Ҳақиқати замон дар “Тахти вожгун”
Устод Ҷалол Икромӣ аз шогирдони содиқи устод Садриддин Айнӣ ва нависандаи соҳибистеъдоде ба шумор мерафт, ки он воқеоти пурмоҷаро, низоъангез ва доманадорро бо диду фаҳмиш ва дарки вижа ба риштаи тасвир кашида, дар иртибот бо идеологияву сиёсати ҳукмрон консепсияи бадеии ҳақиқати зиндагиро равшану бармало намуд. Дар меҳвари асарҳои сегонаи нависанда – романҳои “Духтари оташ” (1960), “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” (1964) ва “Тахти вожгун” (1974) қаҳрамононе амал мекунанд, ки дар таҳкими ғояҳои озодибахши сохти нав бар ивази ҷонфидоию азхудгузаштанҳо алорағми душманони бадгавҳару сиёҳтинат муборизаҳои шадид анҷом дода, ба ҳадафҳои худ комёб ва муваффақ мегарданд.
Романи “Тахти вожгун” охирин асар аз силсилаи асарҳои сегона буда, як марҳала ва давраи пурошӯби зиндагии мардуми азияткашидаи тоҷикро дар бар гирифта, аз ҷониби нависанда ҷамъбасти бадеӣ ёфта, ба пирӯзии сохти ҷадид, яъне сотсиализм дар қаламрави Бухоро нуқта мегузорад. Сабку услуб ва шеваю ҳунари нигорандагии адиб аз ҳар ҷиҳат тарзу усули таълифи осори насри классикии тоҷику форс, хусусан “Ҳазору як шаб”, “Саргузашти Ҳотами Той”, “Чор дарвеш”, “Самаки айёр” ва монанди инҳоро ба хотир меорад, ки онро ба истилоҳ насри ривоятӣ (қисса андар қисса) меномем. Дар романи “Тахти вожгун” силсилавоқеаҳои воқеан мураккабе ҷараён мегиранд, ки баста ба дигаргунию тағйироти сохторӣ дар ҷомеаи карахту шахшудаи аморати Бухоро ба василаи инқилоби болшевикӣ (ё табаддулоти болшевикӣ) ба зуҳур омадаанд. Дар романи мазкур дар баробари қаҳрамонони қаблӣ, ки дар асарҳои “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” амал ва кору пайкор менамуданд, ашхоси нав ба майдони мубориза қадам мегузоранд. Дар роман симоҳое, чун Фирӯза, Асомашкоб, Ҳайдарқул, Оймуллои Танбӯр, Асадмахсум ҳамчунон амал мекунанд, вале ҳамзамон, қаҳрамононе, ба мисли Насимҷон, Ҳамроҳхон, Карим, Бақоҷони мӯзадӯз, Низомиддин, Ғуломҷонмахсум, Ҳалима, Ҳабибуллин, Фатҳуллин, Оиша ва як идда афроди соҳибвазифа низ дар раванди воқеаҳо дар меҳвари тасвир қарор гирифта, инкишофу шиддат ёфтани рухдодҳо ва бархӯрду низоъҳои ғоявию мафкуравии қаҳрамонон ҳақиқати замонро ошкору возеҳ месозанд.
Романи “Тахти вожгун” бо тасвири манзараи ҳалокати Саидпаҳлавон аз тири дастаи муқовиматситези Асадмахсум оғоз мегардад. Хонанда дар ҳамин мавқеъ бо яке аз шахсони соҳибвазифаву масъули сохти нав – нозири умури дохилӣ Низомиддин дучор мешавад. Бояд зикр кард, ки як қисмати калони роман ба амалиёту талошҳои ин душмани замони нав, ки дар ҷараёни воқеаҳо хӯву хислат, олами ботинии ӯ аз ҷониби нависанда бағоят ҳунармандона тасвир ёфтааст, бахшида шудааст. Низомиддин дар роҳи амалӣ намудани мақсадҳои муғризонаю нопоки худ аз ҳеҷ гуна разолату қабоҳат, фурӯмоягию пасттинатӣ рӯ намегардонад. Дар асар лаҳзаву эпизодҳои бо туҳмату иғво ба гирдоби рухдодҳои нохушу фоҷиабор гирифтор гардидани Насимҷон ва сабабгори марги Бақоҷони мӯзадӯз ва ҳалокати пурсӯзу гудози Ҳамроҳхон гардидани Низомиддин бо маҳорати баланд нишон дода шудааст. Низомиддин ҳамчун нозири умури дохилӣ аз дохил мехоҳад ба ҳукумати навтаъсис зарбаҳои ҷонкоҳ ворид намояд, пояҳои ин сохтро заиф ва билохира бо ҳамдастии дӯстони ғоявии худ, аз ҷумла неруи тахрибкори Асадмахсум ҳукумати нави ба хосту майлҳои худ созгорро, ки муқобил ба ғояҳои болшевикӣ, яъне озодию ворастагии заҳматкашон мебошад, таъсис бидиҳад.
