• 22.01.2025

Тазоди рӯҳи хуфта

 Тазоди рӯҳи хуфта

Романи “Ғуруб” нахустромани нависанда Равшан Махсумзод буда, қабл аз дар қолаби китоб чоп шуданаш дар маҷаллаи “Садои Шарқ” таҳти унвони “Нафси бад” чоп шуда буд. Дар ин асар бо тасвири бадеии таҳаввулоти ҷомеаи муосири тоҷик баъди пош хӯрдани собиқ давлати абарқудрати Шуравӣ ва дигаргун шудани “муомилаи байни одамон, бинобар тағйир ёфтани сохти ҷамъиятӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, дар мисоли зиндагии мардуми як рустои кӯҳистон” бо равиши таҳия ва муҳокимаву натиҷагирӣ рӯ ба рӯ ҳастем. Нависанда тағйири замон ва дигаргуниҳои куллӣ дар бинишу рафтори одамонеро, ки дар охири аҳди шуравӣ ва солҳои аввали Истиқлол зистаанд, дар асоси тазоди руҳи хуфта ва виҷдони бедори халқ ба риштаи тасвир кашида, таҳқиқи бадеиро дар ростои мизони хирад анҷом медиҳад. Тазоди асосии замон дар фазои тасвир чунин аст, ки ҳақдор “мулзаму дасткӯтоҳ”, ноҳақ озоду дастдароз ва ҳамин тавр, аввалӣ пиёдаву дувумӣ аспсавор аст.

Муҳимтарин паёми таъсиргузор, ки ҳангоми мутолиаи романи Равшан Махсумзод ба зеҳн менишинад, ҳукми ростини дар мусибат худро ба даст гирифтани шахс аст. Мусибат ин ҷо, дар навбати аввал, ба маънии сахтӣ, бадбахтӣ, накбат, меҳнат ва ранҷи пешомада дар ҳаёт нест, агарчи то андозае ба маънии мавриди назар, ки таъзия, сӯг, азо ва мотам аст, ин маъниҳо сидқ ҳам доранд: “Аз сари инсон рӯзи сахт ҳам мегузараду хушию хурсандӣ ҳам. Шоир беҳуда нагуфтааст: Ҳар чӣ ояд бар сари фарзанди одам, бигзарад. Фақат рӯҳафтода нашудан даркор. Агар кас дар пеши мусибат худашро бой диҳад, дигар дарди бедавост”. Ва ё: “Агар ҳамсолон, ёру ошноҳо раванд, душвор будаст танҳо зистан дар ин дунё”. Яъне, бадтарин дарди бедаво дардест, ки инсон дар баробари мусибат, яъне марги азизе ва ё сахтие, ки дар зиндагӣ пеш меояд, худашро аз даст диҳад. Воқеан, гиристани мард дар мусибат азоби сахтест, ки фаҳму дарки он на ба ҳама кас имконпазир аст. Мусибати сахттар барои мард боз ҳолатест, ки дарду алам ва ғаму андӯҳ дар ботин ғалаён кунад, дарун-дарун мӯя кашаду ба воситаи гиря рӯй назанад. Барои дарки моҳияти маънавии асар, қабл аз ҳама, ҳамин андешаҳоро дар назар бояд дошт, то ки ҷаҳони маънавии шахсиятҳои асосии асар – Парвиз Нусрат, Суҳроб Мурод ва баъзе персонажҳои дигарро, ки бори ғоявӣ дар роман бар уҳдаи онҳо ҳам вогузор мешавад, дарк карда шавад.

Воқеаҳои романи “Ғуруб”, агарчи аз назари тағйири мафкура ва бинишу назарҳо паҳнои васеи ҷуғрофиро дар бар мегиранд, дар мисоли гардиши замон ва тағйири сохти ҷомеа дар муҳити як деҳа ва сокинони он ба андеша гирифта мешаванд. Дар ин муҳит зиндагӣ мисли сойири деҳот дар замони шуравӣ ва воқеаҳои тақдирсози он, амсоли солҳои қаҳтию гушнагии замони ҷанг (солҳои 1941-1945), талоши мардум барои ба даст овардани як луқма нон дар солҳои душвор, барқарорсозии пасазҷангӣ, пош хӯрдани сохтори ҳукумати коммунистӣ, оғози замони Истиқлол, шикастани низоми сотсиалистӣ, харҷу марҷ дар сохтори иқтисодии ҷомеа, муносибат ба амволи давлатӣ, талош баҳри ба даст овардани дороӣ, шебу фарози зиндагӣ, ишқу муҳаббати ҷавонон, муносиботи мухталифи одамон ва ғ. сурат мегирад. Мушоҳида ва таҳқиқи бадеии нависанда низ паҳнои васеъ дошта, кулли ҷузъиёти марбут ба воқеаҳои ёдшуда ба сурати куллӣ ва типӣ тасвир мешаванд.

Пайванди инсон бо табиат ва зарурати муносибати бошуурона дар баробари табиат ва муҳити зист, бовар ба инсони вораста, бовар ба хиради халқ ва виҷдони одам, ҳамеша бо худ будан, ки навъе хушбахтист, дар ғами беваю бечорагон будани шахси масъул, муносибати инсон дар гардишҳои зиндагӣ ва тағйири замон, кӯшиши инсон будан ва инсонсозӣ дар айёми ҳирсу оз, таъкид ба нохушии ошнобозӣ ва зарари бо порадиҳӣ моликияти давлатро муфт соҳиб шудан, дар баробари беадолатиҳо оштинопазир будан, виҷдон, имон, инсоф, ҳирсу гушначашмӣ, бевафоии дунё, муҳокимаи кирдорҳо дар ростои мунофиқӣ ё замонасозӣ, тазоди солорӣ ва ҳарисӣ, шахсияти азизи муаллим, ҷаҳолату хурофот, афсонаҳои фолбини беимон, андешаҳо дар бораи ҳаёту мамот, хор надоштани модар, муносибати модару фарзанд, меҳру муҳаббат, накӯҳиши ҳисси ҳатто дар мусибати одам ҳам суд ҷустан унсурҳои таркибие мебошанд, ки дар таъйини бори ғоявии асар ва дарки мазмунҳои ниҳон дар зерматнҳо таваҷҷуҳ ба онҳо муҳим аст.

Як нуктаи меҳварӣ, ки дар дарки паёми асосии роман ба он таваҷҷуҳи махсус мебояд кард, ҷой доштани андешаи солим ва қонунҳои ба самти ростию адолат раҳнамункунанда дар ҳама давру замон мебошад. Махсусан риояти чунин қонунҳо, ба мисли “Кодекси ахлоқи ҷамъияти коммунистӣ” дар замони шуравӣ дар гардишҳои муҳимми таърихӣ ба нафъи одамони ба роҳашон росту ҳалолкор буда, барои аҳли ҷамъият низ зарур ҳастанд. Дар ҳамин ҳуҷҷати ёдшуда сабт шудани омӯзаҳои ахлоқие, амсоли “касе кор накунад, намехӯрад, истисмори инсон норавост, як кас барои ҳамаю ҳама барои як кас, дӯстии халқҳо, бародарию баробарӣ, оила ва тарбияи фарзанд, эҳтироми волидайн” ва ғайра паёмҳои барои ҳамаи давру замонҳо муҳимму ҷомеасоз ҳастанд.

