• 06.06.2025

Нест асло марги ӯ нобуди ӯ

 Нест асло марги ӯ нобуди ӯ

Ба муносибати 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозим

Насли калонсол хуб дар хотир до­рад, ки Зафар Нозим аввали солҳои 60-уми асри гузашта вориди саҳнаи ҳунари кишварамон шуда, фазои тозае дар олами суруду оҳангҳои тоҷикӣ ба вуҷуд овард ва мактаби мутрибӣ ва овозхонии худро таъсис дод, ки дар тамоми гӯшаву канори ки­шварамон ва берун аз он, махсусан дар миёни ҳамзабонони хориҷиамон, шуҳратёр гардид.

Бояд таъкид кард, ки дар бароба­ри мутрибиву овозхонӣ кордонии За­фар Нозим ҳанӯз дар айёми ҷавони­аш назаррас буд. Замони таҳсилаш дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон да­стаи ҳунарии донишҷӯёнро бо номи “Наврӯз” ташкил намуд. Ба ҳайати ин ансамбл Ҷӯрабек Назриев, Ҳисорӣ Ҷӯраев, Сайфиддин Акрамов, Хо­нума Ҳусейнова ва дигарон шомил буданд. Дар муддати кӯтоҳ дастаи ҳунарии мазкур шуҳратёр гардид.

Ҳунарнамоӣ дар миёни дигар сарояндагони касбӣ, машшоқону оҳангсозон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ӯ имкон дод, ки дар андак муддат сабку услуби хоси эҷодиашро муаррифӣ кунад ва бо сурудҳои дилнишинаш дар тамоми шаҳру навоҳӣ мухлисону ҳаводорони зиёдеро пайдо намояд. Барномаи ҳунарияш ғанӣ гардид. «Васфи Тоҷикистон» (шеъри Боқӣ Раҳимзода), «Туро ёбам» (ғазали Абураҳмони Ҷомӣ), «Ҳамсоя бошем» (шеъри Мирзо Турсунзода), «Шабат хуш бод» (ғазали Фахриддини Ироқӣ), «Нару-нару» (таронаи халқӣ), «Сорбон» (ғазали Саъдии Шерозӣ), «Намеёбӣ» (ғазали Абдураҳмони Мушфиқӣ), «Рафтам ба ҷустуҷӯят» (шеъри Садриддин Айнӣ) ва ғайраҳо таронаҳое буданд, ки мавриди истиқболи гарми ҳаводорони созу наво қарор мегирифтанд.

Зафар Нозими ҷавонро дар Фи­лармонияи давлатии Тоҷикистон ба гурӯҳи устод Акашариф Ҷӯраев ба кор даъват намуданд. Он вақт дар ҳайати ин гурӯҳ Абдулло Назрӣ, Барот Яхшӣ, Карим Раҳим, Барно Аҳмадова, Шумқор Одинабеков, Зулайхо Раҳимова, Саломат Шо­назриев, Ҳукуматшо Бандишоев ва чанде аз санъаткорони хушовози халқӣ ҳунарнамоӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, роҳи санъат барои Зафар Нозим ҳамвор гардид.

Соли 1964 дар ҳайати Филармо­нияи давлатии Тоҷикистон дастаи ҳунарии «Садои кӯҳсор» таъсис дода шуд ва Зафар Нозим то соли 1985 ба он роҳбарӣ кард. Соли 1985 ӯ дар ин боргоҳи ҳунар Ансамбли этнографи­ву фолклории «Ганҷина»-ро ташкил кард. Аз тамоми ҷумҳурӣ ҳунарман­дони соҳибистеъдод, аз ҷумла Му­родбек Насриддинов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Чиллахон Холов, Сафар­гул Юсуфова, Бунафша Шокирова, Субҳон Саидов, Зебо Нурова ва дигаронро ҷамъ овард. Ҳамчунин раққосаҳои соҳибистеъдод тариқи озмун ба узвияти ин ансамбл пази­руфта шуданд. Барномаи ҳунарии дастаи мазкур фарогири беҳтарин таронаҳо ва рақсҳои мардумии та­моми минтақаҳои ҷумҳурӣ буд, ки то имрӯз мавриди истиқболи гарми дӯсторони ҳунар қарор мегирад. Тирамоҳи соли 1989 аҳли ҳунари Ансамбли этнографию фолклории “Ганҷина” бо роҳбарии Зафар Нозим ба Ҳолланд сафари ҳунарӣ анҷом доданд ва шонздаҳ рӯз дар шаҳрҳои Амстердам, Ротердам ва Гаага ҳунарнамоӣ карда, хотири тамошо­бинонро шод намуданд.

