Фарзона
***
Нав ба нав аз куҳнасаро меравем,
Пешу қафо, пешу қафо меравем.
Мо ҳама аз сӯйи Худо омадем,
Боз ҳама сӯйи Худо меравем.
Рӯ суйи хуршеднишин меравем
Ё суйи хуршедбаро меравем.
Зери замин рафтани мо зоҳирист,
Мо зи фалак низ фаро меравем.
То ба кунун з-он чӣ ба мо амр шуд,
Ҳеҷ накардем, чаро меравем?
Ку раҳи мо, ку асари неки мо,
Вой, ки бе муҳри бақо меравем?
Ҳеҷ касе омадани мо надид,
Пас чӣ далел аст, ки мо меравем?
Кай ҳама аз хоб раҳо мешавем,
Кай ба суйи равзани во меравем?
Мо, ки пайи нашри сафо омадем,
Кай зи пайи нашри сафо меравем.
Аввали мо, охири мо – ишқ, ишқ,
Роҳи дигар нест, куҷо меравем?!
***
Нақшаи мо дигару нақшаи боло дигар аст,
Муҳри инсон дигару муҳри Таоло дигар аст.
Ҳар чи барнома кашидам, хати батлон зада шуд,
Хатти қисмат дигару хостаи мо дигар аст.
Роҳу даргоҳи саодат ба касе пайдо нест,
Гардиши мо дигару гардиши мино дигар аст.
Номаи ишқи маро вақт дарониду фиканд,
Дар варақҳои ҷабин он чи шуд иншо, дигар аст.
Дар ҳавасгоҳи ҷавонӣ, ки паси хотира монд,
Дил дигар, ишқ дигар, ҷӯши таманно дигар аст.
Дилам аз майсаву гул гуфт, на аз пайсаву пул,
Он чӣ мехостам аз давлати дунё, дигар аст.
Тапиши қалби ман аз баъди ҳама фоҷиаҳо
Дӯш дигар буду афсӯс, ки ҳоло дигар аст.
***
Пайваста шод бошӣ, эй меҳани муродам,
Эй маъмани умедам, эй ишқи умрбодам.
Оре, аз они моӣ, дар дурҷи ҷони моӣ,
Эй ҳадяи муборак аз ҷадди зиндаёдам.
Ҷони ту дар алам буд аз ғасбу ҳамлаи ғайр,
Эй ҷамъи хайру хубӣ, халқи накӯниҳодам.
Дар илми сулҳварзӣ, эй пири раҳкушоям,
Дар фанни ҷангхоҳӣ, эй тифли бесаводам.
Поянда бошу барҷо мулки сафосириштам,
Фархунда бошу поё, халқи хуҷастазодам.
Эй мазҳари муҳаббат, сардафтари муҳаббат,
Роҳи ману салоҳам, бахти ману кушодам.
Сад асру баъд аз он ҳам бошӣ, ки боз хандад,
Аз қуллаи баландӣ хуршеди бомдодам.
***
Бори дигар паёми идам деҳ,
Нав ба нав, нав ба нав навидам деҳ.
Ҷумла дар қуфл шуд, зи ҷайби ғайб
Тозаэъҷоз кун, калидам деҳ,
Баҳри ислоҳи як ҷаҳон иллат
Боз ҳам фурсати мадидам деҳ.
Як нафас бо ҷавонии рафта
Тозаимкони боздидам деҳ.
Ту, ки муншии ҷовидонмуҳрӣ,
То абад толеъи саидам деҳ.
ИЛТИМОС
Як замон
фурсати ман ба ҳама кор мерасид,
барои таҳнияти милод,
ба табрики хонадории ёрон,
ба саломи хуршед,
ба алайки борон.
барои дилпурсиву таскин,
барои беморбинӣ,
барои маҳфили дидору
шодии суҳбат
барои арзи муҳаббат,
барои худсозиву худофаринӣ
барои гулчинӣ,
ҳатто фурсате буд маро барои хушвақт будан,
барои хушбахт будан.
Ҳолиё фурсати ман кофӣ нест
ба дӯстдории як гул,
ба тамошои як парандаи
масрури нағмахон,
ба тасаллои як дили
ба саодат пазмон.
Ба пурсупоси баҳору
дили шафақҷӯшаш,
ба дуруди саҳару
муждаи гулоғӯшаш.
