Хӯшачини хирмани андарзи халқ

 Хӯшачини хирмани андарзи халқ

Ба муносибати 90-солагии фолклоршинос Баҳром Шермуҳаммадов

Фолклоршиноси тоҷик, доктори илми филология, профессор, Аъло­чии маорифи халқи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Баҳром Шермуҳаммадов 10 декабри соли 1934 дар гузари Шайхҳои шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби ҳафтсола таҳсилро дар Омӯзишгоҳи тоҷикии омӯзгории Са­марқанд идома додааст. Ӯ соли 1952 ба Душанбе омада, донишҷӯи бахши филологияи факултети таъриху фило­логияи Университети давлатии Тоҷи­кистон ба номи В.И.Ленин гардидааст ва онро соли 1957 ба итмом расонида, аз соли 1957 то рӯзҳои вопасини ум­раш дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

Ин олими маъруфи соҳаи фолклор­шиносӣ 22 июни соли 1998 хеле бар­маҳал, дар синни 64-солагӣ ин ҷаҳо­ни фониро падруд гуфт, вале барои аҳли илму дониш осори пурарзишеро роҷеъ ба фолклори тоҷик ба ёдгор гу­зошт, ки ҳанӯз ҳам мавриди истифодаи пажӯҳишгарон қарор доранд.

Баҳром Шермуҳаммадов ҳамчун муҳаққиқи борикназар, пухтакору нук­тасанҷу варзида тамоми фаъолияти хешро ба рушди илму фарҳанг, мак­табу маорифи ҷумҳурӣ бахшида, дар пажӯҳиши фолклори тоҷик, дар ҷодаи гирдоварӣ, нашру таҳқиқу баррасии он, ҳифзи арзишҳои ғании фарҳанги мардум ва таблиғи он, умри дубора бахшидан ба дурдонаҳои тамаддуни гузаштаи тоҷикон хидмати мондагор кардааст.

Баҳром Шермуҳаммадов яке аз бунёдгузорони шуъбаи фолклорши­носии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Саҳ­ми ӯ дар бунёд ва ташаккули натанҳо шуъбаи фолклоршиносӣ, балки таъ­сиси Ганҷинаи фолклори институти номбурда ва рушди соҳаи фолклорши­носии тоҷик низ беназир аст.

Фаъолияти эҷодию илмии Баҳром Шермуҳаммадов ҳанӯз аз солҳои до­нишҷӯӣ оғоз ёфтааст. Мавсуф аз овони донишомӯзӣ ба ҷамъ овардани ганҷи парешони фарҳанги мардум шуғл ва­рзидааст. Ӯ бо мақсади гирд овардан, нашр ва таҳқиқи адабиёти шифоҳӣ ва анвои гуногуни фолклори тоҷик қариб ба тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон, инчунин ба баъзе аз манотиқи тоҷик­нишини Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба мо­нанди вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Ҷиззах, Сирдарё ва ғ. сафарҳои илмӣ намуда, дар бисёр экспедитсияҳои фолклорӣ ҳам ба сифати роҳбар ва ҳам ба ҳайси иштирокдори ин ко­вишҳои илмии фолклоршиносӣ шир­кати фаъолона кардааст ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва миллат­дӯстӣ намунаҳои асарҳои бадеии мар­думи тоҷикро сабту забт намуда, дар ҳифзи ёдгориҳои гаронбаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик – адабиёти шифоҳӣ ва ғанӣ гардонидани Ганҷинаи фолклори тоҷики Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ хидматҳои шоиста анҷом додааст. Баҳром Шер­муҳаммадов аз соли 1996 то соли 1998 дар замони ҳассостарини ҳаёти таърихии ҷумҳурӣ вазифаи сарварии шуъбаи фолклоршиносии ин боргоҳи илму маърифатро ба зимма дошт ва дар ҳифзи ганҷи бебаҳои шойгони тоҷик аз худ заҳматҳои бесобиқа зоҳир кард. Мавсуф ҳамчун пажӯҳишгару муҳаққиқ ва мутахассиси ҳирфаии адабиёти бадеии гуфтории халқи тоҷик тақрибан 200 китобу мақолаи илмӣ ва тақризу асарҳои адабӣ таълиф наму­да, ба табъ расонидааст.

