Таҷлили Рӯзи Президент бо адибон

?????????????????????????????????????????????????????????
15 ноябр Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Президент – кафили сулҳу амният ва рушди кишвар»-ро баргузор намуд. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, прокуратура, вазорату идораҳои дахлдор низ иштирок карданд.
Чорабинии идонаро муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа ва сардори Хадамоти иҷро, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода оғоз бахшиданд. Қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи дунёи сиёсат дар арсаи байналмилалӣ, паёмовари матини сулҳу ваҳдат, бо беҳтарин хислатҳои наҷиби инсонӣ, ҳиссиёти баланди миллӣ, чун фарзанди содиқи халқу Ватан сазовори обрӯ ва қадрдонии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва шахсиятҳои сиёсиву фарҳангии олам гаштаанд. «Пешвои асри XXI», «Меъмори сулҳ» ва дигар унвонҳои бонуфуз боиси ифтихору сарбаландии Ватани азизи мо ва тоҷикони дунё мебошанд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ҷонибек Холиқзода дар суханронии хеш дар бораи талошҳои Сарвари давлат барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ изҳори назар намуд.
Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлол», Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо дар мавзуи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедзода дар мавзуи «Президент – ҳомии Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори раёсати ташкили кори судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкиму рушди ҳокимияти судӣ», прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода дар мавзуи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдат ва сулҳу суботи ҷомеа», устоди факултети ҳукуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Ҳумоюн Имомов дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва амнияти миллӣ» маърузаҳо пешниҳод карда, суханҳои арзишманд гуфтанд. Ҳамчунин шеърхони ва сухани табрикии ҷонишини сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ», шоири шинохта Давлати Раҳмониён шунида шуд.
Дар дар конфронс таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик нақши муассир ва сарнавиштсозеро бозид. Ин дастоварди бузург ба шарофати кӯшишу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид. Дар иҷлосия бо сарварии Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 74 санади меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун қабул гашт. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи Парчами давлатӣ» ва «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои қайриқонунӣ содир кардаанд» қабул шуданд. Ин қонунҳо ба барқарор шудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон мусоидат намуданд. Бо ин тадбирҳо Сарвари давлат ба фаъолияти қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузоштанд.