти баланд эҳсос кардани онҳое, ки ба ин кор машғул мешаванд, метавонад таъсиррасон бошад. Яъне, пас аз баргардон барои интишор додани китоб аҷала накарда, аз назари чанд мутахассис бояд гузаранд, то матн солим шавад.
Дар таърихи нақди адабии тоҷик мулоҳизаҳои муфиди интиқодӣ ҳамеша дар заминаи муноқишаву муҷодала ва баҳс бештар пайдо шудаанд. Барои мисол, дар садаи дувоздаҳуми мелодӣ байни Хоқонӣ ва Рашиди Ватвот аввал муносиботи дӯстонаву бародарона ҳукмфармо буд ва ин ду суханвар дар қасидаҳояшон ҳамдигарро хеле ситоиш кардаанд, аммо ҳамин, ки байни онҳо кинаву кудурат пайдо гашт, қабеҳтарин дашному носазогӯиҳоро дар ҳаққи якдигар раво донистанд. Ва беҳтарин қитъаҳои Хоқонӣ, ки дар он нақд ҷанбаи истидлолӣ пайдо кардааст, муқаттаотест, ки дар посух ба Рашида Ватвот сурудааст. Аз ҷумла, қитъаи ӯ бо радифи «Унсурӣ», ки дар он диди дақиқи эстетикии шоир ва замони ӯ хеле барҷаста баён шудааст ва то ба имрӯз муҳаққиқон барои собит намудани андешаҳои худ аз он мисол меоранд.
Матлаб ин аст, ки тақризу мақолаҳои танқидӣ бояд пеш аз ҳама ҳадафе дошта бошанд ва аз рӯйи меъёрҳои дақиқи суханшиносӣ адабиёти бадеиро мавриди нақду баррасӣ қарор бидиҳанд.
Дар шумораи 21-и ҳафтанома тақризи Муҳриддин Сабурӣ «Дар раҳгузори назарияи адабии суратгароёни рус» (Нигоҳе гузаро ба «Растохези калимот»-и Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ), ки онро профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода таҳия карда, ҳамзамон замимаи муфиде барои шинохти ин мактаби ададӣ илова кардааст, нашр гардидааст. Муқарриз аз ин китоби пурарзиш муҳимтарин мулоҳизаҳои муҳаққиқро мӯшикофона ҷудо намуда, баён доштааст. Аз ҷумла, муқарриз менависад, ки «Ин донишманд (Шафеии Кадканӣ) муътақид аст, ки то бархурдамон ба адабиёту ҳунар ва устураву ирфон бо диди суратгароёна анҷом наёбад, ҷуз иншонависӣ коре дар пажӯҳиш накардаем».
Сипас пораеро аз мулоҳизоти Шафеии Кадканӣ овардааст, ки хеле ҷолиб аст. Кадканӣ навиштааст, ки «Аз таҷрибаву мушоҳидаҳои худам ба ду мавриде дар Донишгоҳи Теҳрон метавонам ишорат кунам, ки бисёр омӯзанда аст: ду тан аз барҷастатарин устодони донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон, ки, мутаассифона, имрӯз дар миёни мо нестанд ва ҷойи эшон ҳамеша дар Донишгоҳи Теҳрон холист, рисолаҳои худро бо устод Фурӯзонфар гирифта буданд: яке ба унвони «Ишқ аз назари Мавлоно ва Ҳофиз» ва дигаре «Масоили равоншиносӣ аз диди Мавлоно»… Бо ин ки дар дониш ва ҳиммати ин ду устоди бемонанд кӯчактарин тардиде вуҷуд надошт, ин ду бузург пас аз солҳову солҳо ночор шуданд аз мавзуъҳои мавриди алоқаи худ сарфи назар кунанд, зеро намедонистанд, ки ин гуна ановин то табдил ба «фурм» нашавад, қобили баррасӣ ва таҳқиқ нест. Кам нестанд муаллифоне, ки худро дар ҳавзаи ирфон ё адабиёт муҳаққиқ медонанд ва китобҳое бо ановини даҳонпуркуне аз навъи «Таҷаллии ишқ дар андеша»-и фалон ориф ё шоир менависанд ва ҳосили садҳо сафҳа нигориши эшон ҷуз муште иншонависӣ ва иборапардозӣ ҳеҷ чиз нест. Ҳам умри худро ба ҳадар медиҳанд ва ҳам вақти хонандагонро…».
Дар охир Муҳриддин Сабурӣ хулоса бароварда менависад, ки «Мутаассифона, ин гуна бархурд ба илм ва «муште иншонависӣ» дар ҳавзаҳои илмии мо ба маротиб зиёдтар аст, ки ҳамасола даҳҳо рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя мегардад ва нақшашон ҷуз хобидан дар таҳхонаҳои донишгоҳҳо чизи дигаре нест..»
Дар идомаи хулосаи Сабурӣ афзуданиям, ки натанҳо шеваи нигориши рисолаҳои илмӣ, балки аксарияти тақризу мақолаҳои адабӣ, ки ҳафтаномаю маҷаллаҳо нашр месозанд бо ҳамон шеваи иншонависӣ сурат гирифтаанд, ки ин масъала таҷдиди назари ҷиддиро хоҳон аст.
Мақолаи Аскар Ҳаким «Навгароӣ дар ғазал»-ро (№6) метавон яке аз беҳтарин мақолаҳо дар бахши «Пажӯҳиш» донист, ки дар он мунаққид бо як диди тоза ва хеле нуктасанҷона навовариҳои Муҳаммадшариф Саидиро, ки худ шоири афғонистонии муқими Шветсия мебошад, дар ғазалсароӣ ба субут расонидааст.
Дар мақолаи муҳаққиқи афғонистонӣ Муҳаммадкозими Козимӣ «Муруре ба сегонаи ашъори Фозили Назарӣ», ки дар бахши «Нақди ҳамзабонон» (№37) нашр шудааст, тавре худи ноқид мегӯяд, ҳам барҷастагиҳо ва ҳам костагиҳои ин шоири эронӣ мавриди нақд қарор гирифтааст, ки бо чунин шева шеърро нақд кардан дар нақди суханшиносони Тоҷикистон кам чизе ба назар мерасад. Нақди воқеии шеър бояд чунин сурат бигирад.
Аз ҳама ҷолиби диққат дар бахши «Аз бойгонӣ»-и ҳафтанома бознашри мақолаи Ҳабиб Юсуфӣ «Барои поэзияи муносиби давр» (№36) аст, ки онро корманди осорхонаи устод Айнӣ Маҳбуба Луқмонова пайдо карда, бехабар аз ин ки ин мақола бори аввал дар таърихи 19 октябри соли 1940 дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» нашр шуда, баъдтар дар маҷмуаи «Сатрҳои нотамом»-и шоир ҳам, ки соли 1987 мунташир гаштааст, ҷой дода шудааст, чун бозёфте, ки бори аввал нашр мешавад, барои ҳафтанома ирсол кардааст. Лозим ба ёдоварист, ки мақолаи мазкур яке аз беҳтарин мақолаҳои интиқодӣ дар нақди замони шӯравии солҳои чилум мебошад, ки дар бораи арзиши он ҳам адабиётшиноси шодравон Маъруф Раҷабӣ ва ҳам Абдухолиқ Набавӣ изҳори назар кардаанд. Шояд ин дафъа оммаи васеи хонандагон аз он огоҳӣ пайдо намуданд ва бо шеваи нақд дар он рӯзгор ошно шуданд.
Айни ҳамон манзараеро, ки Ҳабиб Юсуфӣ дар бораи вазъи шеъри тоҷик дар солҳои сиюму чилуми садаи ХХ тасвир кардааст, дар мақолае, ки Шӯроҳои назм ва нақди ИНТ дар бахши «Нақди адабӣ»-и шумораи 29-и ҳафтавор зери унвони «Теъдоди ғазал ба понсад расид, аммо..» ҷой додаанд, мебинем, фақат бо шеваи дигар. Дар ин мақола ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода мавриди нақд қарор гирифтааст. Ноқидон бо овардани мисолҳои зиёде аз ашъори шоири мазкур пастравии сатҳи шеърро дар рӯзгори мо ҷилвагар сохтаанд, ки дар воқеъ ин мақола дорои арзиши баланди интиқодист. Бовари комил дорем, ки аз ин гуна ашъор имрӯз мо метавонем ҳазорҳо ҷилд китобҳои дигар пайдо намоем, ки соҳибонашон аз ҳисоби маблағҳои худ нашр карда, дар байни мардум тақсим мекунанд. Шигифтовараш боз дар ин аст, ки матнҳои хароби ин шоир аз ҷониби маъруфтарин сарояндагони кишвар ба оҳанг дароварда шуда, замзама мешаванд ва ноқидоне ҳам дар пешгуфтори девони онҳо ситоишҳои муболиғаомезе перомуни арзишашон навиштаанд. Ин ҳам як манзараи ҳузнангез аз вазъи шеър дар замони Истиқлоли давлатӣ аст.
Дар бахши «Ахтарони адаб»-и ҳафтанома пажӯҳиши Камол Насрулло «Бедилонро Бедиле дилдор кард» (№19; №21; №23; №24; №26) нигоҳи тозаест дар шинохти Бедил ва маҳорати суханварии ин шоири навовар. Идома ёфтани чунин пажӯҳишҳо аз ҷониби суханварони мо, ки нақди шоирона маҳсуб мешаванд, заминаи мусоиде барои таҳқиқи шеъри классикии мо фароҳам месозанд, ки қобили таҳсин аст.
Дар бахши «Назарпурсӣ», ки перомуни назм, наср ва нақди адабӣ сурат гирифтааст, метавон матолиби зиёде дар мавриди чигунагии авзои адабиёт ва адабиётшиносиву нақди адабӣ пайдо кард. Дар шумораи сиюми ҳафтанома мулоҳизаҳои адибони маъруфи тоҷик Абдулҳамиди Самад, Ато Ҳамдам ва Бароти Абдурраҳмон оид ба вазъи насри ҷавонон ва омилҳои кам эҷод шудани наср нисбат ба назм аз ҷониби қаламкашони ҷавон андешаҳои ҷолиб баён гардидаанд.
Дар шумораи №36 мулоҳизаҳои танқидии Аскар Ҳаким ва Беҳрӯзи Забеҳулло «Аз бурду бохти шоирони ҷавон» нашр гардидааст, ки ҳарду ноқид ҳам аз рӯйи эҳтиром ва пос доштани одоби шарқӣ перомуни ашъори навқаламон изҳори назар намудаанд. Танҳо номи иддае аз шоирони ҷавон, ки дар ашъорашон тозагие ба назар мерасад, зикр гардидааст, аммо ба таври мушаххас норасоиҳои сурудаҳои онҳо мавриди нақд қарор нагирифтааст. Ба ақидаи Беҳрӯзи Забеҳулло, «Бо ин васф, шеъри тамоми шоирони ҷавони муосири тоҷик дорои як ваҷҳи муштарак аст – тасаллути пессимизм дар зеҳну шуури шоирон. Акнун замони он фаро расидааст, ки ин ниқоб аз чеҳраи шеъри ҷавони тоҷик бардошта шавад, то назми мо мисли шеъри Рӯдакӣ дубора оламгир гардад». Аммо ин пессимизм ва ё дунёбезорӣ чист ва он дар шеъри кадом шоири ҷавон мавқеъ дорад, исбот нагардидааст.
Дар бахши наср ҳамчунин андешаҳои Сироҷиддини Икромӣ дар мақолаҳояш «Ҳар киро товус бояд» (№7), «Носирони ҷавон чӣ мегӯянд?» (№31) хеле хонданӣ ва далели огоҳии нависанда аз вазъи насри ҷавонон дар рӯзгори мо мебошанд.
Падидаи масарратбахши дигар барои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар ҳафтанома ворид шудани як зумра ноқидону суханшиносони ҷавонанд, ки дар оянда метавонанд ҷодаи мазкурро ба хубӣ тай кунанд ва нақди воқеиро рӯйи кор оваранд. Аз зумраи ин ҷавонон метавон Толиби Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Сурайё Ҳакимова, Насимбек Қурбонзода, Хуршеди Эҳсон, Бахтёри Раҳмониёнро, ки ҳам ба эҷоди бадеӣ ва ҳам нақду адабиётшиносӣ машғуланд, ном бурд. Аз ин миён Муҳриддин Сабурӣ бо як диди тозаи интиқодӣ имтиёзи хосса дорад. Мақолаву тақризҳои ӯ нишон медиҳанд, ки мавсуф дар шинохти шеър мавқеи мушаххаси фикрӣ ва таҳқиқӣ дорад. Ба вежа мақолаҳои «Бебандубориҳо дар таркибсозӣ» (№36), «Дар қаламрави шеъри ҷавонон»,( №27) «Рубоиро сода нагирем…» (№39) гувоҳи қазияи мазкур мебошанд. Дар мақолаи «Бебандубориҳо дар таркибсозӣ» Сабурӣ таъбирсозиҳоро дар шеъри навин мавриди нақд қарор медиҳад. Ҳарчанд шавоҳиди овардашуда бидуни зикри номи муаллифони онҳост, аммо дар нақди шеъри муосир мавзуи ҷолиб ва муҳим аст. Таҳқиқи масъалаи мазкур метавонад яке аз масоили муҳим дар нақди лафз барои адабиётшиносии муосири мо қарор бигирад.
Хулоса, вазъи адабиётшиносӣ ва нақди адабиро дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-и соли 2024 метавон қаноатбахш шумурд. Дар тӯли як сол кормандони ҳафтанома заҳмату машаққати зиёде ба харҷ дода, кӯшиш кардаанд, ки матолиби хонданиро дар ин боб пешкаши хонандагон гардонанд ва беҳтарин мақолаҳои адабиётшиносию нақди адабӣ ҳам аз ҷониби кормандони ин ҳафтанома эҷод шудаанд, ки шоистаи таҳсин ва офарин мебошанд.
Дар соли навин умед аст, ки ноқидони касбии мо ба нақди адабиёти навинамон ҷиддитар машғул шаванд, то заҳмату кӯшишҳояшон барои худшиносии миллӣ ва маърифати адабиёту ташаккули завқи хонандагон мусоидат намуда, ҳамзамон боиси таровату тозагӣ пайдо кардани назму наср гардад.
Боймурод ШАРИФЗОДА,
адабиётшинос