Маҳорати кордонии Зафар Нозим баъди ба вазифаи роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш беш­тар аён гардид. Бо талошҳои ӯ эҷод­корони ҷавон ба сафи ҳунармандони ин боргоҳи ҳунарӣ мепайвастанд. Дастаҳои нав дар ҳайати ин муасси­саи ҳунарӣ таъсис ёфтанд. Онҳо бар­номаи ҳунарии худро бо роҳбарии Зафар Нозимов ғанӣ мегардонданд. Афзалшоҳ Шодиев, Хурсандмурод ва Қобилҷон Зарифовҳо, Хосият Ортиқова, Ҳаётой Муъминова ва дигарон таҳти роҳнамоиҳои устод Зафар Нозим имрӯз ба қуллаҳои баланди шуҳрату унвонҳои олии ҳунарӣ расидаанд.

Бале, устод Зафар Нозим маҳз бо овози ширину гуворо, суруду оҳан­гҳои дилфиребу гӯшнавозаш дар ҳар кишваре, ки ҳунарнамоӣ мекард, ҳа­водори бештар пайдо менамуд. Мах­сусан барномаҳои ҳунарии “Дӯстӣ”, ки нимаи солҳои 70-уму 80-ум бо иштироки устодони санъати Тоҷики­стон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғи­зистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон ва Русия дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои бузурги ин ҷумҳуриҳо доир карда мешуданд, барои тарғиби санъату фарҳанги ин халқҳо заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ҳунармандон бо ҳам дӯстони қарин мешуданд.

– Аз ҷумла, устод Зафар дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо овозхоно­ни машҳур Комилҷон Отаниёзов, Фахриддин Умаров, Шералӣ Ҷӯра­ев, Таваккал Қодиров дӯсти қарин гардид. Вақте гурӯҳи эҷодии Зафар Нозим ба вилояти Хоразм сафари ҳу­нарӣ намуд, устоди бузурги хунёгар Комилҷон Отаниёзов дар манзилаш ба ифтихори ҳунармандони тоҷик зиёфат орост. Зафар Нозим дар ин нишаст ду суруди классикии ӯзбе­киро бо маҳорати хос иҷро намуд. Комилҷон Отаниёзов ба хотири меҳмонони тоҷик таронаи машҳури “Ушшоқи Самарқанд”-и мақомхони бузурги тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазизро бо сабки хоразмӣ ва ба забони тоҷикӣ сароид, ки боиси болидагии табъи ҳар ду ҷониб гардид. Пас аз анҷоми сафари ҳунарӣ устод Зафар Нозим дар ҳавои оҳангҳои классикии хораз­мӣ таронаи “Ҷоно, ба ноз мерафт”-ро эҷод намуд, ки ба дӯстдорони ҳунар писанд омад. Дар ин суруд зеру бам ва кашишҳои хоразмӣ возеҳу равшан ба назар мерасанд, ки та­ронаро дилчасп ва марғуб намудаанд.

Устоди зиндаёд Зафар Нозим бо ҳунарманди ма­шҳури Туркманистон Бо­бомурод Ҳамдамов аҳди бародархондагӣ дошт ва ӯ аз эҷодиёти Зафар Нозим суруди «Эй шӯх»-ро меса­роид. Зафар Нозим ғазале аз Махдумқулиро бо забо­ни туркманӣ аз Бобомурод Ҳамдамов омӯхту суруд. Дар Озарбойҷон бо Пӯлод Булбул-оғлӣ, Назокат Мамедова, Зайнаб Хонларова, Рашид Бейбу­тов, Лайло Шарифова ва дигарон аҳди дӯстиву рафоқат баста, чанд суруди озариро чун рамзи дӯстӣ ва рафоқат дар барномаи ҳунариаш ҷой дода буд.

Бале, дар барномаи ҳунарии За­фар Нозим сурудҳои қариб тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Шарқи хориҷӣ (ҳиндӣ, эронӣ, афғонӣ) ба лаҳну тарзи хоси ин мардум садо медод ва аз ҳамин ҷиҳат ӯро чун сарояндаи худӣ гарм истиқбол ме­гирифтанд.