Ихтилофи андешаву назарҳо, ки аз қавли шахсиятҳои роман баён мешаванд, дар сохтори муҳтавоии асар аз ҷумлаи ҷузъиёти муҳимми сохторӣ ба ҳисоб мераванд. Ин сохтор ҳангоми дар қиёс ба андеша гирифтани муносибати одамон нисбат ба сохтори ҷамъияти сотсиалистӣ ва даврони Истиқлол, ки дар роман танҳо воқеаҳои оғози ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ тасвир мешавад, бармало намудор мегардад. Ё худ дар тасвири муҳокимаи баъзе шахсиятҳо атрофи масъалаи имон ва эътиқод, аз як тараф, мунофиқию замонасозӣ, аз ҷониби дигар, ки дар заминаи тағйири рӯҳияи инсон дар гардишҳои муҳимми ҷамъиятӣ ба андеша гирифта мешавад. Дар чунин муҳокимаҳо натиҷагириҳои зимнӣ низ ҷолиб ҳастанд, ба мисли ин намуна: “Пешониро ба замин задан ҳанӯз нишонаи эътиқод нест. Дил бояд тоза бошад, имон комил бошад. Дилу имон ҳамон вақт покизаву пурра мешавад, ки виҷдон мудом бедору қалб ҳамеша гарм бошад”.

Умед ба ояндаи нек, ҳар ғуруберо тулуе аз пас будан, ҷойи куҳнаро иваз кардани нав аз ҷумлаи мазомине ҳастанд, ки моҳияти фалсафии андешаву муҳокимаҳои мундариҷ дар асарро ифода мекунанд:

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.

Дар романи “Ғуруб” доираи истифодаи шахсиятҳои асосию ёвар ва ҷалби онҳо дар бандубасти соҳати муҳтавоии асар дар ҳадди эътидол қарор дорад. Суҳроб Мурод, касе, ки дар мақтаи муайяни ҳаёт дар зиндагӣ роҳ гум кардааст, Хидири дузд, Парвиз Нусрат – шахсияти асосии роман, ки намоди хирад ва виҷдони бедори халқ аст, Баҳодур Меҳрон, муаллим ва коммунисти ростқавлу дурустрафтор, Мулло Қадами марожнихӯр, Азамату Муҳаббат бо ишқи нокому тақдири нофарҷом, Карим Самаду Комил Назар – собиқадорони ҷанги ватанӣ ва дигарон бо хислату характерҳои гуногун ба саҳнаи воқеоти роман ворид мешаванд. Дар шахси Нусратамак ва аз қавли ӯ рамзу рози ҳаёт, таҷриба, хотираи таърихӣ ва ҳолати равонии инсон тасвир мешавад. Баъд аз реҳлат дучанд гаштани эътибори Парвиз Нусрат дар миёни мардум, аз як тараф, ба маънии эътибори одам аз назари андешаи солим ва қадру қимат бошад, аз ҷониби дигар, далели арҷ гузоштани мардуми тоҷик дар баробари хидматҳои некуву шоистаи инсон аст. Ин ҷо ба масъалаи бақои исм ҳам метавон ишора кард, ки дар натиҷаи пиндору гуфтору кирдори нек ва заҳмати ҳалол ба даст меояд.

Ривояту қиссаву афсона, ёдоварӣ аз гузаштаи худ аз қавли шахсиятҳо, руҷуъ ба таърихи куҳану наздик ба тӯли умри як одам, нақли мазмуни ҳикоят аз китобе, такя ба гуфтаҳои халқ дар сохтори шаклии асар ваҷҳи ғолиб ҳастанд. Руҷуъ ба гузашта бо мақсади муайян сурат гирифта, сабабҳо дорад, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо сабақ аз гузашта ва таҷрибаи ҳаёт мебошад. Аммо ҳастии одамӣ чунон сиришта шудааст, ки дарёфти сабақи зарурӣ, ҳатто барои нафарони солхӯрдаву рӯзгордида ҳам, кори саҳле нест. Чунонки дар роман мехонем: “Рафтори ин ду одами солхӯрдаро чӣ гуна баҳо додан ё тоқат кардан мумкин? Барои як порча замини то ба имрӯз ба касе вафо накардаю ҳамаро ба коми худ фурӯбурда як деҳа одамро гӯл мезананд, дурӯғ мегӯянд”.

