Дар сояравшанҳои «Фурӯғ…»

 Дар сояравшанҳои «Фурӯғ…»

Имсол ҳам Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо шукӯҳи ба худ хос баргузор шуд ва пирӯзшудагони он ҳавасманд гардиданд.

Ҳамасола барои беҳтар ба роҳ мондани кори озмуни мазкур, ки фаротар аз як озмун рафтаву ба як чорабинии муҳимми давлативу миллӣ табдил шудааст, адибон андешаву пешниҳодҳояшонро иброз медоранд. Ҳоло, асосан, дар бораи ду номинаи озмун – «Эҷоди назм» ва «Эҷоди наср» назару пешниҳодҳои адибонамон пешкаш мегарданд:

Абдулҳамид Самад,
Нависандаи халқии Тоҷикистон:

Бешак, Озмуни ҷумҳуриявии Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ин чанд соле, ки идома ёфт, барои хонандаи хурду бузургро бо китоб рӯ ба рӯ кардан ва дар мағз ё мафкураи мардум меҳру садоқат ба сухан, ба адабиётро таҳким бахшидан хидмати шоиста кард. Ва боиси таҳсин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин озмунро пешниҳоду дастгирӣ намуданд.

Андешаи ман перомуни номинаи «Эҷоди наср» аст. Ба назарам, барномаи номинаи «Эҷоди наср» як андоза барои хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён вазнин аст. Ба неруи зеҳнӣ, қудрати ҷисмонӣ ва мафкураи хонандагон созгор нест. Дар фосилаи кӯтоҳ, дар муддати чанд моҳ драма, эссеҳо, ҳикояву афсонаҳо ё қисса навиштани хонанда аз иқтидори ӯ берун аст ва ба мантиқ низ чандон созгор нест. Чунки барои навиштани чунин асарҳо ҳатто ба нависандаи касбӣ дар баробари мутолиа таҷрибаи рӯзгор ва мушоҳидаҳои афзун лозим аст.

Чун ду сол боз довар ҳастам, мебинам, ки ин хонандагон барои он ки аз рӯйи барнома асар нависанд, ҳатто аз мутолиа дар канор мемонанд. Нависандаи 50-60-сола ба навиштани драма даст намезанад. Техникаи он, гирумон, офаридани қаҳрамон ва мавзуъро бояд донист. Роману қисса ҳамчунин. Таҷрибаи якумрӣ мебояд, ки эҷодкор ба ин жанрҳои бузург даст занад. Ба назарам бори барномаи ин номинаро ё сабук ва ё баргузорияшро дар чанд фосила муайян намудан беҳтар аст. Масалан, ҳар сол неву дар ду-се сол як бор роҳандозӣ шавад, ки хонанда мавзуъро нағз омӯзад, мутолиа кунад. Онҳое, ки ба озмун меоянд, драма нахондаанд, ба театр умуман нарафтаанд, асари саҳнавиро надидаанд. Хонандаҳо, албатта, шавқу ҳавас доранд, дигарҳо мадад мерасонанд. Наврасон дар навиштани ин асарҳо бетаҷриба ҳастанду ба ҷойи онҳо дигарон часпу талош меварзанд. Аз ҷиҳати савод ҳам навиштаҳояшон комил нестанд. Аслан ин озмун бояд барои баланд шудани савод мадад расонад. Аз ин хотир, масъулин дар оянда чунин ҷиҳатҳоро бояд ба назар гиранд.

Баъзе иштирокдорони номинаи «Эҷоди наср» вақте ба бисёр талаботи ойинномаи озмун дасрасӣ надоранд, ба сирқот низ роҳ медиҳанд. Чунончи, довталабе эссеи дигар касро овардааст, ҳикояеро, ки дар шакли китоб бо шумораи зиёд чоп шудааст, пешкаш кардааст. Мутаассифона, нависандаҳои намоёни дар музофот будаи мо ба ин муаллифон тавсияномаҳо навишта, онҳоро ба роҳи ғалат ва каҷ бурдаанд. Озмун дар маҷмуъ хуб аст, номинаҳои эҷодро аз ҷиҳати мантиқ бояд созгор кард. Барои касе, ки ба эҷоди назму наср даст мезанад, набояд барнома мушкилу миёншикан бошад, ки пеши дигаре даваду гӯяд, аз номи вай асар нависад. Агар нарм, оҳиста бо ҳамон қудрату тавоноие, ки навқалам дорад, дар ҳамин самт қувва озмояду қалам фарсояд, ба як ҷо мерасад. Ба шарте, ки каме ҳунар, завқ ва донишу фаҳмиш дошта бошад. Бештар бояд ба савод ва ҳунаромӯзии наврасону донишҷӯён эътибор диҳем. Дар номинаҳои эҷод иштирокдорон бояд аз рӯйи синну сол муайян карда шаванд. Масалан, касе 80 сол умр дидааст ё бештар аз он, тамоми навиштаҳояшро дар як ҷузвдон гирд меорад ва пешниҳод мекунад. Ба ӯ, ки синну солаш бузург аст, дар вақти муҳокимаю баррасии асарҳояш чӣ гуфта метавонед? Инро ҳам аз ҷиҳати мантиқ бояд андешид. Шояд то 50-55 сола. Дигар, ба онҳое, ки синнашон аз 60-70 гузаштааст, маслиҳат додан бефоида аст, бардошту неруи синну солашон ба ислоҳи ин чизҳо намерасад. Дар бораи жанрҳо огоҳии хуб надоранд.

Аз хонандаи мактаб ҳикояҳои хурд, саҳнаҳои ҳаҷвӣ, эссе талаб карда шавад. Бигзор, кам нависаду худаш нависад. Тозакорӣ кунад. Мутолиаро фаромӯш насозад. Аксари хонандагон на аз нависандагони муосири худамон чизе хондаанд, на театр рафтаанд, аммо роману повест, драма пешниҳод мекунанд. Инро чӣ гуна мепазиред? Ба фикри ман, дар оянда аз рӯйи мантиқу неруи зеҳнии хоҳ хонанда, хоҳ донишҷӯ барномаро ба ҳисоб гирем, ба манфиати кор хоҳад шуд. Ба хонандаи мактаби миёна навиштани драма шарт нест. Таҷрибаю омӯзишаш намерасад. Масалан, хонандае аз аввали сол то даври якуми озмун ё даври дуюм чӣ гуна дар баробари таҳсил дар жанрҳои доманадор асар менависад?! Ҳол он ки барои нависандаи касбӣ эҷоди як қисса, драма, роман солҳоро талаб мекунад. Хонанда аз дарс дур мемонад. Коре шавад, ки ба фоидаи довталаб ва озмун бошад. Падару модар шавқманданд, ки фарзандашон қобилияти худро санҷад, лекин ба назар намегиранд, ки бар дӯши навраси хурдсол бори вазнин меафтад. Аз хондани дигар фанҳо дур мемонад. Ба назарам, навқаламони умедбахшро ба хотири осон ҷоиза гирифтан шуҳратпарасту хомпаз накардан ба манфиат аст.

Боз мегӯям, ки дар маҷмуъ озмун хубу зарур аст. Барои мактаббачагоне, ки шеър аз ёд мекунанд, мехонанд, афсона нақл мекунанд, манфиати зиёд дорад. Фазои нағз муҳайё шудааст. Лекин эҷод кори ҳар кас нест. Аҷиб аст. Як китоб ҳикоя навиштааст, лекин ягон ҳикояи адиби муосирамонро нахондааст. Ғайр аз як-ду асари устод Айнӣ, ки дар радиову телевизион номбар мешаванд, аз эҷодиёти беҳтарин нависандагонамон – Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Саттор Турсун, Баҳманёр, Ҷонибек Акобир, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Юнус Юсуфӣ, Сироҷиддин Икромӣ ва дигарон, ки дар сабкҳои гуногун асарҳо доранд, огоҳ нест. Масъулияти адабиёт ва забонро намедонанд, қаҳрамонофарӣ чӣ аст, намефаҳманд. Ҳамаашон тақрибан дар як мавзуъ менависанд, гургу хирс, саг ё чизи дигар. Ҳол он ки дар зиндагии мо ҳазору як манзара ҳаст. Бояд озмун ба судҷӯӣ табдил нашавад. Озмун майдони кашфи истеъдод, ҷарақа, забона задани шуълаи ҳунар аст. Як зарра ҳам бошад, озмун шарориту имкон медиҳад, ки довталаб дар роҳи ояндааш дилпурона қадам ниҳад. Бе омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосир, ҳатто фолклор ягон нависанда ё шоири дуруст, ки ба тамоми маънӣ майдони адабиёти мо интизор аст, ба миён намеояд. Фарз кардем, довталабе шоҳҷоиза гирифт. Баъд чӣ? Ӯ чӣ медиҳад? Инро фикр бояд кард!

 

Ато МИРХОҶА,
муовини аввали раиси ИНТ:

– Дар масъалаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аввал ҳаминро гуфтаниям, ки номи онро кӯтоҳ кардан лозим аст. «Фурӯғи субҳи доноӣ» номидан кифоя мебошад.