Моҳи июни соли 1964, ки он замон Зафар Нозим 24-сола буд, дастаи ҳунармандони Филармонияи давла­тии Тоҷикистон бо роҳбарии устод Акашариф Ҷӯраев барои ширкат дар Кунгураи мусиқии халқҳои Шарқ ба Эрон сафари ҳунарӣ намуд. Ба ин дастаи ҳунарӣ ҳофизону сарояндаго­ни шинохтаи тоҷик, амсоли Абдулло Назрӣ, Барот Яхшиев, Зафар Нозим, Муслима Боқиева, Шоиста Муллоҷо­нова, Барно Исҳоқова, Одина Ҳо­шим, Қурбон Зардак, Зуҳро Каримо­ва, Карим Раҳим ва дигарон шомил буданд. Ҳунармандони тоҷик дар шаҳрҳои Исфаҳон, Шероз, Табрез ва Теҳрон барномаҳои марғуби ҳунарӣ намоиш доданд. Дар ҷамъбасти ин чорабинии ҳунарӣ Зафар Нозими ҷа­вонро бо нишони “Табарчаи тиллоӣ” сарфароз гардониданд.

Моҳи августи соли 1967 дар шаҳри Маскав рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон баргузор шуд. Дар барномаи фарҳангие, ки 11-уми август дар кохи синамои Маскав баргузор гардид, Зафар Нозим дар ҳавои оркестри симфонӣ суруди “Эй сорбон…” (ғазали машҳури Саъдии Шерозӣ)-ро пешкаши тамошобинон гардонид. Баъди анҷоми ин суруд узви Академияи илмҳои ҶШС Тоҷи­кистон ва Иттиҳоди Шуравӣ, шарқ­шиноси машҳури рус, профессор Ио­сиф Брагинский ба саҳна баромада, Зафар Нозимро бо дастаи гул табрик намуд ва байти аввали ғазалро ба забони русӣ тарҷума кард ва хоҳиш намуд, ки ин сурудро мувофиқи та­лаб бори дигар сарояд. Зафар Нозим ин таклифро бо хушнудӣ қабул кард ва суруди “Эй сорбон…”-ро такроран манзури тамошобинон гардонид. Дар ин чорабинӣ суруди “Эй зуҳра” (шеър ва оҳанги Зиё Қоризода) низ аз ҷони­би ӯ ду маротиба иҷро гардид. Зафар Нозимовро баъд аз сурудани ғазали Саъдии Шерозӣ «Эй сорбон» ҳу­нармандони маъруфи Афғонистону Эрон ва Ҳиндустону Покистон “Устод Зафар” меномиданд.

Дар таърихи санъати тоҷик кам овозхоне метавон пайдо кард, ки дар ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ пайравону шогирдони худро дошта бошад. Ӯ ин маслиҳатҳои устодонаю ғамхоронаашро қариб ба ҳамаи шо­гирдонаш додааст. Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Парда Қосимов, Муродбек Насриддинов, Бобоҷон Азизов, Ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ Сафаргул Юсуфова, Тоҷид­дин Муҳиддинов, Аҳмадҷон Муҳам­мадиев, Муқаддас Шайдуллоев, Иззатулло Амонов, Нуралӣ Ғуломов, Саидаъло Фатҳуллоев, Қадим Хоҷа­ев, Донахон Нодирхонов ва Муқим Мақсудов, Ҳофизи халқии Тоҷики­стон Дӯстмурод Алиев, Корманди шоистаи Тоҷикистон Тағоймурод Хушвақтов ва даҳҳои дигар бо пай­равии устод Зафар дар ҷодаи ҳунар шуҳратёр гардиданд.

Устод Зафар Нозим ҳанӯз дар 24-солагӣ бо унвони «Ҳунарпешаи шоиста» ва дар 34-солагӣ бо унвони «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» ва орденҳои “Ситораи Президент” (дараҷаи сеюм) ва “Нишони фахрӣ” қадрдонӣ шудааст.

Устоди зиндаёд Зафар Нозим барои пешрафт ва рушду нумуи фарҳанг ва санъати мусиқӣ, овоз­хонӣ ва мутрибии кишварамон хидматҳои зиёде кардааст ва ному корномааш дар хазинаи тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик ҷовидон маҳфуз мемонад.

Нест асло марги мо нобуди мо,
Дар паноҳи мо бувад, мавҷуди мо.
Мо ҳазорон бор пайдо мешавем,
Аз ҳалоки хеш эҳё мешавем.

Кенҷа ИБРОҲИМОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Дигар хабарҳо