Тасвирҳои қиёсӣ ҳангоми бархӯрдҳо бо муносибатҳо дар ду ҷомеаи аз ҷиҳати сохтор мутафовит ва муҳокимаву андешаҳои шахсиятҳои роман яке аз равишҳои асосии тарзи баён аст, ки бештар дар қолаби гуфтугӯ матраҳ мешавад. Аз ҷумла дар гуфтугӯи падар – Нусратамак бо писар – Парвиз Нусрат таъкид мешавад, ки амалҳое, ки замони пеш қаллобӣ ном доштанду сахт маҳкум мешуданд, дар замони нав корчалонӣ унвон гирифт. Ва ё: “Замонҳои пеш, агар соҳибмансабро гунаҳгор донанд, аз шарм худкушӣ мекард. Бешараф шудаанд одамон, вазифадориро кори бозӣ медонанд, ҳамёнпуркунӣ меҳисобанд. Бо мардум кор кардан, ҳарду паллаи тарозуро баробар нигоҳ доштан, ҳақро ба ҳақдор расонидан кори осон нест, масъулияту заҳмат мехоҳад он”.

Нависанда дар тасвири муҳити атроф, манзараҳои табиат, симои зоҳирӣ ва ҳолати равонии шахсиятҳо аз имконоти орояҳои бадеии ташбеҳ, тавсиф, сифатчинӣ ба хубӣ истифода кардааст. Як намуна: “Боғҳо ҷомаи зарду арғувонии хешро бадар мекарданду дар рӯйи замин гилеми рангин мегустарданд”. Бо истифода аз имконоти санъати тавсиф ва вежагии сифатчинӣ дар симои шахсияти аслии роман зарурати некӯдошти тавсифҳои мансуб ба инсон, ба мисли беғараз, тоза, шикастанафс, рост, бетамаъ… талқин мешавад. Парвиз Нусрат ҳангоми барҳаёт будан тавассути ҳузури мунири худ дар ҷомеа, масъулиятшиносӣ, садоқат дар баробари Ватан ва ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ номи худро дар қалби инсонҳои шукргузор сабт кардааст.

Монандии аҷибро ҳамроҳ бо баёни киноӣ дар ин ҷумла шоҳид ҳастем: “Ба назарам, давлати шуравӣ гови мурдаро мемонду зоғу зағану каргасҳо гӯшташро тика-тика канда мехӯрданд ва дар натиҷа ба таҳкурсияш об монданду титу питаш карданд”.

Дар роман тасвирҳои зеҳнӣ ҳам ҷой доранд, ки бештар ҷиҳати намоёнидани ҳолати равонии шахсиятҳои асар – аз роҳи ба андеша гирифтани рафторҳо ва дар мизони хирад санҷидани натиҷаи кирдорҳо – истифода шудаанд. Ба мисли чунин андешаи шахсияти аслии роман: “Аҷиб, одамон ҳар қадар солортар шаванд, ба молу чиз ҳарис мегарданд. Намедонед чаро чунин аст? Медонанд ба гӯр чизе набурданашонро, аммо то дами охирин мубориза мекунанд барои мол…”.

Ин ҳолатро садсолаҳо пеш Соиби Табрезӣ ҳам мушоҳида карда буд, ки гуфтааст:

Одамӣ пир чу шуд, ҳирс ҷавон мегардад,
Хоб дар вақти саҳаргоҳ гарон мегардад.