Дар зимн, ба неруи офарандагии устод Ҷалол Икромӣ наметавон баҳою арзиши баландро қоил нашуд. Аз дидгоҳи имрӯз ба арзишҳои ғоявию ҷанбаи воқеии асар метавон ба таври мутафовит баҳо дод, аммо мутолиаи дигарбораи роман маро мутмаин сохт, ки нависандаи пухтакору санҷидагӯ, таҷрибаманд ва воқеъбин ба таҳрифи рухдодҳои замон камтар роҳ додааст. Ҳақиқати талхи замон, шебу фарози зиндагии нобасомони мардум, эътирозу норизоиятии гоҳ пинҳону гоҳ ошкорои заҳматкашон, нобоварӣ ба фардои ҳаёт, сарнавишти номуайяну мавҳум, бо вуҷуди муқовимату талошҳои фидокоронаи Насимҷону Асо, Ҳайдарқулу Фирӯза, Каримҷон ва ғайраи дигар барои аз байн бурдани душманон дар роман ҳақиқатнигорона ва бепарда бозтоб гардидаанд. Низомиддин дар роман аз зовияи ҷадидизм ба муборизаю зиддият ба сохти нав менигарад, ҳарчанд ки ҳаммаслакони ғоявии ӯ, аз ҷумла Асадмахсум, ба ин ҷанбаи фикрӣ ва кӯшишу талошҳои беҳадафонаи ин фарди худхоҳ эътимоду бовар надоранд.
Мунаққид ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик, шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ин хусус дар мақолаи “Таърихномаи бадеии инқилоб” (1979) бамаврид таъкид кардааст: “Дар асари Икромӣ (“Тахти вожгун”) ҳаракати ҷадидон як ҳаракати мураккаб буда, ҷиҳатҳои гуногун дорад ва ҳар яке аз тамоюлоти он дар ҳар яке аз марҳилаҳои таърихӣ роли дигар бозидааст. Тадқиқи бадеии Икромӣ решаҳои иҷтимоии ҷадидизм ва роли зиддиинқилобии тамоюлоти иртиҷоию миллатчиёнаи онро, хусусан дар образҳои Асадмахсум ва Низомиддин хеле барҷаста падид овардааст. Ин ду характери гуногунҷиҳати пургунҷоиш ба эътибори ифодаи амиқи моҳияти протсесҳои муҳимми таърихии иҷтимоӣ дар насри имрӯзаи тоҷик мавқеи муайян доранд. Ҳақиқати воқеии басо тезутунду зиддиятнок гоҳо аз ҷониби нависанда бо рафтору амалиёти қаҳрамонон тавре қаламдод мешавад, ки хулоса ва натиҷагирии ин рухдодҳои замон ба худи хонанда ҳавола карда мешавад. Бигирем образи Бақоҷони мӯзадӯзро. Дар тасвири нависанда ӯ дар ибтидо аз сари сидқ ҷонибдори ҳаракати озодихоҳона гардида, бар зидди душманони инқилоб мубориза мебарад. Аммо беиродагию фикри мустақил надоштани ин мард ба он оварда мерасонад, ки ӯ ба дасисаи Низомиддин бовар карда, аз пайи нест кардани Насимҷон мегардад ва дар ниҳоят ба марги Ҳамроҳхони бегуноҳ сабаб мешавад.»
Аз ин ҷиҳат боз ҳам ҳақ ба ҷониби устод Муҳаммадҷон Шакурист, ки сабабу омилҳои сар задани инқилоб ва тазодҳои мафкуравии одамони табақаҳои гуногун, хусусан мардуми заҳматкашро чунин баҳогузорӣ мекунад: “Аз печутобҳои саргузашти ӯ (Бақоҷони мӯзадӯз дар назар аст) ҳам ноҳамвориҳои замон, гуногунии ҳайати инқилобкорон ва савияи шуури иҷтимоиву сиёсии онҳо маълум мегардад. Хусусан, ки инқилоби Бухоро револютсияи пролетарӣ набуд, қувваҳои гуногуни иҷтимоӣ дар он иштирок доштанд ва ноустувории шуури баъзе аз иштирокдорон низ ҳодисаи қонунист” (Мақолаи “Устоди портрети психологӣ”, соли 1979). Норизоиятии мардумро аз раванди воқеаҳои давр, ки бо номи инқилоб ва барпо намудани ҷумҳурӣ ё сохти нави Шуроҳо иртиботи амиқ дошт, нависанда дар лавҳаю эпизодҳои зиёд аз ҷониби қаҳрамонони роман бозтоби бадеӣ бахшидааст. Аз ҷумла ҳангоме ки ба қабули Фирӯза як гурӯҳ занон аз деҳаи Равот Қалъаи Чорҷӯй ба шикоят меоянд, байни онҳо чунин гуфтугузор ба вуқуъ мепайвандад:
– Мо аз Чорҷӯй омадем, – гуфт вай (зани солхӯрда дар назар аст) ба забони нимӯзбекию нимтуркманӣ. – Мо ҳама деҳқонҳои камбағал, аз қишлоқи Равот Қалъа… Ана имрӯз даҳ рӯзи расо шуд, ки шавҳарони моро ба маҷлис ҷеғ заданду гирифта бурданд, дигар на номашонро шунидему на нишонашонро дидем.
– Аз қишлоқи мо қариб сӣ нафар деҳқонро гирифтанд, – гуфт яке аз ӯзбекзанҳо. – Дар Чорҷӯи Нав маҷлис мегузаронем гуфтанду ба аробаҳо бор карда оварданд.
– Ба куҷо оварданд? Барои чӣ оварданд? – ҳайрон шуда пурсид Фирӯза.
– Ба аскарӣ овардаанд, ба Бухоро, – гуфт яке аз занҳо…
Ва поёнтар суҳбат идома меёбад:
– Илоҳо барака ёбед, отун! – гуфт дигаре, – ба доди мо расед, шавҳарҳои бадбахти моро аз ҳабс озод кунед, онҳо ҳеҷ гуноҳе надоранд. Онҳо ҳама деҳқон, камбағал!
– Дар даври амир ҳам деҳқон азоб мекашид, дар даври ҳукумати нав ҳам… Наход ки адолат набошад?!
Ҳамин тавр, дар ифшои ҳақиқати талхи он давр нависанда суҳбат, балки даъвои шахсеро бо номи Шайх Рамазон бо Ҳайдарқул меорад, ки низ ҷанбаи реалӣ дорад. Шайх Рамазон аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки инқилоб ба одамон ҳеҷ сабукие надод. Вай ошкоро эътироз мекунад:
– Инқилоб шуд, ҳокимият гӯё ба дасти меҳнаткашон гузашт, аммо ҳоли деҳқони камбағал тағйир наёфт.
– Чӣ тавр? – ҷиддан ҳайрон шуда Ҳайдарқул пурсид.
– Гӯё ки шумо намедонед! – истеҳзо кард Шайх. – Дар сари ҳокимияти Бухоро чанд нафар деҳқон ҳаст? Бойҳои қишлоқро чӣ кор кардед? Замини ӯро мусодира кардед? Деҳқонони бенаворо аз дасти бой халос кардед? Қозию муллою эшонҳоро нест кардед? Не! Пас, худатонро ба нодонӣ назанед!»