барои таъми ҳамин лаҳзаро чашидан,
барои нағз дидан…
фурсатам нест.
Эй ту Бахшандаи яктову меҳрубон
боз ҳам муъҷиза кун,
фурсатамро дубора баргардон.
***
Эй Ватан, маъмани рифоҳ ту бош,
Рӯ ба оянда навнигоҳ ту бош.
Эмин аз заҳри ҳаҷру зулмати ҷанг,
Шаккаристони субҳгоҳ ту бош.
Иқтибоси баҳори гулсимо,
Моҳрӯи шафақкулоҳ ту бош.
Гоҳвори тилоии хуршед
Дар ҳарими нафиси моҳ ту бош.
Аз ташаннуҷ раҳо чу нуқтаи амн,
Халқро хуштарин паноҳ ту бош.
Сахт маъмур аз даруну бурун
Дар ҳамин олами табоҳ ту бош.
Боз ҳам гул ба гул наво ба наво
Зинда дар партави Илоҳ ту бош!
ХОНАВОДА
Се нафар –
ҳар се аҳли як оила
гирди мизе нишастаанд.
Яке сайр мекунад
дар раҳи Каҳкашон,
Дигаре бол мекашад
аз фарози бурҷи Эйфел
то биёбони Араб,
то ҷазираҳои Хуррами Юнон.
Саввумӣ нома менависад
бар дилбари маҷозии аз дида ниҳон
Се нафар бехабар зи ҳоли ҳаманду
ҳамеша бохабаранд аз ҳама кори ҷаҳон.
Ин се одам, ки зиндагӣ доранд
Андаруни телефон.
ПАРТАВУ ПАРТОВ
Чӣ қадар як одам
оламеро пури партов мекунад.
Чӣ қадар як одам
оламеро пури партав.
Эй муҳаббат,
Оламу Одамро
Боз нав кун,
Ҳамеша нав кун, нав!
***
Ало баҳмангули хандон, муборак бод милодат,
Дар ин сармои яхбандон, муборак бод милодат.
Баро аз мармари барфӣ, зи пушти шашдари барфӣ,
Баро, исён бикун, исён, муборак бод милодат.
Шафақранго, гули санго, қавичанго, навоҳанго,
Дар ин анбӯҳи барфистон, муборак бод милодат.
Даруни синаи мо ҳам аз ин пас чанбари дилро,
Ба самти орзу гардон, муборак бод милодат.
Зимистони дили моро, ғамистони дили моро,
Бидеҳ поён, бидеҳ поён, муборак бод милодат.
Киӣ, эй аз ҳама комил, дилу ҷониву ҷону дил,
Зи таҳти дил зи қаъри ҷон, муборак бод милодат.
Дар ин холигаҳи олам, дар ин кайҳони беодам,
Бифармо, навтарин Инсон, муборак бод милодат!
АРҒУНЧАК
Дар пойини маҳалла
дар оғӯши хуррами майдон
масту болида аз суруру ҳузури
ду кӯдаки хандон
Арғунчаки хушбахте
мепарад болову поён
Арғунчакони содаи тифлон,
Арғунчакони паррон,
эй кош,
Имрӯзу ҳама рӯзи Худо
фотеҳу пирӯз шаванд
бар мушакони ҷонситон.
Аз рубоиёт
Дирӯзи маро ҳанӯз кардӣ, хуш бош,
Дар ойинаам буруз кардӣ, хуш бош,
Бо муъҷизае шамъи ниҳонсӯзи маро,
Қандили ҷаҳонфурӯз кардӣ, хуш бош!
***
Як ҳарфу калом ҳам нагуфтем ба ҳам,
Як пайку паём ҳам нагуфтем ба ҳам.
Имрӯз барои хайрухуш занг задӣ,
Ҳоло, ки салом ҳам нагуфтем ба ҳам.
***
Як бори дигар баҳор дар бикшояд,
Хуршеди хуҷаста субҳро орояд.
Аз олами парниёнии хотираҳо,
Овози бирешимии модар ояд.
***
Ҳодии раҳи дилам, туӣ, танҳо ту,
Хуршеду маҳи дилам, туӣ, танҳо ту.
Эй аз ҳама хоксору оливаши ман,
Дар пешгаҳи дилам туӣ, танҳо ту