Басомади зиёди зарбулмасалу мақол дар асар ва мавқеи муносиби истифодаи онҳо яке аз боризтарин нишонаҳои мухтассоти сабки эҷодии нависанда дар соҳати баёни андеша ва балоғати калом аст. Унсурҳои мазкур бештар ба ҳукми масалҳои соир бошанд ҳам, аз назари мавқеи истифода ва вариантнокӣ қобили таваҷҷуҳ ҳастанд. Ба мисли чунин намунаҳо: “Кайф кайфи безанӣ, шӯрбо пазию танҳо занӣ”, “Аз пайтобаи касе дастархон кардан”, “Каҷ шиштану рост гап задан”, “Гапи хонаро ба бозор набаровардан”, “Инсонро шинохтан бо сӯзан кӯҳ кандан аст” ва ғ. Аммо дар роман зарбулмасалу мақолҳое ҳам дучор мешаванд, ки ҷадиду нодир ҳастанд. Амсоли чунин намунаҳо: “Тарсу нафс оламу одамро идора мекунад”; “Инсоф ҳам чизи нағз, баъзан ёд кардан даркор” , “Дар ду курсӣ нашин, ки оқибат чатанат медарад”, “Бо нони ҳаром сахт шудани мағзи устухони баъзеҳо”, “Хоби чоштгоҳӣ беҳ аз подшоҳӣ”, “Бевагӣ ҷомаи бадномӣ дорад”, “Бе занбӯр асал гирифта наметавонӣ, бе кор – пул”, “Гумон – торикии имон” ва ғ.

Дар сохтори ҷумлаҳои нависанда баъзан ҷойивазкунии ҷойи унсурҳои наҳвӣ ва ҷузъи зиёдатӣ мушоҳида мешавад, ки, ба назари мо, чандон писандида нест. Ба мисли чунин намунаҳо барои ҳолати аввал: “Хусусан соҳибони ҳавлиҳои лаби сой ҳар сол зиёни зиёд мебинанд аз ин офати табиӣ”. Манзур мавқеи таркиби “аз ин офати табиӣ” аст, ки ҷойи он дар миёнаи ҷумла аст, ба ин тартиб: “Хусусан, соҳибони ҳавлиҳои лаби сой аз ин офати табиӣ ҳар сол зиёни зиёд мебинанд”. Ҳамин ҷумла дар қолаби зерин, ба назари мо, боз зеботар рух менамояд: “Хусусан, аз ин офати табиӣ ҳар сол соҳибони ҳавлиҳои лаби сой зиёни зиёд мебинанд”. Мисоли дигар, ки ҳарду ҳолат ҷой дорад: “Баъд аз қабули онҳо ӯро хонданд ба дарун”.

Дар ҷумлаи охири қолаби наҳвии зерин ҷузъи охир – “меваҳои дарахти пир” ҳам аз назари мантиқи баён ва ҳам сохтори наҳвӣ ҳашв аст: “Дарахт пир буд… Аммо айёми баҳорон дар як шаб ҷон мегирифт… Баъд куҷо мешуданд пистаҳо, касе хабар намеёфт. Эҳтимол насиби паррандагон мегаштанд ва ё баъди пухта расидану хушк шудани думчаҳояшон боду шамол ба ҳар сӯ парешон мекард онҳоро ва дар байни сангу хок талаф меёфтанд меваҳои дарахти пир.”

Ҳашв дар сохтори баъзе ҷумлаҳои дар як банди синтаксисӣ ба ҳам омада ҳам ба назар мерасад, ба мисли унсурҳои ишорашудаи “ӯ”, “Ва”, “Комил Назир” дар ин намуна: “Вақте ки Комил Назир аз маҳбас баргашт, ҳама нисбаташ меҳрубон буданд, аз гузаштааш чизе намепурсиданд. Баъди чанд вақт директори мактаб ба кор даъваташ кард ва тадриҷан боз ба давра ҳамроҳ шуд ӯ. Ва то охири умр дар хусуси чӣ тавр асир афтоданаш ва бори дуюм чӣ гуна дар маҳбас нишастанаш ҳарфе намезад Комил Назир”.

Рафъи норасоиҳои мавҷуд ба сифати лазатбахшии асар ва хосияти дарку фаҳми бештари он таъсир хоҳад расонид.

Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ,
доктори илми филология

Дигар хабарҳо