Аз тасвири ин манзара маълум мегардад, ки устод Ҷалол Икромӣ раванди мураккаби бунёди ҷумҳурии шуроҳоро бо ҳама норасоию ихтилофи назарҳои афроди ҷудогона воқеъбинона рӯйи сафҳа овардааст. Аз ин рӯ аз дидгоҳи замони имрӯз наметавон нависандаро ба бозтоби яктарафа ё таҳрифи рухдодҳои замони инқилобӣ муҷриму муқассир донист. Маълум мешавад, ки нависандаи соҳибтаҷриба тарафҳои норӯшану печида ва фоҷиабори марҳалаи таърихии мазкурро бо эҳсоси масъулият ва аз рӯйи виҷдон, ки хоси нависандаи ҳақиқатнигор аст, пешорӯи хонанда гузоштааст.
Яке аз дастовардҳо ва муваффақиятҳои назарраси нависанда симои офаридаи ӯ – Низомиддин ба шумор меравад, ки тамоми воқеаҳои асар, задухӯрду муқовимат, дасисаангезӣ, эътирози душманон зидди сохти нав ба рафтори амалҳои ин фард иртибот дорад. Низомиддин гоҳо аз кирдорҳои хеш ба шакку тардид меафтад, ноумеду руҳафтода мешавад, вале бо эътиқоду ихлоси кӯркӯрона ба неруҳои иртиҷоии мусаллаҳи зиддиинқилобӣ ба ояндаи ба истилоҳ “дурахшон”, ки сохти навро зеру забар хоҳанд карду ӯ соҳиби мансаби баланд мегардад, умед мебахшад. Андешаҳои ботинии ин фарди ҳарису хомхаёлро нависанда ба таври зайл қаламдод кардааст: “Гоҳо худ ба худ нишаста фикр мекарду мегуфт: “Эй содаи нодон, ба ту чӣ зарурат дошт, ки ба ин фитнаю фасодҳо ҳамроҳӣ кунӣ, ҷоната ба хатар андозӣ, дарди сару ғавғои бисёреро харида гирӣ?! Магар обрӯю мартаба надорӣ?! Магар пулу давлат надорӣ?! Магар ягон чизат намерасад, ки бо оташ бозӣ мекунӣ?! Асадмахсум одами ҷангҷӯй, одами ғаюр ва бебок аст, ки ин корҳо ба вай мезебад ва баръакс, бе ин ташвишҳо зиндагӣ ба вай ҳаром аст. Аммо ба ту чӣ? Инро мегуфту худро сарзаниш мекард, азоби виҷдон мекашид, вале боз тааммул карда, бовар ҳосил мекард, ки ин ҳама давлат, ин ҳама обрӯ, ин ҳама калонии вай аз ҳамин фитнаю фасодҳо омадааст.”
Аз мутолиаи роман бармеояд, ки сарнавишти минбаъдаи Низомиддин ба таври фоҷиаӣ анҷом меёбаду ӯ бо дасти ёрони Асадмахсум кушта мешавад. Аз саҳифаҳои асар хонандаи закӣ барои худ паҳлуҳои дигари воқеоти замон, яъне ба хиёнатпешагӣ даст задани афроди соҳибвазифаро, ки гӯё дар хидмати сохти ҷадид қарор доранд, кашф мекунад. Дар роман, дар лаҳзаҳои зиёд амалиёти пинҳонии душманони ҳукумат, ки соҳибмансабанд (хусусан онҳое, ки дар мақомоти интизомӣ ифои вазифа мекунанд), ба таври боварбахш нишон дода шудааст. Ҳадафи нависанда аз бозтоби муборизаҳои ин ашхос бозгӯйи як марҳалаи замонест, ки маҳз чунин зимомдорони дурӯғини ҳукумат аз дохил бо муборизаҳои дасисаҷӯёнаи хеш пояҳои сохти навро заиф ва онро ба боди фано додан мехостанд.
Бояд таъкид кард, ки яке аз дигар муваффақиятҳои устод Ҷалол Икромӣ тасвири занону бонувони ҷасури иродатманд, фидокор ва содиқ ба ғояву ормонҳои коммунистӣ маҳсуб мешавад. Фирӯза, Ҳамрохон, Оиша ва чанди дигар аз қабили заноне мебошанд, ки дар роҳи таҳкими сохти балшевикӣ ва расидан ба озодию соҳибҳуқуқии занони маҳаллӣ талош меварзанд. Ба ёд орем, он эпизодро аз роман, ки дар он шароити басо вазнину мураккаб чӣ тавр Ҳамроҳхон бе фаранҷӣ, бо рӯйи кушода ба кӯча баромада, ба сӯйи коргоҳи ҳамсараш Насимҷон мешитобад ва дар ин ҳол мардуми Бухоро аз ин рафтори ҷасоратмандонаи ӯ дар ҳайрат меафтанд. Ё қатъияту устувории Фирӯзаро пеши назар оред, ки дар лаҳзаҳои бағоят ҳассос ва тақдирсоз, ки вазъият дар Бухорои Шарқӣ вазнин гардида, идораи ҳукумат амалан ба дасти аксулинқилобчиён мегузарад, ҳамроҳи шавҳараш Асо барои фаъолияти созанда бо супориши ҳукумати марказӣ ба он самт равон мегардад. Вай аз ҳеҷ чиз тарсу ҳарос надорад. Ин лаҳза дар асар бо ҳунари волои нигорандагӣ тасвир ёфтааст: “Фирӯза медонист, ки Асо натанҳо барои духтараш дил мезанад, натанҳо ғами Гулбаҳорро хӯрда, аз рафтан ибо мекунад, балки аз вай, Фирӯза ҷудо шудан ба вай гаронӣ мекунад, агар даъвати партия ва ҳукуматро рад карда наравад, боз ҳам азоб мекашад, азоби виҷдон мекашад. Вай шавҳарашро нағз медонист, бинобар он гуфт:
– Пагоҳ рафта гӯед, ки ба Душанбе меравед!
– Чӣ тавр?
– Ман ҳам бо шумо меравам.
– Комитети Марказӣ шуморо намемонад.
– Мемонад, балки худашон мефиристонанд.
– Гулбаҳор чӣ мешавад?
– Гулбаҳорро муваққатан монда меравем. Ба он ҷо рафта, саранҷоми корро дуруст кунем, баъд гирифта барем, мешавад.
Ин қарори ҷасуронаи занашро шунида, Асо ҳайрон ва гаранг шуда монд”.
Фазилату заковатмандӣ ва бебокию шуҷоати қаҳрамони дигари роман – Оиша, ки барои аз асорати Асадмахсум раҳоӣ ёфтану ба дидори дилдодааш – Карим, ки сардори неруҳои мусаллаҳи ҳукумат мебошад, расидан, воқеан, талошу ҷонбозиҳо анҷом медиҳад, хеле ҷолибу ҷозиб ба риштаи тасвир кашида шудааст.
Тавре аз асар маълум мешавад, дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи сарнавишти Асадмахсум вай саркашӣ карда, ба ҳукумат таслим шудан намехоҳад. Дар гуфтугӯи рӯбарӯ бо Карим мехоҳад бо ханҷар ҳамла карда, ғофилгираш намуда, ӯро ба қатл расонад. Аммо дар ҳамин лаҳза аз дохили кулбаи сангин Оиша аз тапонча ба сӯйи Асадмахсум тир мекушояд ва ӯ наъра кашида, ба замин меафтад. Қаҳрамонию корномаҳои Карим, ки ба ҷавонияш нигоҳ накарда, то охир муборизаро бар зидди қувваҳои тахрибкор, аз ҷумла Асадмахсуму гурӯҳаш идома медиҳад, дар роман воқеию муассир бозтоб ёфтаанд. Умуман, Карим яке аз симоҳои намоёнест, ки воқеаҳои асар ба корномаю амалиёти ӯ иртиботи амиқ дорад.
Хулоса, романи “Тахти вожгун” яке аз асарҳои пурмуҳтаво ва метавон гуфт, бунёдии таърихӣ буда, бо ғояву консепсияи барҷастаи бадеии худ дар таҷассуми марҳалаи сарнавиштсози миллати азиятдидаи тоҷик дар адабиёти муосир ҷойгоҳи бузургеро доро мебошад.
Шодӣ РАҶАБЗОД