Номинаҳои «Эҷоди назм» ва «Эҷоди наср» бозбинӣ шаванд. Аз таҷрибаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад, ки дар муддати 5 сол як насл ба вуҷуд меояд, аз байни миллион нафар як-ду ё 10 нафар мебароянд, ки навишта метавонанд. Барои ҳамин ҳар сол будани номинаҳои «Эҷоди назм» ва «Эҷоди наср» бар зарари кор аст. Чун одамоне, ки дар ин номинаҳо иштирок мекунанд, ба таври механикӣ ҷо мегиранд. Азбаски онҳо аз марҳалаҳои гуногун мегузаранд, дар марҳалаи ҷумҳуриявӣ доварон маҷбуранд, ба чанд нафарашон ҷой диҳанд. Имсол аз миёни касоне, ки соҳиби ҷой шуданд, дастоварди ягонтоашон ба пуле, ки мегиранд, мувофиқат намекунад. Масалан, ғолиби ҷойи якум 35 ҳазор сомонӣ агар гирад, шеърҳое, ки менависад, ба як пул намеарзанд. Мо ҳамин сол барои он ки аз эҷоди ғолибони озмун дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба чоп расонем, намунаи шоиста наёфтем. Барои ҳамин масъулин бояд на худашонро дар хиҷолат гузоранд, на дигар касонро. Бояд ҳар се ё панҷ сол ин номинаро роҳандозӣ кунанд ё ба Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон, ки Иттифоқи нависандагон дар ҳар 5 сол як маротиба баргузор менамояд, пулашро гузаронанд.

Дар номинаҳои эҷод аз онҳое, ки иштирок мекунанд, дар марҳалаи 4-ум талаб карда мешавад, ки аз Иттифоқи нависандагон тақриз ё тавсиянома гиранд. Дар Иттифоқ ин гуна қувват нест, ки 60-80 асарро хонда, андешаашонро нависанд. Мо ҳамагӣ ду нафар дорем, ки иҷрои ин кор ба онҳо вазнин аст. Ин зарурат ҳам надорад, зеро боз доварон кори худашонро мекунанд. Ва агар Иттифоқи нависандагон ба як довталаб тақризи мусбат дода бошаду ӯ бо дили пур ба озмун раваду ноком шавад, обрӯи ИНТ мекоҳад. Бояд довталабон бе тақриз иштирок кунанд. Доварон боз аъзои ИНТ, шоирону нависандагони мо ҳастанд, ки ҳамон асарҳоро мебинанд, агар хуб бошад, ҷо медиҳанд.

Нарасидани китоб дар ноҳияҳо, деҳот ҳис карда мешавад. Барои он ки баъзеҳо ба озмун тайёр шаванд, дар марҳалаҳои минтақавӣ ҷо гиранд, онҳоро ба марказ, ба Душанбе мефиристанд, ки дар Китобхонаи миллӣ нишаста, омода гарданд. Масъалаи дигар кори комиссияҳои аппелятсионист. Нафароне, ки ба ин комиссия муроҷиат мекунанд, бештарашон ноком мемонанд ва аз ин сабаб, фикр мекунам, ки бояд чи ваколату ҳуқуқ доштани комиссияи мазкур дар низомномаи озмун мушаххас дарҷ шавад.

 

Рустам ВАҲҲОБЗОДА,
Шоири халқии Тоҷикистон:

Пешниҳодҳо барои такмили барномаи Озмун
1. Маводи адабӣ барои мутолиа ва азёд кардани довталабон бояд аз назари комиссияи босалоҳият гузарад. Дар зимн аз мутолиаи асарҳое, ки аз ҷиҳати таносуби синусолӣ, ахлоқӣ, фикриву эътиқодӣ, ҷаҳонбинӣ ва ғ. муносиб нестанд, аз ин феҳрист хориҷ карда шаванд.

2. Барои бахши эҷоди назму наср сатҳи синнусолӣ маҳдудтар муқаррар гардад. Зеро ҳадафи аслии ин номинаҳои Озмун пайдо кардани истеъдодҳои эҷодӣ мебошад ва истеъдодҳои эҷодӣ бояд дар марҳалаи ҷавонӣ ошкор гарданд. Аз ҳисоби захирашуда барои ин номинаҳо низ шоҳҷоиза муқаррар шавад.

3. Аз рӯйхати навъҳои назми (шеъри) Озмун “шеъри сафед” ва аз наср “драма” берун карда шавад. Зеро таълифи ин навъҳои адабӣ ҳатто барои адибони касбӣ мушкил аст. Чунин навъҳои адабие, ки тайи ин чанд сол дар дафтари довталабон ҷой дорад ё тамоман ба муқаррароти ин жанрҳо ҷавобгӯ нест ё навиштаи дигарон (на худи довталабон) мебошад. Дар бахши назм навъи “шеъри нав” кофӣ мебошад.

Таҳияи Бузургмеҳри Тоҷиддин

Дигар хабарҳо