Соли 1967 Баҳром Шермуҳаммадов дар мавзуи муҳимми фолклоршиносӣ таҳти унвони «Назми халқии бачагонаи тоҷик» рисолаи номзадӣ ва соли 1987 дар мавзуи «Густариши осори ман­зуми адабиёти тоҷику форс. Таҳқиқи текстологӣ (матншиносӣ). Таҷоруби таҳлили шумури вариантнокӣ» (ба забони русӣ) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Таълифоти ӯ аз қабили «Афсонаҳои Самарқанд» (дар ҳамму­аллифӣ бо Ф.Зеҳнӣ, 1965), «Таронаҳои Самарқанд» (1966), «Назми халқии бачагонаи тоҷик» (1973), «Восеъно­ма» (1985), «Рецепция произведений таджикско-персидской поэзии. Тексто­логические иследования. Опыт коли­чественного анализа вариативности» (1987), «Усули гирдоварии адабиёти шифоҳии мардуми Афғонистон» (1988) ва ғ. баёнгари ҳиссаи самарабахши ӯ дар пажӯҳиши фолклори тоҷик мебо­шанд. Тавассути китобҳои «Расво шуданд» (1964), «Ҳикмати бобоён», (1964, бо ҳамроҳии С.Тоҷиддинов), «Восеънома» (1985), «Фолклори Бу­хоро» (1989, бо ҳамроҳии Д.Обидов ва Ҷ.Рабиев), «Қиссаҳо аз рӯзгори Фирдавсӣ» (1994, бо ҳамроҳии Д.Обидов) мардумро бо фолклори бою рангини Самарқанду Бухорои шариф, саргуза­шт ва қаҳрамониҳои Восеи шӯришгари озодихоҳ, оқибатҳои зараровари хуро­фотпарастӣ ва ҳикояву қиссаҳои ди­лангезу пандомези мардумӣ дар бораи Абулқосим Фирдавсӣ ошно кардааст.

Баҳром Шермуҳаммадов яке аз равшанфикрони дилсӯзи фарҳанги мардуми тоҷик буда, тамоми умри бобаракати хешро ба пажӯҳиши ада­биёти шифоҳии халқи тоҷик ва ҳифзу тарғиби арзишҳои фарҳангии он бах­шидааст. Дар чандин китоб ва мақо­лаҳо перомуни мавзуъҳои гуногуни илми фолклоршиносии тоҷик сухан кардааст. Бо сайъу кӯшиш ва ташаб­буси ӯ тамоми тоҷикзабонони Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон аввал тариқи радиои ҷумҳурӣ ва сипас тавас­сути телевизиони тоҷик бо шоҳасари мардумӣ – эпоси «Гӯрӯғлӣ» ва гӯянда­гони варзидаи он Ҳикмат Ризо, Ҳақна­зар Кабуд ва дигарон ошно шудаанд. Аввалин бор маҷмуаи достонҳои гӯрғулигӯёни тоҷик бо кӯшиши Баҳром Шермуҳаммадов дар ҳамкорӣ ва бо ҳиммату ғайрати ховаршиноси маъруф И.С.Брагинский ва Ҳ.Назаров бо номи «Гурӯғлӣ» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ соли 1988 дар нашриёти «Наука»-и шаҳри Маскав ба табъ расидааст.

Самти дигари таҳқиқотии устод фолклори рангини кӯдакон ва на­врасон буд ва он ҳамеша мавриди таваҷҷуҳаш қарор гирифтааст. Ном­бурда китобчаҳои бадеии фолклории бисёреро ба чоп расонидааст, ки имрӯз ҳам барои хурдтаракон қимати баланди тарбиявӣ доранд. Бо кӯшиши бевоситаи ӯ дар таърихи фолклорши­носӣ ва чопи асарҳои фолклорӣ барои кӯдакон аввалин маҷмуаи таронаҳои мардумӣ барои атфол таҳти унвони «Дарвоза нигин дорад» (1961) чоп шудааст. Дар бозгӯии Баҳром Шер­муҳаммадов барои кӯдакон ва навра­сон зиёда аз 20 маҷмуаи фолклорӣ ба табъ расидаанд. Маҷмуаҳои «Ҳафтдо­дарон», «Кадучаи ғелон», «Гунҷишкаки мӯзасурхак», «Як лаълӣ марҷон», «Сандуқчаи зулбиё», «Себи сари пул», «Лелак-лелаки Боқӣ» ва ғ. мисоли равшани ин гуфтаҳоанд. Ҳамчунин, бо ибтикори Баҳром Шермуҳаммадов на­мунае чанд аз сурудаҳои мардумӣ ба­рои кӯдакон ва наврасон ба забонҳои русӣ, беларусӣ, молдаванӣ, украинӣ, литвонӣ дарҷ гардидаанд.

Як ҷилди «Тазкираи адабиёти бачагон» (ҷ. 4) – «Фолклори бачагон»-ро Баҳром Шермуҳаммадов ҳамроҳи фолклоршиноси маъруф, академик Раҷаб Амонов таҳия карда буд, ки он соли 1982 рӯйи чопро дидааст. Мавсуф то охирин рӯзҳои зиндагиаш ҳамчун узви бахши адабиёти бачаго­наи Иттифоқи нависандагони Тоҷики­стон дар рушди адабиёти кӯдак саҳми назаррас гузоштааст.

Баҳром Шермуҳаммадов муалли­фи чанд ҷилди чопи илмии «Куллиёти фолклори тоҷик» мебошад. Дар сил­силаи «Куллиёти фолклори тоҷик» ба чоп омода намудани ҷилди сурудҳо яке аз таҳқиқоти бунёдӣ ва тӯлонии гурӯҳи суруди кормандони шуъбаи фолклоршиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба ҳисоб мерафт. Солҳои мадид Баҳром Шермуҳаммадов, ки роҳбари гурӯҳи суруд буд, баробар бо дигар аъзои гурӯҳи суруд (нигорандаи ин сатрҳо низ шомили он гурӯҳи таҳқиқотӣ будам ва аз заҳмати устодон воқиф ҳастам) ҷиҳати ба чоп омода намудани «Кул­лиёти сурудҳо» мувофиқи равишҳои байналмилалӣ ва бо усули навину вижаи илмии профессор И.Г.Левин дар таҳияи сигнатура (шиноснома), синопсиси матнҳои сурудҳои мар­думӣ ва ба вуҷуд овардани нусхаи калидӣ (комил) ва дарёфти гузинаҳои беҳтарини 99 суруди фолклории тоҷик иштироки фаъолона дошт. Мутаас­сифона, ҷилди «Куллиёти сурудҳо» (дар 2 ҷилд) аз силсилаи чопи илмии ҷилдҳои «Куллиёти фолклори тоҷик» бо баъзе сабабҳои айниву зеҳнӣ то имрӯз чоп нашудааст. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар баробари тартиб додани ҷилдҳои «Куллиёти сурудҳо» дар ин росто ҳамчун муқаддима ба ҷилди сурудҳо китобе бо номи «Куллиёти фолклори тоҷик. Ҷилди 3, барориши 1. Сурудҳо» дар ҳаҷми 45 с. соли 1981 дар нашриёти «До­ниш» интишор гардид, ки дар асоси 2 суруди фолклорӣ: «Наъли кафшат ёфтам» ва «Мурғак» онро устодони фолклоршинос Ф. Зеҳнӣ, И. Левин ва Б. Шермуҳаммадов мураттаб сохта буданд.

Қобили зикр аст, ки Баҳром Шер­муҳаммадов ба ҳайси пажӯҳишгари асил, донандаи хуби илми фолклор­шиносӣ, таблиғгари фаъолу содиқи фарҳанги мардум ва арзишҳои миллӣ дар чандин конференсияву симпозиумҳои илмии байналми­лалӣ ва умумиҷумҳуриявӣ ширкат варзида, маърузаҳо ироа кардааст. Бисёр навиштаҳои ӯ дар матбуот ба табъ расидаанд ва суханрониҳои пурмуҳтавояш доир ба фолклори форсизабонон аз тариқи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ҳамчунин кишварҳои Эрон ва Афғонистон пахш гардидаанд.

Баҳром Шермуҳаммадов мудда­ти тулонӣ ба ҳайси устоди Дониш­гоҳи давлатии омӯзгории Душанбе, Донишгоҳи омӯзгории ш. Қӯрғонтеп­па ва Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аз фанҳои «Адабиёти кӯдакон ва наврасон», «Адабиёти тоҷик», «Матншиносии (текстоло­гияи) тоҷик» ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Ӯ ба сифати корманди варзидаи илм, мудири шуъбаи фолклоршиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар тарбияи шогирдон ва муҳаққиқо­ни фолклоршинос ҳам саъю талоши зиёд ба харҷ додааст. Аз ин ҷост, ки қадру манзалат ва ҷойгоҳи Баҳром Шермуҳаммадов дар дили дӯстон, ҳамкорону шогирдонаш ба таври ҳамешагӣ боқӣ мондааст.

Ҳамин аст, ки соли 2005 ба муно­сибати 70-солагии фолклоршинос, устоди зиндаёд Баҳром Шермуҳам­мадов дар таҳияи Ш.Умарова ва Ф.Шермуҳаммадова китобе таҳти унвони «Як умри чун тарона» (Ду­шанбе: Деваштич, 2005. – 222 с. ) ба табъ расид ва худи ҳамон сол дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти 70-умин солгарди ин устоди зиндаёд Конференсияи ил­мии бошукӯҳе низ баргузор гашт. Ҳамчунин соли 2014 бо ибтикори шуъбаи фолклоршиносии Инсти­тути забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯда­кии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 80-умин солгарди доктори илми филология, профессор Баҳром Шермуҳаммадов Конференсияи илмӣ доир гардид, ки дар он доир ба паҳлуҳои гуногуни рӯзгор ва осори шодравон ёдномаи дӯстону пайвандон, шогирдон ва ҳампешагонаш садо доданд.

Охири моҳи декабри соли 2024 бо ташаббуси шуъбаи фолклоршиносӣ, ки он ҷо Баҳром Шермуҳаммадов солҳои тӯлонии умри худро бо кору фаъолияти пурсамар сипарӣ намуда буд, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ тасмим гириф­тааст, ки ба хотири 90-солагии гиро­мидошти ин фолклоршиноси зинда­ном ҳамоиши илмиеро дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами фолклорши­носии тоҷик» доир намояд.

Ёди адабиётшинос гиромӣ хоҳад монд.

Шодигул Умарова,
номзади илми филология

Дигар хабарҳо