Рӯнамоии китобҳои адибони ҳамзабон

 Рӯнамоии китобҳои адибони ҳамзабон

20-уми декабр дар Итти­фоқи нависандагони Тоҷи­кистон маҳфили рӯнамоии се китоб аз адибони Афғони­стон – «Айёре аз Хуросон»-и Халилуллоҳи Халилӣ, «Гувоҳнома»-и Хайрмуҳам­мадаймани Санчовакӣ ва «Гулчини ашъор»-и Восифи Бохтарӣ баргузор гардид.

Маҳфилро муовини авва­ли раиси ИНТ Ато Мирхоҷа оғоз бахшид. Гардонандаи чорабинӣ Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар бораи ин китобҳо маълумоти муфид дод. Гуфта шуд, ки китобҳои мавриди на­зар бо талоши адиб ва пажӯҳишгар Ҷаъфари Ранҷбар ба нашр расида­анд.

Адибони ҳамзабон Абдулқаюми Қавим, Муҳаммад Собири Носирӣ, Темуршоҳ Қавим, Марва Соиқ, Ҳоҷӣ Басин ва Башир Азизӣ суханрониву шеърхонӣ карданд. Профессор Абду­набӣ Сатторзода дар бораи адабиёти муштараки Тоҷикистону Афғонистон андешаҳояшро баён дошт. Ҳунарпе­шаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир бо маҳорати хос шеърҳо қироат намуд.

Дар охир ба ҷамъомадагон кито­бҳои тозанашр тақдим гаштанд.

Дигар хабарҳо