Сӯгворӣ. Нозирҷон Боҳирӣ

Адабиёти тоҷик талафот дод. Рӯзи 6-уми декабри соли равон адиби соҳибноми тоҷик, шоири хушкалом ва рӯзноманигори шинохта Нозирҷон Боҳирӣ бо зиндагӣ падруд гуфт. Нозирҷон Боҳирӣ адиби хуб ва инсони маҳбубе буд. Ӯ 12 августи соли 1940 дар деҳаи Пӯлотони ноҳияи Конибодом ба дунё омад. Соли 1958, пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа ба корхонаи бофандагии ба номи Дзержинскийи шаҳри Конибодом ба сифати бофанда ба кор оғоз кард. Аммо, азбаски дар ниҳодаш меҳру муҳаббати афзун ба адабиёт дошт, пас аз як соли кор ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуд. Соли 1964 таҳсил дар донишгоҳро сарбаландона анҷом дода, ба фаъолияти эҷодӣ шуруъ кард. Солиёне чанд дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») ва маҷаллаи «Машъал» (ҳоло «Истиқбол») ба ҳайси рӯзноманигор ифои вазифа намуд.
Мавсуф пасон фаъолияташро дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» идома дода, чун ходими адабӣ, мудири шуъба ва котиби масъул кор кард.
Соли 1994 Нозирҷон Боҳириро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъйин карданд. То замони бознишастагӣ дар ҳамин созмон машғули кору эҷод буд.
Шодравон адиби рангинхаёл буд. Китобҳои назмиву насрӣ бо номҳои «Андеша», «Талош», «Қулла», «Дониш талабу бузургӣ омӯз», «Оташи обдор», «Бар ташна обе» ва амсоли инҳоро пешкаши хонандагон гардонид. Ашъори шоир аз меҳру садоқати саршор нисбат ба Ватану модар, ёру диёр ва дигар мавзуоти ҷолиб иборат мебошанд. Тамоми осораш ҷолибу хонданист.
Хидматҳои Нозирҷон Боҳирӣ дар риштаҳои адабиёту журналистика бо унвони баланди «Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи халқ» ва Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадрдонӣ шудаанд.
Ному осори шоири асил ва инсони дарёдил ҳамеша гиромӣ бод!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон